Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-02-21 14:40:16

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТӢ МИЛЛӢ

Пас аз соҳибистиқлол гаштани кишварамон барои ҳимояи марзу бум ва амнияти халқ Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 32-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунанд. Агар ба таърихи сиёсӣ ва давлату давлатдорӣ назар андозем, ҳанӯз аз замонҳои пеш ҳар як роҳбарияти олии давлат ба артиш, қушуну ҳолати мудофиавии мамлакти худ диққати ҷиддӣ зоҳир менамуданд. Пайдоиши артиш дар ибтидои асри XIX қайд карда мешавад. Пеш аз ин давра, ташаккули неруҳои хушкигард, ки вазифаҳои стратегиро дар амалиётҳои ҳарбӣ иҷро мекарданд, одатан як артиши амалкунандаро ташкил медоданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш иброз доштанд: “Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд”.

Воқеан, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эътимоду боварии комил доранд. Зеро, медонанд, ки барои таъмин намудани суботу оромӣ, нақши ин ниҳоди қудратӣ бағоят бузург аст. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста аз рӯйи амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои суботу оромии ҷомеа талош меварзанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ зимни боздиду мулоқотҳояшон бо хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии навтаъсисе, ки дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ воқеанд, афсарону сарбозон-муҳофизони Ватанро ба дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу дастовардҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят намуда, дар ин роҳ бо таъкид ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, изҳор мекарданд, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳифзу мудофиаи якпорчагии Тоҷикистони азизро вазифаи фарзандиву ҷавонмардӣ донанд.

Раванди то рафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафи чунин гурӯҳу созмонҳо ташвишовар мебошад. Дар ин маврид, бояд хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода маърифати сиёсию ҳуқуқии худро боз ҳам тақвият бахшанд. Чуноне, ки Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш пайваста, иброз медоранд: “Вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст”.

Дар замони муосир, ки бархӯрди абарқудратҳо возеҳу равшан ба назар мерасад, дар навбати аввал, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ дар мадди аввал истода, аз хизматчиёни ҳарбӣ масъулияти бештарро талаб менамояд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, кафили сулҳу субот, озодиву Истиқлол, ваҳдату ҳамдилӣ ва ойинаи пурҷилои миллат тоҷик мебошад.

Давлатзода Ҷамила, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, доктори илмҳои педагогӣ

 

2025-02-21 14:29:41

ТАҚДИМИ КИТОБ БА САРБОЗИ ВАТАН АЗ НОМИ РАИСИ КУМИТА АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ

Дар доираи аксияи “Китобҳо барои муҳофизони Ватан”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон идома дорад, китоб бо дастхат аз номи академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба тахсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбози шуҷои Ватан тақдим гардид.

2025-02-21 14:24:28

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КУМИТА

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ сипари боэътимоди ватан” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода, Алишер Ализода, сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Файзизода, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод”, - гуфт Раиси Кумита.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбии худ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имтиҳони ҷиддии ҳаётро паси сар намудаанд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил будани худро собит намудаанд.

Дар идомаи ҳамоиш Саъдӣ Файзизода, сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, қайд кард, ки Сарфармондеҳи Олиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд, ки “Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст”.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд, зеро сол аз сол беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад”, - гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада, ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Дар ҳамоиш чанде аз кормандони дастгоҳи марказии Кумита суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, Артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона менамоянд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад.

Дар хотимаи ҳамоиш Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Файзизодаро ба хотири ҳамкориҳои судмандашон бо Кумита бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуданд.

 

 

 

 

2025-02-20 10:29:40

АРТИШИ МИЛЛӢ - ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва кӯшишҳои шабонарӯзиву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат генерали - артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамасола 23 - февралро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо шодию нишоти беандоза ва масъулияти баланди меҳандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд.

Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон огаҳӣ дорем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъсиси Артиши миллӣ заминаҳои моддиву техникӣ ва умуман он чизе, ки зарур буд, вуҷуд надошт. Кишварро нооромӣ, ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибтаҷриба тақрибан вуҷуд надоштанд.

