2026-03-11 10:37:18
МАТБУОТ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2026-03-11 10:03:14
ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, аҳли қалам!
Матбуот
ҳамчун рукни асосии ҷомеаи муосир андешаи иҷтимоиро ташаккул медиҳад. Рисолати
он дар таъмини маълумоти дақиқ ва воқеӣ, таълими ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои
фарҳангию миллӣ муайян мешавад. Воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуот, аз
ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо бояд ҳамеша дар таҳлили мавзӯъҳо устувор ва мустақил
бошанд, то шаҳрвандон тавонанд қарорҳои огоҳона қабул кунанд ва дар рушди
ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.
Рӯзи
матбуоти тоҷик падидаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Он бо ибтикори
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб
таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ -
«Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси
хонандагон гардида буд, иртибот дорад.
Сарвари
мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва
воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа чунин иброз
намудаанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма
дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург мебошад».
Бо
вуҷуди аҳамияти баланди матбуот дар рушди ҷомеа, имрӯз ВАО дар Тоҷикистон бо як
қатор чолишҳо ва мушкилот рӯбарӯ мебошанд. Яке аз муҳимтарин онҳо масъалаи
молиявӣ аст, чун бисёре аз нашрияҳо буҷети маҳдуд доранд ва вобастагӣ ба
манбаҳои берунӣ метавонад ба сифати мавод ва миқдори саҳифа таъсир расонад.
Имрӯз
дар идораҳои ВАО мушкилоти кадрӣ низ вуҷуд дорад, чун сатҳи тахассус ва омӯзиши
журналистон дар баъзе минтақаҳо кофӣ нест. Бо илова бар ин, таъсири иқтисодӣ
метавонад ба озодии баён таъсир расонад, ки ин барои рисолати матбуот чолиши
ҷиддӣ мебошад. Дар даврони муосир, рақобат бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои
онлайн низ масъалаи нав эҷод кардааст, зеро хонандагон бештар ба иттилооти
интернетӣ дастрасӣ доранд ва нашрияҳо бояд ба форматҳои нави иттилоотӣ мутобиқ
шаванд.
Муҳаққиқон
таъкид мекунанд, ки матолиби матбуот бояд ҳамеша дақиқ ва воқеӣ бошад ва
ҳадафаш иттилоотдиҳӣ ва огоҳии ҷомеа бошад, на таблиғи шахс ё гуруҳе. Барои
ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳҳои зерин пешниҳод мешаванд, чун дастгирии молиявӣ
ва институтсионалӣ барои таҳияи маводҳои таҳлилӣ; такмили тахассус ва омӯзиши
журналистон тавассути семинарҳо ва тренингҳо; муҳайё кардани шароит барои
озодии баён ва дастрасӣ ба маълумоти расмӣ; мутобиқшавӣ ба технологияҳои
муосир, истифодаи веб-платформаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои расонидани хабар
ба аудиторияи васеъ; ва ҳамкории фаъол бо ҷомеа ва ташкилотҳои шаҳрвандӣ барои
таҳияи мавод ва муҳокимаи мавзӯъҳои иҷтимоӣ.
Ҳақ ба
ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки
фармудаанд: «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири
муқтадиру муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар таҳаввулоти самтҳои рушди
ҷомеа, табдили мафкураҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса касб
менамоянд”.
Соли
равон журналистони мамлакат 114-солагии матбуоти миллиро ҷашн мегиранд.
Матбуоти тоҷик дар масири таърих шебу фарози зиёдеро паси сар намуда, дар
инъикоси дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷомеа ва боло бурдани маърифат, ҳисси
худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ саҳми арзанда ва назаррас гузоштааст.
Низоми
воситаҳои ахбори оммаи даврони истиқлол баёнгари мафкураи миллӣ ва орзую омоли
халқи Тоҷикистон гардид, ки дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти
расмии ғайриҳукуматӣ ташаккул пазируфт. Агар солҳои 90-ум дар кишвар ҳамагӣ 139
рӯзномаю маҷалла (аз ин 4 хусусӣ) вуҷуд дошт, ҳоло ин шумора ба 395 расидааст,
ки аз он 104 ададаш рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда
баёнгари муҳити озоди фаъолияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ нисбат ба
воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ мебошад.
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кадрии соҳаи воситаҳои ахбори омма диққати
махсус равона намудааст. Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи
байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи
Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи
Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин
Раҳимов ва ҳатто дар якчанд коллеҷу омӯзишгоҳҳо низ журналистони ҳирфаиро омода
мекунанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба базаи кадрии соҳа гувоҳӣ медиҳад.
Аҳамияти
воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манофеи миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва мафкураи
миллӣ, рақобат дар набардҳои иттилоотӣ имрӯз хеле боло рафтааст. Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид
намуданд, ки «ҳифзи манофеи миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ ва
бархурдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, махсусан воситаҳои
ахбори омма маҳсуб мешавад». Дар асри XXI, ки онро пажуҳишгарон ҳамчун «асри
иттилоот», «асри ташаннуҷи набардҳои иттилоотӣ» ном мебаранд, воситаҳои ахбори
омма чун силоҳи амниятии муқтадири стратегӣ истифода мегарданд. Ин абзори
тавоно чун василаи муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ дар идоракунии
равандҳои сиёсии кишварҳо нақши бориз ва нотакрор дорад.
Ҳамин
тавр, дар фазои муосири иттилоотӣ, ки бо рушди босуръати технологияҳо ва
афзоиши манбаъҳои гуногуни хабар тавсиф мешавад, нақши нашрияҳои соҳавӣ боз ҳам
муҳимтар мегардад. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»-и Кумита дар чунин муҳит ҳамчун як
минбари фарҳангӣ ва иттилоотӣ мавқеи хоси худро пайдо кардааст. Нашрия бо
инъикоси масъалаҳои марбут ба касбомӯзӣ, ҳунар, фарҳанг, эҷодкорӣ ва ҳифзи
арзишҳои миллӣ дар ташаккули андешаи фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Яке аз
вижагиҳои муҳими рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» таваҷҷуҳ ба муаррифии ҳунармандони
миллӣ ва намояндагони касбу ҳунарҳои коргарӣ мебошад. Нашрия тавассути
мусоҳибаҳо, мақолаҳои бадетю таҳлилӣ ва гузоришҳои иттилоотӣ фаъолияти ин
эҷодкоронро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, барои густариши муҳити ҳунар ва эҳёи
анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд ба баланд бардоштани завқи
фарҳангии хонандагон ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат мусоидат менамояд.
Дар
шароите, ки қисми зиёди иттилоот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад,
нашрияҳои касбӣ вазифаи муҳим, чун пешниҳоди иттилооти санҷидашуда ва
таҳлилшударо иҷро мекунанд. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» низ дар ин самт бо
пешниҳоди маводи таҳлилӣ ва фарҳангӣ талош мекунад, ки хонандагон на танҳо аз
рӯйдодҳо огоҳ шаванд, балки моҳият ва арзиши фарҳангии онҳоро низ дарк намоянд.
Ин гуна матолиб ба ташаккули андешаи таҳлилӣ ва баланд гардидани сатҳи
маърифати фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Рӯзнома
дар фазои матбуоти имрӯз ҳамчун як нашрияи соҳавии фарҳангӣ нақши муҳим
мебозад. Он бо муаррифии ҳунар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги
иттилоотӣ ба ташаккули ҷомеаи маърифатнок ва фарҳангдӯст саҳм мегузорад. Дар
шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иттилоотӣ, чунин нашрияҳо метавонанд ҳунар ва
фарҳанги миллиро ба ҷомеа ва наслҳои оянда муаррифӣ намоянд.
Имрӯз
рӯзноманигорони мо дар тамоми навъи воситаҳои ахбори омма фаъолияти назаррас
доранд. Мутмаинем, ки онҳо рисолати муқаддаси касбиашонро масъулиятшиносонаю
сарбаландона иҷро мекунанд, ба манфиати халқу Ватан, таҳкими Истиқлолияти
давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар, ҳимояи манофеи милливу
давлатӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақавию
ҷаҳонӣ ва ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ хизмати содиқонаву софдилона анҷом
медиҳанд.
Ҳамаи
Шуморо ба муносибати ин ҷашни қаламкашон самимона шодбош гуфта, бароятон сухани
бурро, неруи тавоно ва сарбаландию тансиҳатиро орзумандам. Рӯзи матбуоти тоҷик
муборак бод!
2026-03-10 15:28:14
ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 10
марти соли 2026 №119
ш. Душанбе
Дар
бораи Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи
моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон қарор мекунад:
1.
Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2.
Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Академияи сайёҳӣ»-и Муассисаи давлатии
«Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд
(замимаҳои 1 ва 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 10
марти соли 2026 №120
ш. Душанбе
Дар
бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»- и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи
моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон қарор мекунад:
1.
Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Муассисаи
давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода
шавад.
2.
Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни
сунъӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории
Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 10
марти соли 2026 №121
ш. Душанбе
Дар
бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и
Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Мутобиқи
моддаҳои 52, 53 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон қарор мекунад:
1.
Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия»-и Муассисаи
давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода
шавад.
2.
Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва
дипломатия»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории
Тоҷикистон» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
2026-03-10 15:13:40
ШАРҲИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ САЙЁҲӢ», «ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯ» ВА «ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ»
Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Дар
ҷаҳони имрӯз қудрати давлатҳо ба илму дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони онҳо
вобаста буда, маҳз насли хушсаводу донишманд ва соҳибилму соҳибтахассус
метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии Ватани худро таъмин намояд.
Ин
масъала зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор
дошта, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҳамасола дар кишвари
маҳбубамон садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода мешаванд ва
барои наврасону ҷавонон шароити замонавии илмомӯзӣ фароҳам мегардад.
Бо
дарназардошти афзалияти бештар пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ, технологияҳои
рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар ин самтҳо иқдомҳои натиҷабахш амалӣ гардида истодаанд.
Таъсиси
ин муассисаҳои таълимиро, ҳамчунин нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи
қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам
овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25-уми июли
соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда
буд, номидан мункин аст.
Маҳз
ҳамин ташаббускорӣ ва пешсафиҳост, ки Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии
сайёҳӣ ва шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта
шуданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе – пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони
ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани
мавзеҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси
кишвари азизамон дар ин соҳа мебошад.
Бо
ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва
ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои
мардумӣ» эълон гардида, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030»
қабул карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони
ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ин
самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардида, дар он ҳадафҳои
асосӣ, аз ҷумла, рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи
зеҳни сунъӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт, истифодаи технологияҳои зеҳнӣ
дар идоракунии давлатӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ
гардидаанд.
Дар ин
раванд ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои
донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои болозикр бо иқдоми навбатии Пешвои миллат
дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани
муассисаҳои давлатии «Академияи сайёҳӣ», «Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва
дипломатия» ва «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати
маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, барои
соҳибкасб гардидани ҷавонон имкониятҳои навро фароҳам меоранд.
2026-03-10 08:58:31
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА РАҲБАРИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ОЯТУЛЛОҲ САЙИД МУҶТАБО ҲУСЕЙНИ ХОМАНАӢ
9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни
Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
"Валоҳазрат,
Ба муносибати интихоби шоистаи Шумо ба мақоми Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии
Эрон табрику таҳнияти самимии хешро арз менамоям.
Бовар дорам, ки таҳти раҳбарии Ҷаноби Олӣ мардуми сарбаланди Эрон бар ҳама
мушкилоте, ки имрӯз кишвари ба мо дӯсту бародар мувоҷеҳ шудааст, пирӯз хоҳад шуд.
Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва
ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории хешро аз риояи ҳатмии усул ва
муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.
Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳкиму тавсеаи беш аз пеши
ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар бо такя ба
усули ҳусни эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ изҳор медорам.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо сиҳҳатмандии комил ва тавфиқи рӯзафзун, ба
мардуми бародари Эрон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзумандам".
2026-03-10 08:56:48
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азиз!
Ҳамаи
шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар остонаи
Наврӯзи фархундапай таҷлил мегардад, самимона табрику шодбош мегӯям.
Ба ҳар
яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва иқболи неку хонаи обод орзу
менамоям.
Ба оғози
фасли баҳор, яъне эҳёи табиат баробар омадани ҷашни модарону бонувон нишонаи
покиву зебоӣ ва офарандагии мавҷуди муқаддаси модар мебошад.
Ин рӯзи
муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва
қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми басо назарраси занон дар
пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Модар
рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар, меҳру муҳаббати поку беолоиш ва сарчашмаи ахлоқу
одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Зан –
модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва
пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад.
Зеро
рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон
ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад.
Бузургии
зан – модар дар тӯли таърих аз ҷониби ҳазорон нафар мутафаккирону ҳакимон ва
файласуфону шоирони маъруфи дунё ба таври шоиста васфу ситоиш шудааст ва ин
анъана бо самимияту муҳаббати наслҳои инсоният минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Зан –
модар ҳамчун мавҷуди офарандаи фарзанд на танҳо фариштаи ҳусну малоҳат ва
нафосату зебоӣ аст, балки чун меҳвари хонавода пайвандгари оила бо ҷомеа
мебошад.
Ин
рисолати бузургест, ки модар онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун нигоҳдорандаи
забон, фарҳанг ва суннату арзишҳои неку созандаи миллати бостонии тоҷик иҷро
карда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо нақши барҷаста
бозидааст.
Имсол
Рӯзи модар ба соли барои мардуми мо муҳимму таърихӣ – 35-солагии истиқлоли
давлатии кишвари маҳбубамон рост омад.
Дар
робита ба ин, мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки бонувону занони
ватандӯсти мо дар дастоварду пешравиҳо ва ободониву созандагии сарзамини
аҷдодиамон дар зарфи беш аз се даҳсолаи сипаригардида саҳми бузург гузоштанд.
Ман дар
мулоқоту суханрониҳои худ борҳо гуфтаам, ки занону модарони бонангу номуси мо
ҳанӯз дар рӯзҳои ниҳоят мушкили оғози соҳибистиқлолӣ дар барқарорсозии
ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр
арзишманд гузоштанд.
