Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-02-04 07:49:45

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд.

Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

2025-02-04 07:47:05

нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки санаи 4 феврали соли 2025, соати 11:00, дар толори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Варзишгарон 6, назди маркази Исмоилия (собиқ бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) нишасти матбуотии Кумита баргузор мегардад.

Барои пешниҳод ва саволҳои иловагӣ, лутфан ба Маркази матбуоти Кумита муроҷиат намоед:

Телефон: 2-50-37-15, 881-88-80-41

Email: jahonihunar2024@gmail.com

2025-02-01 15:56:40

САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва Наврӯз ҷашнҳои расмии миллӣ эълон шуданд ва бо як шукӯҳу манзалати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.

Сада ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг, шоҳи пешдодиён, ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда, аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, ба он саҷда мекарданд.

Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.

Ба гуфти бархе аз донишмандон, ҳамин, ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат, пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Дар хотимаи андеша гуфтаниам, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва мужда аз Наврӯз буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 30-юми январ ҷашн гирифта мешавад.

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода,

директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ,

номзади илмҳои тиб

2025-02-01 15:53:16

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Ҳамватанони азиз!

Сокинони заҳматпешаи пойтахт!

Ҳамаи Шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Сада, ки аз ойинҳои қадимии халқи тамаддунсози тоҷик шаҳодат медиҳад, самимона табрик мегӯям.

Сада дар баробари ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ба он умри дубора бахшида шуд.

Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи тамаддунсози халқи тоҷик пайванд медиҳанд.

Сада дар баробари дигар унсурҳо, моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд.

Бори дигар ҷашни бостонии Садаро ба тамоми сокинони кишвари маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

2025-02-01 15:52:16

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон - Сада самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 ҷашни Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.

Баъдан дар таърихи 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин созмони бонуфуз ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил карда мешаванд.

Зеро дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардуми мо бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи ғояву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта онҳо аз доираи як миллат ва як минтақа фаротар рафта, бо ташаббуси Тоҷикистон ба ҷашнҳои умумибашарӣ мубаддал гардида истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо таҷлили ҷашни Тиргон низ ба анъана табдил ёфтааст.

Яъне ба шарофати соҳибистиқлолӣ чор ҷашни миллиамон, ки дар чор фасли сол бо расму ойинҳои ба худ хос таҷлил карда мешаванд, на танҳо эҳёву оммавӣ гардиданд, балки тадриҷан дар миқёси олам низ нуфузу эътироф пайдо мекунанд.

Дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон ва эҳёву гиромидошти беҳтарин расму ойинҳои гузашта худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишварро таҳкиму тақвият мебахшад.

Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ба ақидаи маъмул номи ҷашни Сада аз рақами сад гирифта шуда, зери ин мафҳум маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат – тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои то иди Наврӯз боқимонда, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз шарҳ медиҳад.

Дар робита ба ин, муҳим аст таъкид намоем, ки номи ҳамаи ҷашнҳои бостонии мо дар забони модарии ширину гуворои мо реша доранд ва калимаи «сада» вожаи ноби тоҷикист, ки аз адади сад таркиб ёфтааст.

Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст.

Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.

Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

Дар робита ба ин, инчунин, бо дарназардошти вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза, торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, ки обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои он буда, боиси камобиву хушксолӣ гардида истодааст, кишоварзони мамлакатро дар ин айём зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунонки дар паёми навбатӣ таъкид намудам, мо бояд барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда, рушди соҳаи кишоварзиро дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ ба роҳ монем.

Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд.

Мардуми сарбаланди тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим то кунун бунёдкору созанда мебошанд, ин анъанаи неки аҷдодиро имрӯз низ идома дода, дар сарсабзу обод гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо нияти ободиву пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар мардуми шарифи кишвар, бахусус, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

 

2025-02-01 15:49:48

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 01.02.2025

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01.02.2025

2025-01-31 20:04:42

ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ...

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии ориёиҳо ва мардуми тоҷик аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ, яъне рӯзи 30-юми январ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд.

Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро ситоиш намоянд. Агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт. Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд.

Ба таври ҳамагонӣ ва бо шукуҳу ҷалоли тоза таҷлил намудани ҷашни Сада ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд ва дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст.

Фалсафаи ҷашни Сада ин, пеш аз ҳама, ба принсипҳои инсондӯстию зиндагисозӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ асос меёбад. Зиндагии заминӣ ва кайҳонии инсон-ягона ҳақиқат ва воқеият мебошад. Консепсияи мушкилиҳои экологии ҳаёти инсонро Сада дар арзишҳо ва рамзҳои устуравӣ ва фарҳангие муҳим мегардонад, ки мазмуни онҳоро адолати иҷтимоӣ низ ташкил медиҳад. Дар натиҷа ин гуна арзишҳо ва рамзҳои умумимиллӣ, ки хусусияти инсондӯстӣ ва зиндагипарварона доранд, тадриҷан ба заминаи маънавии муттаҳид кардани мардумони мухталифи кишвар, минтақа ва ҷаҳон табдил меёбанд.

Сада дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ (30-юми январ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд оғоз мешавад. Дар ишороти таърихӣ ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпо намудани як оташе бузург баргузор менамуданд.

Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд. Он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳимми иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва маросими оташсӯзии он мазҳари оташи фалаки нуронӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ироа шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин маросими баргузории ҷашни Сада, оростани хони иди Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯйӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд.

Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд.

Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст.

Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дод, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукуҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндарӯд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.

Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,

Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…

Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ» ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид.

Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Аврупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,

К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Ҳамин тавр, Сада ҷашни зода шудани Хуршед ва Наврӯз, ҷашни ба балоғат расидани он мебошад. Мардум дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорикат мекунанд ва ба ин тартиб, ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ин ҷашн маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “Масленница” роиҷ аст.

Дар охир ҳамин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки бо заҳмату кӯшишҳои бевосита ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллиамон аз нав эҳё ва ҷаҳонӣ мешаванд, ки ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯзи миллиамон мисоли он аст ва вақти он расидааст, ки ҷашни Сада низ байналмилалӣ шавад, зеро аҳаммияти байналмилалӣ касб кардани ҷашни куҳани Сада ва дар ҳамбастагӣ бо мардуми олам таҷлил намудани он, махсусан, дар замони муосир, ки тамаддуни инсонӣ ниёз ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ҳамзиштии осоишта дорад, хеле муҳим аст.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2025-01-31 20:02:43

20 ДОНИШҶӮ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ МЕГИРАНД

Зимни нишасти матбуотӣ Азиззода Зубадулло - директори Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯёни аълохон барои гирифтани стипендияи номӣ пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла 1 нафар барои стипендияи Президентӣ ва 4 нафар барои стипендияи раиси вилояти Хатлон.

Инчунин, мутобиқи Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12 соли 2014, №25/6 тасдиқ карда шудааст, дар коллеҷ нимсоли якуми соли таҳсили 2024-2025, ба 331 нафар донишҷӯён стипендия дода шуданд.

Дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз аз ҷониби фарзандони ӯ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба он донишҷӯёни фаъолу аълохон сарфароз гардонида мешаванд. Дар аввали соли 2024 20 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса бо стипендияи мазкур сарфароз гардонида шуданд.

 

2025-01-31 20:01:09

ПАЁМ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фарогир мебошад. Дар паём таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд.

Аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, ки дар ҳама соҳаҳои ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8, 3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми зиёди даромади буҷети давлатӣ 102, 5 фоиз таъмин гардида, давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумат ин рушди энергияи “сабз” мебошад, ки бо истифодабарии он Тоҷикистон аз руйи радабандии байналмилалӣ дар ҷойи шашум қарор дорад. Таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ба рушди энергетика ва дурнамои тараққиёти он, ҷалби мардум ба ин самт ва дар солҳои наздик, дар натиҷи иҷрои лоиҳаи «CASA-1000», ба бунёди неругоҳҳои барқӣ-обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чорсем» ва ба 10 млрд киловат – соат расонидани содироти қувваи барқ метавонад Тоҷикистони биҳишосоро боз ҳам қудратманд гардонад.

