
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН
2025-09-15 09:26:38
Сулҳ ҳамчун арзиши олии инсонӣ ва заминаи рушди устувори ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои таърихии башарият нақши калидӣ бозидааст. Дар замони муосир, ки ҷаҳони мураккаб бо муноқишаҳои сиёсӣ, ифротгароӣ, терроризм, низоъҳои динӣ ва нажодӣ рӯ ба рӯст, талошҳои шахсиятҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш меварзанд, аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалӣ касб мекунад.
Дар ин замина, мо метавонем бо итминон изҳор намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо тамоми мазмуни худ ҳамчун шахсияти сулҳпарвар ва мунодии ваҳдати миллӣ ва байналмилалӣ шинохта шудаанд. Ӯ на танҳо дар таърихи нави тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва миллати худ сабт гардидаанд, балки ҳамчун шахсе, ки сулҳро ба як ғояи меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ табдил додаанд, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ёфтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сиёсии худро дар як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсози давлатдорӣ оғоз намудаанд. Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ ба ҷанги шаҳрвандии шадид рӯ ба рӯ гардид ва хатари пароканда шудани давлат ва нестии миллат ба миён омада буд, эшон бо ирода ва масъулияти бузурги сиёсӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, тамоми қувва, дониш ва тавоноии худро ба хотири хотима бахшидан ба ҷанг, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат равона намудаанд.
Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва мураккаб бо мухолифин, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома ба таърихи муосири Тоҷикистон нуқтаи тамғаи нав гузошта, роҳи рушди осоишта ва босуботи давлатро фароҳам овард. Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз таҷрибаҳои нодири муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва иродаи сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор гирифтааст.
Нуқтаи баландтари ин эътирофи байналмилалӣ сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой мебошад. Ин ҷоиза, ки ба шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон барои саҳми назаррасашон дар таҳкими сулҳ, рушди инсонпарварӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ дода мешавад, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Роҳбари кишвар супорида шудааст.
Мо бар онем, ки ин қадршиносӣ, пеш аз ҳама, эътирофи талошҳои пайваста ва воқеии Пешвои миллат дар тӯли беш аз се даҳсола барои ҳифзи сулҳ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҷоизаи ба номи Лев Толстой на танҳо мукофот, балки намунаи қадршиносии роҳи тайкардаи як миллат таҳти роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои худ маҳсуб меёбад.
Сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат амалӣ гардидааст, на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ самараи амиқ гузоштааст. Дар ин росто, қабули Қатъномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул гардид, як падидаи сиёсӣ ва инсондӯстонаи ниҳоят муҳиму назаррас мебошад. Қабули ин Қатънома нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ба як намунаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва Тоҷикистон дар ҳайси кишвари ташаббускор ва масъули байналмилалӣ, дар баробари абарқудратҳо, дар масири тарғибу тавсеаи арзишҳои сулҳу субот ва рушди устувор қарор гирифтааст. Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамчун як барномаи стратегӣ, ҳадафи таъмини ояндаи бехатар, таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди таҳаммулгароӣ ва пешгирии муноқишаҳоро барои наслҳои ҷавони ҷаҳон пайгирӣ менамояд.
Аҳамияти ин ду дастоварди бузург – сарфароз гардидан бо ҷоизаи байналмилалии сулҳ ва қабули қатъномаи СММ дар замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки Тоҷикистон ба сию чор солагии Истиқлолияти давлатӣ ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардидааст. Мо бовар дорем, ки ин дастовардҳо заминаи сиёсӣ ва маънавии наверо барои эҳёи тафаккури миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими рӯҳияи сулҳпарварии ҷомеаи тоҷик фароҳам меоранд.
Истиқлолият ва сулҳ дар тафаккури Пешвои миллат ду пояи устувори давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маҳз бар асоси ин ду арзиш ташаккул ва рушд меёбад. Ба туфайли ин сиёсат, имрӯз мо шоҳиди онем, ки Тоҷикистон ба як кишвари амну босубот, дорои ҷойгоҳи устувор дар минтақа ва шинохта дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо ҳар як сухан, иқдом ва сиёсати худ исбот намудаанд, ки бе сулҳ наметавон рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро таъмин кард. Аз ин рӯ, сулҳ дар мафкураи сиёсӣ ва амалии эшон на танҳо як шиор, балки як андешаи меҳварӣ ва башардӯстона маҳсуб меёбад.
Имрӯз вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ бо буҳронҳои навини сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯст, мо бовар дорем, ки таҷриба ва таҳлилҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллат барои кишварҳои дигар низ метавонад ҳамчун роҳнамо ва намунаи татбиқ хизмат кунад. Ин рисолати таърихии Сарвари давлат, аз наҷоти Тоҷикистон сар карда то таблиғи сулҳ дар сатҳи глобалӣ, ҳамчун мероси арзишманд барои инсоният боқӣ хоҳад монд.
Мо итминон дорем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Пешвои миллат, балки воқеан мунодии сулҳ дар ҷаҳон ҳастанд. Бо хиради сиёсӣ, иродаи қавӣ ва диди башардӯстона, эшон исбот намуданд, ки ҳатто дар шароити буҳронӣ ва мураккаб низ метавон бо сабр, хирад ва иродаи устувор сулҳро пойдор сохт ва ҷомеаро ба сӯи субот, ваҳдат ва пешрафт раҳнамоӣ кард.
Барои наслҳои имрӯзу фардо, шахсияти Пешвои миллат ҳамчун намунаи ибрат боқӣ мемонад ва мероси сулҳҷӯёнаи онҳо мояи ифтихор ва омӯзиш дар таърихи муосири ҷаҳон хоҳад буд.
Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,
директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав,
доктори илмҳои педагогӣ