Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РӮЗИ РӮДАКӢ - РӮЗИ ҶАШНИ АДАБИЁТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
single-product

РӮЗИ РӮДАКӢ - РӮЗИ ҶАШНИ АДАБИЁТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

2025-09-22 08:40:21

Бо мақсади омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ кардани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябрро "Рӯзи Рӯдакӣ" эълон карда, наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлату давлатдорӣ буд, воқиф месозад ва онҳоро ба худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамояд.

Оре, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пурмаҳсултарин эҷодкори даврони худ будааст. Сарчашмаҳои таърихӣ миқдори ашъорашро то як миллиону 300 ҳазор мисраъ дониста, маҳсули адабии ӯро сад ҷилд нишон додаанд. Шоири маъруфу машҳур Рашидии Самарқандӣ миқдори осори Рӯдакиро чунин тасвир мекунад:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд , ки акнун деҳае аз ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста мебошад.

Устод Рӯдакӣ дар қаламрави адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба сифати ҳаким низ шинохта шудааст ва аз ҷониби донишмандони гузашта ба унвони ҳаким шарафёб гардидааст. Ҳаким маънои файласуфро дорад ва файласуф касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад.

Рӯдакӣ бо шеъри баландмазмуни худ дар байни муосирини суханвар шуҳрати тамом пайдо кард, то ҷое ки вазири донишманди Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ Абулфазли Балъамӣ ӯро чунин тавсиф кардааст: "Рӯдакиро дар Арабу Аҷам монанд набошад" Дар замони зиндагии Рӯдакӣ шоироне, ки ба унвони ҳаким ёд мешуданд, кам набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ, Абӯшакури Балхӣ, Фароловӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ба унвони ҳаким машарраф гардидаанд. Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри қаламрави дари забонон ва асосгузори адабиёти классики тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ — достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва дигар пазируфтаанд.

Рӯдакӣ тавонотарин шоири аҳди худ аст ва ояндагон низ устодии эшонро бар худ мусаллам донистаанд. Ӯ то замони ба узлат афтодан суханвари дараҷаи аввали хонадони Сомониён будааст, пас шеъре нофизтар аз шеъри ӯ барои Сомониён набудааст.

Рӯдакиро бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Муҳаққиқон осори боқимондаи Рӯдакиро баёнгари воқеияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва андешаҳои ӯ медонанд ва дар он оҳангҳои хушиву нишот ва зиндагиро дӯст доштан, дасти дармондагонро гирифтан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дарки имрӯзии масъалаҳои иҷтимоиро хотирнишон сохтаанд. Эҷодиёти Рӯдакӣ, ки бар сиёсати давлати Сомониён такя мекард, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги бостонии халқҳои эронӣ буд, ки баъдан дар «Шоҳнома» ба таври барҷаста намоён гардидааст.

Хулоса, устод Рӯдакӣ тариқи шеъри ҳикматӣ аз суханварони муосираш болотар, рӯшантар ва амиқтар ҷомеаи инсонӣ, ҷаҳон ва кайҳонро мавриди тасвир қарор додааст. Ба ин маъно, қофиласолори шеъри ҳикматии форсӣ- тоҷикӣ устод Рӯдакист. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҳикмати ин марди бузург боқӣ мондааст ва ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд, чунки ҷавҳари онро хирад ва дониши созандаи инсонӣ ташкил мекунад. Рӯдакӣ чаҳор чиз (ҷисми солим, кирдори нек, номи нек ва хирад)-ро барои озодагон тавсия ва таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,

Ҳар он кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад.

Ин чаҳор чизе, ки Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму руҳи инсониро мукаммал месозанд ва ба инсон неруи тоза мебахшанд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба устод Рӯдакӣ ба унвони яке аз нобиғагони умумибашарӣ нигариста, таҳқиқу таълими осори ӯро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар роҳандозӣ намудааст. Нашриётҳои кишвар ашъори ӯ ва таҳқиқотро дар бораи ӯ пайваста ба чоп мерасонанд. Дар Тоҷикистон муассисаву идораҳо, ноҳияву хиёбонҳо ва созмону ташкилоти зиёде ба номи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шудаанд, ки аз эҳтиром ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба шахсият ва осори ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва эҷодиёти ӯ дар сарзамини аҷдодии ӯ ҳамеша устувору пойдор будааст.

Ба қавли устод Рӯдакӣ:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Май бирезад, нарезад аз май бӯй.

 

Ситора ШОДИЕВА,

раиси Шурои занон ва донишҷӯдухтарони

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова