Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-01-02 20:19:07

ЗАНОН - НЕРӮИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Зан - Модар дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода маърифатнок тарбият ёбанд.

Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин, ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳаммияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат ва муошират омӯзонда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ зимни ирои паёми навбатиашон ба Маҷлси Олӣ иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ин суханони воло ва саршор аз меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба шахсият ва шаъну шарафи зан-модари тоҷик зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2024 садо доданд.

Ин Паёмро ҳамасола тамоми хурду бузурги кишвар интизорӣ мекашанд, зеро он пайғомрасони ҳамаи дастовардҳост. Шуруъ аз соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иҷтимоӣ, саноат, энергетика, ҷавонон ва варзиш сайёҳӣ то ба дигар соҳаҳои дигари афзалиятнок.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 дар бинои замонавии Парлумони кишвар ироа гардид, Ҷаноби Олӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон, эҳтиром ба шахсияти зан-модар, саҳми бузурги онҳо дар роҳи пешбурди соҳаҳои мухталиф, иштирокашон дар ҳаёти сиёсиии мамлакат ва таълиму тарбияи насли наврас суханони нек гуфтанд.

Тавре Пешвои миллат дар ин маврид чунин қайд доштанд:

“Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хосса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбурди ягон соҳаро бидуни иштироки занону модарон тасаввур кадан номумкин аст. Саҳми онҳо дар ҷомеа ба ҳайси зан-омӯзгор, зан-табиб, зан-муҳандис, зан-ронанда, зан-рӯзноманигор, зан-ҳомии ҳифзи ҳуқуқ, зан-роҳбар хеле калон аст.

Сарвари давлатамон ба ин масъала зимни паёми ахирашон ишора карданд. Аз он ҷумла:

«Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониашон ба иродаву матонати занону духтарони тоҷик баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки:

“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ёдовар мешавем, ки баланд бардоштани мавқеи занону бонувон ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо масъалаи фундаменталӣ буда, Ҳукумати кишвар, ба вижа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони таъсиси давлати навини Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсуси худро равона караанд. Дар воқеъ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин масъала тақвият ёфта, таваҷҷуҳи бештар равона шуда истодааст.

Юсупова Сарвинисо, мудири кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

 

2025-01-02 20:17:33

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомномаи мукаммали рушди Тоҷикистон буда, дар он самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Паём ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Презиенти кишвар амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.

Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ афзалиятнок донистани он ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди литсейҳои касбии техникӣ, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Мисоли боризи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди таҳсилоти касбӣ таъсиси коллеҷҳои тиббӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад, ки на танҳо падидаи даврони Истиқлоли давлатӣ, балки дастоварди таърихии мардуми кишвар аст.

Дар Паёми худ Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандаго роҳандозӣ карда истодааст ва натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда болотарин дар сатҳи ҷаҳони муосир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илму маориф ва сатҳи маърифатнокии сокинони кишвар диққати махсус медиҳанд. Дар ин миён Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масъалаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии кишвар хеле назаррас мебошад. Паёмро метавон ба ҳайси барнома ва дурнамои соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, саноату энергетика ва фарҳангу санъати кишварамон ном гирифт.

Масъалаҳои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу забондон дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём махсусан зикр намуданд: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, рушди муносибатҳои фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархурди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони забондон тақозои замон мебошад. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд”.

Ҳамчунин, дар пайравӣ аз нуктаҳои зикршуда таъкид гардид: "Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.

Ҳамин тавр, аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки соҳаи илму маориф ва таҳсилоти касбӣ масъалаи муҳиму афзалиятноки Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, мо аҳли кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ вазифадорем, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии наврасону ҷавонон дар самти тиб, саноат, технология, иттилооту коммуникатсия, сиёсату иқтисодиёт ва фарҳангу тамаддуни миллӣ фаъолияти назаррас дошта бошем, ки мутахассисони соҳибкасбро омода намуда, ба бозори меҳнат равона созем.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб дотсент

 

2025-01-02 20:16:03

НАҚШИ КИТОБ ВА КИТОБХОНАҲО ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

Китобхонӣ ва китоб дар асри XXI ба унсури муҳими рушди фарҳанги миллӣ табдил ёфтааст. Китоб манбаи асосии дониш ва таҷриба барои ташаккули ҷаҳонбинии инсон,бахусус ҷавонон мебошад. Бе мутолиаи китоб рушди маънавиёт ва зеҳни инсон, ки барои ташаккули шахсият ва дарки амиқи воқеият зарур аст, амалӣ намегардад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ба масъалаи таҳкими фарҳанги миллӣ ва худшиносии ҷавонон ишора карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин ба масъалаи бунёди китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва мактабҳои санъату мусиқӣ таъкид карда, иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 126 китобхона, 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат ва 20 осорхона сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳоло онҳо хизматрасонии иттилоотӣ ва фарҳангиро барои ҷомеа фароҳам мекунанд. Ҳоло дар кишвар китобхонаҳо ба марказҳои ҳақиқии ташаккул ва тақвияти арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон табдил ёфта истодаанд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём бо китобхонию китобдӯстии хеш машҳур гардида, гузаштагони мо, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра бо осори пурғановати таърихӣ, фалсафӣ, адабӣ ва маънавӣ худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуданд. Китоб иртиботи байни гузашта, ҳозира ва ояндаро барқарор намуда, ба ҷомеа, хосса ҷавонон имконият медиҳад, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, фарҳанг, илм, иқтисод ва сиёсат муваффақ бошанд. Фарҳанги китобхонӣ ба рушди маърифатӣ ва ҳаёти иҷтимоии ҷавонон, инчунин мавқеи онҳо дар ҷомеа таъсири мусбат хоҳад расонд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои вусъат бахшидани раванди худшиносӣ ва рушди иҷтимоии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида, ташкили китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ дар деҳот ва шаҳру ноҳияҳоро барои тақвият додани маърифати ҷавонон ва рушди маънавии онҳо рӯи даст мегирад. Фарҳанги китобхонӣ барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа аҳамияти бузург дошта, дар ин замина китобхонаҳо, ки ба марказҳои маърифатӣ табдил ёфтаанд, ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва маърифат, инчунин ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ аҳамияти хос доранд. Бо зиёд гардидани иншооти фарҳангӣ ва китобхонаҳои замонавӣ, аҳамияти китоб ва китобхона ҳамчун махзани донишу ташаккули фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи мо афзоиш хоҳад ёфт.