Дар ҳамин ҳолати сангину мушкил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба кӯшишу талош ва матонати мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик ба бунёду таъсиси Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон шуруъ намуданд. Дар чунин ҳолати ногувор ва пур аз мушкилоту таззод 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти ҳарбии Артиши миллӣ баргузор шуд ва афсарону сарбозони содиқу сарсупурдаи асили Ватан бо ифтихор ва эҳсосоти баланди ватандӯстӣ аз он сарбаландона гузаштанд.

Бояд зикр намуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз аз бисёр имтиҳону озмоишҳои душвору сангин бо масъулияти баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро ботантана адо намуданд. Бо азму талошҳо ва кӯшишҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 32 соли мавҷудияти Артиши миллӣ тағйироти кулливу ҷиддӣ ба миён омада, шароити хубу арзандаи муносиб барои афсарону сарбозони шуҷои ватан таъмин гардидааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат, худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”. Ин нуктаи муҳимро низ дарҷ намудан лозим аст, ки имрӯз мо қудрату иқтидори Артиши миллиро тавсиф намуда, ҳаргиз ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шуҷои дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва тамомияти арзии давлат ҷонбохтаро надорем. Ин ҷавонмардони шуҷои Ватан барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои супориши ҳарбӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, амният ва сулҳу суботро дар мамлакат таъмин намуданд. Пешвои миллат дар раванди татбиқу амалисозии барномаҳои ислоҳоти сохторӣ ба масъалаи тақвияти иқтидори ҷангии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба бунёду азнавсозии иншооту биноҳои зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сурқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Бо итминон метавон гуфт, ки шароити беҳтарини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фазои сулҳу субот, назму тартиби хизматчиёни ҳарбӣ ҳар як ҷавони тоҷикро вазифадор месозад, ки барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, муқаддасоти миллӣ ҳифзи якпорчагии Ватан аз мактаби ҷавонмардии Артиши миллӣ гузашта, обутоб ёбанд. Ҳамчунин, ба муқобили ашхоси бадхоҳу ғаразнок ва душманони давлату миллати тоҷик матину қавиирода бошанд ва бо ҳам дӯст, иттифоқ ва якдилу якмаром бошанд.

Имрӯз, бо боварии комил гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд.

Неъматулло ФАТТОЕВ,

директори Литсейи касбии политехникии шахри Душанбе

 

2025-02-20 10:27:59

АРТИШИ МИЛЛӢ - МЕҲВАРИ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

Рузи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Пос дорам, мисли модар номи некат эй Ватан.

Дар ҳақиқат, Ватан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳумаш тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат ҷойгузин мебошад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи худ ва пайвандонашро дӯст дорад, ба он муҳаббат ва садоқати беназир дошта бошад ва арзишҳои миллиашро ҳифз намояд. Мо, тоҷикон сарфароз аз он бошем, ки кишвари соҳибистиқлол дорем. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони чун як кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф шуд ва дорои рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил гардид. Ифтихор аз он барем, ки дар чунин кишвари ободу, зебо ва осоишта ҳаёт ба сар мебарем. Миллати мутамаддини тоҷик таърихи беш аз 6 ҳазорсола дорад.

Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад». Яъне, имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки тоҷикон бо эҳё ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ва андӯхтаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми сайёра гардидаанд.

Таҷрибаи таърихи башар собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи хеш мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва ҳамзамон Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлолиятро дар бар мегирад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии миллат ва манфиатҳои миллӣ низ мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм ва экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ, алалхусус Артиши миллӣ зарурияти ҳар давру замон ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, ҳамчун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 34 соли соҳибистиқлолӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигармасъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввали ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститусионӣ, ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.

Аз хотир бояд набаровард, ки солҳои 90-уми Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон доданд, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлолият расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Мутаасифона дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифта буд. Бо сабаби бӯҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муясар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Артиши миллии кишвар ташкил карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиашон баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллатдар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал ба як қувваи бузург табдил ёфт.

Имрӯз мо - қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавоноро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавли насли ояндасози кишвар омили дар боргоҳи таърих боқӣ мондани давлату миллат шуда метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама аз таъмини амният дар сарҳади марзу буми кишвар вобастагии зиёдеро ба бор меоварад. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа низ имрӯз аз хизматчиёни сафи Артиши миллӣ тақозо менамояд, ки зираку ҳушёр бошанд, зеро амнияти тамоми кишвар ва миллат ба онҳо гузошта мешавад.