Ҳамзамон, дастгирии соҳибкорони мамлакат дар бунёди беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва бунёду азнавсозии 461 пул шоитаи таҳсин аст.

Пешвои миллат дар баробари ҷалби сармоя ва таҳияи сиёсат ба рушди сармояи инсонӣ низ афзалият медиҳад. Зимни суханрониҳои худ Пешвои миллат иброз медоранд, ки қувваи кории соҳибихтисос ва маълумотнок барои рушди устувори иқтисодӣ нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба такмили пешбурди таълими касбӣ ва сармоягузорӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Сарвари давлат бо афзоиши сармояи инсонӣ кафолат медиҳад, ки Тоҷикистон дорои истеъдод ва таҷрибаи зарурӣ барои пешбурди навоварӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи макроиқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат бо низоми бонкӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ барои нигоҳ доштани устувории нархҳо, назорати таваррум ва идоракунии сиёсати молиявии кишвар ҳамкории зич доранд. Ин субот фазои мусоидро барои рушди соҳибкорон фароҳам оварда, сармоягузории дохиливу хориҷиро ҳавасманд мекунад

Раҳмонов ПАРВИЗ, декани факултети кори ҳамширагӣ баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ

2025-01-31 20:00:11

САДА - РАМЗИ НУРУ РӮШНОӢ

Таҳти ин унвон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва хонандагон чорабинии маърифатӣ фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид.

Нахуст дар расми чорабинӣ гулхан ҳамчун рамзӣ рӯшноӣ ба торикӣ ва гармӣ андохта шуд, ки хонандагон дар гирди он давр заданд.

Маврид ба зикри хост аст, ки оташ як унсури муқаддас маҳсуб шуда, на танҳо ин анъанаҳоро ҳифз мекунад, балки ба онҳо мазмуни тоза бахшида, шаклҳои муосири фарҳангиро бо расму оинҳои қадимӣ мепайвандад.

Дар саҳни литсей иштирокчиёну мемҳмонон аз дастархони идонаи хонандагон дидан намуданд.

Чорабиниро директори Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент Ҷасур Раҳмонов, ифтитоҳ намуда, ҳамаи омӯзгорону кормандонро ба ҷашни Сада шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардида, аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Сада, иди шодӣ, гармӣ ва истиқболи баҳор буда, халкҳоро муттахид намуда, ба онҳо хотиррасон мекунад, ки баҳор на танҳо ивазшавии фаслҳо, балки давраи умедҳои нав, вохӯриҳо ва имкониятҳои кушода низ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагон бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоб хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

 

2025-01-30 19:58:22

РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва илму маорифро дар бар мегирад. Дар Паём Пешвои миллат тамоми дастовардҳои соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ба самъи мардуми кишвар расонидаанд.

Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун санади муҳимми сарнавиштсоз барои рушди давлат ва ҷомеа мусоидат менамояд. Паёми имсолаи Пешвои миллат мардумро ба суйи фардои нек ҳидоят менамояд. Дар Паёми имсола дурнамои фаъолияти ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифта, тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳо барои як соли дигар муайян гардиданд.

Соҳаи таҳсилоти касбӣ чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, марҳила ба марҳила дар ҷараёни пешрафт қарор дорад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф анҷомёфта, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Ҳукумати кишвар дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми хоҷагии халқ дар Паём Президенти мамлакат ҳамчунин масъалаи тарбияи хештаншиносӣ диққати аввалиндараҷа дода дар ин росто иброз доштанд, ки ҳисси миллӣ дар ҳар як шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад. Мақсаду вазифаи тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳниву маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад ва ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон вазифагузорӣ намуданд.

Аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф ҳамчун заминаи асосии рушди давладторӣ давра ба давра инкишоф ёфта, сол ба сол ба ин соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Саидмурод ШАРИФЗОДА, директори Коллеҷи омӯзгори шаҳри Турсунзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

2025-01-30 19:56:48

ПАЁМ - ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, фарогири тамоми масоили мубрам, аз ҷумла маорифу таҳсилоти касбӣ ва рушди технологияи рақамӣ мебошад. Зеро маҳз маорифу таҳсилоти касбӣ ба рушди дигар соҳаҳо замина мегузорад.