Бо
дарназардошти саҳм ва нақши занону бонувон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, аз ҷониби
Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми занон ва таъмин намудани
ҳуқуқи онҳо як қатор қонунҳо, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санаду
нақшаҳо қабул ва амалӣ карда шуданд ва ҳоло амалисозии як қисми онҳо идома
дорад.
Имрӯз
бонувону занон ва духтарони мо ҳамчун шарикони боэътимоди давлат дар татбиқи
ҳадафҳои стратегии миллӣ фаъолона саҳм гузошта истодаанд.
Таъкид
менамоям, ки эҳтиром ба зан – модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати
сиёсӣ ва иҷтимоии давлат мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали
соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро яке аз самтҳои калидии сиёсати
давлатӣ эълон намуд.
Зеро
таҷрибаи таърих собит месозад, ки ҷомеае, ки ба зан арҷ мегузорад, суботи
иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар он таъмин мегардад.
Бо
мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои духтарон, яъне боз ҳам баланд
бардоштани сатҳи маърифати онҳо ҳоло дар кишвар квотаи президентӣ амал мекунад,
ки бо истифода аз он ҳазорон нафар духтарони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдасти
мамлакат имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро пайдо намудаанд.
Ин иқдом
ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат минбаъд низ идома дода мешавад, зеро ҳар
як духтари таҳсилдида маънои як оилаи босавод, як насли маърифатнок ва як
ҷомеаи пешрафтаро дорад.
Бузургон
гуфтаанд, ки донишмандии мард сабаби саводнокии хонадон аст.
Вале
донишманд будани зан омили донишмандии миллат мебошад.
Зеро
зани донишманду соҳибмаърифат насли босаводро таълиму тарбия медиҳад.
Воқеан,
мақоми зан, аз ҷумла масъалаи илму донишомӯзии ӯ дар дини мубини ислом низ
борҳо таъкид шудааст.
Дар
аввалин ояти китоби осмонии Худованд – Қуръони маҷид калимаи «иқра» нозил
шудааст, яъне хондан ва аз худ кардани илму дониш таъкид гардидааст.
Дар
ҳадиси пайғамбари гиромӣ – Ҳазрати Муҳаммад низ омадааст, ки «талаби илм бар
ҳар марду зани мусулмон фарз аст».
Имрӯз
занону бонувони тоҷик дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ – кишоварзиву саноат,
энергетикаву сохтмон, бонкдорӣ, соҳибкориву хизматрасонӣ ва бахшҳои дигар кору
фаъолият мекунанд ва бо ташаббускориву масъулиятшиносии худ дар рушду пешрафти
кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Бонувону
занони мо, инчунин, дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ, сохтору мақомоти идораи
давлат, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши назаррас доранд.
Яъне
ҳоло дар кишвар соҳае нест, ки бонувону занон дар он саҳми арзишманд надошта
бошанд.
Дастгирии
соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ, пешниҳоди
қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон доданд, ки мустақилияти
иқтисодии онҳо тақвият ёфта, рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад.
Соли
2025 барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷониби низоми бонкӣ 8
миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҳамчунин,
хотирнишон месозам, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдиду
хатарҳои гуногун ба мафкураи наврасону ҷавонон масъулияти занону модарон боз
ҳам бештар мегардад.
Пешгирӣ
аз хурофоту таассуб ва ифротгароиву бегонапарастӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила
оғоз мешавад ва дар навбати аввал маҳз модар метавонад дар зеҳну шуури фарзанд
ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тарбия ва ташаккул
диҳад.
Мо бояд
хуб дарк намоем, ки тарбияи дурусти фарзандон кафолати саодатмандии ҳар як
хонадон, суботи ҷомеа ва амнияти давлат мебошад.
Агар
имрӯз модар фарзанди худро ба роҳи омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар
ва заҳматдӯстиву созандагӣ ҳидоят намояд, фардо ҷомеа ва давлат аз мушкилоту
бадбахтиҳо эмин мемонад.
Бузургон
гуфтаанд, ки тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни модар оғоз мешавад ва бо меҳру
муҳаббати модар ташаккул ва рушд меёбад.
Аз ин
рӯ, аз ҳамаи модарону бонувони азиз даъват менамоям, ки ба масъалаи таълиму
тарбияи фарзандон ва махсусан одобу ахлоқи онҳо бо масъулияти баланд муносибат
намоянд, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, эҳтиром ба қонун ва
арзишҳои миллӣ ҳидоят созанд.
Зеро
ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти ҳамин насли нав аст.
Ҳамчунин,
модарону бонувони арҷманди мо бояд дар риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар
бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи
кӯдак» ҳамеша намуна ва пешсафи ҷомеа бошанд.
Зеро зан
ва бонуи сарфаю сариштакор баракати манзил ва саодати хонадон аст.
Хусусан,
дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд аз зиёдаравию исрофкорӣ ва
намоишкориву зоҳирпарастӣ худдорӣ кунем, ҳамеша дар фикри аҳли оила ва
фарзандони худ, яъне дар фикри зиндагии беҳтар бошем.
Модарону
бонувони тоҷик давомдиҳандагони кору пайкори занони қаҳрамону таърихсози
миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд ва мо аз онҳо ифтихор мекунем.
Мо –
ҷавонмардон, яъне фарзандони шумо – модарони азиз, ба қадри шири пок ва
бедорхобиву заҳматҳои шабонарӯзии шумо ҳамеша мерасем, шуморо сидқан дӯст
медорем, шаъну шараф ва қадру манзалати шуморо доим пос медорем.
Мо
тамоми умр шуморо ҳамчун фариштаи офаранда ва тарбиятгару таълимдиҳандаи
наслҳои солиму эҷодкор ба таври арзандаву шоиста қадрдонӣ мекунем.
Бо
изҳори сипосу миннатдорӣ барои заҳмати фидокорона ва хизмати содиқонаатон ба
Ватан бори дигар ҳамаи шумо – модарону бонувони гиромӣ ва хоҳарону духтарони
азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик мегӯям.
Ба ҳар
яки шумо саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ,
таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барори кор
орзу менамоям.
Ҷашн
муборак, модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азиз!
2026-03-06 14:09:35
Таъиноти кадрӣ
06.03.2026
Имрӯз бо
фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати
корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо
фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини
якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи
Мастчоҳ таъин гардид.
Ҳамчунин,
Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
ноҳияи Мастчоҳ аз шумули кадрҳои кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби
назорату роҳбарӣ таъин гардиданд.
Дар
якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои
дохилӣ иваз карда шуданд.
Зимни
суҳбат Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳаматарафа баррасӣ намуда,
ҷиҳати рафъи камбудиҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус истеъмолу фуруши
маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин,
таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас
доданд.
Таъкид
гардид, ки дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои давлату миллат дар мадди аввал бошад
ва ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бояд дар доираи санадҳои
меъёриву ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ монда, вазифаҳои
хизматиашонро пурра ва софдилона иҷро намоянд.
Омӯзиши
забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва азхуд кардани донишҳои муосири техникӣ аз
масъалаҳое буданд, ки Пешвои миллат ба таври ҷиддӣ таъкид намуданд.