Ҳукумати кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарорнамудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Сияҳаков Сафаралӣ сардори раёсати таълими Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе н.и.т. дотсент,

 

2025-02-20 10:26:53

РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат 28 декабри соли 2024)

Иқтисоди рақамӣ ва рушди он имрӯз дар ҷаҳон марҳилаи наверо оғоз намудааст, ки ба инкишофи техникаю технология ва интернет алоқаманд мебошад. Яке аз модели нави иқтисодӣ ин иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аҳамияти калон дорад.

Дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, пешгирикунандаи омилҳои коррупсионӣ мебошад. Давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия тавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузорем.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ; то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ; рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ; истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ; андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот; ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ; рақамикунонии низоми молияи давлатӣ; таҳрир ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ дар низоми рақамикунонӣ.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. Бо мақсади расидан ба чунин ҳадафҳои созанда ва ба ин васила рушд бахшидан ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми имсола пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ намоем. Зеро, ташкили технологияҳои рақамии ватанӣ имкониятҳои нави рушди иқтисодиётро фароҳам оварда, боиси пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахасисони самти технологияҳои рақамӣ қайд намуданд, ки “муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

Рақамикунонии иқтисодиёт бо автоматикунонии амалиётҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва истеҳсолот алоқамандии зич дошта, тавассути барномасозиҳои компютерӣ ва расонаҳои интернетӣ амалӣ карда шуда, имкон медиҳад, ки арзиши аслии молу маҳсулотҳо паст ва мониторингҳои арзёбии сатҳ ва сифати онҳо гузаронида шаванд. Инчунин, самаранокии онҳо таъмин ва таҳлилу муқоисаҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, хулосаю пешниҳодҳо бароварда шаванд. Такя ба дoнишҳoи нав ва аз худ кардани технoлoгияи муocир, рушд дoдани хизматраcoнии интернетӣ барoи рушди минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани cифати аҳoлӣ заминаи уcтувoр мегузoрад.

Вобаста ба пешрафти инноватсия бояд қайд кард, ки мафҳуми “инноватсия” (аз калимаи англисии “innovation”) навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон вобаста ба рушди инноватсия ба ҷавонони кишвар такя намуда, қайд намуданд, ки “....ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.

Рушди инноватсия имрӯз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд ва аз технологияҳои муосир ба таври самаранок истифода бурда, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияҳо ошно созанду дар ихтироъкориву навоварӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз намоянд.

Хушбахт ҲАКИМЗОДА, муовини сардори Раёсати молия,

банақшагирӣ ва муҳосибот-сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита

 

2025-02-17 10:35:30

ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки “Терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Новобаста аз он ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ, ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шуда, шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Мардон БУХОРИЗОДА,

сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ

 

2025-02-09 16:20:43

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба мариҳила муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизотҳои муосири технологияи иттилоотӣ таъмин гардиданд. Омӯзишӣ технологияи иттилоотӣ нисбат ба даврони шӯравӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, хонандагону донишҷӯён аз рӯи ин фан дар олипиадаҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Технологияҳои иттилоотӣ дар асоси интернет, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва системаҳои зеҳнии компютерӣ ба насли оянда имкониятҳои паҳнкунии озодонаи донишҳо ва маълумоту маводи гуногунро фароҳам меоранд. Ба ин насл зарур аст, ки худро ба муҳити нави иҷтимоӣ мутобиқ гардонад, муҳите, ки дар он иттилоот ва донишҳои илмӣ омилҳои асосии муайянкунандаи иқтидори ҷамъият ва дурнамои рушди он бошанд.

Технологияҳои иттилоотиро ҳамчун унсур ва функсияи ҷамъияти иттилоотӣ, ки ба танзим, нигаҳдорӣ, дастгирӣ ва такмили системаи идораи ҷамъияти нави шабакавӣ равона шудааст, баррасӣ кардан мумкин аст.

