Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ НАЗМ ВА МУСИҚИИ КЛАССИКИИ ТОҶИК
single-product

НАҚШИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ НАЗМ ВА МУСИҚИИ КЛАССИКИИ ТОҶИК

2025-09-22 08:38:47

Фарҳанги тоҷику форс аз замонҳои қадим бо шеъру мусиқӣ пайванди ногусастанӣ доштааст. Мардуми тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ ин ду унсури ҳунариро ҳамчун василаи изҳори эҳсосот, василаи тарбияи маънавӣ ва ҳамзамон ҳамчун омили муттаҳидсозандаи иҷтимоӣ истифода мебурданд. Шеъру мусиқӣ натанҳо дар маҳфилҳои адабӣ, балки дар маросимҳои ахлоқӣ, динӣ ва иҷтимоӣ нақши муассир бозида, ба ташаккули завқи эстетикии мардум мусоидат мекард.

Давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён (асрҳои IX–X) яке аз авҷҳои рушди фарҳанги тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Ин давра на танҳо бо ташаккули давлатдории миллӣ, балки бо гул-гулшукуфии илм, адаб ва санъат низ машҳур аст. Сомониён бо дастгирии аҳли илм ва ҳунар барои пешрафти илми мусиқӣ, санъати назм ва ҳунари сарояндагӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар ҳамин муҳит буд, ки шахсияти барҷаста ва устоди бузурги сухан — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ арзи ҳастӣ намуд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858–941), ки сардафтари адабиёти классикии тоҷик ва нахустшоири барҷастаи форсу тоҷик шинохта мешавад, дар таърихи фарҳанги башарӣ бо чеҳраи нодир ворид гаштааст. Мувофиқи манобеи таърихӣ, ӯ на танҳо шоири тавоно, балки мутриб ва сарояндаи хушовоз низ буд. Ашъори пурмазмуни ӯ бо оҳангҳои мусиқӣ ҳамовоз гардида, таъсири рӯҳонии бештар ба шунавандагон мерасонд.

Рӯдакӣ шеърро бо мусиқӣ ба ҳам омехта, дар маҷлисҳои дарбори Сомониён ашъори хешро бо овози худ месуруд. Ин амалиёт нишон медиҳад, ки ӯ ду вазифаро ба таври комил иҷро мекард: шоирӣ ва сарояндагӣ. Бинобар ин, муҳаққиқон якдилона бар онанд, ки Рӯдакӣ бузургтарин намояндаи ҳам назм ва ҳам мусиқии давраи Сомониён мебошад.

Яке аз хизматҳои арзандаи Рӯдакӣ дар таърихи назми классикӣ ба шакли мустақил табдил додани ғазал мебошад. Пеш аз ӯ ғазал асосан ҳамчун муқаддимаи қасидаҳо истифода мешуд. Вале Рӯдакӣ тавассути ҳунари шоирӣ ва мусиқидонии худ ғазалро ба жанри комилан мустақил табдил дод. Ин раванд бевосита бо истифодаи мусиқӣ дар шеъри ӯ иртибот дошт, зеро ҳамовозии калом бо оҳанг ба ғазал мазмуни тоза ва таъсири фаровон мебахшид.

Ба гуфтаи муҳаққиқи маъруфи тоҷик Аслиддин Низомов, ки асари машҳури худ «Таърих ва назарияи Шашмақом»-ро ба омӯзиши мусиқии суннатӣ бахшидааст, Рӯдакӣ ба санъати мусиқӣ огоҳии ҳамаҷониба доштааст. Ӯ на танҳо бо овози хуш машҳур буд, балки асбоби мусиқӣ менавохт ва аз истилоҳоти касбии мусиқӣ ва номи оҳангҳои қадим низ комилан огоҳӣ дошт. Инро ҳузури вожаҳои марбут ба мусиқӣ дар қасидаву ғазалҳои ӯ равшан месозад.

Таҳаввулоти ҷиддие, ки Рӯдакӣ дар қасидаҳои мадҳӣ ворид намуд, низ бо ҳамбастагии шеър ва мусиқӣ робита дошт. Ба қавли муҳаққиқ Солеҳов Мирзо, Рӯдакӣ шакли мукаммали қасидаи мадҳиро офарид, ки дар он вуқӯъгароӣ ва тасвири воқеӣ зимни мадҳи шахсият бо идеали миллӣ ҳамоҳанг гардид. Ин падида ба дараҷае ҷиддӣ буд, ки баъд аз ӯ дигар шоирон натавонистанд аз он берун раванд.

Яке аз воқеаҳои таърихӣ, ки истеъдоди мусиқидонии Рӯдакиро собит месозад, қироати шеъри машҳури ӯ — «Бӯйи ҷӯйи Мулиён…» мебошад. Нақл мекунанд, ки вақте Амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад аз ватан дур буд, Рӯдакӣ бо мусиқӣ ва оҳанги форам ин шеърро суруд, ки зодгоҳро ба ёди амир овард ва ӯро ба бозгашт водор сохт. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки мусиқӣ дар ашъори Рӯдакӣ на танҳо омили зебоишиносӣ, балки воситаи таъсири иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ буд.

Аз таҳлили боло бармеояд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик на фақат шоири тавоно, балки мусиқидони барҷаста низ буд. Ӯ бо ҳамбастагии назм ва мусиқӣ сабки нав дар эҷодиёти адабӣ ворид намуд, ғазалро ба жанри мустақил табдил дод ва бо ҳунари овозхонӣ ва мутрибӣ мактаби адабии хоссаи худро бунёд кард. Саҳми Рӯдакӣ дар инкишофи ҳам назм ва ҳам мусиқӣ ба андозае бузург аст, ки то имрӯз мақоми ӯ ҳамчун чеҳраи нодир ва асосгузори анъанаҳои мусиқӣ-адабии тоҷикӣ устувор боқӣ мондааст.

 

Муталиб МАҲМУДЗОДА,

муовини директор оид ба тарбияи

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд