Асосгузори
кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейли англис аст, ки бо ташаббуси ӯ соли 1855 дар
Британияи Кабир сохтори таълими ҳамшираҳои шафқати миёнаро таъсис дода, дар
давраи ҷанги Қрим ҳамшираҳои шафқатро таълим дод. Вай ҳатто, матни қасами
ҳамшираҳоро тартиб дод (монанди Гипократ), ки бо он ҳамшираҳои шафқат бо
тантана ваъда медиҳанд, ки беморонро бидуни ҳадафҳои тиҷоратӣ нигоҳубин
мекунанд. Аз ин рӯ, дар тибби ҷаҳонӣ ӯро асосгузори касби муосири ҳамшираи шафқат
меҳисобиданд.
Бояд
гуфт, ки кори ҳамширагӣ илмест, дорои назарияҳои илмии худ буда, тамоми роҳу
усули имконпазири рафтори ҳамшираи шафқатро ҳангоми корбарӣ бо беморро
меомӯзад.
Усули
муосири кори ҳамшираи шафқат самтест, барои ноилшавӣ ба ҳадаф. Дар ҳар усул
фаҳмиши моҳияти бемор чун объекти фаъолияти ҳамшираи шафқат, ҳадафи нигоҳубини
маҷмӯӣ корбарӣ бо бемор аз рӯи салоҳияти касбӣ ва баҳогузории натиҷаи
нигоҳубини ҳамшираи шафқат мунъакис ёфтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки усули
муосири кори ҳамширагӣ –қолаб ё сохтори он дар заминаи фалсафаи кори ҳамширагӣ
таркиб ёфтааст. Он дорои парадигмаи кори ҳамширагӣ буда, ба сифати дастур барои
нақшаи таълимӣ ё амалия таҳия шудааст.
Тамоми
усулҳои кори ҳамширагӣ дар худ 4 ҷанбаи кори ҳамширагиро шомил сохтааст, ки инҳоанд:
бемор, кори ҳамширагӣ, муҳити зист ва саломатӣ. Айни замон дар амалияи ҷаҳонии
кори ҳамширагӣ зиёда аз 30 намуд усули раванди кори ҳамшираи шафқат вуҷуд
дорад.
Онҳо
ҳолатҳои асосии зеринро дороанд: муайян сохтани бемор, сарчашмаи мушкилоти
бемор, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамшира, нақши ҳамшира, -усулҳои ёрӣ расонидан ва
натиҷаи интизорӣ.
Усули
муосири кори ҳамшираи шафқат ба ташаккули маърифати (шинохти) касбӣ ва таҳкими
робита байни ҳамшираҳои шафқати фаъолияткунанда дар самтҳои гуногун мусоидат
мекунад. Байни тамоми усулҳои муосири кори ҳамширагӣ 5 усул бештар паҳн
шудаанд, ки инҳоанд:
-эволютсионӣ
– мутобиқшавӣ (Ассотсиатсияи ҳамшираҳои шафқати Канада);
-иловагӣ-пуркунанда
(Вирҷиния Хендерсон 1955);
-модули
сохтори амалӣ (Дорота Ҷонсон, 1968);
-модули
нокифоягӣ дар худпарастор (Дорота Ҷонсон, 1968);
-модули
мутобиқшавӣ.
Бино ба
дастури олимон вазифаи муҳимтарини ҳамшираи шафқат баҳо додан ба муносибати
бемор нисбати саломатии худ ва расонидани ёрӣ ба татбиқи амалҳо бобати таҳкими
саломатию барқарор кардани саломатӣ аст. Кадоме, ки онҳоро бемор метавонад
худаш иҷро кунад. Албатта, ин дар ҳоле, ки ӯ агар қувваю ирода ва тасаввуроти
кофӣ нисбати беҳдошти саломатии хеш дошта бошад.
Олим
Вирҷиния Хендерсон таъкид ба он доштааст, ки ҳамшираи шафқат бояд бо назардошти
қабули талаботҳо аз тарафи бемори аниқ, тасаввуроти ӯ дар бораи чӣ тавр қонеъ
гардидан аз талаботҳои барои ноилшавӣ ба оне, ки худашро солим меҳисобаду солим
медонад ё ба марг арзанда аст, амал кунад.
Дар
идома Хендерсон ҳадафи кори ҳамширагиро дар барқарор кардани саломатии бемор
медонад. Дар ин ҳолат назди ҳамшираи шафқат вазифаи ноил шудани маҳз он ҳолате
меистад, ки бемор онро чун саломатӣ, солимшавӣ ё марги арзанда қабул мекунад.
Ҳамзамон, ба пиндори ӯ ба зиммаи ҳамшираи шафқат амалҳое вогузор шудаанд, ки ба
бунёди ҳаёти мукаммали бемор бо тамоми хушбахтиҳои ба он хос, фаъолияти
самаранок ва истироҳати мукаммал нигаронида шудааст.
Маълум
мегардад, ки дар ҳолатҳое, ки марги бемор ногузир аст, ҳамшираи шафқат
вазифадор аст, барои осон кардани реҳлати бемор шароити мусоид фароҳам оварад.
Ин олима
низоми амалҳои асосии ҳамшираи шафқатро бобати нигоҳубини бемор таҳия кардааст.
Ӯ гурӯҳбандиро иборат аз 14 банд таҳия намудааст, ки ба андешаи ӯ самтҳои
нисбатан муҳими фаъолияти ҳамшираҳои шафқатро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, ҳолати
мусоиди нафаскашии беморро таъмин кардан, ғиззову нӯшокии зарурро додан, ба
бемор кӯмак расонидан нисбати дуруст нигоҳ доштани тану ҷисм вақти хобидан,
нишастан, роҳ гаштан, иваз намудани ҳолат ва ғайра.
Ин
намуди назария байни ҳамшираи шафқат маъруфияти зиёд дорад. Амал кардан аз рӯи
ин назария консепсияи нав-тартиби корбарии кӯҳнаи ҳамшираи шафқатро дар ташкили
кори ҳамширагӣ иваз мекунад. Ҳамшираи соҳибтахассуси фаъолияткунанда бояд
донишу малакаи кофӣ, ҳамчунин боварӣ ба худро дар ҷодаи банақшагирӣ, татбиқу
баҳогузории натиҷаҳои нигоҳубини беморро, ки ҷавобгӯи талаботи бемори аниқ аст,
дошта бошад..
В.Хендерсон
таъкид мекунад, ки самти нигоҳубини ҳамшираи шафқат бояд ҳарчӣ зудтар ба
барқарор кардани саломатии бемор нигаронида шавад. Олиме дар рисолаи илмии худ
мисолеро аз табобати як беморе, ки дар шуъбаи касалиҳои дарунӣ бистарӣ аст,
меорад....
Беморе 3
рӯз аст,ки табобат мегирад. Хобаш паридааст. Ҳамшираи шафқат дар аввал бояд
сабаби бедорхобии беморро муайян созад, ки инҳо буда метавонад: рахти ноқуллай,
ҳавои вазнини хона, хурраккашии ҳампалата, нороҳатӣ ҳангоми ташхис ё ҷарроҳӣ.
Ҳамшираи
шафқат барои рафъи ин ҳолати бемор корро бояд аз тамрин барои баромадан аз
ҳолати муташанниҷӣ ва худро озод ҳис кардани бемор оғоз намояд. Ба бемор
фаҳмонад, ки пеш аз ҳама, ҳавои хонаро нав кардан зарур аст. Барои бароҳат хоб
рафтан, қабл аз хоб сайругашт кардан фоида дорад. Ниҳоят беморро ба дигар
палатае, ки хоби беморони он ҷо ором аст, гузаронидан зарур мебошад.
Воқеан
ҳам, зарурати дахолати ҳамшираи шафқат дар ҳолатҳои фавқуззикр он вақт ба миён
мояд, ки бемор бо тақозои ҳолаташ- касалӣ, хурдсолӣ ё калонсолӣ аз ӯҳдаи
саришта кардани худ намебарояд. Ин гуна мушкилот ҳангоми сиҳатшавӣ ё муддати
дарози фавт ба вуҷуд меояд.
Бо як
сухан ба ақидаи олима Хендерсон ҳамшираи шафқат дар фаъолияти худ эҷодкор буда,
ҳама вақт бо назардошти фикру ақидаи бемор корбарӣ намояд.
Аз рӯи
усули мутобиқшавӣ (Калиста Рой 1976) вазифаи афзалиятноки ҳамшираи шафқат
омӯзиши бемор ба мутобиқшавӣ ба муҳити зист дар давраи беморӣ аст. Дар ин ҳолат
ҳамшираи шафқат нақши омӯзгори навоварро мебозад. Ӯ тамоми имкониятҳои
имконпазирро дар самти мутобиқшавии бемор ба муҳисти зист бояд истифода барад.