Ба маънои васеъ, технологияҳои иттилоотиро ҳамчун системаи методу усулҳои ҷамъоварӣ, андӯхт, нигаҳдорӣ, ҷустуҷӯ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумот, иттилоот ва донишҳо бо истифодаи воситаҳои дастгоҳию барномавӣ ва мувофиқи талаботи пешгузоштаи истифодабарандагон фаҳмидан лозим аст.

Технологияҳои иттилоотӣ фаъолгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ҷамъиятро, ки имрӯз омили муҳимми стратегии рушди он ба шумор мераванд, имконпазир мегардонанд. Он мутобиқгардонӣ ва дар бисёр ҳолатҳо автоматикунонии ҷараёнҳои иттилоотиро, ки солҳои охир дар фаъолияти ҷамъиятии инсон мавқеи зиёд касб мекунанд, имконпазир месозад.

Дар баробари воситаҳои анъанавии алоқа (телефон, телеграф, радио ва телевизион), дар соҳаи иҷтимоӣ системаҳои телекоммуникатсияи электронӣ, почтаи электронӣ, фиристодани иттилоот тавассути алоқаи факсимилӣ ва намудҳои дигари алоқа васеъ истифода бурда мешаванд. Ин воситаҳо ба фарҳанги ҷамъияти муосир зуд мутобиқ мешаванд.

Асри XXI барои он асри «техника ва технология» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад.

Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз дар ҷараёни зеҳникунонии ҷамъият ва пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг мавқеи марказиро касб мекунанд. Методҳои муосири омӯхтан ва андӯхтани донишҳо дар назарияи зеҳни сунъӣ, методҳои моделсозии иттилоотӣ ва графикаи маърифатии компютерӣ асос ёфтаанд, ки онҳо ҳалли вазифаҳои душворбаёншаванда, инчунин, вазифаҳоеро, ки иттилооти нопурра ва маълумотҳои ибтидоии норавшан доранд, имкопазир мегардонанд. Аҳамияти барои марҳилаи муосири пешрафти ҷамъият комилан муҳимми рушди технологияҳои иттилоотӣ аз он иборат аст, ки истифодаи онҳо барои ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният, пеш аз ҳама, масъалаҳо вобаста ба зарурати бартараф намудани буҳрони тамаддуни глобалӣ, ки аҳли оламро дар ташвиш гузоштааст, ба таври назаррас мусоидат карда метавонад.

Он давлатҳое, ки воситаҳои муосири комму¬никатсияи компютерӣ ва шабакаҳо, технологияи иттилоотӣ ва сис¬темаҳои идораи захираи иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба комёбиҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд. Дуруст аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандист.

Вобаста ба ин, мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Бо ҳамин хотир, мо мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муоссир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи хешро, барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, саҳми арзишманди худро гузорем.

Сафаров У. Ҳ.

мудири бахши назорат ва

таъмини сифати таҳсилоти

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

2025-02-09 16:19:27

РУШДИ ФУТБОЛ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ вобаста ба баланд бардоштани соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ суханронӣ намуда, барои рушди он ба масъулони соҳа дастурҳои мушахас додаанд.

Тавре ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Хушбахтона, имрузҳо бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушду инкишофи варзиш тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар мамлакат, аз ҷониби мақомотҳои иҷроия садҳо бинову иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин боз ҳам барои дар роҳи ҳаёти солим тарбия кардани ҷавонону наврасон нақши муҳим мебозад.

Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин бор 10-уми феврали соли ҷорӣ пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад. Ин пешниҳод, ки расман эълон гардид, якбора ҳам мухлисон ва ҳам ҳаводорони рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба ҳайрат овард ва он на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷаҳониёнро низ мутаҳайир намуд. Ҳамин тариқ 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд.

Маҳз ин қатъномаи пешниҳодгардида нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, инчунин ассотсиатсияҳои марбутаи онҳо дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд. Ин қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст. Метавон гуфт, ки баҳри баланд бардоштани варзиши касбӣ ва маҳорати дар ин самт равонагардида, амали варзишгар бештар дида мешавад ва дар ин самт нерӯи қавӣ рисолати ҷавонмардӣ ва ҳуввияти миллӣ низ вазифаи муҳимро мебозад.