Китоб дар ҳар давру замон воситаи муҳими омӯзиш, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва афкори мардум ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд. Дар замони имрӯза, ки технология ва воситаҳои нави коммуникатсионӣ ба ҳаёти инсон роҳ ёфтаанд, китоб то ҳол ҳамчун сарчашмаи муҳим барои ташаккули андешаи мустақил ва омӯзишу таҳлил боқӣ мемонад. Яке аз роҳҳои муҳими тарбияи ахлоқии ҷавонон аз тариқи китобу китобхонӣ сурат мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи китоб барҳақ фармудааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муҳимтарини рушди китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ ишора намуда, нишон медиҳад, ки давлат ба рушди соҳаи фарҳанг ва маърифат бо масъулият муносибат мекунад. Иқдомҳои зикргардида барои таҳкими фарҳанги китобхонӣ, бахусус дар деҳот ва маҳалҳои дурдаст бо мақсади афзудани дарки амиқ ва дуруст аз аҳамияти китоб дар рушди ақлию маънавии ҷавонон амалӣ мешаванд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи мардуми тоҷик, хосса ҷавонон ба китобхонӣ афзоиш ёфта, озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташвиқу тарғиби китобхонӣ ва беҳтар намудани маърифати наврасону ҷавонон аз соли 2019 ба роҳ монда шудааст, дар ин раванд нақши муҳим мебозад.

Тавре Пешвои миллат дар паёмашон таъкид намуданд: “ Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”.

Китобхонаҳои замонавие, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва бо технологияҳои муосир таъминанд, барои ҳамагон имконияти дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотиро фароҳам меоранд ва китобхонаҳо метавонанд ба марказҳои муҳими ҳамкории байни донишҷӯён, олимон ва ҷомеа табдил ёбанд, ки дар онҳо сокинони кишвар маълумоти илмӣ гирифта, арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии худро такмил медиҳанд. Фарҳанги китобхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими рушди маърифат, илм, фарҳанг ва ватандӯстии ҷавонон эътироф шуда, дар ташаккули наслҳои оянда нақши асосӣ дорад ва ҷиҳати эҳёи худшиносии миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Саидзода Нурулло, мутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-12-31 07:45:58

РУШДИ КИШВАР ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 бори нахуст дар толори нави Парлумони кишвар ироа гардид ва ба шакли мустақим аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ пахш шуда, ба мардуми кишвар расид.

Дар ин Паём Пешвои муаззами миллат масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилариро баррасӣ намуданд. Дастовардҳои кишвар дар ин самтҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳоро низ баён намуданд. Ин Паём имкон медиҳад, ки барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда мушаххас карда шаванд.

Дар Паёми худ Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандаго роҳандозӣ карда истодааст ва натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда болотарин дар сатҳи ҷаҳони муосир аст.

Мувофиқи омори дастрасгардида рушди ММД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Казоқистон ва Қирғизистон 5,0% ва 4,5% мебошад. Рушди ММД-и Ҷумҳурии Арманистон, ба суръати 5,7% баробар буда, суръати рушди ММД дар Федератсияи Россия тақрибан ба 2% баробар аст.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ бисёре аз иқтисодиёти кишварҳои пешрафта бо суръати хеле пасттар рушд мекунанд, масалан Иёлоти Муттаҳида бо тақрибан 2,5% ва минтақаи евро бо тақрибан 0,5% рушди худро дар соли 2024 таъмин намудаанд. Пас, ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳуории Тоҷикистон дар ин самт муваффақ ва динамикаи фаъолияти иқтисодӣ мусбат буда, дурнамоҳо ва стратегияҳо дар ин маврид самараноканд. Ин нишондод бори дигар нишон медиҳад, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, ки роҳкушову роҳнамои ҳамаи самтҳои фаъолият ва ҳаёти кишваранд, иқтисоди мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди замони муосир ва чолишҳои гуногун бомуваффақият рушд менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар Паёми худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳимтаринеро, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид намуда, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад. Аввалан, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хидматҳои бештару сифатноктар оварда расонад.

Баъдан, ракамикунонӣ дар самти хидматрасониҳои давлатӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Системаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосири идоракунӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон ба осонӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Инчунин, рақамикунонӣ маҳоратҳои заруриро дар бозори меҳнат тағйир медиҳад ва тақозо мекунад, ки кормандон дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, алоқа ва дигар соҳаҳои вобаста ба технология омӯзиш бинанд. Ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади кормандон оварда расонад.

Ҳамзамон, рақамикунонӣ имкониятҳои баробар барои дастрасӣ ба маълумот ва хидматрасониҳоро барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла гурӯҳҳои камбизоат ва аҳолии минтақаҳои дурдасти кишвар фароҳам меорад. Ин метавонад ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди сифати зиндагии умумии аҳолӣ мусоидат намояд. Аз тарафи дигар, рақамикунонӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои табиӣ метавонад ба истифодаи самаранок ва пойдори захираҳои табиӣ кӯмак расонад. Системаҳои назорати рақамӣ метавонанд истеъмол ва талафоти энергияро кам карда, самаранокии энергетикиро беҳтар созанд.

Дар маҷмӯъ, рақамикунонӣ дар кишварҳои рушдёбандаву рушдкарда нақши муҳим дошта, метавонад дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба пешрафту рушди устувор мусоидат намояд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати рақамикунонӣ дастур ва супоришҳои мушаххаси худро доданд. Боварии комил дорем, ки ин дастурҳо сари вақт ва босифат иҷро шуда, рақамикунонӣ ба афзоиши буҷети давлатӣ ва тавъам бо он ба боз ҳам беҳтар гардидани ҳифзи иҷтимоӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Масъалаи дигар ин зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба он таъкид намуданд. Зеҳни сунъӣайни замон вазифаҳоеро, ки маъмулан талаби зеҳни инсонӣмебошад, бо суръати баланд иҷро мекунад. Ин вазифаҳо метавонанд аз таҳлили додаҳо ва омӯзиши мошин то шинохти садо ва симоҳо иборат бошанд. Ин технология дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз тандурустӣ ва маориф сар карда, то истеҳсолот ва хизматрасонии муштариён истифода мешавад.

Зеҳни сунъӣ айни замон имкониятҳои зиёдеро барои рушди кишварҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳод менамояд. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаи тандурустӣ барои ташхис ва табобати бемориҳои мураккаб, беҳтар намудани идоракунии захираҳои тиббӣ ва назорати саломатии аҳолӣ истифода шавад ва он метавонад ба коҳиш додани хароҷоти тандурустӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба хидматҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст кӯмак расонад.

Дар кишоварзӣ барои истифодаи самаранок ва кӯмак ба кишоварзон дар интихоби беҳтарин вақт ва усулҳои кишту парвариши маҳсулот зеҳни сунъиро истифода намудан имконпазир буда, ин технология метавонад ба афзоиши ҳосилнокии замин ва коҳиши талафот дар занҷирҳои таъминот мусоидат намояд.

Ҳамчунин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ҷараёни таълиму тарбия истифода бурда шавад, ки он алгоритмҳои тарзи омӯзиши инфиродии ҳар як шогирдро авввалан тартиб медиҳад ва баъдан беҳтар месозад, ки ин амал ба болоравии сифати таҳсилот ва сатҳи дониш мусоидат менамояд. Зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯӣ ва муқобилият бо офатҳои табиӣ, аз қабили сел ва заминларза, истифода шавад.

Таҳлили додаҳои калон ба масъулин имконият медиҳад, ки вокунишҳои зуд ва самаранокро таҳия кунанд, ки метавонад инсонҳоро наҷот дода, хисоротро кам кунад. Дар бахши молия ва бонкдорӣ зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯии амалиётҳо дар бозорҳои молиявӣ ва асъорӣ, идоракунии хавфҳо ва мубориза бо фиреб дар системаҳои пардохт истифода мешавад. Ин метавонад ба муътадилии вазъи иқтисодии кишвар ва коҳиши фасод дар системаҳои молиявӣ мусоидат намояд. Дар умум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишвар метавонад ба беҳтар шудани сифати ҳаёт, коҳиши рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд. Вобаста ба гуфтаҳои боло амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои созанда, бунёдкорона ва дурандешонаи Пешвои миллат дар ин маврид зарур ва саривақтӣ аст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ин вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он буд. Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин тавр, Сарвари давлат вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақамҳо ва далелҳои мушаххас баён намуданд.

Таъкидашон бар он буд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро таъмин намояд. Донистани техникаву технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти кишвар дар ин маврид буданд.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Дар фарҷом иброз намуданием, ки мо бори дигар аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид, як таҳлили пурра, баррасӣ ва масъалагузориҳои мушаххасро ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар шунидем ва вазифаи минбаъдаи ҳар як шаҳрванди кишвар, шуруъ аз аъзои Ҳукумати мамлакат то фарди охирин он аст, ки агар мо Тоҷикистони пешрафта, рақобатпазир, дар арсаи байналмилалӣ шӯҳратёфта, зиндагии тинҷу осоишта ва ояндаи дурахшони давлату миллат, алалхусус насли наврас ва фарзандони худро мехоҳем, содиқона ва поквиҷдонона ҳамин дастуру ҳидоят ва раҳнамоиву насиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро иҷро намоем ва боварӣ дорам, ки муваффақ хоҳем шуд.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики АМИТ

 

2024-12-31 07:43:58

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ОМӮЗГОРОН

28-уми декабри соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Аз Паёми имсола бармеояд, ки таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар ба халқу миллат ҳамеша ҳаст ва доим дар фикру талоши беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошанд.

Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарор дар марҳалае ироа гардид, ки барои мардуми шарафманди кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи таърихӣ аст, зеро халқи саодатманди тоҷик имсол 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи кишварро бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил намуданд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуданд. Паёми навбатӣ аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди фаъолоияти манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт, махсусан ҷиҳати дурнамои фаъолияти омӯзгорон.

Тавре ки Сарвари давлат иброз доштанд, “ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Воқеан ҳам, ҳеҷ як кишвари рӯйи оламро бе соҳаҳои маорифу таҳсилот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорону донишмандон дар ҷомеаи имрӯза насли босавод тарбия ёфта истодааст.

Инчунин, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амният, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо ҳамин мақсад солҳои 2025 - 2030- ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.

Ин иқдом шаҳодат аз он медиҳад, ки роҳбарияти олии кишвар ташаббускори он ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои пешрафтаи дунё дорои шароиту имкониятҳои хуб барои зист ва фаъолият бошад. Чуноне ки Сарвари давлат қайд карданд, халқи тоҷик мисли дигар миллатҳо ҳуқуқ ба зиндагии шоиста дорад.

Ҳамин тавр, мо омӯзгоронро зарур меояд, ки нисбат ба ин ҳама ғамхории роҳбарияти мамлакат бетараф набуда, беш аз пеш, ҷаҳду талоши зиёд карда, саҳми арзандаи худро дар рушду инкишофи кишвар ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва ҷавонон саҳмгузор буда, онҳоро дар ҷодаи ватандӯстиву меҳанпарастӣ роҳнамун созем.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор,

доктори илмҳои педагогӣ

 

2024-12-31 07:41:31

ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави Парламенти кишвар ироа гардид. Мо шоҳиди он шудем, ки ин Паём ҳамчун роҳнамо ба як соли оянда ва пайғоми нек ба самъи мардуми кишвар расонида шуд. Дар ин суханронӣ рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, махсусан соҳаи маориф мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Пешвои миллат дар Паём соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маорифро, ки чун соҳаи меҳварӣ зери диққати махсус қарор дорад, доир ба масъалаҳои таҷдиди назар кардани стандарт ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои нави омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон, бунёди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани шароити таълим, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шароити иҷтимоии омӯзгорон ва зиёд намудани маоши онҳо, тақвият бахшидани корҳои илмӣ, зиёд намудани шумораи олимони соҳа ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба риштаи таҳлил кашида, баҳри рушду нумуи соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти қудратӣ, ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дурнамои он яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Доир ба бунёди иншооти соҳаи таҳсилоти касби ва маориф, инчунин сохтмони муассисаҳои нави таълим ҷиҳати фарогирии кӯдакону наврасон Пешвои миллат пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Доир ба ин масъала дар Паёми муждарасон 28 декабр Сарвари давлаи дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шавад.

Аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф ҳамчун заминаи асосии рушди давладторӣ давра ба давра инкишоф ёфта истодааст. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи афзалиятнок сол ба сол афзоиш ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин масир гузоштани қадамҳои устувор идома доранд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

2024-12-31 07:40:05

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳимми стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои халқу мамлакат бо низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ доир ба вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат пешниҳод мешавад.

Чун анъана, санаи 28.12.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро барои мардуми шарифи кишвар ироа карданд, ки дар маҷмӯъ, баёнгари тамоми саъю талош ва корҳои анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли нави 2025 мебошад.

Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Президенти ҷумҳурӣ низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими таҳкимии Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд. Агар паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем, он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли он - таҳкими ҳарчи бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои корӣ, бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд. Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ватани худ кўшишу ғайрат намояд.

Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус дар Паём таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Аз ҳамин ҷиҳат Президенти кишвар дар паёмҳои худ доимо баланд бардоштани обрӯи маориф ва илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд.

Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурда дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Президенти кишвар дар ҳар як Паёму суханпониашон таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо хондану навишта тавонистан нишонаи босаводӣ нест, балки ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо омӯзгорон бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем ва барояшон талқин намоем, ки саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем донишу ҷаҳонбиниро васеъ намоем.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои соли 2025 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Омӯзиши он нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари мамлакат чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он арзишҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

НАЗАРЗОДА Маҳмуд Мирзо, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филология

 

2024-12-31 07:37:58

СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки аз соли 2001 инҷониб ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми бошарафи кишвар муроҷиат намуда, вазъи имрӯза ва дурнамои рушди давлатро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳанд.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишар ироа гардид, аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, варзишию тандурустӣ ва сиёсати хориҷии кишвар буда, онро метавон роҳнамои илҳомбахши халқи шарафманди Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқолияти давлатӣ номид.

Дар Паёми соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили тақвияти сохти конститутсионии кишвар, рушди нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳаи маорифи кишар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои олии кишвар ин рушди соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат соҳаи мазкурро ҳамчун самти калидии рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, мунтазам дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ тақвияти ин соҳаро таъкид менамоянд. Ин аст, ки ҳанӯз соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №526 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки дар меҳвари он рушди неъруи зеҳнӣ меистад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд ки “ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам...”.

Бо назардошти саҳми калидӣ доштани соҳаи маориф дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём соли ҷорӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифагузорӣ намуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Нуқтаҳои муҳими дигар барои маорифчиёни кишвар дар Паёми навбатӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар ҳаҷми аз 20 то 30 фоиз боло рафтани музди маоши вазифавии кормандони соҳа ва эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Зеро яке аз панҷ ҳадафҳое, ки дар солҳои минбаъда ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, ин рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар Паём иброз гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои гузоташуда дар ояндаи наздик ба як давлати аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ ва фарҳангию маърифатӣ пешрафта табдил меёбад. Дар ин замина, мо омӯзгорони кишварро мебояд бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фаъолияти худро ба маҷро ва марҳилаи нави рушд мувофиқ намуда, кӯшиш намоем, ки дар расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

ХОҶАЗОДА Давронҷон Қурбоналӣ,

директори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

2024-12-28 18:33:27

ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙН ВА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНДОН

Дар Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад, тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии кишварро, ки тули як соли охир ба роҳ монда шудааст,натиҷагирӣ намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён менамояд.

Президенти мамлакат дар паёмҳои ҳамасолаи худ пайваста таъкид мекунад, ки эҳтиром ва ғамхорӣ ба падару модар асоси тарбияи дурусти фарзандон ва устувории ҷомеа мебошад. Вай бо ишора ба анъанаҳои миллӣ ва таърихи ғании халқ, ҳамеша ба аҳамияти муносибатҳои хонавода ва эҳтиром гузоштан ба калонсолон, махсусан ба падару модар, таъкид мекунад.

Ба андешаи Пешвои миллат, "қалби пок ва эҳтиром ба падару модар, ки ҳамчун даргоҳҳои инсоншиносӣ ва муаррифии ахлоқ ва хиради инсонӣ мебошанд, яке аз асосҳои тарбия ва эҷоди ҷомеаи солим ва мутамаддин аст." Ин навъ эҳтиром дар Тоҷикистон як анъанаи амиқи фарҳангӣ аст, ки дар раванди тарбияи кӯдакон ва расидан ба ҷомеаи бунёдкори дуруст ба назар мерасад.

«Он меҳрубониҳое, ки Модар ба фарзанд мекунад, ягон кас карда наметавонад” - иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бояд қайд намуд ки заҳмате Модар барои ба воя расидани фарзанд мекашад бояд қадр карда шаванд.

Ҳамин тавр, эҳтиром ба падару модар дар тамоми ҷомиаи Тоҷикистон, тибқи назар ва таъкидҳои Президенти мамлакат, як аз арзишҳои муҳим ва асосии фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба волидайн таъсири мусбат ба рушди шахсият, муносибатҳои оилавӣ ва иҷтимоии инсон мегузорад. Фарзанде, ки ба волидайн эҳтиром мегузорад, ба дигарон низ муносибати дуруст ва ҳурматомез дорад. Ба ҳамин тартиб, эҳтиром ба волидайн фарҳанг ва ахлоқи позитивиииҷтимоиро шакл медиҳад.

Хайрулло Содиқов, сармутахассиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-12-28 18:24:11

ТАВАҶҶУҲ БА ОМӮЗИШИ КАСБУ ҲУНАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёссати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари дигар масъалаҳои муҳиму ҳалталаб бори дигар ба раванди касбомӯзии ҷавонон таваҷҷуҳ намуданд.

Сарвари давлат ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, таъкид карданд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.

Ба зикри Пешвои миллат маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт, чунки давлату ҳукумат минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳад кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид гардид, ки имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Бар замми ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбир андешад. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои касбомӯзӣ беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддату марказҳои ҳунармандӣ таъсис ёфта, дар ин раванд намудҳои ҳунарҳо рушд ёфта истодаанд.

Бо ин мақсад дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзии худкифо соли 2021 «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия шуда, имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда истодаанд.

Ҳамин тавр, муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи касбомӯзонӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам корбарӣ шуда истодааст.

Ислом ҲАВАСХОНЗОДА,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-12-28 18:17:58

ПАЁМ РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МОСТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. Дар воқеъ, он ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёми навбатӣ эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа аз кабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шаҳрвандони бешуғл ба касбомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, боло бурдани маоши кормандони илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуд.

Масалан, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат эълон карданд, ки ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.

Ҳамзамон, Сарвари давлат эълон карданд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад.

Бояд гуфт, ки бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад, зеро «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти бузург назир надорад.

Инчунин, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуданд.

Хулоса, бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём баён гардид, бояд гуфт, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ, моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.

Дилшод ДАВЛАТШОЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон

 

2024-12-28 18:16:30

ПАЁМ - РОҲНАМОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

Паёми Пешвои миллат санадест, ки дар он нишондиҳандаҳо ва самту равиши тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни мамлакатамон таҳлил карда мешавад. Ин ҳуҷҷати муҳим таконбахши пешрафт ва инкишофу тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакати азизамон маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, аҳли кормандони соҳаро барои боз ҳам бештар ва дар сатҳи баланд омӯзонидани мутахассиони касбҳои коргарӣ ва тайёр намудани мутахассисони дорои маҳорат, малака ва лаёқати баланди касбӣ водор менамояд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таваҷҷуҳи амиқ намуда, ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмин намудани сокинон бо касб, инчунин аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пур намудани ҷойҳои холии корӣ дар корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ки ниёз ба мутахассисони баландихтисос ва дорои донишҳои муосирро доранд, дастур доданд.

Боиси қайд аст, ки тибқи таъкидҳои Пешвои муззами миллат соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳо боз ҳам тақвият бахшида мешаванд. Барои амалӣ намудани ин дастуру супоришҳои мақсаднок ва ояндасози Роҳбари давлат мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар кору фаъолияти худ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва бро ин васила, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар дар 65 муассисаи давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёда аз 23000 касбомӯзон ба таҳсил фаро гирифта шуда, барои фаъолият намудан дар коргоҳҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамчун кадрҳои дорои касбу кори гуногун барои фаъолияти меҳнатӣ сафарбар мешаванд.

Ҳамзамон, тибқи дастурҳои дар Паёми имсола ироагардида, бояд дар дар панҷ соли минбаъда шумораи касбомӯзон дар муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 210 ҳазор нафар расонида шавад. Вазифагузории мазкур масъулияти кормандони соҳаро дучанд мегардонад ва мо мекӯшем, ки дар ин самт ҳам ба шумора ва ҳам ба сифати касбомузӣ дар муассиса тадбирҳои бештар андешем.

Мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҳадафмандона амалӣ намудани вазифа ва дастурҳои Сарвари давлат барои дар марҳилаи нави тараққиёт рақобатпазир будани донишу малака ва маҳорату лаёқати мутахассисон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос тамоми сайъу кӯшишамонро ба харҷ медиҳем.

Ҳадафи кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ аз ҳамгиро намудани илм бо истеҳсолот, баробар намудани донишу маҳорат ва малакаи касбии онҳо ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи мутахассисони дигар давлатҳои мутараққӣ, вусъат додани касбияти баланд, таҳияи маводди муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияи рақамӣ ва баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон иборат аст.

Аҳли кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон, бо донишҳои муосир таъмин намудани касбомӯзон, омода кардани мутахассисон аз рӯйи касбу ихтисосҳои гуногун ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакатамон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда самаранок кору фаъолит намуда, нуктаҳои дар Паём зикргардидаро сармашқи кори худ менамоянд.

ҚУРБОНЗОДА Файзиддин Мурод,сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-12-28 18:13:43

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2024-12-28 17:57:41

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҲКИМИ РУШДИ КАСБОМӮЗӢ ДАР КИШВАР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин ҳуҷҷатҳои стратегӣ мебошад, ки ҳолат ва дурнамои самтҳои асосии рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян карда, ҳолат, мушкилот, самтҳои рушди онҳо, саҳми ҳар як мақомоту мансабдор, ҷоема ва шохаҳои ҳокимиятро дар амалисозии он мушаххасу муайян менамояд. Вижатарин ҷузъҳои паём ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар равона шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ин рушди касбомӯзӣ, танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.

Рушди касбомӯзӣ ва талабот ба касбҳои коргарӣ дар шароити иқтисодии кишвар яке аз мавзӯъҳои асосии паёми имсола буд. Масъалаи касбомӯзӣ, ба маънои омодасозии кадрҳои коргарӣ ва мутахассисиони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024 қайд гардид.

Дар паёми имсола, чун паёмҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва касбомӯзӣ аҳамияти бештар доданд. Президент ба аҳамияти тарбия ва омодасозии кадрҳои баланихтисос ва мутахассисони соҳибкасб барои ҳама соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоии кишвар ишора намуданд. Таъкид гардид, ки «дар шароити ҷаҳони муосир, касбомӯзӣ ва омодагии мутахассисон барои рушди тамоми бахшҳои кишвар аҳамияти бассо муҳим дорад». Ин маънои онро дорад, ки рушди иқтисоди миллӣ ва бунёди як ҷомеаи муосир, ки дар он шаҳрвандони баландихтисос ва соҳибкасб ҳукмрон бошанд, ба омодасозии кадрҳои ҷавон ва таъсиси муассисаҳои касбомӯзӣ вобаста аст.

Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 4 марказҳои хизматрасонӣ ва рушди малакаҳои касбӣ сохта ба истифода дода шуд ва ин иқдом минбаъд низ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аҳолияшон нисбатан зиёд аст, идома меёбад.

Рушди касбомӯзӣ ва таҳкими касбҳои коргарӣ на танҳо барои шахс, балки барои тамоми кишвар аҳамияти хосса дорад, қайд гардид зимни ироаи паём. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки агар як шаҳрванди Тоҷикистон касб ё ҳунари мувофиқро омӯхта, соҳибкасб гардад ва онро дар амал татбиқ намояд, он на танҳо боиси беҳбуди иқтисоди шахсӣ мегардад, балки барои рушди ҷомеа низ хеле муфид хоҳад буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти дуруст омӯхтани касбу ҳунар дар ҷараёни тағйироти иҷтимоии кишвар ишора намуданд, зеро танҳо шаҳрвандони баландихтисос ва соҳибкасб метавонанд ба сохтмони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноат, тиб, сохтмон, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо мусоидат кунанд.

Пешрафти соҳаи маориф ва рушди касбомӯзӣ ба таъмини эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Дар паёми навбатӣ Президенти кишвар ба нақши касбомӯзӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва бо истифода аз кадрҳои баландихтисос ба ташаккул ёфтани иқтисоди рақобатпазир таъкид намуданд. Тибқи таъкидҳои Пешвои миллат, ҳар як шахс, ки касби худро дуруст ва хуб омӯхта аст, метавонад ба саноат, бахши иҷтимоии кишвар ва инфрасохтори давлат хизмат кунад. Касбомӯзӣ ва омодасозии мутахассисон барои шеваи корӣ ва иқтисодии кишвар хеле зарур мебошад.

Вижатарин нуқтае, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ин масъулияти ҷавонон дар омодасозии худ барои оянда мебошад. Президенти кишвар ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷаҳишҳо ва тағйироти босуръат дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасанд, бояд ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва ихтисос аҳамияти бештар диҳанд. Омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои ҷавонон як имконияти хуб аст, ки онро бо истифодаи дуруст метавон дар оянда барои пешрафти худ ва кишвар истифода бурд.

Пешвои миллат, инчунин таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд бо технологиҳои муосир ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шаванд ва ҳунару касбҳои нави марбут ба рушди иқтисодиро омӯхта, ба тамоми ҷомеа хизмат кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсионӣ» эълон карда шавад.

Дар паёми имсола таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат як қатор барномаҳои давлатӣ қабул карда шавад, Аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани “Барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби ҷавонон”.

Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани инфрасохтори таълимӣ ва касбомӯзӣ, таълими амалии муҳаққиқон ва мутахассисон ва татбиқи барномаҳои махсуси касбомӯзӣ дар тамоми кишвар таваҷҷуҳ мекунад. Аз ҷумла, дар паёми худ Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби аҳолии кишвар ба хушӣ пазируфта шуд.

Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ишора бар он намуд, ки ҳамоҳангсозии низоми маориф ва омӯзиши касбу ҳунар бо ниёзҳои иқтисодии кишвар, бунёди кадрҳои баландихтисос ва омода намудани кадрҳои коргарӣ барои кор дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ба рушди устувор ва муваффақияти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Давлатхон НАЗАРЗОДА,

сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-12-27 07:31:01

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.12.2024 шаҳри Душанбе

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029 ва ташкил намудани Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024, дар сатҳи зарурӣ ва бе мушкилот гузаронидани зимистони солҳои 2024-2025, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва пешгирӣ аз талафоти онҳо, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти роҳу нақлиёт, роҳ надодан ба ҳолатҳои сӯхтор ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва амалҳои номатлуб дар рӯзҳои ҷамъбасти соли 2024, расонидани кумак ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои эҳтиёҷманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

2024-12-27 07:27:49

БАХШИДА БА 30 -СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалӣ бо иштироки васеи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори конференсия Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – раиси Ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор -сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадализода Бобоҷон -Сардори раёсати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар конференсия аз тарафи баромадкунандагон, таъкид карда шуд, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард ва 25 июни соли 1997 дар Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо гузашти 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчинун иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти пурсамар намуда истодааст.

Ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерўҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатдорӣ ва бо ин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд”.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, муттаҳидии нерўҳои пешбарандаву босалоҳияти ваҳдатсоз саҳми арзишманд гузошта, аз рўзи нахустини ворид гардидан ба майдони сиёсӣ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар пешрафти мамлакат нақши муассир дошта, аъзо ва пайравони он дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба сифати нерўи пешбарандаи ҷомеа фаъолияти назаррас доранд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд бо такя ба сиёсати инсондўстонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои ҳизб баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои ҳизбӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолияти босамар намуда, дар ин ҷода аз тамоми нерў ва имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд ва сафи аъзову пайраовни ин ҳизби созанда сол аз сол зиёд мегардад. Минбаъд ҳам аъзову пайраовни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоиста ба мардум” бо роҳбарии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми бештар мегузоранд.

