БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ РАВАНДИ СОХТМОНИ БИНОИ ХОБГОҲИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ВАХШ
2025-11-27 11:59:10
26
ноябри соли равон раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар минтақаи Бохтари
вилояти Халон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи Литсейи касбии
техникии ноҳияи Вахш шинос шуд.
Директори
муассиса Фирдавс Шарифзода иттилоъ дод, ки бинои хобгоҳ аз 3 ошёна иборат буда,
барои 620 хонанда пешбинӣ шудааст ва он дар арафаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ
ба истифода дода мешавад.
Қайд
гардид, ки худи Литсейи касбӣ техникӣ дорои 2 озмоишгоҳ буда, 10 устохонаи
таълимӣ истеҳсолӣ дорад ва айни ҳол аз рӯи ихтисосҳои “Дӯзанда”, “Кафшергари
газию барқӣ”, “Челонгари таъмири муҳаррики автомобил”, “Фелдшер-бойтор”,
“Монтёри барқӣ”, “Системаи компютер ва Интернет-технология” ва
“Фермер-соҳибкор” мутахассисонро омода мекунад.
Раиси
Кумита баъди боздид аз ҷараёни сохтмон ба масъулин ҷиҳати сари вақт ва бо
сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бунёдӣ дастуру супоришҳои мушаххас
дод.