Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОРРУПСИЯ - МУШКИЛОТИ ИМРӮЗИ ҶОМЕА
single-product

КОРРУПСИЯ - МУШКИЛОТИ ИМРӮЗИ ҶОМЕА

2025-09-22 08:41:29

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.

Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, имрӯз ҳам ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил гардидааст. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: «коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».

Муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода, онро зуҳуроти номатлубе медонанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».

Сабаб ва омилҳои асосии афзоиши коррупсия дар ҷомеаи моро коршиносони масоили иқтисодӣ, аз як тараф, дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он медонанд. Ба назари коршиносони соҳа, коррупсия-яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон коррупсия-боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста месозад. Ғайр аз ин, коррупсия-табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.

Бояд қайд намуд, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, соли 2003 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9 - уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.

Тавре ки ба мо маълум аст, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.

 

Акбаров О.,

омузгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