Сипас, дар фарҷоми конференсия ба як қатор кормандону омӯзгорони муассиса барои фаъолияти босамар дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сипоснома тақдим карда шуд.

 

2024-12-27 07:26:21

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН: ТАҶРИБАИ СУЛҲ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ФАЪОЛ

Дар тӯли се даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кишварҳои ҷаҳон равобити дипломатии мустаҳкам барқарор намояд ва бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Тоҷикистон имрӯз дар ҳалли масоили глобалӣ ва ташаккули равобити минтақавӣ ҳамчун кишвари фаъол эътироф шудааст. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба принсипи "дарҳои боз" асос ёфтааст, ҳадафи асосии худро ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои ҷаҳон равона кардааст.

Бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо беш аз 180 кишвариҷаҳон, Тоҷикистон дар самти рушди робитаҳои бисёрҷониба ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар доираи ин сиёсати санҷидашуда кишвари мо тавонист, ки узви фаъоли беш аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардад, беш аз 2100 санади дуҷонибаи ҳамкориро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба имзо расонад, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла масоили обу иқлим, мавқеи ташаббускорона ишғол намояд, бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷанубу Шарқи Осиё ҳамкориҳои стратегӣ ба роҳ монад ва ҳамкориҳои самарабахшро бо кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом густариш диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати "дарҳои боз" имконияти ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро барои рушди инфрасохторӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва нақлиёт фароҳам овардааст. Ин сиёсати пешгирифта ба кишвари мо имкон дод, ки дар барқарории шабакаҳои муосири нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои байналмилалии боркашӣ пешқадам гардад. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо низ равобити зич ба роҳ монда, имкониятҳои нави иқтисодию тиҷоратиро меомӯзад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором низ густариш меёбанд, ки нишондиҳандаи сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об мавқеи калидӣ дошта, ташаббусҳои Пешвои миллат, аз ҷумла эълон гардидани "Соли байналмилалии оби тоза - 2003", "Даҳсолаи байналмилалии амал – Об барои ҳаёт - 2005-2015" ва "Даҳсолаи байналмилалии амал – Об барои рушди устувор - 2018-2028", ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти захираҳои об даъват намуд. Ин ташаббусҳо обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардошта, масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар мадди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор доданд. Дар доираи ин иқдомҳо Тоҷикистон ҳамасола мизбони конфронсҳои байналмилалӣ дар мавзӯи об мегардад, ки дар онҳо сарони кишварҳо, коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд. Бешубҳа ин тадобир ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамаҷониба мусоидат намудаанд. Таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Тоҷикистон ба масъалаи об, ки манбаи ҳаёт дониста мешавад, беҳикмат нест, зеро об дар замони муосир василаи ҳалли низоъҳои минтақавӣ низ талаққӣ мешавад. Бо ин роҳ Тоҷикистон тавонист нақши худро ҳамчун кишваре, ки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, боз ҳам устувортар намояд.

Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, намунаи бемисли ҳалли мусолиматомези низоъ эътироф шудааст. Тоҷикистон тавонист дар шароити душвори солҳои 90-ум ба натиҷаҳои зерин даст ёбад:

- тақрибан як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуд;

- ваҳдати миллӣ комилан таъмин гардид;

- ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти таъмини субот тақвият ёфт.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи омӯзиш барои кишварҳои дигар хидмат мекунад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун модели беназир эътироф намудаанд. Талошҳои дипломатии Тоҷикистон на танҳо барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ равона шудаанд, балки кишвари мо ҳамчун миёнрав дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ низ саҳм мегузорад. Ҳузури фаъолонаи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои Афғонистон ва талош барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти марбут ба суботи минтақавӣ намунаи барҷастаи ин равиш аст. Илова ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои худро ҷиҳати мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба миён мегузорад. Иштироки фаъоли кишвар дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба амният далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Бо пайвастан ба созмонҳои иқтисодӣ ва молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Бонки Осиёии Рушд ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллии худ амалан талош менамояд.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилу баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии фарҳангӣ, муаррифии мусиқии миллӣ ва адабиёти тоҷик, ноил ба баланд бардоштани эътибори фарҳангии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Баргузории ҷашнвораҳои байналмилалии фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашнвораи "Наврӯз" Тоҷикистонро ҳамчун маркази фарҳангии минтақа муаррифӣ кардааст.

Бо ташаббусҳои худ дар соҳаи энергетика, бахусус бо татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм, аз ҷумла НБО Роғун, Тоҷикистон ҳамчунин дар рушди минтақа саҳм гузошта истодааст. Лоиҳаҳои мазкур барои кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, дар таъмини энергияи барқароршаванда дар минтақа нақши муҳим мебозанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Тоҷикистон калидӣ буда, барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ талошҳои зиёд ба харҷ дода шудааст. Иштирок дар лоиҳаҳои фаромарзӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқ ба таҳкими робитаҳои иқтисодию сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд. Таҳти сарварии Пешвои миллат Тоҷикистон ба ташаккули фазои дӯстона ва ҳамкорӣ дар минтақа ноил шуда, кишвар ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Бояд иброз намуд, ки дар воқеъ сиёсати "дарҳои боз" ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад, сиёсати дурандешона ва ғоявӣ буда, имкониятҳои зиёдро барои Тоҷикистон фароҳам меорад. Ин сиёсат бо кӯшишҳои пайвастаи дипломатӣ ва таҳкими равобити дуҷониба ҳамчун заминаи рушди устувор дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас оварда расонидааст. Бо идома додани он Тоҷикистон имкон дорад, ки дар оянда ба дастовардҳои бештаре дар ин самтҳо ноил гардида, ба як кишвари муҳими байналмилалӣ ва бо мақоми мустаҳкам дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёбад. Аз ин рӯ, сиёсати "дарҳои боз" барои Тоҷикистон рисолати муҳим дар таъмини рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

 

Шарифхон Файзов, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-12-27 07:24:40

ФАЪОЛИЯТИ КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки сардори раёсати таҳсилоти миёнаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадализода Бобоҷон, омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ ҳисоботи директори коллеҷи техникӣ д.и.т., и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон “Оид ба натиҷаи фаъолияти коллеҷи техникии дар соли 2024 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар соли 2025” шунида шуд.