Инчунин, дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд, таҳкими низоми маорифу таҳсилоти касбӣ муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи рушди соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ дар кишвар аҳамияти махсус медиҳанд. Дар Паёми худ Пешвои миллат бо таъкид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар изҳор доштанд, ки як қисми муҳими ин раванд, рушди соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ буда, ба рушди нерӯи инсонӣ ва рушди соҳаҳои дигар таъсир мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба рушди илми кишвар, саҳм гузоштан ба омӯхтани фанҳои риёзӣ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус русӣ ва англисиро яке аз вазифаҳои асосии омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ намуданд. Тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст ва бо ироаи ин суханҳо бори дигар собит карданд, ки танҳо бо таҳия, қабул ва амалигардонии барномаву санадҳои сифатнок метавонем ояндаи дурахшонро барои Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он таъмин намоем, инчунин сармояи инсониро рушд диҳем, маърифати молиявии мардумро боз ҳам баландтар бардорем ва ҳамзамон иқтидори истеҳсолии кишварамонро тақвият бахшем. Аз ин рӯ, бо дарки ин маънӣ ва афкори басо ҳам олиҷанобу хирадмандонаи худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз солҳои 2025 - 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар Паём Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки «...тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуданд». Албатта, ин дастовард ва ифтихори тамоми аҳолии кишвар аст, зеро шароити хуби корӣ ҳам ба инсон роҳат мебахшаду ба самараи кор таъсири мусбат мерасонад. Пешвои миллат дар ҳар як Паём хосатан, ба ҷавонон муроҷиат намуда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, истиқлоли давлатӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бархурдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи муосир, интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ даъват ва ҳидоят мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи чавонону наврасон сухан гуфта, чунин иброз намуданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хоричӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад». Хушбахтона, имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар шароити арзанда, махсусан озмоишгоҳу технологияҳои муосир барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани дониш фароҳам аст. Танҳо толибилмонро зарур аст, ки омӯзгорон ва вақти пурқимматро самаранок истифода баранд. Муҳим дар назди худ мақсад гузоштану пайи амалии он камари ҳиммат бастан аст. Самти дигаре, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таваҷҷуҳ дода шуд, баланд бардоштани музди меҳнат ва шароити иҷтимоии омӯзгорон аст. Ҳамчунин, бо таҳлилҳои амиқ стратегияҳои касбу ҳунар барои ҷавонон ва занону бонувон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Албата, ҳадафи асосии ҳамаи ин тадбирҳо, таъмини рушди устувор ва мустақилият дар тамоми соҳаҳои кишвар мебошад. Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди соҳаҳои мухталиф нишон медиҳад, ки таълиму тарбия як раванди ҷиддӣ ва стратегӣ барои рушди оянда маҳсуб меёбад.

Саъдулло ҲАМИДОВ, муовини директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

 

2025-01-30 19:55:19

ЛОИҲАИ “КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО” НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД

Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” доир ба натиҷагирӣ аз лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Алишер Ализода - муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Равшан Каримзода- муовини вазири маориф ва илм, Изабел Уриз - роҳбари шуъбаи ҳамкорӣ, Диана Димова - менеҷер оид ба соҳаи маорифи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои дахдори дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Алишер Ализода - муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни баромади худ аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва ёдовар шуда, аз ҳамкориҳои хуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самтҳои гуногунро таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул унвон кард.

Сипас, намояндагони лоиҳа дар ҳамкорӣ бо намояндагони кумитаи таҳсилот, меҳнат ва маориф аз корҳои анҷомдода дар доираи лоиҳаи мазкур натиҷагирӣ карда, нақшаҳои ва муҳлати амалишавии онҳоро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки рушди босуботи соҳаи таҳсилоти касбию маориф тақозо мекунад, ки низоми соҳаҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад ва ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вусъат пайдо кунад.