2026-03-06 13:45:48
МОДАР-ФАРИШТАИ ЗИНДАГӢ ВА САРЧАШМАИ ҲАЁТ АСТ
Модар-чи мафҳуми волост. Ҳар вақте ин мафҳумро ба забон меорем, дар зеҳни мо як шахси азизу меҳрубон, қадрдону некусиришт, дилсӯзу муътабар ва раҳнамои ҳаёт ба назар мерасад. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зан ҳанӯз дар аввалин китобҳои бузургони мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст, ҳунарманд ва алалхусус тарбиятгар тасвир ёфтааст.
Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Маҳз модар метавонад аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад.
Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва ҳаловатбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд”.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонидааст. Дар баробари ин, мавқеи устувори занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст.
Дар ин замина, ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Боиси сарбаландист, ки имрӯз занони мо дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Мо бо занону бонувоне, ки дар самтҳои гуногун бо меҳнати худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, ифтихор мекунем.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, бояд занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Имрӯз танҳо модари тоҷик метавонад фарзанди худро дар рӯҳияи худшиносӣ, қадр кардани арзишҳои миллӣ ва шинохти унсурҳои давлатдорӣ тарбия намояд ва бо ин рисолаташ дар пурҷило гаштани ситораҳои парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон нақши абадӣ гузоранд. Чунон, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ нақши бонувонро дар шукуфоии мамлакат баланд арзёбӣ нам “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Модар ҳамон сарчашмаест, ки бо сухани нек, бо амалу ҳаракатҳои шоиста, бо дунёи саршор аз меҳр, бо қалби кушода ва нигоҳи накуҳ аввалин падидаҳои некномиро дар замири фарзанд ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, имрӯз танҳо ва танҳо дар қудрати модарон ислоҳи ботадбири ҷомеаи мутамаддинро метавон пайдо кард ва ба нерӯи азалии онҳо умед баст. Барои ҳар як модари тоҷик тарбияи фарзанди худогоҳ, ватандӯст ва боҳунар шараф ва вазифаи имониву ҷонӣ ба шумор меравад.
Модарони тоҷикон аз азал мардуми соҳибтамаддун буда, ҳамчу пуштибони ин фарҳангу тамаддун дар ҷаҳон ҷойгоҳи махсус доранд. Таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон оинаи рӯшане дар худнигарии ҳар як тоҷик ҳамеша тобанда аст ва мазҳари шинохту талқину рӯйкарди онро маҳз модарон бар дӯш доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин изҳор намуда буданд, ки : «Занону духтарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунад ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».
ХОҶАЗОДА Давронҷон Қурбоналӣ,
директори Коллеҷи техникию омузгории н. Рӯдакӣ
2026-03-06 13:39:58
РӮЗИ МОДАР - ҶАШНИ ПУР АЗ МЕҲРУ МУҲАББАТ
«Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва
бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад» -фармудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Басо рамзист, ки ин ҷашни диловезу дилошуб «Рӯзи модар» ба фарорасии фасли дӯстиву муҳаббат, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати дилкаш – Баҳори хуҷастапай рост меояд. Модар ва Баҳор бо ҳам тавъам буда, рисолати хоси худро доранд. Баҳор мавсими эҳёи табият, гулгулшукуфоии дашту чаман, савту суруди дилнишин, оѓози кори деҳқон, фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Модар – офарандаи ҳаёт, сарчашма ва сабаби ҳастии инсоният, таҷассумгари хираду маърифат, ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгори ҳар як хонадон аст.
Рисолати модар, қабл аз ҳама, ҳифзу нигаҳдории хонадони хеш, идомаи насл, тарбия ва ба камол расонидани фарзандон буда, ӯ пайваста кӯшиш мекунад, ки бо сабурӣ, меҳнатдӯстӣ, боиффатӣ ва меҳрубониву дилсӯзии худ фарзандонро ба воя расонад. Дар баробари вазифаи модарӣ Зан - Модар вазифаи ҳамсариро низ ба зимма дорад, ки барои зани тоҷик, ҳамчун суннати миллии ниёгонамон, муҳимтари ва арзишмандтарин вазифа ба ҳисоб меравад. Барои Зан – Модар муқаддасоти оила, садоқату муҳаббати поку беолоиш суннати волотарин мебошад ва маҳз ин хислатҳои асилу некманзари модарону хоҳарони мо асоси ҷомеаи солиму пешрафтаи имрӯза шудаанд.
Зани тоҷик дар ҳама давру замон бо хислатҳои ҳамидаи инсонии худ, бо хирадмандиву заковати асили хеш дар баробари мардон кору фаъолият намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик шоира, олим, муҳофизи Ватан, роҳбар, ходими сиёсӣ ва мураббии наслҳо будааст. Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат баҳри барқарор намудани сулҳу суботи пойдор, сарҷамъсозии мардум, ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳалли масоили мухталифи давлатдорӣ ба занҳо низ такя намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи худ мақоми занро махсус гардонид. Ӯ дар яке аз баромадҳои хеш қайд намудааст: «Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд».
Имрӯз занону модарони тоҷик босаводу соҳибҳунар буда, новобаста аз тарбияи фарзандон, инчунин барои таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими сулҳу субот ва ободиву гулгулшукуфоии Ватан кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд ва дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузоранд. Маҳз бо дарназардошти нақши боризи занон дар самти бунёдкориву созандагӣ сабаб шуд, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор медиҳад. Дар натиҷа занону духтарон имрӯз дар вазифаҳои баланди давлатӣ: вазир, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ кору фаъолият мекунанд.
Ба андешаи ман, ҳар як фарди боору номус бояд дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат, ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарон арҷ гузорад ва қарзи фарзандии худро адо созад. Набояд фаромуш кард, ки Модар дар домони поки худ нобиѓаҳо, пайѓамбарон, шоҳону бузургони ин ҷаҳонро парвариш намудааст.
Бо арзи эҳтирому қадрдонӣ дар шахсияти Зан-Модар, якояки занону духтарон ва модарони кишварро бо ин иди пур аз меҳру муҳаббат табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахти сафед, хушбахтии оилавӣ, саломатии бардавом ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Амирҷон ВАЗИРОВ,
директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
2026-03-05 14:55:45
МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН АСТ
Модар! Шахсест меҳрубон, таҳаммулпазир, мӯътабар, ғамхор ва ғамгусор. Танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам, озор, дуруштӣ ва тамоми сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад. Яъне, Модар ин худ як гулест, ки ба мислаш дар љаҳон бори дуюм намеруяд.
Модар дар амри тарбияи фарзанд, дар руҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят намудан бузург ва ҳалкунанда мебошад.
Бояд қайд намуд, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни фархундаи Рӯзи модарон дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста намояд.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиб, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024 қайд намудаанд дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хоси худро дорад.
Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд ва зиёда аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Бинобар ин, дар ду соли охир ду ҳуҷҷати умуми – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул карда шудааст.
Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд. Бовар дорам, ки мо занон бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузорем.