Директори коллеҷи техникӣ д.и.т., и.в. профессор Саидзода Масрур зимни баромади худ ҷиҳати корҳои ба сомон расонидаи раёсати коллеҷ дар соли 2024 дар назди ҳамагон ҳисобот дода, қайд намуд, ки камбудию нуқсониҳои ҷойдоштаро ошкору роҳҳои бартарафсозии онҳо ва самтҳои афзалиятноки пешрафти коллеҷро муайян карда, бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иҷрои амалии нақшаҳои ояндаамонро дар соли 2025 таъмин сохта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомаи амал пӯшонида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти сифати таҳсилот, раванди таълиму тарбияи донишҷӯён гузорем.

Таъкид гардид, ки дар соли 2024 3 конференсияи илмӣ - назариявии байналмилалӣ, 9 конференсияи илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ, 14 конференсияи илмӣ - назариявии сатҳи коллеҷӣ, 76 мизи мудаввар, 74 семинари илмӣ, 86 маҳфили илмӣ, 24 ҷамъияти илмӣ ва 12 озмунҳои гуногун дар сатҳи коллеҷ ташкил ва баргузор гардиданд. Инчунин, дар соли тақвимии 2024 аз ҷониби ҳайати профессорӣ - омузгории коллеҷ 7 китоби дарсӣ, 3 монография ва 30 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ ба нашр расиданд.

Баъди анҷоми ҳисобот директори коллеҷ Саидзода Масрур Мирзохон ба саволҳои аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон ҷавобҳои саҳеҳу қаноаткунанда дода, иловатан қайд кард, ки мақсаду мароми роҳбарияти коллеҷи техникӣ ин беҳдошти сатҳи сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, дилгармии омӯзгорон нисбати касби омӯзгорӣ, муҳайё намудани шароити мехнати омӯзгорону донишандӯзии донишҷӯён, таъмини коллеҷ аз воситаҳои замонавии таълим, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ, навоварӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил кардани ҳуҷҷатнигорӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории коллеҷ ва бо меҳнати ҳалолу таҳсили хуб ҷавоб гардонидан аст.

Дар муҳокимаи ҳисоботи солона Маҳмадализода Бобоҷон - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асроров Зокирҷон - муовини директор оид ба таълим, Азимов Холиқназар - муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, Ғиёсиев Иҳром - котиби Шӯрои олимон, Азизмамадова Зулфия - мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ ба сухан баромада қайд намуданд, ки ба камбудию норасогиҳои соли сипаришуда нигоҳ накарда, ҳисоботи директори коллеҷ Саидзода Масрур Мирзохонро қаноатбахш арзёбӣ мекунем, зеро ҷамъбасти соли таҳсили ҷорӣ исбот намуд, ки роҳбарият ва аҳли кормандони коллеҷ қувваю қобилияти навоварию эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи хуби кориро соҳибанд ва имконияти пурраи беҳтар намудани тадрису тарбияи донишҷӯёнро доранд. Умед аст, ки дар оянда бо ташаббусу иқдомҳои наҷиби роҳбарияти коллеҷ сатҳи сифати донишандӯзии донишҷӯён ва маҳорати касбии омӯзгорон беҳтару хубтар ба роҳ монда мешавад ва коллеҷи мо ба яке аз муассисаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ табдил меёбад. Нақшаи дурнамои таҳиянамудаи раёсати коллеҷро ҷиҳати рушди коллеҷи техникӣ қобили қабул дониста, бобати амалӣ гардонидани он саъю талош меварзем.

Баромадкунандагон зимни муҳокимаи ҳисобот иброз дошанд, ки дар ҳақиқат коллеҷи техникӣ дар тули соли 2024 ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, тағйироти куллӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти коллеҷ ба вуҷуд омаданд. Қайд гардид, ки агар ҳар як корманди коллеҷ камбудиҳои фаъолияташро бартараф созад ва супоришҳои роҳбарияти коллеҷро дар хусуси рушди ояндаи коллеҷ дар амал татбиқ намояд, боз ба натиҷаҳои беҳтар ноил мешавем. Қайд намуданд, ки корҳои наҷиби ба сомон расонидаи раёсатро ба инобат гирифта, фаъолияти коллеҷро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавонам, ки зери роҳбарии сарвари кордон, ташкилотчию ғамхор Саидзода Масрур Мирзохон соли 2025 ба комёбиҳои ҷолиби диққати ҳамагон ноил хоҳем гашт.

Директори коллеҷи техникӣ - Саидзода Масрур Мирзохон зимни ҷамъбасти масъала иловатан афзуд, ки мо бояд сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва масъулияти омӯзгоронро ба кори таълиму тарбия мувофиқи талаботи замон ба роҳ монем, бо донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ робитаи мутақобилан судмандро тақвият бахшида, шумораи омӯзгорони унвони илмидоштаро афзун намоем, омӯзгорону кормандонро ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар намоем, ҷиҳати дарёфти таҷҳизотҳои замонавии таълим талош варзем ва омӯзиши ихтисосҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯйро дар коллеҷ ташкил намоем. Аз ҳама муҳим қобилияти баланди ташкилотчигиро доро бошем, ташаббускор, худкор, бомасъулияту бовиҷдон, покнияту ғамхор, дӯстдори касби худ бошему ин макони маърифатро азизу муътабар донем.

Дар ҷамъбасти ҳисоботи солона якчанд нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён барои меҳнати софдилонаю пурмаҳсулашон бо ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.