Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
single-product

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

2025-09-05 19:55:30

Истиқлоли давлат муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Истиқлоли давлатӣ мояи ифтихору саодати мо буда, сароғози эҳёи тозаи кишвар аст. Он дар замири ҳар як ҷавон эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо ворисон аст, зиёд намуд.

Дар шароити муосир, давлатҳои ҳамҷавор, ки баҳри ҳадафҳои геополитикиашон имрӯзҳо таҳдид ба истиқлоли сиёсӣ доранд мо бояд дар чуни шароити ҳасос зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зеро ҳифзи воҳидҳои марзию маъмурӣ, суботи сиёсӣ ва таъмини истиқлолу озоди вазифаи авалиндараҷаи мо хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар шароити муосир замоне бо самар мемонад, ки мо қудрати ҳамешагии худро дар чунин шароити ҳасоси вазъи геополитикии давлатҳои ҳамҷавор бо мутаҳидию сарҷамъи баҳри ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва бақодории давлат истифода барем, чунки хушбахттарин миллат онест, ки фарзандҳояш ғами уро мехурад. Зимнан баяд гуфт, ки аз ҳама чизи бадбахти барои инсон ин беватани аст.

Ватан мояи ифтихор, сарҷамъию хотироти болидарўҳи ва нангу номуси миллат аст. Дар тамоми давраҳои таърих, дар матнҳои муқаддас ва осори илмӣ масъалаи “Ҳифзи Ватан” мавриди истифода қарор гирифтааст, ки он бузургтарин орзуи инсон ва беҳтарин подошти он мебошад. Барои ҳифзи ҳамешагии “Тоҷикистони азиз” дар шароити тағйирпазирии ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат гирд омада иқтидори қудрати миллии хешро сарҷаъмона баҳри ҳифзи олитарин неъмати миллӣ Истиқлоли давлатӣ истифода барем.

Тоҷикистони азизи мо бо таърихи куҳан, тамаддуни бузург ва табиати зебояш яке аз кишварҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад. Истиқлоли давлатӣ ба мо имконият дод, ки сарзамини худро соҳибӣ намоем, онро ободу зебо гардонем ва арзишҳои миллии худро эҳё кунем. Аммо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо-Истиқлол ва якпорчагии марзи Ватан, ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, марзу буми онро бо тамоми ҳастӣ ҳимоя кардан лозим аст.

Марзи давлатӣ танҳо як хатти ҷуғрофӣ нест, балки марзи Ватан-марзи номуси миллӣ ва шарафи миллат аст. Он бо хуни фарзандони шуҷои ин сарзамин ҳифз гардида, рамзи озодии давлату миллати мост. Ҳар як қитъаи марзи Тоҷикистон аз замонҳои қадим то ба имрӯз шоҳиди набардҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои миллат буда, бо ҳиммату иродаи қавии онҳо нигоҳ дошта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муқаддас будани Ватан ва ҳифзи марз чунин гуфтаанд: «Мо бояд шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ кунем ва баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ободии Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша омода бошем».

Ин суханон ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, онҳо дарк намоянд, ки ҳифзи Ватан танҳо вазифаи низомиён нест, балки рисолати муқаддаси ҳар як инсон аст.

Дар ҳифзи марзу бум ва пойдории Истиқлоли давлатии кишвар нақши ҷавонон бориз аст. Зеро, ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлатанд. Миллате, ки ҷавонони бофарҳангу ватандӯст дорад, ҳамеша устувору қавӣ хоҳад монд. Барои ин, ҷавонон бояд таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллии худро хуб донанд, ифтихори миллӣ дошта бошанд ва дар ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки "Ҷавонон неруи созанда ва муҳофизи давлату миллатанд, онҳо бояд масъулияти худро дар назди Ватан ва миллат дарк намоянд".

Ҳар як ҷавон, хоҳ дар арсаи илм бошад, хоҳ дар соҳаи саноат ё кишоварзӣ, бояд бо меҳнати худ барои пешрафти кишвар саҳм гузорад. Зеро ҳифзи Ватан танҳо бо туфанг нест, балки бо дониш, бо фарҳанг ва бо меҳнати содиқона низ сурат мегирад.

Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдат ва ҳамбастагӣ-омили муҳимми ҳифзи марзу буми Ватан мебошад. Танҳо миллати муттаҳид бо ҳамбастагӣ метавонад Ватани худро муҳофизат намояд. Агар мардум ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ дошта бошанд, ҳеҷ қуввае наметавонад Истиқлоли давлатиро халалдор созад.

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлол – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи муҳимтарин ва рисолати ҷонии ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст. Расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи хушбахтиҳои бепоёне мебарад.

Истиқлол ва зарурати таҳкими дастовардҳои он мо, ҷавононро водор месозад, ки хотираи таърихии худро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллиро ба таври дақиқ омӯхта, давлати худро рушд диҳем ва миллатамонро ба зиндагии шоистаю арзанда расонем. Таърихи пурифтихори миллати сарбаландамон нишони он аст, ки андешаи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд ва маҳз ҳамин андеша моро имрӯз ба ин шоистагию комгорӣ расонид.

Некрӯз НАБИЕВ, мудири шуъбаи ғоибонаи

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова