Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-01-10 07:14:32

ОМӮЗИШУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони "Паёми Пешвои миллат: татбиқи ҳадафҳои миллии рушди кишвар" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, роҳбарияти муассиса, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва устодони коллеҷ ширкат доштанд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳи директор Коллеҷ Даврон Хоҷазода кушода, меҳмонон ва ҳозиронро шодбош намуд. Мавсуф қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, татбиқкунандаи ҳадафҳои миллии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, тавзеҳу омӯзиши ҳамаҷонибаи он, муҳим ва саривақтӣ аст. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли Паёмҳои қаблӣ ҳамчун санади муҳим ва дастури роҳнамову ояндасоз барои халқу миллат маҳсуб ёфта, он барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои муҳими мамлакат нигаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маҳз ин нуқтаро Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла ҳамасола маоши кормандони ин соҳаи муҳими халқи кишварро баланд мебардорад.

Дар идома Мирзозода Аъзам ва Атозода Зайниддин самтҳои дигари Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, ҳамовозии хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш пешниҳод гардид,ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 "Соли хониши сиёсӣ" дар муассиса эълон гардида, озмун дар ин самт баргузор карда шавад.

 

2025-01-10 07:13:14

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои мардуми тоҷик ҳамчун дастур ва роҳнамо маҳсуб ёфта, навиди тозае аз муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон давоми як соли охир мебошад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ дар саросари кишвар бунёди ҳазорон бинову иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо ба соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш мутааллиқ буда, то имрӯз тибқи нақшабандӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва тавассути ин аъмол ҳазорон ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳайё гардидааст.

Дар ин замина, Сарвари давлат ба соҳибкорону шахсони саховатманд ҷиҳати тақвияти сиёсати созандаашон ва дастгирии молиявии ин афрод барои ободии Ватан, фаъолияти софдилона ба хотири пешрафти зиндагии шоистаи мардум, изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар назаррас унвон карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар меҳвари Паёми имсола чандин масоили мубраму ҳалталаби замони муосир ҷой доштанд, аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон, ба монанди 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО, мубориза бо терроризму экстримизм, бегона нашудани фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷаҳолату хурофот, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, шаклгирӣ ва инкишофи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, таъсис ва сохтмони муассисаҳои томактабию фарҳангу санъат, ҳамгироии илм ба истеҳсолот ва фаъолияти ҷавонон аз зумраи онҳост.

Дар раванди суханронӣ Сарвари давлат вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо бахусус, дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронида шуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз андешаронӣ намуда, ин масоили муҳими таъсиргузорро бо таҳлилҳои амиқ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин маврид истифода ва тақвияти самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ, гузаштан ба низоми комили ғайринақдӣ ва монанди инҳо аз зумраи дастурҳои муфиде буд, ки дар назди масъулини соҳаҳо гузошта шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин соҳаҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар масъалаи тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа диҳанд, на ба ҳуҷҷат. Дар ин замина, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ аз зумраи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, таъкид гардид, ки минбаъд омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синни томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Сарвари мамлакат дар тамоми баромаду суханрониҳояшон ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ низ ин қишри мамлакатро аз мадди назар дур намонда иброз доштанд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаётиосоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аз ҷумла, солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз вазифаи аз ҳама муҳими ҳар як қишри ҷомеа ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Вобаста ба ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардида камари ҳиммат баста, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар талош намоянд.

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

2025-01-10 07:11:51

СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН - КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Дар паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ вазифаҳо мушаххасу муайян гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки “...аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд”.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём вобаста ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, қайд карданд, ки “...дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти корҳо дар самти фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва омода намудани кадрҳои коргарӣ дастур доданд, ки “... Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд”.

Маврид ба қайд аст, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии кишвар, яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар ин раванд, барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақшаи дурнамои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оварда шудааст, давоми солҳои 2021-2024, тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ зиёда аз 720 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандони мамлакат ба касбомӯзӣ ва дастрасии онҳо ба таҳсилоти босифати касбӣ дастур дода буданд, ки “...ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намуда, ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Зимнан бо ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ ва шарикони рушд дар самти таҳияи стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълимӣ (модулӣ), таҳкими заминаҳои модиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омода кардани кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ба роҳ мондааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 23 ҳазору 500 нафар ва теъдоди шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати назди ин муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазор нафарро ташкил дода, 1 ҳазору 605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи хонандагону шунавандагон машғул мебошанд.

Ҳамчунин, дар назди 45 литсейи касбии техникӣ ва 1 коллеҷ марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаъолият доранд, ки дар онҳо аз руйи 5 самт ва 110 касбу ҳунар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии ҳунармандон ба расмият (валидатсия) дароварда мешаванд.

Барои омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва омода намудани ҳунармандони касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №253 “Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ” тасдиқ гардид. Дар қарори мазкур касбҳои ҳунармандӣ дар 12 самт гуруҳбандӣ карда шуда, 167 номгӯйро дар бар мегирад.

Дар соли сипаришуда, Кумита дар доираи амалишавии лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои 25 касбу ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд, стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълими (модулӣ)-ро бо ҷалби мутахассисони маҳаллию байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои истифодабарӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас намуд. Ҳоло дар 31 литсейи касбии техникӣ раванди таълим тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шуда, дар дигар литсейҳои касбии техникӣ низ ин методология давра ба давра ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда, синфхона ва устохонаҳои таълимии 6 литсейи касбии техникӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои 6 касбу ихтисос таҷҳизотҳои лозимӣ харидорӣ гардида, давоми солҳои 2025-2026 таъмири синфхона ва устохонаҳои таълимии 14 литсейи касбии техникӣ ва харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ барои 14 касбу ихтисос дар назар дошта шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки дар назди Кумита лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуруъ аз соли 2024 амал мекунад, ки ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гуруҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мебошад.

Дар ин давра, барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзӣ тақвият ёфта, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии Маркази хизматрасонии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ноҳияи Данғара аз руйи касбҳои тракторчӣ ва харрот курсҳои кӯтоҳмуддат роҳандозӣ гардида, гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнёрон ва устоҳои таъмигари техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии корхонаи болозикр дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Рашт, Тоҷикобод, Дӯстӣ ва Ҷайҳун ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи Кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо мутахассисони варзида бо 562 ташкилоту муассисаҳо, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Дар робита ба тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён ба қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шудааст, ки ин барои боз ҳам тақвият додани корҳо ҷиҳати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин кардани соҳаҳои зикршуда бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди корҳои зиёди ба анҷомрасида вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо, тадбирҳои пешбинишуда ва амалишаванда бояд таҳким дода шаванд.

Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни аҳолии кишвар васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд чораҷуйӣ карда, ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкориро бо корфармоён ҷоннок намоянд, зеро нишондиҳандаҳои зикршуда омили асосӣ барои фарогирии аҳолии кишвар ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб меравад.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

2025-01-08 18:11:46

ДАР НАЗДИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МАҲФИЛИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ” ТАЪСИС ЁФТ

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита директорони муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабиро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳалае ироа гардид, ки барои мардуми шарафманди кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи таърихӣ, яъне халқи саодатманди тоҷик 30-юмин солгарди Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ истиқбол намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсозӣ мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат дар баробари масалаҳои болозикр, инчунин оид ба нақши ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳо бо ҳисси саршор аз меҳру садоқат ва боварии қотеона ба насли созандаву бунёдкор суҳбат рафта, ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътирф гардиданд. Чунончи Пешвои миллат таъкид намуданд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.

Ҳамзамон, Раиси Кумита иброз дошт, ки бо мақсади дарёфтӣ чеҳраҳои сухандону суханвар, ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" маҳфили илмӣ таъсис дода шуд, ки аъзоёни он аз ҳисоби устодон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шудаанд.

Маҳфил дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 таъсис дода шудааст ва ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин маҳфилҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни маҳфил ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир ба мавзӯъ ва муҳтавои он андешаронӣ менамоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар назар аст, ки дар назди Кумита маҳфилҳои “Фурӯғи маърифат”ва “Шоҳномахонӣ” таъсис дода мешавад.

 

 

2025-01-08 18:08:51

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода мешаванд. Мусаллам аст, ки муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Паём ҳар як сокини кишварро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, онҳоро зиндагии боз ҳам шоистатар дар пеш аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои гуногуни рақамикунонии иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 -уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус низ вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.

Дар идомаи ин пешниҳод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Воқеан ҳам, инноватсия ва рақамикунонии тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла иқтисодиёт зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Солҳои 2025-2030 низ метавонанд ба як давраи муҳим барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия табдил ёбанд. Зеро гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қадам барои беҳтарсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат аст. Он вақтро сарфа намуда, сифати маҳсулот ва кору хизматрасониро ба маротиб беҳтар менамояд. Дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин баён намудаанд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».

Вобаста ба ин, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бояд гуфт, ки иқтисодиёти рақамӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои муҳим ва устувор гузошта истодааст. Барномаҳои зиёди марбут ба технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва молиявӣ қабул гардида, як қатор иқдомҳои муҳим низ роҳандозӣ шудаанд. Қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардиданд, шомили бунёди инфраструктураи рақамӣ ва ташкили барномаҳои технологӣ барои беҳтар кардани равандҳои идоракунии молиявӣ ва иқтисодӣ мебошанд.

Воқеан, барномаҳои технологӣ ва рақамии марбут ба соҳаҳои гуногун, ба монанди молия, андоз, системаҳои электронӣ ва омодагии кадрӣ барои равнақи иқтисоди рақамӣ кӯмак хоҳанд кард:

Якум, рақамикунонии молия ва андоз аст. Тоҷикистон бо истифода аз технологияи пешрафта талош мекунад, ки таъмини шаффофият ва мубориза бо коррупсия тақвият ёбад. Барномаҳои рақамӣ барои таъмин кардани раванди дастрасӣ ва назорат ба равандҳои молиявӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дуюм, низоми электронӣ. Ҳукумати мамлакат ба ҷорӣ кардани системаҳои электронӣ, ба монанди интиқоли хидматҳои молиявӣ ва шахсиятҳои идорӣ тавассути платформаҳои рақамӣ диққати махсус медиҳад. Ин ба шаҳрвандон ва соҳибкорон имконият медиҳад, ки дар муҳити рақамӣ барои иҷрои амалиёт ва супоридани пардохтҳо фароҳам оварда шавад.

Сеюм, омодагии кадрӣ. Дар Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисони баландихтисос ва касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор барномаҳои зиёде рӯйи даст гирифта шудаанд. Ин ба амалӣ шудани стратегияи рақамикунонии давлат ва иқтисодиёт кӯмак хоҳад кард.

Чорум, дастгирии сармоягузорӣ ва рушди технологӣ. Дар оянда, Тоҷикистон метавонад сиёсати ташвиқи сармоягузорони хориҷиро барои рушди соҳаҳои технологӣ ва амалӣ кардани ҷалби маблағҳо дар ин самт таъмин кунад.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бо ҷорӣ намудани ин иқдомҳо талош дорад, ки иқтисодиёти миллӣ ба раванди рақамикунонӣ мувофиқ гардад, барои таҳкими шаффофият ва беҳтар кардани идоракунии молиявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳои муосиру қуллай интихоб ва амалӣ гарданд.

Сино Амирбекзода,

директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

 

2025-01-08 18:05:31

ҶОЙГОҲИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан, модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола чун анъана бо натиҷагирӣ аз дастоварду музаффариятҳои мардуми шарифи кишвар ва муайян намудани нақшаву барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлат паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ баробари дигар масъалаҳои калидии давлатдории навини миллӣ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ногуфта намонад, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардида истодааст.

Аз Паёми имсола бар меояд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ҳоло бошад аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола тавассути Квотаи президентӣ садҳо духтарон – хатмкардаҳои дабистонҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда истодаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар паҳлӯи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.

Лозим ба зикр аст, имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,варзишгар ҳатто дар қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии миллат расонида истодааст.

Таърих собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди босубот ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлоли давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.

Яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».

Воқеан, фарзандон хурсандии инсон дар ин зиндагиянд, онҳо ҳаётро гуворо месозанд ва бо шарофати онҳо нуру баракат насиби ҳар як хона мешавад. Ибтидои ҳаёти фарзанд ва оғози олами тарбия ва таълими ӯ аз мактабе сарчашма меёбад, ки онро хонавода меноманд, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оғӯши модар ва муҳити оила мебинад Зан – модар тарбиятгар, эҷодкор, заҳматкаш, ватанхоҳу ватандӯст аст. Ҳеҷ модаре намехоҳад, ки фарзандаш аз чашм дур бошаду ба ӯ осебе расад, аммо агар ба Ватан хатаре таҳдид кард, ҳисси ватанпарастии ӯ боло гирифта, фарзандашро барои адои хизмати Ватан гусел мекунад.

Хулоса, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми бонувон дар пешрафти давлатдории тоҷикон хеле хуб ва яке аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати мамлакат инъикос шудааст.

