Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
single-product

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

2025-09-03 09:00:25

1 сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.

Масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.