Қайд
кардан зарур аст, ки фаъолияти ҳамшираи шафқат вобаста ба соҳаи тандурустӣ
ҳархела аст. Масалан, ҳамшираи шафқати шуъбаи касалиҳои рӯҳӣ ҳамкории басо
мураккаби байни ҳамшираву бемор аст. Кадоме, ки дар ин ҳолат ҳамшираи шафқат
нақши ёрдамчӣ, маслиҳатгар ва нигоҳубини беморро мебозад. Раванди ҳамкории онҳо
як қатор давраҳои муттасил, мутобиқшавӣ, баробарӣ, шарҳу тавзеҳ ва ҳалли
масъаларо фарогир аст.
Аз рӯи
назарияи Файл Абдуллоҳ (1960) дар заминаи нигоҳубини бемор аз тарафи ҳамшираи
шафқат принсипҳои холизм- муносибати мукаммал ба шахсият бо баҳисобгирии
талаботҳои ҷисмониву психологӣ, эҳсосиву зеҳнӣ, иҷтимоиву ахлоқии бемор ва
оилаи ӯ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки ҳамшираи шафқат бояд маҳорати муоширати
байнишахсию донишро аз рӯи илмҳои психология, физиология, сотсиология ва фанҳои
тахассусии кори ҳамширагӣ дошта бошад.
Аз рӯи
ин назария 21 талаботи бемор дар чор самти асосӣ – “шароити мусоид”, баробарии
ҷисмонӣ, омилҳои психологиву иҷтимоӣ, сотсиологию коммуникативӣ ба қайд гирифта
шудааст.
Ислоҳоти
соҳаи тандурустӣ дар қаламрави кишвар тибби оилавиро ба вуҷуд овард, ки
фаъолияти ҳамшираҳои шафқат дар самти нави фаъолият ба худ хос раванду ҷараёнҳо
дорад. Олим Азизов З.А. дар асари худ “Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”
менигорад, ки “амали ҳамширагии оилавӣ ба истифодабарии раванди ҳамширагӣ дар
мавриди татбиқи парастории оила, бо мақсади аз ҷониби оила ноил шудан ба
осудаҳолии бештари ҷисмонӣ асос ёфтааст. Ҳамин тавр кори ҳамширагӣ дар тибби
оилавӣ ва кори ҳамширагӣ дар нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад,
чунки тавассути оилаҳо ҳамшираҳои тиббӣ саъю кӯшиш менамоянд, ки солимии
ҷамъиятро беҳтар созанд ва нигоҳ доранд”.
Ба ҳамин
монанд, дар асари “Асосҳои ҳамширагӣ оид ба парастории беморон бо техникаи
дастамалҳо” (Ҷ.Дӯстов, Д.Сафхонов) нигошта мешавад, ки “устуворгардонии мақоми
ҳамшираи тибб масъулияти ӯро ҷиҳати бомуваффақият барқарор намудани саломатии бемор
баланд мегардонад. Мувааафақияти муолиҷа аз донишу таҷриба, таваҷҷӯҳ ва
муҳаббати ҳамшираи тибб ба кор вобастагӣ дорад. Кори ҳамшираи тибб дар баробари
кори духтур масъулияти баландро талаб мекунад. Ӯ бояд дар доираи салоҳият ва
дастурамали хизматӣ амал кунад, то ки ба бемор зарари ислоҳнашаванда
нарасонад”.
Олимон
Ҳ.Ш.Рофиева ва Ҳ.Н.Мамадов бошанд, дар рисолаи илмии худ “Асосҳои кори
ҳамширагӣ дар терапия” навиштаанд, ки “барои ташкили парастории сифатнок
ҳамшираи шафқат бояд дар бораи бемор иттилооти муфассалро ҷамъ ва таҳлил
намояд, эҳтиёҷотҳои (нафасгирӣ, хӯрок хӯрдан, нӯшидан, ихроҷ кардан, ҳаракат
кардан, нигоҳ доштани ҳолат ва ҳарорати бадан, хоб ва истироҳат кардан, либос
пӯшидан ва ғайраро ташбеҳ (индетификатсия) бикунад...”
Аҳамияти
усули нави кори ҳамширагӣ барои рушду такомули тахассуси ҳамшираи шафқат басо
бузург аст. Он барои ба вазифаву рисолати ҳамшираи шафқат бо назари нав нигоҳ
кардан кӯмак мерасонад. Агар то ин дам ҳамшираи шафқат танҳо ба беморони
шароиташон вазнин нигоҳубин кунад, имрӯз ҳамшираи шафқат якҷоя бо дигар
мутахассисон вазифаи асосӣ-барқарору нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирӣ намудани
касалиҳо, ҳаддалимкон таъмин кардани соҳибихтиёрии бемор мутобиқ ба имкониятҳои
фардияшро иҷро мекунад.