Мо-бонувони Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамчун пайравони ҳақиқии Гурдофариду Таҳминаи ҷасур сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, баҳри ваҳдату ягонагӣ, рушду инкишоф, сулҳу оромӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои милии давлат, мустаҳкам гардидани низоми Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиш намуда, дар ин самт камари ҳиммат бубандем.

Оина Илназарова, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

 

2025-01-08 18:03:18

КИТОБ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

“Халқи мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда, идома диҳем”

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати "Дарҳои боз" ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳамчун узви бонфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлоли давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан, фарҳанги китобу китобдорӣ дар даҳсолаи охир хеле рушд ва ривоҷу рушду равнақ ёфт. Мо бачагонро на ба он хотир дарс медиҳем, ки адабиётро дӯст доранд ва аз он дар зиндагӣ истифода кунанд, балки адабиётшинос шаванд. Ба андешаи мо, роҳи бештар оқилона ва самараноки таълими адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ, омӯзишу таълими он аз рӯи мавзуъ аст, на додани маълумоти хронологӣ доир ба ҳар як давраи таърихӣ. Муҳимтарин мавзуъҳои ташаккули шахсият - донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ватандӯстӣ, накукорӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, васфи ишқи пок, аз як тараф ва танқиди падидаҳои номатлуби зиндагӣ ва мубориза бо онҳо, аз тарафи дигар, қариб дар эҷодиёти ҳар як адиби барҷастаи классик ва муосир инъикос ёфтааст.

Барои он ки дар зеҳни хонанда, масалан, роҷеъ ба дӯстии ҳақиқӣ тасаввуроти аниқу амиқ пайдо шавад, шарт нест, ки мо васфи дӯстиро дар эҷодиёти ҳар як адиб ба тарзи алоҳида пешниҳод кунем. Агар беҳтарин гуфтаҳои адибонро – чи классик ва чи муосир, дар ин мавзуъ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш кунем ва онҳоро ба баҳсу андеша дар атрофи ин масъала водор созем, хонанда мавзуъро дар шакли пурра аз худ намуда, бо дигарон вориди баҳс мешавад, беҳтарин гуфтаҳоро тибқи шавқу завқи худ аз ёд мекунад, дар зиндагии ҳамарӯза истифода мекунад. Китоб ганҷинаи олами маънавии инсон буда, шахсро ба қуллаи баланди инсоният бурда мерасонад. Дар китоб се қувваи бузург дониш, фаҳмиш ва истироҳат мавҷуд буда, китобхонӣ барои бартараф кардани ҳолатҳои нороҳаткунанда ва дилгиркунанда ва бартарафнамоии фишори асабӣ кӯмак мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд».

Маҳз китобхонаҳо бояд ҳар касро ба доруи рӯҳӣ таъмин кунанд. Мутолиа барои пешгирии аксарияти бемориҳоӣ ва ихтилофҳои равонӣ мубориза бурда, ҳатто инсонро аз афсурдагӣ наҷот медиҳад. Аммо як нуқтаи назарро набояд фаромӯш кард, ки дар кадом ҳолат мутолиа метавонад ба дармон ё табобат табдил ёбад. Аз нуқтаи назари илмӣ китоб мисли дору метавонад шифо бахшад, ба шарте, ки агар инсон ба эҳсосоти қаҳрамонон он қадар ворид шавад, ки ҳангоми хондан дигар чизе ба ёдаш нарасад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар иброздоштанд, ки «то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем».

Дар ҳақиқат ганҷи аз ҳама дастрастарине, ки барои инсон дар ҳама ҷо пайдо карда мешавад, ин китоб аст. Ҳатто инсонҳое, ки тасмим мегиранд ба истироҳатгоҳҳо раванд ё аз хона берун шаванд, ҳамеша бо китоб буда метавонанд. Китобхонӣ ба инсон кӯмак мекунад, то кӣ фикрҳо ва ҳиссиётҳои худро беҳтар баён намояд. Барои тағйироти ботинӣ бошад, бисёр манбаи хуб мебошад.Тадқиқотҳои китобшиносии солҳои охир нишон доданд, ки як қисми одамон барои ҳалли мушкилотҳои психологиашон аз китоб ва китобдорон ёрӣ меҷӯянд. Чӣ тавре ки Екатеринаи бузург менависад: “Китоб оинаи шаффофтарин аст, фақат гуноҳро намегӯянд ва илмро туҳфа менамоянд”. Махсусан, асарҳои бадеӣ ба олами маънавии инсон ва ҳолати руҳии ӯ таъсири мусбат мерасонад. Я. А.Коменский нигоштааст: “Китоб ин решагузори хирадмандист”. Оре, дуруст аст, зеро ки инсон ғизои маънавиро маҳз аз китоб мегирад.

Файласуф Денни Дидро ақидаи худро оид ба китоб чунин баён намудааст: “Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад”. Расул Ғамзатов шахси аз китоб маҳрумро ба инсоне шабоҳат додааст, ки бе оина рӯи худро дида наметавонад. Терапевти машҳури ибтидои асри XIX Мудров навишта буд: “Аз ҳама муҳимаш беморро аз ташвишҳои рӯзгор ва ғаму андӯҳи зиёдатӣ дур кардан аст, ки худи онҳо моҳияти беморӣ мебошанд” Аммо фаромӯш набояд кард, ки на ҳар китоб метавонад, таъсири табобатӣ дошта бошад, махсусан, китобҳое, ки ба фоҷиа анҷом меёбанд, барои шахси дорои стресс ё ин ки фишори асабӣ дошта, тавсия дода намешавад.

Дар Паём илова карда шуд, ки «дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Воқеан, китоб ба рӯҳияи инсон таъсири бевоситаи худро мерасонад. Барои солимии равонии шахс кумак намуда, фикрҳои нороҳаткунандаро аз инсон дур менамояд. Дар китобхонаҳо бояд китобҳое мавҷуд бошанд, ки ба ҳама гурӯҳи одамон кӯмак расонида тавонад, зеро китобхонӣ ба тарзи ҳаёти солим таъсири бузурги худро мерасонад.

Хулоса, Дар робита ба татбиқи самарабахши дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат китобдорони мамлакат бояд дар самти тарғибу ташвиқи китоб, ҷалби хонандагони нав ба китобхона ва ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб аз роҳу воситаҳои замонавии фаъолияти китобдори имрӯза бояд фаъолияти хешро тавре роҳандозӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона ташриф овардааст, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро пайдо карда тавонад ва ҳамкориро бо тамоми ниҳодҳои масъули таълиму тарбия мустаҳкам намоянд.