Нақш ва таъсири занону модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан, духтарони худ дар руҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад. Зеро миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
ТИЛЛОЕВА Ситора Ҷалолиддиновна,
директори Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова
2026-03-05 14:21:00
МОДАР - ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН ВА САРЧАШМАИ МУҲАББАТИ БЕПОЁН
2026-03-05 13:00:04
МОДАР – НАХУСТИН ОМӮЗГОР ВА РОҲНАМО
Модар дар илми муосир на танҳо ҳамчун узви оила, балки ҳамчун омили асосии иҷтимоӣ, равонӣ ва педагогӣ баррасӣ мегардад. Тадқиқотҳои илмӣ собит менамоянд, ки нақши модар дар ташаккули шахсияти инсон, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии фарзанд ниҳоят муҳим мебошад. Аз лаҳзаҳои аввали ҳаёт маҳз муҳити офаридаи модар ба рушди минбаъдаи инсон таъсири мустақим мерасонад.
Аз нигоҳи психологияи рушд, робитаи эмотсионалии модар ва кӯдак асоси амнияти равонии шахсиятро ташкил медиҳад. Меҳр, ғамхорӣ ва муносибати устувори модар дар давраи кӯдакӣ боиси ташаккули эътимод ба худ, суботи эҳсосӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ мегардад. Кӯдаконе, ки дар муҳити пур аз таваҷҷуҳ ва дастгирии модар ба воя мерасанд, дар оянда сатҳи баланди масъулият, ирода ва устувории равонӣ нишон медиҳанд. Аз ҷиҳати педагогӣ, модар аввалин мураббӣ ва омӯзгори инсон ба ҳисоб меравад. Пеш аз ворид шудан ба муассисаҳои таълимӣ, фарзанд маҳз дар доираи оила, зери таъсири бевоситаи модар, меъёрҳои ахлоқӣ, одоби муошират ва арзишҳои иҷтимоиро аз худ мекунад. Тарзи сухан, рафтор ва муносибати модар ба атрофиён ба шуури кӯдак таъсири амиқ гузошта, асоси ҷаҳонбинии ӯро мегузорад. Дар ин раванд, нақши тарбиявии модар аксаран аз ҳар гуна барномаи расмии таълимӣ муассиртар мебошад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, модар пояи устувории оила ва ҷомеа ба шумор меравад. Оила ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа маҳз тавассути заҳмати модар фаъолияти муназзам пайдо мекунад. Сифати тарбияе, ки модар медиҳад, бевосита ба сатҳи фарҳанг, ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандии ҷомеа таъсир мерасонад. Ҷомеаҳое, ки мақоми модарро баланд арзёбӣ мекунанд ва барои дастгирии иҷтимоии ӯ шароит фароҳам меоранд, дар рушди устувор ва коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ муваффақтаранд.
Илмҳои тиббӣ низ аҳаммияти модарро таъкид менамоянд. Саломатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдак дар бисёр ҳолатҳо аз вазъи саломатӣ, ғизо ва тарзи зиндагии модар вобаста аст. Давраи ҳомиладорӣ ва солҳои аввали ҳаёти кӯдак марҳилаҳои ҳассосе мебошанд, ки дар онҳо нақши модар дар ташаккули солими организм ҳалкунанда аст. Бепарвоӣ ё фишорҳои иҷтимоиву равонӣ нисбат ба модар метавонанд ба рушди минбаъдаи фарзанд таъсири манфӣ расонанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, масъулияти модар боз ҳам меафзояд. Модар бояд на танҳо тарбиягар, балки роҳнамо дар ҷаҳони пуриттилоот, ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва интиқолдиҳандаи фарҳанги маънавӣ бошад. Ин талаб мекунад, ки ҷомеа ба сатҳи маърифат, ҳуқуқ ва имкониятҳои иҷтимоии модарон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Хулоса, модар дар низоми илмӣ ҳамчун омили бисёрсамта — равонӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ ва биологӣ — баррасӣ мешавад. Рушди солими шахсият, устувории оила ва пешрафти ҷомеа бе нақши муассири модар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҳқиқ, дастгирӣ ва қадршиносии мақоми модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки зарурати илмӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Хидиров Улуғбек, сардори раёсати таълими Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
2026-03-05 12:30:15
МОДАР - РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ФИДОКОРӢ
Модар бузургтарин инсон дар зиндагии ҳар як фарзанд ва сарчашмаи муҳаббат дар оила мебошад. Вай шахсест, ки бо муҳаббати беандоза фарзандро ба дунё меорад, бо ғамхории шабонарӯзӣ ӯро нигоҳубин мекунад ва тамоми умри худро барои хушбахтии фарзанд бахшида, худро фаромӯш мекунад. Меҳру муҳаббати модар беғараз ва пок аст, зеро касе дар ҷаҳон наметавонад ин муҳаббатро баробар кунад.
Модар чароғи хонадон ва сутуни оила мебошад. Ҳар як хонаи гарм ва муҳити
дӯстдоштаи оила аз ҳузури модар вобаста аст. Модар бо фидокорӣ ва меҳрубониаш
на танҳо фарзандон, балки тамоми узви оиларо ба ҳам пайваст мекунад. Агар модар
дар оила бошад, зиндагӣ пур аз гармӣ, муҳаббат ва умед мешавад.
Модар нахустин омӯзгори инсон мебошад. Аз аввалин қадамҳо то аввалин
калимаҳо фарзанд ҳама чизро аз модар меомӯзад. Ӯ одобу ахлоқи нек, эҳтироми
калонсолон, муҳаббат ба Ватан ва меҳнатдӯстиро аввалин бор аз модар меомӯзад.
Аз ҳамин сабаб гуфта мешавад, ки ояндаи миллат аз оғӯши гарми модар оғоз
меёбад.
Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам васфи модар ҷойгоҳи махсус дорад. Шоирон ва
адибони бузург модарро ҳамчун рамзи покӣ, муҳаббат ва тарбиятгари насли оянда
васф кардаанд. Модари бузург бо меҳру муҳаббати худ на танҳо фарзандро, балки
тамоми ҷомеаро ба роҳи некуӣ ҳидоят мекунад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ мақому манзалати модар хеле
баланд мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид кардаанд:
«Модар чароғи хонадон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат мебошад.»
Ҳамчунин Ҷаноби Олӣ фармудаанд:
«Эҳтиром ва қадршиносии занону модарон нишонаи фарҳанги баланд ва
инсондӯстии ҷомеа мебошад.»
Ин суханон нишон медиҳанд, ки модар дар ҷомеаи мо мақоми ниҳоят баланд
дорад ва эҳтироми ӯ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд мебошад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои модарон ва эҳтироми онҳоро дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамасола 8 март - Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил
мегардад. Дар ин рӯз фарзандон ба модарони худ гул тақдим намуда, бо суханони
гарму самимӣ онҳоро табрик мекунанд.
Дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва мактабҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор
мешаванд, ки дар онҳо бузургии модар васф карда мешавад.
Ҳар як фарзанд бояд қадри модарро донад, ба ӯ эҳтиром гузорад ва барои
хушбахтии ӯ кӯшиш кунад. Модар ҳамеша барои фарзандонаш дуо мекунад, орзуи
хушбахтии онҳоро дорад ва дар ҳама лаҳзаҳо онҳоро дастгирӣ мекунад. Ҳатто вақте
фарзанд калон мешавад, модар ӯро ҳамеша бо муҳаббати беандоза нигоҳ мекунад ва
ғамхориашро фаромӯш намекунад.