2025-01-30 19:53:42

ТАҶЛИЛИИ 2550-СОЛАГИИ “ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР”-И КУРУШИ КАБИР-ШАҲОДАТИ АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТАГОН

 (Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ба арсаи таърих пой мениҳанд, ки аз рӯи кору пайкор, фаъолият ва саъю кӯшишашон нисбат ба дигар ашхос комилан фарқ мекунанд. Ин шахсиятҳо метавонанд бо талошҳои худ барои тақдири миллати худ нақши калидӣ дошта бошанд ва барои дигарон намунаи ибрат шаванд.

Дар гузаштаи миллати тоҷик низ чунин афроди таъсиргузор арзи ҳастӣ карданд, ки корҳои бузург ва мондагори онҳо ба эҳёи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик боис гардидаанд. Яке аз шахсиятҳои машҳури арсаи ҷаҳонии давраи атиқаи халқи тоҷик Куруши Кабир ба шумор меравад.

Куруши бузург дар асрҳои 6-5-ипеш аз милод ҳукуматдорӣ карда, аввалин империяи ҷаҳониро бо номи Ҳахоманишиён асос гузоштааст. Ӯ дар баробари оне, ки нахустин империяро асос гузошт, инчунин аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро соли 539-и то милод дар зарфи силиндршакли аз гил сохташуда навишт, ки сарчашмаи пайдоиши ҳуқуқу азодиҳои инсон ва демократия ба шумор меравад.

Бостоншиносон соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз Бобул зарфи аз гил сохташударо пайдо намуданд, ки бо шакли ҳандасавӣ ва навиштаҷоти номаълуми худ мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон қарор мегирад. Ин зарф ба асри VI-и то милод мансуб буда, катибаи он ба Куруши Кабир рабт дорад. Айни замон ин бозёфт дар осорхонаи Британияи Кабир нигоҳдорӣ карда мешавад. Нусхаи он дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз карда мешавад. Ҳоло аз ин бозёфти таърихӣ 100 нусха сохта шудааст, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудааст. Барои мо тоҷикон боиси ифтихор мебошад, ки маҳз ниёгони мо чунин равишу оини давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба мақоми инсонро роҳандозӣ намуда буданд.

Пас аз соҳибистиқлолии мамлакат эҳёи рӯзгори чеҳраҳои таърихию фарҳангӣ ва илмию адабӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дурнамо ва роҳҳои ҳалли масоили вуҷуддошта баррасӣ гаштанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан таъкид намуданд, ки гиромидошти таъриху фарҳанг ва арҷ гузоштан ба онҳо аз таҳқиқу омӯзиши хатшиносону бостоншиносон маълум мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки сохти давлатдории гузаштагони халқи тоҷик, ки ҳанӯз 2500 сол муқаддам таъсис дода буданд, ба низоми ҷомеаи муосири демократӣ хеле шабоҳат дорад. Ин аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби фарҳангу тамаддуни бузурги дурнамосоз буд ва ҳаст.

Дар урфият мегӯянд, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд” Яке аз чунин шахсиятҳои зиндакунандаи таъриху тамаддун ва фарҳанг Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамасола дар паёмҳои хеш солеро барои санаҳои муҳимми таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллат ё барои рушду инкишофи кишвар созмон медиҳанд. Ба ин васила, мо метавонем таърихи миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ қайд гардида, таъкид шуд, ки арҷ гузоштан ба шахсиятҳои таърихӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон таъсири амиқ дорад. Бо ҳамин мақсад, пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО амали саривақтист, зеро имрӯз дар ҷаҳони пур аз тазодҳо азхудкунии фарҳангҳо, нестшавии тамаддунҳо бо суръат доман паҳн карда истодааст.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Сарчашмаҳои таърихӣ маълумот медиҳанд, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳое буданд, ки тавассути меҳнату ҷонфидоии худ, афкору нерӯи зеҳнии худ дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб намудаанд. Миёни донишмандони ҳуқуқшинос, сиёсатшинос ва таърихнигорон дар ҷаҳони муосир баҳсе доман густурдааст, ки аввалин баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон кадом ҳуҷҷат аст. Доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ақидае роиҷ аст, ки чунин ҳуҷҷат Хартияи Бузурги озодӣ мебошад, ки он дар асри XIII (соли 1215) дар Англия навишта шудааст. Аммо бозёфту далелҳои раднопазире мавҷуданд, ки қадима будани Маншураи Куруши Кабирро тасдиқ мекунанд.

Идеяҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 дар Созмони Ми лали Муттаҳид қабул шудааст, ҳазорсолаҳо пештар, аз ҷониби ниёкони мо пешкаши ҷаҳониён гашта буданд. Бо эҳё ва таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир метавонем бори дигар ба ҷаҳониён аз таърихи куҳани миллати тоҷик башорат диҳем ва пояи давлату миллати худро ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар мустаҳкамтар намоем. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи миллати тоҷикро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро баҳри рушди давлати соҳибихтиёр ва Ватани аҷдодиамон равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд гузорем.

Давлатшозода Дилшод, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита

2025-01-29 19:05:09

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти автомабилии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, кормандон ва омӯзгорону хонандагон ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии хонандагон ба намоиш гузошта шуд, ки роҳбарият ва кормандону меҳмонон аз он дидан карданд.

Чорабиниро директори муассиса Иматшоев Зинатшо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи хотирмон таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».

Дар охир, аз ҷониби бахши фарҳанги муассиса барномаи рангини консерти идона боиси болидахотирии иширокчиён гардид. 

2025-01-29 07:22:11

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Забон дар ҳамаи давру замонҳо воситаи асосии иртиботу шинохти ҷаҳон барои инсонҳо аст. Бо таъсири ҷаҳонишавӣ ва таҳкими равобити кишварҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар аҳамият пайдо кардааст. Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои рушди беҳтари ҷомеа ва шахсият зарур мебошад.

Дар шароити феълӣ, ки робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳо босуръат рушд мекунанд, забонҳои хориҷӣ, ба мисоли англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, чиноӣ ва арабӣ, ки мақоми байналмилалӣ доранд, воситаҳои муҳимми муошират байни миллатҳо ва унсурҳои асосии таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ гардиданд. Омӯзиши ин забонҳо ба кас имкон медиҳад, то дар музокироти дипломатӣ, муомилаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои илмӣ нақши фаъол дошта бошад. Ғайр аз ин, забонҳои хориҷӣ ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудан ба манобеи илмию пажуҳишӣ мусоидат менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хосса дода, барои забондон гардидани шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо пайваста таъкид менамоянд ва дар Паёми навбатии худ, ки 28 декабри соли 2024 ироа шуд, чунин дастур доданд: “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади беҳтар кардани сатҳи забондонии мардум, алалхусус кормандони давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” содир гардид ва тамоми вазорату идораҳои давлатӣ муваззаф шуданд, ки барои кормандон курсҳои забономӯзӣ ташкил намоянд.

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи иҷрои фармони мазкур ҷиддӣ муносибат намуда, курсҳои омӯзиши забони русӣ ва англисиро ба роҳ мондааст, ки омӯзгорони соҳибкасб ба кормандони дар як ҳафта 3 маротиба дарс мегӯянд.

Пешвои миллат дар ҷойи дигар таъкид намуда буданд: «...ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».

Бисёре аз таҳқиқот ва мақолаҳои илмӣ ба забони англисӣ ё дигар забонҳое навишта мешаванд, ки мақоми байналмилалӣ доранд. Ошноӣ бо ин забонҳо ба донишҷӯён ва пажуҳишгарон имкон медиҳад, ки аз ҷадидтарин дастовардҳои соҳаи илм баҳраманд шаванд ва дар масири рушди илму инноватсия гомҳои устувор бардоранд. Олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёне, ки забонҳои хориҷиро баладанд, метавонанд дар нишастҳои илмӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои корҳои илмии худро бо ҳамтоёни хориҷӣ мубодила намоянд ва дар мубоҳисаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кунанд.