Садиров Мақсуд Маҳмарасулович, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

2025-01-08 18:01:51

ПАЁМ - ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳимтарини стратегияи давлатдорӣ ва дастури босамари фаъолияти давлат дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷи мамлакат мебошад. Паём ҳамчун воситаи муҳими инъикосгари роҳи рушд ва дурнамои давлатдорӣ ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар ироа мегардад, дар Паём тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамзамон барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда мешавад ва он чун дастури барномавӣ ва роҳкушои оянда ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масоил дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ, тақвияти ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушди кишвар муайян карда мешавад ва ҳамчун барномаи амалӣ барои ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Андешаҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ироа мегардад, чун дастурамал ё роҳнамое барои фардои дурахшони кишвар мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи махсус ва ғамхорӣ зоҳир менамояд, пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа-ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”. Аз ин лиҳоз, “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, ҳамчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.

Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки “...рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳақиқат, пешрафти мамлакат ва ояндаи ободи кишвар аз сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат вобастагии калон дорад. Ҷомеа чи қадар босавод бошад, давлат ҳамон қадар пешрафт мекунад ва миллате, ки аз илму маориф дур мегардад, хоҳу нохоҳ истиқлолашро аз даст медиҳад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат барои азнавсозиву бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди иқтидори илмӣ ҳамаҷониба талош меварзад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30% зиёд карда шавад. Инчунин роҳбари давлат иброз доштанд, ки заминаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

Ҳамзамон, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне, то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд. Бо мақсади иҷрои барномаи давлатии соҳаи томактабӣ Пешвои миллат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳаги бостонии тоҷикон ва тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон дар кишвар мебошад. Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор рафта, ин самт бояд дар мадди назари ҳамагон қарор дода шавад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад ва ин ҳидоятҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паём назоратро дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ пурзӯр намоем.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида ба манфиати мардуми кишвари азизамон буда, ба ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии ҳукумат-ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст.

Хулоса, нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, собитгари онанд, ки Паёми солона дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ паёмест, ки ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати муҳими муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

ИМАТЧОЕВ Зинатшо Хизматшоевич,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

2025-01-08 17:59:12

ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ

Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад

Фарҳанги интихоботӣ инъикоси сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад, ки тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин карда мешавад. Фарҳанги иштирок дар интихобот тақозо менамояд, ки он бояд бо риояи дақиқи меъёрҳои пазируфта амалӣ шавад, то ин ки дар таъмини ҳуқуқи интихоботии дигар шаҳрвандон халал ворид нагардад.

Мафҳуми «фарҳанги интихоботӣ» ифодаи маҷмуи меъёру арзиш, қоида ва шакли рафторе аст, ки шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаи омӯзиш ва арзёбии он хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги интихоботӣ яке аз унсурҳои муҳим маҳз арзишмандии робита байни наслҳои гуногун мебошад.

Дар баробари ин, фарҳанги интихоботӣ бо фарҳанги ҳуқуқӣ низ робитаи бевосита дошта, дар баъзе ҳолатҳо онро ҳамчун «фарҳанги ҳуқуқӣ-интихоботӣ» низ маънидод мекунанд. Заминаи асосии чунин маънидодкунӣ аз он бармеояд, ки татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботӣ дар маҷмуъ ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Доираи дониш, тасаввурот, ақидаҳои шаклгирифта дар масъалаи мавқеъ ва нақши ҳуқуқ, малакаҳои рафтори мақбули ҳуқуқӣ, ки шаҳрванд дар худ ташаккул додааст, барои амалӣ намудани доираи муқарраргардидаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳои ӯ мусоидат менамояд. Рафтори танзимшудаи ҳуқуқӣ ҳамчун паҳлуи амалии ифодаи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрванд дар раванди интихобот низ аҳаммияти хос дорад.

Таҷрибаи баргузории маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон, ки ба сифати анъанаи муҳимми давлатдорӣ қабул шудааст, нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар доираи арзишҳои сиёсӣ ва тамоюлҳои мавҷудаи ҷамъиятию сиёсӣ амалӣ шудаанд. Дар ин самт яке аз нишондиҳандаҳои муҳим сатҳи иштироки интихобкунандагон мебошад. Фаъолнокии хосе, ки шаҳрвандон дар ин маъракаҳо нишон додаанд, аз ҷониби мушоҳидони дохилию байналмилалӣ мавриди таваҷчуҳ қарор гирифтаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар маъракаҳои интихоботи парлумонӣ аз соли 1991 сар карда, нишондиҳандаи иштирок дар интихобот дар сатҳи баланд қарор дорад. Маълум аст, ки касе ва ё ниҳоде наметавонад шаҳрвандро барои иштирок дар интихобот маҷбур созад ё барои иштироки он монеа гардад, зеро иштирок дар интихобот ҳуқуқи шаҳрванд аст. Танҳо истифодаи васила ва механизмҳои фаъоли менеҷменти интихоботӣ, ташкил ва пешбурди фаъолияти васеъ ва густурдаи маърифатию иттилоотӣ, сегментатсияи дурусти электорат ва корбарии мақсаднок барои фаҳмонида додани моҳияти интихобот ва аҳаммияти истифодаи ҳуқуқи интихоботӣ метавонанд омили муайянкунанда дар ташвиқ ва эътимодбахшии онҳо барои иштирок дар интихобот бошад.

Ҳамзамон бо ин дар доираи фарҳанги сиёсии дар замони соҳибистиқлолӣ шаклгирифта иштирок дар интихобот ҳамчун василаи ифодаи иродаи шаҳрванд дарк карда мешавад. Хусусан муносибати насли миёна ва калонсол ба ин масъала ҷиддӣ буда, онҳо ҳамаҷониба ҷавононро барои иштироки фаъолона дар ин маърака тарғиб менамоянд. Аҳамияти ин амал пайванди ғоявӣ ва арзишии байни наслҳои гуногунро таъмин намуда, ба шинохти масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Ба таври дигар гӯем, ин натиҷаи таъсири омили иҷтимоию фарҳангӣ мебошад, ки то имрӯз ба тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон таъсир мерасонад.

Нишондиҳандаи дигаре, ки сатҳи фарҳанги интихоботии ҷомеаро инъикос менамояд, рафтори субъектҳои интихобот дар раванди ин маърака мебошад. Ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳо, номзадҳои мустақил, аъзои ситодҳои интихоботӣ, интихобкунандагон ва мақомоти ваколатдори ташкил ва баргузоркунандаи интихобот дар ин маърака бояд дар доираи муқарроти қонунгузории мамлакат фаъолият кунанд. Риояи дақиқи қонунгузорӣ дар раванди баргузории интихобот омили муҳимми таъмини шаффофият ва қонуният дар он мебошад.

Ташаккули муносибати объективии аҳолӣ ба таҷрибаи амалкунандаи интихоботӣ ва инъикоси ин муносибат дар шаклҳои муайяни фаъолнокии интихоботӣ дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки сохтори ваколатдор дар самти ташкил ва баргузор намудани интихобот ба даст оварда мешавад. Қонунгузории давлати мо дар соҳаи интихобот дахолати дигар субъектон, аз ҷумла мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба ин маърака манъ кардааст.

Дар баробари ин моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки «таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилот), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст». Вобаста ба ин ҳолат маҳз мақоми ваколатдори давлатӣ – Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври шаффоф, ошкоро, баробар, беғаразона ва овоздиҳии пинҳонӣ гузаронидани интихобот масъулият дорад.

Дар баробари ташкили фаъолияти густурдаи иттилоотӣ бо интихобкунандагон яке аз самтҳои муҳим дар раванди такмили фарҳанги интихоботӣ- ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсии аъзои комиссияҳои интихоботӣ ҳамчун субъектони раванди интихобот мебошад. Омӯзонидани аъзои комиссияҳои интихоботӣ низ василаи муҳимми боло бурдани фарҳанги интихоботӣ мебошад. Таҷрибаи интихоботи гузашта дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин самт аллакай пешравиҳои муайян ба даст оварда шудаанд. Масалан, дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2020 дар якчанд марҳила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо роҳбарон ва аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот семинарҳои зиёд баргузор шуданд.

Ташкил ва пешбурди фаъолияти мақсадноки иттилоотӣ, маърифатӣ, омӯзишӣ, амалӣ намудани чораҳои зиёди ташкилию сафарбарнамоӣ, меъёрию дастурдиҳӣ имкон медиҳанд, ки муносибати объективонаи аҳолӣ дар ин масъала ташаккул дода шуда, эътимоди мардум ба ниҳоди интихобот боло бурда шавад.

Ҷузъи таркибии фарҳанги интихоботиро муносибат ва шакли муоширати байниҳамдигарии номзадҳо ташкил медиҳад. Таҷрибаи баргузории интихобот дар кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки дар маъракаи интихоботӣ номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аз василаҳои гуногун, аз ҷумла василаҳои бадномкунӣ, дурӯғафканӣ, ҳангомасозӣ, иғвоангезӣ, паст задани обрӯ, таҳқири шахсият, дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва паҳн намудани маводи гуногуни поймолкунандаи шаъну шарафи инсонӣ истифода мебаранд. Ин василаҳоро дар амалияи имрӯза ҳамчун технологияҳои «сиёҳ» маънидод мекунанд.

Дар робита ба ин гуфтан зарур аст, ки дар ҷомеаи мо, хушбахтона, муносибат ба ин масъала дигаргуна аст. Фарҳанги сиёсӣ ва интихоботии дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккулёфта асосан ба арзишу меъёрҳое такя мекунад, ки бештар ба эҳтироми якдигар, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги гӯш карда тавонистани рақиби сиёсии худ, эҳтироми шахсияти рақиб, худдорӣ аз иғво ва риояи арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузорад.

Қонунгузории интихоботӣ низ муқаррар намудаст, ки «воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пеш аз интихобот иштирок менамоянд, ҳақ надоранд ба нашри ахборе, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори кории номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд». Дигар ин ки дар доираи арзишҳои дар ҷомеа пазируфташуда ва фарҳанги мақбули муошират дар маъракаҳои интихоботӣ ба ҳолатҳои дар боло гуфташуда роҳ дода намешавад. Ин ҷанбаи фарҳанги интихоботии ҷомеаро мушоҳидони байналмилалӣ низ қайд кардаанд.

Дар баробари ин бояд ба инобат гирифт, ки раванди рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба фарҳанги интихоботӣ таъсири бевосита мерасонад. Рақамикунонии муносибатҳо дар ин самт тавассути истифодаи василаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосири овоздиҳӣ тақозо менамояд, ки фаъолият дар самти такмили минбаъдаи фарҳанги интихоботӣ ин омилҳоро низ дар бар гирад, зеро василаҳои технологию иттилоотии замони муосир қудрати қавии таъсиррасонӣ ба мавқеъ ва ҷаҳонбинии интихобкунандагонро дошта, метавонанд ба мавқеи шаҳрвандии онҳо таъсир расонанд.

Рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеъро дар самти боло бурдани донишҳои сиёсӣ фароҳам оварда, ба раванди иҷтимоишавии шаҳрвандон низ таъсири бевосита мерасонад. Тамоюлҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ дар самти ташаккули фарҳанги интихоботӣ таъсири бевоситаи худро ба шаклгирии фарҳанги интихоботии ҷавонони мо ҳам расонида метавонанд. Аз ин рӯ, зарурат ба фаъолгардонии чораҳои маърифатию иттилоотӣ ва идеологию омӯзишӣ боқӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, дар заминаи таҳлили мавзуъ муайян мегардад, ки фарҳанги интихоботӣ ба сифати падидаи муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ баромад намуда, ифодаи ҳолати воқеии рушди муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа мебошад. Вобаста ба ин маҳз фаъолгардонии омили объективӣ – баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур мебошад. Дар навбати худ ин омилҳо дар ташаккули шакли хоси фарҳанги интихоботӣ замина мегузоранд.

Боло бардоштани фарҳанги интихоботӣ дар шароити муосири рушди равандҳои демократикунонӣ хеле муҳим мебошад. Зеро ҳоло чунин нуктаи назар шакл гирифтааст, ки маҳз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи эътибору нуфуз ва қудрати ҳокимият мебошад.

Махфират ХИДИРЗОДА,

узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

(бознашр аз АМИТ "Ховар"

 

2025-01-06 21:35:10

МАСИРИ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз, санаи 28.12.2024, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ, Пешвои муаззами миллат, ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати кишвар барои обу иқлим таъкид намуданд.

Тавре, ки аз амалисозии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва маориф бар меояд, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба як қатор дастовардҳои беназири таърихӣ ноил гардидааст. Далели гуфтаҳои боло зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди нишондиҳандаҳои хоҷагии мамлакат дар солҳои муайян натиҷагирӣ гардида, ба таври шоиста шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар масири ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушди нишондиандаҳои иқтисодии кишвар ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум қадамҳои устувор ниҳодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд:“Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд”. Ҳолати мазкурро агар ба соли 2021 қиёс намоем, ин нишондиҳанда ба 95 миллиард сомонӣ баробар буд, ки мутаносибан беш аз 55 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Маҳз шароити мусоиди фароҳамгардида имконият медиҳад, ки зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли молу хадамот таъмин гардида, дар ин замина, тамоюли рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ барои давраҳои баъдӣ таъмин карда шавад.

