Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР КУМИТА
single-product

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР КУМИТА

2025-12-12 10:45:14

10 декабри соли 2025 дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоши илмию назариявӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҳузури роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор шуда, ҳадафи он таҳкими дониш ва маърифати ҳуқуқии кормандон ва баланд бардоштани фарҳанги риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон буд.

Чорабиниро раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мекунад. Ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид қабул гардид, рост меояд.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки Эъломияи мазкур санади бунёдиест, ки ба таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон дар саросари ҷаҳон заминаи воқеӣ гузошта, минбаъд барои таҳия ва қабули аксари санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ асос гардид.

Дар идомаи ҳамоиш сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назарзода Давлатхон Қурбонмурод оид ба моҳият, сохтор ва аҳамияти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар суханронӣ намуда, нақши онро дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон шарҳ дод.

Ӯ зикр кард, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз арзишҳои меҳварии давлатдории муосир маҳсуб ёфта, омӯзиши мунтазами меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ барои кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ аҳамияти хоса дорад.

Сипас, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита Бобозода Барно оид ба ҳуқуқҳои инсон ва меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории миллӣ маърӯза намуда, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва кормандони соҳаро таъкид кард.

Дар анҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки Кумита минбаъд низ ба масъалаҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқдонии кормандон таваҷҷуҳи махсус намуда, хонишҳои сиёсии идоравиро доир ба ин мавзуъҳо бо иштироки коршиносону олимони варзида роҳандозӣ менамояд.