Ба рушди
модулҳои амалкунандаи кори ҳамширагӣ тадқиқоту кашфиётҳо дар ҷодаи физиология,
сотсиология ва психология мусоидат карданд.
Дар
радифи гуфтаҳои боло махсус таъкид карданием, ки ҳамшираи шафқат дар замони
муосир ҳамчун иҷрокунандаи оддии дастурҳои духтур зимнан мутахассиси мустақил
мебошад. Дар асл бошад имконияту тавоноии ҳамшираҳо дар табобати беморон пурра
истифода намешавад. Доираи фаъолияти ӯ ба таври сунъӣ маҳдуд аст. Табибон
назорати корбарии ҳамшираи шафқатро бо рад кардани салоҳиятнокиаш идома дода
истодаанд. Аз ин рӯ, барои баромадан аз ин нобоварӣ нисбаташон дар навбати
аввал худи ҳамшираи шафқат бо зоҳир намудани ташаббусу шавқмандӣ ба касбияташон
кӯшиш намоянд.
Ҳамшираи
шафқати замони муосир бояд мустақилона фикр кунад, корбарӣ бо беморонро бо такя
ба тасаввуроти комил дар бораи моҳияти инсон омӯзад. Бинобар ин ҳам барояш
донистани асосҳои фанни психологияву педагогика, назарияи муоширати байнишахсӣ
чун обу ҳаво зарур аст.
Ин гуна
ҳамшираи шафқатро ҳамзамон, огоҳ буданаш аз асосҳои назариявии кори ҳамширагии
замони муосир зарур аст, ки фарқияти принсипиалии ихтисосиро аз касби табибӣ ва
дигар тахассусҳои рисолаташон ба кӯмаки инсон дар нигоҳдории саломатиашон
нигаронидашуда муайян месозад. Кори ҳамширагӣ дар замони муосир тақозо дорад,
ки усулҳои нави корбарӣ бо бемор таҳия карда шавад. Кадоме, ки тағйиротҳои
сершумори дар соҳаи тандурқустии мо, сохтору ҳадафҳои он, усулҳои марбут ба
вазифаи тандурустӣ дар қарни XXI вуҷуддоштаро мунъакис менамояд.
Ба
андешаи мо ҳусни мақтаъи мақолаамон андешаҳои олимон Ҳ.Ш.Рофиева ва Ҳ.Н.Маҳмадов
аст, ки рушди минбаъдаи кори ҳамширагиро “дар баланд бардоштани мақоми касбӣ ва
иҷтимоии ҳамшираи шафқат, таъмини мустақилияти кофӣ дар фаъолияти ҳамшираҳои
тиббӣ, баланд бардоштани нуфузи касбии онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои
воқеии мансабӣ, сохтори аниқ таҳияшудаи такмили мунтазами касбӣ, шароит барои
татбиқи муваффақонаву имконпазири эҷодии ҳамшираи тибб ва дар ниҳоят
истифодабарии таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ” мебинанд.
Адабиётҳои
истифодашуда:
1.
Перфильева Г. М., Камынина Н. Н., Островская И. В., Пьяных А. В. “Теория
сестринского дела”; ГЭОТАР-Медиа - Москва, 2010. -саҳ. 256.
2.
Азизов З.А. “Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”, ш.Душанбе, Нашр. “Истеъдод”.
саҳ. 40.
3.
Кулешова Л. И., Пустоветова Е. В. “Основы сестринского дела”. Назария ва
амалия. Дар 2 қисм.; Феникс - Москва, 2013. – саҳ. 118.
3.
Перфильева Г. М., Камынина Н. Н., Островская И. В., Пьяных А. В. “Теория
сестринского дела”; ГЭОТАР-Медиа - Москва, 2010. – саҳ. 256.
4.
Мухина, С. А. “Теоретические основы сестринского дела” [Матн]: китоби таълимӣ /
С. А. Мухина, И. И. Тарновская. – Нашри 2-юм, бо таҳриру иловаҳо. – Москва:
ГЭОТАР-Медиа, 2011. – саҳ. 368.
5.
Ҳ.Ш.Рофиева, Ҳ.Н.Маҳмадов. “Асосҳои кори ҳамширагӣ дар терапия”. Нашр.
“Истеъдод”. Душанбе-2012, саҳ.31.
6.
Ҷ.Дӯстов, Д.Сафохонов. “Асосҳои кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморон бо
техникаи дастамалҳо”. Нашр. “Ношир”, Хуҷанд-2013, саҳ.19.
7.
Маҷаллаи “Даво” (Нашрияи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва
фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон) №5, соли 2024, саҳ.20.
Замира
Ҳомидова, декани факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи
Ю.Б.Исҳоқӣ