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоии кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии кишвар, махсусан ба соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки танҳо дар се соли охир 1500 иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, мавриди истифода қорор дода шаванд, ки ин тадбир гувоҳи раднопазири ташаббусҳои созандаи Пешвои маърифатсолори миллатро ифода менамояд.

Бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, нишондиҳандаҳое, ки зимни ироаи Паёми Президенти маҳбуби кишвар дарҷ гардиданд, барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун дастовардҳои беназири таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ин баробар, ба он далолат менамоянд, ки хушбахтона сатҳи некуаҳволии мардум сол то сол тадриҷан баланд гардида истодааст.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд; “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид”. Раванди сол то сол зиёдшавии даромади пулии аҳолӣ аз рушди бомароми иқтисодиёти миллӣ ва ташкили мақсадноки муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа дарак дода, бо мақсади истифодаи мақсадноки воситаҳои пулӣ, зарурати боз ҳам баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандонро тақозо менамояд, ки ба масъалаи мазкур низ дар Паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мусаллам аст, ки барои ноил шудан ба чунин нишондиҳандаҳо танҳо дар натиҷаи роҳандозии ташаббусҳои созанда имкон фароҳам гардида, суръати рушди иқтисодиёти кишвар таъмин мегардад ва ғолибан ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва ҷомеа бароварда мешавад. Ҳамзамон таъкид кардан ба маврид аст, ки суръати рушди иқтисодиёт аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши савдои дохилӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии пулакӣ, гардиши савдои хориҷӣ ва ғайра таъмин мегардад. Бинобар ин, мубрамияти боз ҳам такмили заминаҳои рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Паём ба миён гузошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чунин арзёбӣ гардид: “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад”. Аз рӯи нишондиҳандаҳо, истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ назар ба дигар солҳо ба маротиб зиёд шуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисодии кишвар бузург ҳисобида мешавад.

Тавре аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, фақат бо роҳи эҷодкорона ва оқилона амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои сохторӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, муносибати оқилона бо сармоягузориҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти техника ва технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ метавонанд кишвари моро ба роҳи умеду орзуҳо ба қуллаҳои боз ҳам баланди тараққиёт раҳнамун созад. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст

. Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гулгулшукуфии мамлакати азиз метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем ва бо дасту дилу нияти пок ба халқу Ватан хизмат намоем.

Суфиев Алишер Ҷаъмаевич – директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова

 

2025-01-06 21:32:04

ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ВА ИЛМ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 28 - уми декабри соли 2024 дар арафаи Соли нави мелодӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон онро бо як хурсандӣ ва бо сад умедвории калон гуш карданд. Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишварамон муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва илмӣ кишвар мебошад.

Имрӯзҳо таваҷуҳи бевостаи давлату ҳукумат Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ равона гардида, соҳаҳои мазкурро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати хеш қарор додаанд.

Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини такмилбахши давлат ва наҷоти миллат номиданд.

Рушди маорифу таҳсилоти касбӣ калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии олимону муҳақиқон, инчунин анҷом додани корҳои илмии тадқиқотӣ боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рушди иқтисоду савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ тақвият ва истифодаи самаранокии сармояи инсонӣ тадбирҳои муоссирро роҳандозӣ намоянд. Масъалаи таҳлили муфассали вазъи инфрасохтори соҳаи маориф ва илмии кишварро тибқи Паём баррасӣ намуда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ рушди босуръати соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ дар кишвари мо ба назар мерасад.

Чунон, ки Пешвои Миллат дар Паёми хеш нисбат ба мақоми омӯзгор иброз намуданд, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар тамоми зинаҳои таҳсилот илмҳои дақиқ риёзӣ ва табиӣ вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахасисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш муҳайё карда шавад. Аз ин хотир, ба масъалаи тарбияи кадрҳо ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ низ дар Паём эътибори аввалиндараҷа дода шуда, пайваста ба маблағгузории соҳаҳои таҳсилоти касбию илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таваҷҷуҳ карда мешавад.

Курсҳои такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттиолотӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибатҳои босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардид. Вобаста ба вазъи муассисаҳои олӣ, таълимӣ бунёду азнавсозии онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ шумораи муассисаҳои мазкур ва теъдоди донишҷӯёне, ки дар онҳо таҳсил менамоянд, сифати омодасозии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо, аспирантону докторантҳо ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм дар Паём мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуданд. Теъдоди донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки дар раванди омодасозии мутахассисони оянда нақши муҳим мебозанд, дар робита ба ин шумораҳои муассисаҳои олии кишвар дар даврони соҳибистиқлоли ба 48 адад расидааст.

Пешвои Миллат дар Паём баррасӣ намуданд, ки дар тули ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Сарвари кишвар дар бораи ҷавонон бо меҳр сухан карда, насли наврасу ҷавононро ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ҳисобиданд.

Сарвари кишвар ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои омода намудани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шӯъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва пайдо кардани ҷавонони болаёқат ҳамасола дар кишварамон гузаронидани озмунҳои “Илм- фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ин аз инсони закӣ ва маърифатпарвар будани сарвари кишварамон шаҳодат медиҳад.

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти касбиро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сафарбар намоем.

Усмонова Мунаввара, омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

2025-01-03 19:52:53

ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҳти ин унвон имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва Ализода Алишер Ҳикматулло, муовинони Раиси Кумита, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамоишро академик Фарҳод Раҳимӣ, ифтитоҳ намуда, доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироашуда корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.

«Муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.

Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои касбомӯзӣ беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Қайд гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мо аҳли соҳаро вазифадор менамояд, ки аз пештара дида бештар талош намоем.

Зикр гардид, ки масъалаи касбомӯзии наврасону ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам корбарӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати шартномавии думоҳа ва семоҳа аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газию барқӣ, ронандаи автомобил дарачаи «С», дӯзанда, омӯзиши кор бо кампютер, омӯзиши забони русӣ, омӯзиши забони англисӣ, гулдӯзӣ ва қолинбофӣ дохил шуда, соҳиби касб гарданд.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. Ба таъкиди баромадкунандагон, нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд.

 

2025-01-03 19:50:24

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ КУМИТА ДАР ҲАМОИШИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН

Дирӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - раҳнамои мо ҷавонону варзишгарон ба сӯи фардои дурахшон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонону варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар баробари дигар масъулин, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, дар мавриди рушди кишвар тавассути рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва низоми маорифи пешрафта ибрози назар кард.