Хулоса, модар рамзи муҳаббат, фидокорӣ ва тарбиятгари насли оянда мебошад.
Ӯ бо меҳру ғамхории худ на танҳо фарзандон, балки тамоми ҷомеаро ба роҳи некӣ
ва инсондӯстӣ роҳнамоӣ мекунад.
Бигзор модарони азизи мо ҳамеша саломат, хушбахт ва сарбаланд бошанд. Рӯзи
Модар - 8 март ба ҳамаи занону модарони меҳрубон муборак бод!
Сарвиноз Аҳтамова
Декани факултети "Кори табобатӣ"- и Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба
номи Раҳмонзода Р.А.
2026-03-05 11:35:17
ЗАНОН ВА РУШДИ СОҲАИ ИЛМ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон марҳилаи
нави таърихи миллати тоҷик оғоз гардид. З5 соли замони Истиқлолро метавон
барҳақ давраи азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бақою пойдории
давлат, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва
фарҳангии кишвар номид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ
соҳаи маориф ва илм самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат эълон гардид. Давра
ба давра дар соҳаи мактабу маориф ва соҳаи илм ислоҳот ворид шуда, дар ин самт
дастовардҳо назаррас ба амал омаданд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистони
соҳибистиқлол фароҳам овардани шароит барои иштироки занон дар корҳои
идоракунии давлатӣ ва саҳми онҳо дар рушди илму маърифат яке аз самтҳои
муҳимтарини сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар асоси таҳлили коршиносон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт бо мардон ҳуқуқҳои баробар доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи навини
Тоҷикистон ба неруи пешбари занону бонувони кишвар ва саҳми онҳо дар рушди илм
ва маърифати аҳли ҷомеа такя мекунад. Аз ин хотир, бо мақсади таъмини иштироки
васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, идоракунии давлатӣ ва
рушди илму маърифат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои
меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва
манзалати зан, саҳми онҳо дар рушди илму маърифат нақши муҳим мебозанд.
Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 65 ҳазор нафар занон
муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд. Ин
далел гувоҳи он аст, ки шумораи занон дар идораи давлатӣ ва фаъолияти илмию
омӯзгорӣ зиёд гаштааст. Мақому манзалати зан дар ҷомеа, бахусус, дар самти илму
маърифат аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии занонро ба инобат
гирифта, онҳоро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътироф карда, барои дар ҳамаи
соҳаҳо, аз ҷумла дар самти илму маърифат комёб гаштанашон пайваста талош
меварзанд.
Дар Тоҷикистони азизи мо занҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа
бо қобилияту имкониятҳои зеҳнии хеш ва таҳқиқотҳои илмии худ ба дастовардҳои
зиёде ноил гардидаанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
солҳои охир дар сатҳи ҷумҳурӣ 795 нафар доктори илм ба қайд гирифта шудаанд, ки
аз онҳо 128 нафар занҳо ҳастанд. Аз шумораи умумии номзадони илм, ки 3473
нафарро ташкил медод, 1132 нафарашон зан буда, аксарияти онҳо дар марказҳои
илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолият менамоянд.
Олимон ва мутахассисони тоҷик
аз ҳисоби занон дар Тоҷикистон имрӯз дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо,
лабораторияҳо ва марказҳои инноватсионӣ мавқеи баланд доранд. Таҷриба, дониш ва
касбияти онҳо ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар кишвар ва ташаккули
иқтидори зеҳнӣ барои рушди оянда мусоидат мекунад. Натиҷаи чунин тадбирҳову
дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар аст, ки Тоҷикистон бинобар эътирофи
коршиносон аз ҷиҳати шумораи намоянагони бонувону духтарон дар шохаҳои
ҳокимияти давлатӣ ва рушди маорифу илм яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
Мо бо боварӣ гуфта метавонем,
ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии сиёсати Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар рушди илму маърифат ва таҳкими давлат, пиёда
намудани дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи
онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз
ҳисоби духтарону бонувон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва иштироки
онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа минбаъд низ роҳандозӣ менамояд, зеро пойдевори
сиёсати давлатӣ дар ин самт аз эътирофу эҳтироми занон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи
ҷомеа ва нақши онҳо рушди илму маърифат ва таҳкими давлату давлатдорӣ сарчашма
мегирад.
Латофат ОДИНАЗОДА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
2026-03-05 11:19:29
КОНФРОНС: ПАЁМИ РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО
2026-03-05 10:34:06
ДИЛИ МОДАР - ПОЯИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ
2026-03-05 09:56:45
МОДАР – ПОЯИ УСТУВОРИ ҶОМЕА
Дар фарҳанг ва тамаддуни инсоният симои модар ҳамеша бо эҳтироми хоса ва арҷгузории баланд ёд мешавад. Модар рамзи меҳрубонӣ, муҳаббат, сабру таҳаммул ва сарчашмаи зиндагии инсон аст. Аз замонҳои қадим то имрӯз ҷомеа нақши модарро ҳамчун пояи устувори тарбияи инсон ва бунёди арзишҳои ахлоқиву маънавӣ эътироф менамояд. Беҳуда нест, ки дар бисёр миллатҳо модарро «чароғи хонадон» ва «меҳвари оила» меноманд.
Имрӯз,
дар шароити ҷомеаи муосир, нақши зан-модар боз ҳам муҳимтар гардидааст. Ӯ на
танҳо тарбиятгари фарзанд, балки бунёдгузори арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва
иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз модар бо муҳаббати беандоза ва меҳрубонии
самимии худ дар қалби фарзанд эҳсоси инсондӯстӣ, ростқавлӣ, ватандӯстӣ ва
эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсониро парвариш менамояд.
Модар
аввалин омӯзгор ва роҳнамои зиндагии ҳар инсон аст. Аз лаҳзаи ба дунё омадани
тифл модар тамоми ҳастии худро ба нигоҳубин ва тарбияи ӯ мебахшад. Маҳз дар
оғӯши модар инсон нахустин дарсҳои зиндагиро меомӯзад: меҳрубонӣ, садоқат,
эҳтиром ва муҳаббат ба дигарон.
Тарбияи
фарзанд кори осон нест. Он сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва масъулияти
бузургро талаб мекунад. Модар шабҳои зиёдеро бедорхобӣ кашида, барои саломатӣ
ва хушбахтии фарзанди худ заҳмат мекашад. Ӯ беинтиҳо мебахшад, беинтиҳо дӯст
медорад ва ҳеҷ гоҳ аз меҳрубонӣ хаста намешавад.
Маҳз ба
шарофати ғамхорӣ ва тарбияи модар дар ҷомеа насли солим, босавод ва бофарҳанг
ба воя мерасад. Агар дар оила муҳити солим ва муҳаббат ҳукмрон бошад, фарзандон
низ бо ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинии солим ба камол мерасанд. Аз ҳамин ҷиҳат
мегӯянд, ки ояндаи ҷомеа аз тарбияи оила, махсусан аз муҳаббат ва ғамхории
модар вобаста аст.
Дар
таърихи миллатҳои гуногун симои модар ҳамеша бо эҳтиром ва арҷгузорӣ ёд
мешавад. Дар фарҳанги тоҷик низ зан-модар мавқеи хос дорад. Дар адабиёт,
фолклор ва анъанаҳои миллӣ модар ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, фидокорӣ ва покӣ
ситоиш гардидааст.
Дар
даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати
зан-модар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.
Давлат ва Ҳукумати кишвар барои дастгирии занону бонувон, фароҳам овардани
шароити мусоид барои таҳсил, фаъолият ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва
иҷтимоии ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешанд.
Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои
худ пайваста ба нақши бузурги зан-модар дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир
менамоянд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва асоси
устувории ҷомеа мебошад.
Аз
ҷумла, Пешвои миллат таъкид намудаанд:
«Модар
чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва раҳнамои зиндагии ҳар инсон аст.»
Ин
суханон баёнгари он аст, ки модар дар ҳаёти инсон на танҳо шахси азиз, балки
роҳнамои зиндагӣ ва сарчашмаи муҳаббати беинтиҳо мебошад.
Ҳамчунин
Пешвои миллат дар васфи зан-модар чунин иброз доштаанд:
«Зан–модар
на танҳо офарандаи ҳаёт, балки нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва ахлоқи
ҷомеа мебошад.»
Дар
ҳақиқат, зан-модар на танҳо фарзанд ба дунё меорад, балки ӯ тарбиятгари насл,
нигоҳдорандаи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ низ мебошад. Бо меҳрубонӣ ва ҳикмати
худ ӯ арзишҳои маънавиро аз насл ба насл интиқол медиҳад.
Имрӯз
занони тоҷик дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси модарӣ дар тамоми соҳаҳои
ҳаёти ҷомеа фаъолияти фаъолона доранд. Онҳо дар соҳаҳои илму маориф,
тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои
миллат занонро неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа номида, таъкид менамоянд, ки
бе иштироки фаъолонаи занон пешрафти давлат ва ҷомеа ғайриимкон аст. Занон бо
донишу таҷриба, масъулиятшиносӣ ва меҳнати софдилона дар ободии кишвар саҳми
назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон,
зан-модар дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз
тарбияи дуруст ва меҳрубонии модар метавонад дар қалби фарзанд эҳсоси
ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро бедор намояд.
Симои
модар дар адабиёти тоҷик низ ҷойгоҳи хоса дорад. Адибон ва шоирони бузурги
тоҷик модарро ҳамчун рамзи муҳаббат, покӣ ва зиндагӣ ситоиш кардаанд. Дар осори
адабӣ модар ҳамчун шахсияти муқаддас ва манбаи илҳом тасвир шудааст.
Қаҳрамони
Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ашъори худ бо эҳсоси гарму самимӣ бузургии
модарро тараннум намудааст. Дар шеърҳои ӯ модар ҳамчун шахси меҳрубон, фидокор
ва сарчашмаи муҳаббати инсонӣ тасвир мегардад.
Адабиёти
тоҷик ҳамеша инсонҳоро ба эҳтироми модар, қадршиносии заҳмат ва муҳаббати ӯ
даъват менамояд. Зеро модар шахсе аст, ки тамоми ҳастии худро барои хушбахтии
фарзанд мебахшад.
Эҳтиром
ва қадршиносии модар на танҳо қарзи фарзандӣ, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа
мебошад. Қадршиносӣ аз меҳнати модар, ғамхорӣ нисбат ба ӯ ва муносибати нек
беҳтарин армуғон барои ин фариштаи замин аст.
Модар
сарчашмаи муҳаббат, меҳрубонӣ ва бахшандагӣ мебошад. Ӯ ҳамеша омода аст, ки
барои фарзанди худ ҳама гуна душвориро паси сар намояд. Аз ҳамин сабаб,
эҳтироми модар бояд дар маркази арзишҳои ахлоқии ҷомеа қарор дошта бошад.
Ҷомеае,
ки ба зан-модар эҳтиром мегузорад, ҷомеаи солим ва пешрафта хоҳад буд. Зеро
модар пояи устувори оила ва асоси тарбияи насли оянда мебошад.
Дар
маҷмӯъ, модар дар ҳаёти инсон ва ҷомеа нақши ниҳоят бузург дорад. Ӯ на танҳо
тарбиятгари фарзанд, балки бунёдгузори арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа
мебошад. Бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва фидокории худ модар насли солиму
бофарҳангро ба камол мерасонад.
Эҳтиром
ва қадршиносии модар нишонаи фарҳанг ва маърифати баланди ҷомеа мебошад. Ҳар як
инсон бояд меҳру муҳаббат ва заҳмати модари худро қадр намояд ва нисбат ба ӯ
ҳамеша бо эҳтиром муносибат кунад.
Манучеҳр
Ҷонмаҳмадов– муовини директор оид ба таҷрибаомӯзии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри
Ҳисор”
2026-03-05 08:52:45
БАРАКАТИ ДУОИ МОДАР
«Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Омин,
бачам. Камоли умр, зиёи давлататон, тани сиҳататон, талаби
муродотон. Илоҳо, ба камоли пирӣ бирасед, бачам, арчаи сабзатон кунад, Хӯҷаи
Хизр роҳбаратон шавад, дар сафи ҷавонон, бачам, дар паноҳи Худо доим сарбаланд
бигардед...»
Ин дуо аз умқи қалби модар аст. Дуое, ки мисли нафаси
саҳар ором меояд, ба руҳи инсон гармӣ мебахшад ва ба осмони тақдир мепайвандад.
Модари фарзонаи миллат Марям Шарифова (ёдашон гиромӣ бод) бо ҳамин таманнои
самимӣ на танҳо барои фарзанди худ, балки барои насли ояндаи миллат дуо
гуфтаанд.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои модар ҷойгоҳи муқаддас
дорад. Бовар бар он аст, ки дуои модар роҳи зиндагиро равшан месозад, инсонро
аз хатарҳо ҳифз мекунад ва ба камол мерасонад. Маҳз аз чунин муҳити маънавӣ
шахсиятҳои бузург ба воя мерасанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар сиёсати худ ҳамеша ба арзишҳои оилавӣ, модар ва
зан эҳтироми хоса зоҳир менамоянд.
Дар ҷаҳон бисёр қувваҳо вуҷуд доранд, аммо дуои модар
қувваи дигар аст. Ин дуо ба дил оромӣ мебахшад, ба фикр равшанӣ ва ба роҳ
устуворӣ. Агар инсон бо дуои модар зиндагӣ кунад, дунёро бо чашми меҳрубонӣ
мебинад, бо дилсӯзӣ ба мардум муносибат мекунад ва дар роҳи ҳаққоният қадам
мегузорад.
Модар рамзи сабру таҳаммул аст. Ӯ дар сахтиҳо устувор
мемонад, дар шодмонӣ табассум мекунад ва дар шабҳои бедорӣ барои фарзанд дуо
мехонад. Модар на танҳо ҳаёт мебахшад, балки инсонро ба инсоният меомӯзад. Аз
ҳамин ҷост, ки дар ҷомеаи имрӯза нақши Зан - Модар дар тарбияи насли солим хеле
муҳим арзёбӣ мешавад.
Имрӯз сиёсати давлат ба дастгирии занону бонувон равона
гардидааст. Таъмини имкониятҳои таҳсил, фаъолият дар идоракунии давлатӣ ва
рушди иҷтимоӣ барои занон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Ин
ғамхорӣ идомаи ҳамон арзишҳои маънавист, ки дар дуои модар ифода ёфтаанд -
орзуи камоли инсон, саломатӣ ва зиндагии осуда. Чун инсон ба камол мерасад,
мефаҳмад, ки бузургтарин сармояи зиндагӣ на молу мансаб, балки дуои модар
будааст. Он дуо инсонро аз хатоҳо нигоҳ медорад, дар мушкилот қувват мебахшад
ва ба сӯи некӣ раҳнамоӣ мекунад.
Модар маънии зиндагии насли башар аст. Чеҳраи ӯ мисли
субҳи аввали баҳор аст: соф, пурнур ва ором. Дар нигоҳи ӯ ҷаҳон хастагиро
фаромӯш мекунад. Чашмонаш гӯё чашмасорони кӯҳистони Тоҷикистон бошанд: шаффоф,
равшан ва пур аз нуру сафои зиндагӣ. Вақте ба ту менигарад, эҳсос мекунӣ, ки
тамоми ҳастӣ туро дар паноҳи худ гирифтааст. Он нигоҳ дуоест, ки беовоз ба
осмон мепайвандад.
Модар зебост, аммо зебоии ӯ дар оина маҳдуд намешавад.
Зебоии ӯ дар он аст, ки хастагиро ба лабханд табдил медиҳад; дар он аст, ки
ғамро дар дил нигаҳ медорад, то фарзанд танҳо хурсандиро бубинад. Мӯйҳои модар,
ҳатто агар сафед шуда бошанд, мисли риштаҳои нур ба назар мерасанд. Он сафедӣ
нишони солҳоест, ки ба хотири фарзанд сипарӣ шудаанд, ҳар тор гӯё як шаби
бедорӣ, як лаҳзаи нигаронӣ, як дуои пинҳонӣ бошад.
Дастони модар муъҷизаанд: дастоне, ки нон мепазанду
баракат меоранд, дастоне, ки либос медӯзанду гармӣ мебахшанд, дастоне, ки ашкро
пок мекунанду дилро таскин медиҳанд. Агар ба кафи дасти модар нигарӣ, гӯё
харитаи зиндагии худро мебинӣ: хатҳое, ки аз меҳнат офарида шудаанд, аз муҳаббат
нақш гирифтаанд. Он дастҳо мисли замини ҳосилхезанд, ҳар чи бикорӣ, бо меҳр
мерӯёнад.
Нафосати модар дар ҳар ҳаракаташ зоҳир аст. Вақте рӯйи
дастархон нон мегузорад, гӯё кулли хона аз ҷилои рӯи нонаш равшантар мешавад.
Вақте пиёлаи чойро оромона пеши ту мегузорад, дар он зарф чой не, меҳр аст,
ғамхорӣ аст, орзуи саодати туст. Ҳар қадамаш мулоим, ҳар суханаш санҷида, ҳар
табассумаш самимӣ аст. Ӯ мисли гули нозук аст, аммо решааш ба қаъри замин
рафтааст устувор, матин ва побарҷо.
Садои модар мусиқии аввалини зиндагии мост. Пеш аз он ки
оҳангро бишиносем, аллаи ширини модарро мешунавем. Он садо мисли шамоли баҳорӣ
нарм аст, вале мисли кӯҳҳои Помир устувор. Вақте моро ном мебарад, гӯё тамоми
ҳастӣ ба ин ном ҷавоб медиҳад. Дар ҳар “фарзандам” гуфтанаш як ҷаҳон ифтихор ва
як уқёнус меҳр нуҳуфтааст.
Меҳрубонии модар ҳудуд надорад. Оғӯши ӯ мисли осмон васеъ
аст, осмоне, ки ҳаргиз аз болои сар дур намешавад. Агар кулли аҳли ҷаҳон туро
сарзаниш кунад, модар туро мефаҳмад. Агар роҳат торик шавад, модар шамъ
мешавад. Агар хаста шавӣ, модар паноҳ мешавад. Ӯ аз хурсандии ту болида
мегардад, аз ғами ту месӯзад. Дили модар оинаест, ки танҳо муҳаббатро инъикос
мекунад.
Баъзан модар хомӯш менишинад. Вале он хомӯшӣ пур аз сухан
аст. Дар он андешаҳои нек, орзуҳои пинҳонӣ ва дуоҳои шабона нуҳуфтаанд. Шабҳое
ҳастанд, ки фарзанд ором хоб мекунад, вале модар бедор аст бо диле пур аз умед
ва бо лабоне, ки зери лаб “Худоё, нигаҳбонаш бош” мегӯянд. Ӯ барои худ камтар
мехоҳад, барои фарзанд бештар.
Модар мисли дарахти куҳансол аст: соя медиҳад, мева
медиҳад, вале аз худ чизе намепурсад. Агар бод биёяд, аввал шохаҳои ӯ
меларзанд, то навниҳол осеб набинад. Агар офтоб бидурахшад, аввал баргҳои ӯ
месӯзанд, то зери сояаш касе ранҷ набарад. Ӯ худ сипар аст, худ паноҳ аст, худ
амният аст.
Дар вуҷуди модар як асрор ҳаст, асрори бахшидан. Ӯ
мебахшад, ҳатто вақте ранҷидааст. Ӯ табассум мекунад, ҳатто вақте дилшикаста аст.
Ӯ умед мебахшад, ҳатто вақте худаш ба умед ниёз дорад. Ин бузургтарин зебоии
ӯст, зебоие, ки бо вақт кам намешавад, балки бештар мешавад.
Модар ибтидои ҳар роҳ аст. Қадами аввалро бо дасти ӯ
мегузорем, сухани аввалро бо садои ӯ мегӯем, орзуи аввалро бо дуои ӯ
мепарварем. Агар зиндагӣ як саҳна бошад, модар коргардони пинҳонии он аст, бе
он ки дар марказ истад, ҳама чизро бо муҳаббат танзим мекунад. Ва рӯзе мерасад,
ки инсон мефаҳмад: зеботарин чеҳрае, ки дидааст, чеҳраи модар будааст;
гармтарин оғӯше, ки эҳсос кардааст, оғӯши модар будааст; самимитарин сухане, ки
шунидааст, сухани модар будааст. Он гоҳ дарк мекунад, ки модар биҳишти зиндаи
рӯи замин аст.
Модар рамзи воқеии биҳишт дар рӯи замин аст. То даме ки
нафаси ӯ дар ин ҷаҳон аст, зиндагӣ бӯйи гул дорад, ранги умед дорад, маънои
муҳаббат дорад. Зеро модар худ муҳаббат аст пок, беолоиш ва ҷовидона. Бигзор фазои ҳар хонадон бо меҳру дуои модар равшан
бошад, фарзандон сарбаланд ба камол расанд ва номи модар ҳамеша ҳамчун
муқаддастарин неъмати зиндагӣ дар дилҳо зинда бимонад. Зеро модар сарчашмаи
муҳаббат, нур ва зиндагии инсон аст.
«Ҷаҳони ҳунар»