Вақте ки инсон забони дигарро меомӯзад, василаи муҳими иртибот бо дигаронро доро мегардад ва имкон пайдо мекунад, ки бо фарҳанг, одат, расму русум ва арзишҳои миллатҳои ғайр бевосита ошно шавад ва ин омил дар вусъати доираи ҷаҳонбинӣ, аз худ кардани донишҳои нав ва ташаккул ёфтани дарки фарҳангҳои гуногун ба ӯ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ низ дар шароити муосир бештар бо ёрии забонҳои хориҷӣ амалӣ мешавад. Бо истифода аз забонҳои гуногун ширкату корхонаҳо метавонанд ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфта, бо шарикон ва муштариёни худ робитаҳои мустаҳками тиҷоратӣ барқарор намоянд ва таҳқиқоти амиқи бозорро анҷом диҳанд. Нақши забон дар тарғиби молу маҳсулот, таҳияи стратегияи тиҷоратӣ ва тарҷумаи маҳсулот ва ё хизматрасониҳо ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо бо талаботи ҳар як бозор ё кишвар муҳим ба назар мерасад.

Барои дар сатҳи зарурӣ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ шахс бояд сараввал забони модарии худро ба таври амиқ омӯзад. Ба қавли шоир:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ба таври муносиб донистани забони модарӣ мушкилотеро, ки мо зимни омӯзиши забонҳои ғайр бо онҳо рӯ ба рӯ мегардем, бартараф намуда, масири омӯзишро ҳамвору осон месозад. Аз ин рӯ, онҳое, ки азм доранд забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, бояд дар қадами аввал сари такмил додани забони модарии худ андеша намоянд.

Барои нафаре, ки забонҳои хориҷиро меомӯзад, дарҳои имконият ба рӯяш боз гашта, дар барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ ва табодули донишу таҷриба мусоидат менамояд. Вақте ки бо забони модарии нафаре аз миллати дигар озодона ҳарф мезанед, эҳтирому эътимод ва садоқаташ нисбати ин ашхос зиёд мегардад. Корфармоёни дохилию хориҷӣ низ вақтҳои охир ба номзадҳое афзалият медиҳанд, ки забонҳои хориҷиро баладанд ва дар сурати омӯхтани забонҳои хориҷӣ эҳтимоли пайдо кардани шуғли пурмаҳсул бо дастмузди муносиб зиёд мегардад. Дар сурати хуб аз худ кардани як забони хориҷӣ, аллакай омӯзиши забонҳои хориҷии баъдӣ осон мешавад ва тадриҷан мутаваҷҷеҳ мешавед, ки техникаҳои ёдгирии забони дувум метавонад барои омӯзиши забонҳои дигар ҳам ба кор раванд.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Туро рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Дар маҷмӯъ, дар шароити кунунӣ моро месазад, ки масъалаи забономӯзиро дар ҷомеа, махсусан дар миёни насли ҷавони кишвар бештар таблиғ намоем, зеро ин омил ба рақобатпазирию мутобиқшавии онҳо ба ҷаҳони зудтағйирёбанда таъсири мусбат мерасонад. Ҷавонони забондон метавонанд бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд. Беҳуда нест, ки мегӯянд: забон донӣ – ҷаҳон донӣ!

Шарифхон ФАЙЗОВ,

сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

ва робита бо ҷомеаи Кумита

2025-01-29 07:21:05

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо мақсади арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ sашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ ҳайати кормандону омӯзгорон ва хонандагони Литсей иштирок намуданд. Нахуст роҳбарияти муассиса аз дастархони идонаи хонандагони муассиса, ки фарогири меваҳову сабзавотҳои ватанӣ буд, боздид намуданд.

Директори Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе номзади илмҳои иқтисодӣ Попов Николай Анатольевич ҳозиринро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфта изҳор дошт, ки Сада чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем. Сада дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгори муассиса Исмоилов Тағоймурод ҳозиринро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрику муборакбод намуда иброз дошт, ки таҷлили расмии Сада ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад. Тавре зикр гардид, Сада чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар қисми чорабинӣ аз тарафи хонандагони соҳибистеъдоди муассиса барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.

2025-01-29 07:19:27

ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.

Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; – сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; – дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; – фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.

Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.

Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”

Мо бояд ҳамеша кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, хушёрию зиркиро аз даст надода, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ муқовимат карда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намеом.

Пешравии илму техника боиси пешравии ҷомеа аст. Аммо ногузир инсонҳоро ба кӯи танбалӣ низ мекашад. Зеро иҷрои кор бо воситаи техникӣ осон аст, нисбат ба иҷрои дастӣ. Шояд ҳамин гуна танбалиҳо имрӯз тамоми ҷомеаи сайёраро фаро гирифта бошад. Ё шояд то андозае ибрози ақидаи мо ғалат ҳам бошад. Аммо чун ба аксари ҷавонони имрӯз менигарем, истифодаи технология барои онҳо на бо ҳадаф, балки беҳадаф сурат мегирад.

Воситаи техникӣ, ба мисли комютеру телефон барои осон намудани кори инсон ихтироъ гардида, ҳудуди фаъолияти он то имрӯз бемаҳдуд боқӣ мемонад. Насли ҷавон танҳо аз ин восита қисми барояш ва ба синну солаш мамнуъро истифода менамояд. Масалан, ворид шудан ба сайтҳое, ки дидани ваҳшоният ва фаҳш, куштору қатл ва носазо барои шахсияте, ки акнун аз рӯи тиббию равонӣ шакл меёбад, хатари беандоза дорад.

Аз ин хотир, мо ҷиҳатҳои манфии васоити техникиро ҳангоми ба бачаю ҷавон додан, набояд фаромӯш созем. Дигар хатоии аксари калонсолон назорат накардани он ки аз ин васоит ҷавон ё наврас чӣ тавр истифода менамояд. Баъзе аз наврасону ҷавонон бехабар аз амали хеш ба ҳамин гуна сайтҳои мамнуъшуда ворид гардида, чӣ тавр ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд, волидайн ё мактабу донишгоҳ бехабар аст.

Ба гуфтаи коршиносон барои ҷавонони имрӯз як фанни таълимие лозим аст, ки истифодаи дурусти васоити техникиро фаҳмонад. Дар мактабҳои миёна таълими фанни технологияи компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки аксар ҷиҳати назариявии онро меомӯзад. Аммо ҷиҳати амалӣ ва хатари ҷиддии истифодаи зиёди васоити техникӣ омӯзонида намешавад. Аз ин хотир, дар марказҳои гуногуни компютерӣ барои бозиҳои мамнуъ, ки танҳо куштору зулму тааддиро нишон медиҳад, насли ҷавонро ҷалб менамоянд, ки муассиси чунин марказҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ мавзӯи мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Тавре огоҳӣ дорем, 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки дар он тамоми самтҳои афзалиятнок ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат баррасӣ шуд. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад. Дар ин Паём Пешвои миллат бо эътибор ва иродати бузург ба ҳайсияти зан-модар руҷӯи хос изҳор намуданд. Ҳамзамон дар ин замони мураккабу ихтилофбор барои тарбияи насли хирадбунёд, ватандӯсту фарҳангсолор нуктаҳои муҳим баён намуданд»,

«Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад».

Бале, Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низоми нави ҷаҳониро орӣ аз терроризму экстремизм мебинанд ва мо низ мутмаинем, ки миллати тоҷик бо хиради азалии худ ва таҳти сарварии ин марди хирад дар Тоҷикистон чунин ҷомеаро хоҳад сохт. Мо барои расидан ба ин ҳадафи воло бояд бо роҳнамоии худи Пешвои миллат ва гуфтаҳои хирадмандонаи зерини ӯ кору зиндагӣ намоем. Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

ҒАЛЧАБЕКОВ Муҳаммадёсин,

омўзгори кафедраи педагогика-психология ва фанҳои ҷамъиятшиносии Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рӯдакӣ