Раиси Кумита зикр кард, ки дар ин Паём Пешвои муаззами миллат масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилариро баррасӣ намуда, дастовардҳои кишвар дар ин самтҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳоро низ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки ин Паём имкон медиҳад, барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда мушаххас карда шаванд. Дар Паёми худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳимтаринеро, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид намуда, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад. Чунки, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат намуда, он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хидматҳои бештару сифатноктар оварда расонад», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд, ки ҷавонон аз онҳо барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Ба таъкиди баромадкунандагон, нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд.

 

2025-01-03 19:48:15

ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ-РОҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ-РОҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

28-уми декабр дар толори ҷаласаи Парлумони Тоҷикистон, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Сарвари давлат, ҳини ироаи Паём оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук , амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибати дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаи иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, Ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумориданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди иқтисоди собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар баланд бардошта шавад.

Сарвари давлат, қайд намуд, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа-ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг акс аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад, дар ин замина Пешвои миллат, ҳамагонро вазифалор намуданд,ки барои расидан ба пешравии ҳадафҳо дар соҳаҳои дар боло зикргардида, бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Пешвои миллат қайд карда гузаштанд,ки омода кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷидди эътибор додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ , риёзӣ ва табиӣ, вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ в ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо, ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Аз ин лиҳоз ин дастур ҳар як масъули таълимгоҳҳои кишварро вазифадор менамояд, ки дар роҳи таълими насли наврасу ҷавонон ҷиддӣ муносибат бикунанд ва бо фароҳам овардани шароити хубу замонавӣ ба талаботи давру замон ҷавобгӯ дастурҳои таълимиро таҳияву пешниҳод карда, ба фарзандони аҳли ҷомеа мисли фарзандони хеш муомилаву муносибат намоянд.

Воқеан, ҳар як фарди ҷомеа таҳти пуштибонии қонунҳои амалкунандаи кишвар бо забони модариаш таҳсил намояд, пеш аз ҳама бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофотро аз ниҳоди ҳар як фарди соҳибмаълумот дур месозад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ , риёзӣ ва табиӣ, вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф маҳсуб меёбад ва бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад, таъкид намуданд Сарвари давлат. Иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат, ҳини ироаи Паём баён нмуданд, албатта, ба кулли мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмади иқдоми хайрхоҳона расид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш додан,ки аз 1-уми сентябри соли 2025-ум маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад, ки қобили таҳсин мебошад.

Месазад, ки мо аъзои ҷомеа дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида ногирифта, ҳар як сухан ва дастуру супоришҳои Пешвои миллатамонро сармашқи кори хеш намуда, ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ҳамеша саъю талош намоем, зеро ин вазифаи ҷонии мо аҳли ҷомеа мебошад.

АМИРОВ Шарофиддин Рустамович,

директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

номзади илмҳои тиб

 

2025-01-03 19:46:34

ПАЁМ-РАҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон " Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санади муҳими дастурие мебошад, ки самтҳои калидӣ ва афзалияти бунёдии рушди сиёсӣ, иқтосодию иҷтимоӣ , фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро муайян менамояд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити пешгуинашавандаи вазъи ҷаҳонӣ ироа шуда, ҳадафи ниҳоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини зиндагии шоиста ба мардум маҳсуб мешавад.

Мусаллам аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф аҳли ҷомеа, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварро мебояд, ки софдилона барои ободии Ватан саъю талош варзанд.

Сарвари давлат аз пешрафти ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин барои рушд бахшидани иқтисоди миллӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи зеҳнӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат, вусъат бахшидани ҷараёни навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.Ҳамчунин рушди илму маориф ва таҳсилоти касбӣ дар меҳвари Паёми Пешвои муаззами миллат қарор гирифт.

Воқеан ҳам ба сураъти кайҳонӣ пеш рафтани раванди технологияи муосир, ба ҷои аввал баромадани нерӯи зеҳнӣ, дар амал татбиқ шудани додугирифти иттиллоот ва аз байн бурдани ҳокимияти беқоғаз ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат барномаи амали омӯзиширо дигар кунанд.

Пешвои муаззами миллат дастоварди кишварамонро дар суръатбахшии рақамикунонии ҳама соҳаҳо, дастгирии истеҳсолӣ, пурқувват намудани базаи моддиву техникӣ, амалан татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мебинанд.

Аз ҷониби Сарвари давлат дар баробари эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамчунин эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт таккони бузург мебахшад.

Дар амалишавии ин дастурҳои созанда мо – масъулони тарбияи кадрҳои соҳибтахассусро мебояд, ки нақшаву барномаҳои таълимиро мутобиқи меъёрҳои муосири таълимӣ омода сохта, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгоронро ба роҳ монем. Зеро ҳамонтавре, ки дар Паём ишора гардид. “Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.”.

Воқеан ҳам, агар мо хоҳем, ки насли босаодат аз лиҳози дониш пешрафта шогирдонро омода кунем, бояд пеш аз ҳама шароити таълимро хуб намоем, пойгоҳи моддиву теникиро пурқувват созем. Ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш бахшем.

Гузашта аз ин аз ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар мавриди ҳавасмандсозии донишҷӯёни фаъол дар амал пиёда созем. Дар муассаи мо ҳамасола беҳтарин донишҷӯён сазовор қадр мешаванд, аммо пас аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат бояд ҳар як устод шогирдони хуберо тарбия намуда, барои хоҷагии халқи кишвар фиристад. Яъне нерӯи зеҳнии ҷавононро бояд мо таҳрик бахшем, он гоҳ ҳамон тавре Сарвари давлат ишора намуданд, мо метавонем барои пешрафти Ватанамон умедвор бошем.

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ дар сиёсати хирадамандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад.

Зеро рушди маънавиёт ва пешрафт аз ислоҳоти бомароми маориф, рушди бонизом ва воқеии илм, татбиқи Консепсияи миллӣ, устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона, ҳифз намудани шаҳрвандон аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ сарчашма мегирад.

Роҳбари давлат дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷўҳ намуда, дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд.

Дигар аз иқдомоти наҷибе, ки мо онро ҳамеша дар мадди назар гирем, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин падида дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо хориҷи наздику дур чун обу ҳаво зарур аст. Дуруст аст, ки ҷавонони мо худ майлу рағбати омӯзиши забонҳоии хориҷиро доранд. Аммо дар раванди таълим эътибор додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бар манфиати кор аст. Махсусан ба донишҷӯёне, ки дар риштаҳои тиббӣ таҳсил мекунанд, бояд забономӯзиро ба мадди аввал гузоранд. Зеро аксарияти адабиётҳои таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ таълиф ёфтаанд. Гузашта аз ин номгузории дорувориҳо ва таркиби он низ бо забонҳои хориҷӣ навишта мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин вaзифaи ҷонии мо-намояндагони соҳаи маорифи мамлакат ин aст, ки дaр посдорию устуворсозии Истиқлоли миллӣ доимо ҷидду ҷaҳд нaмоем вa ин дaъвaти вaтaндӯстонaи Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмонро ҳaмешa дaр хотир доштa бошем: «Мо бояд минбaъд низ сaрҷaмъу муттaҳид бошем, неъмaти қимaттaрини зиндaгиaмон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дaстовaрди бузургтaрини дaврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ вa вaҳдaти миллиро боз ҳaм тaқвият бaхшем».

Имрӯз саодате барои мо даст додааст, ки фурсатро ғанимат шуморем ва дар тарбияи маънавӣ ва илмии наслҳои соҳибиқбол кӯшиш намоем.

МАВЛОНЗОДА Алимат Ҳақбердӣ,

директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ,

номзади илмҳои тиб.

 

2025-01-03 19:45:34

ПАЁМИ - ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

 (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28.12.2024)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсозу таърихӣ, дастури корӣ ва рӯйимизии сокинони кишвар ба ҳисоб меравад.

Имсол низ 28-уми декабри соли 2024 мо шоҳиди бузургтарину муҳимтарин рӯйдоди сол, баргузории Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ будем. Паёме, ки роҳнамои фардои ҷомеа буда, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба суйи комёбиву дастовардҳои беназир ҳидоят менамояд. Дар ҳақиқат, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар қабл аз ҳама шаҳодати ихлосмандии тоҷикону тоҷикистониён нисбат ба Пешвои миллат мебошад. Зеро ҳама сокинони кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, то аз дастовардҳои солонаи кишвари азизамон бохабар бошанд.

Паём - ин таҳлили фаъолияти дастаҷамъонаиҲукумати кишвар дар як сол зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Ироа гардидани Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба мардум яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар таърихи давлатдории мо аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Агар ба таърих назар кунем, аз Эъломияи Куруш то эъломияи амирони Сомонӣ ҳама паёмҳо буданд, ки ба хотири зиндагии ободу озодии мардум нигаронида шуда буданд. Имрӯзҳо Паём як рукни давлатдории ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст. Соле як маротиба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон ироа мекунанд, ки нишонаи волои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Метавон гуфт, ки Паём хирадномаи сиёсии Пешвои миллат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки он ормонҳои миллӣ ва стратегияи минбаъдаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ҳам дар дохили ҷомеаи кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дорои аҳаммияти бисёр муҳим мебошанд. Зеро дар ин паёмҳо, дар баробари сиёсати дохилӣ, ҳамчунин сиёсати хориҷии давлати тоҷикон, роҳи интихобнамудаи кишвар, арзишҳои миллӣ, равандҳои демократӣ ва садҳо далелҳои дигар вобаста ба самтҳои мухталифи ҳаётӣ мавриди таҳлили васеъ қарор мегиранд.

Метавон гуфт, ки паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ дорои аҳамияти баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маънавию фарҳангӣ буда, муҳимтарин ҳуҷҷати раҳнамо барои ояндаи дурахшон дониста мешаванд. Имрӯз асоси иқтисодии ҳар кишварро дониш ва дастовардҳои техникиву технологии илмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар махсус соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро дар авлавияти сиёсати худ қарор доданд. Зеро бе рушди маориф ва таҳсилоти касбӣ донишҳои навини илмӣ кишвар наметавонад ба рушди босубот ворид гардида, мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқро танҳо муаллимон ва омӯзгорони фидокору сарсупурдаи миллат тарбият менамоянд.

Дар меҳвари Паёми имсола чун ҳамешагӣ соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ ҷойгоҳи хосаро касб намудааст. Зеро аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Президенти кишвар интихоб гардиданашон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ҳидоят ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Ҳамасола, дар кишвар иншоотҳои гуногуни соҳаи маориф аз қабили боғчаву кӯдакистонҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо, литсею коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва шуъбаву раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар доираи сафарҳои кории Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ифтитоҳ мегарданд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз рӯй овардан ба мактаб ва низоми маориф ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар баромадашон қайл намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳангоми ироаи ин сатрҳои меҳрбору самимӣ ҳисси ифтихорангезе вуҷуди ҳар омӯзгори асил ва ҳар шахси худшиносу ватандӯстро фаро гирифта буд. Ҳамасола бунёд кардани садҳо муассисаи таълимии замонавӣ ва баргузории мулоқоти Сарвари кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён нишонаи арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа мебошад.

Пешвои маорифпарвари миллат дар Паёми солонаашон, ҳамзамон қайд намуданд, ки «Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ҷавобан ба ин бовариҳои пайвастаи Пешвои миллат мо кормандони соҳаи таҳсилоти касбиро зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, талошҳои ҳамаҷониба намоем.

Дар заминаи ҳидоятҳои арзишманди Роҳбари давлат дар роҳи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳар яки мо вазифадорем, ки боз ҳам аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ амалан фаъолияти густурда намоем.

Мо низ шаҳрвандони бонангу ори кишвар, бахусус оӯзгорон бояд бо назардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, Ватани соҳибихтиёри маҳбубамонро дӯст дорем ва ба он содиқ бошем. Тамоми сайъу талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфӯзу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Мо-кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд андешида, ҷавобан ба ин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат талошҳои ҳамаҷониба намоем.

Тоҳир Одилов-мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

 

2025-01-02 20:23:40

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, дар мавриди пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Паёми Президенти кишвар чун Паёмҳои қабли ба ҳар як сокини кишварамон ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо навобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол аз сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.

Бояд қайд намоям, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими аввалиндараҷа аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар охир мехоҳам ҳаминро қайд намоя, ки Паёми имсолаи роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳа ва самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварро дар бар гирифт ва онро метавон ҳамчун дастури яндасоз ва дурахшонкунандаи давлату миллат номид.

Пираков Рустам Музафарович - директори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод н.и.и., дотсент

2025-01-02 20:20:53

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-709

https://khovar.tj/2025/01/amri-prezidenti-um-urii-to-ikiston-dar-borai-barguzor-kardani-ozmuni-um-uriyavii-fur-i-sub-i-dono-kitob-ast-dar-soli-2025/