Ҳамин аст, ки Маҷмааи Умумии СММ қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта шуд. Ин лаҳзаи хотирмон дар таърихи миллати варзишдӯсти тоҷик нақш баст. Солҳо мегузарад, аммо пешниҳоде, ки вобаста ба рушди соҳа ҷаҳонро фаро гирифт дар хотираҳо нақши бориз мегузорад. Акнун ҳар як варзишагари асили миллатро мебояд, ки риояи талаботҳои ҷойдошта ва қоидаҳои буду боши раванди баргузории бозиҳои варзиширо пайхас намуда, баҳри муаррифии Тоҷикистон дар самт бештар талош намояд.

Бахтиёр КАМОЛОВ, директ ори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

2025-02-09 16:06:20

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе 7-уми феврали соли 2025 бо иштироки директори муассиса, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳимзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир ва кормандону донишҷӯёни муассиса ба муносибати ҷашни аҷдодии Сада чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Коллеҷ аз ҷониби садоратони факултетҳо хони идонаи ҷашни Сада ороста гардида, гулхан фурӯзон шуд.

Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, чунин изҳор дошт: "Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти таърихию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари идҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон, ҷашни Сада дар низ кишвари маҳбубамон дубора эҳё шуда, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад."

- Ҷашни Сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ба ақидаи мардум, дар ин вақт сармо ба авҷи худ мерасад ва баъдан, рӯ ба эътидол меорад. Ин рӯзро муҳаққиқону олимони соҳа Обонрӯз низ меноманд, - чунин зикр кард Зоир Ғафурӣ.

Дар идома профессор Саъдӣ Қосимӣ доир ба муҳимму таърихӣ будани ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он ба ҳамагон маълумот дод.

Сипас, аз ҷониби дастаи ҳунарии Коллеҷ барномаи хотирмони фарҳангӣ, ки фарогири суруду рақсҳои тоҷикона ва дигар бахшҳои рангин буд, дар сатҳи баланд пешниҳоди ҳозирин гардид.

Дар охир аз ҷониби раёсати Коллеҷ чун анъана ба ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, роҳбарон ва волидайни онҳо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Меҳмонон ва ҳозирин ба рафти чорабинӣ баҳои баланд доданд.

 

2025-02-09 16:03:53

“ТАХТИ САНГИН” - НИШОН АЗ ТАМАДДУНИ ВОЛО ВА ТАЪРИХИ КУҲАНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки танҳо соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёбад. Ҳадафи ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.

“Тахти Сангин” яке аз ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон, дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқ Ш.Раҳмонов “Тахти Сангин” (Утар қала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва куҳдомани Тоштеппа, аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғафс пушонида шудааст.

Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносон маълум гардидааст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст. Аз ин лиҳоз олимон онро “Тахти сангин№ номиданд. Азбаски ёдгории мазкур ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) пойтахти империяи Ҳахоманишиён шабоҳат дошт, дар номгузорӣ ба он низ пайравӣ карданд. “Тахти Сангин” мавзеи таърихиест, ки маъбад шаҳрак унвон гирифта, ба асрҳои IV пеш аз милод ва II милодӣ тааллуқ дорад. Ин ёдгории пурарзиш аз ҳунари волои меъмории шаҳрсозии ачдодонамон дарак дода, муаррифгари таърихи як гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қиммати баланди таърихӣ доштани “Тахти Сангин”-ро олимони ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ва Ҷонибеки Асрориён низ таъкид намуда чунин нигоштаанд: “То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ ба эҷоди тамаддуни бесобиқа қодиранд”. Дар нимаи дуюми асри Х1Х тоҷирони бухороӣ аз сокинони маҳаллӣ дар бораи бозёфти “Тахти Сангин” хабардор шуда онро харидорӣ намуданд. Сипас барои тиҷорат суи Ҳиндустон равона гардиданд ва “Хазинаи Амударё” аз ҷониби заргарони ҳинду ва амалдорони бритониягӣ харидорӣ шуданд. Баъди чанд сол бозёфти мазкур моли Осорхонаи миллии Британия гардид. Ин бозёфтҳо бозгӯи соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ будани халқи тоҷик аст. Маврид ба зикр аст, ки номи “Хазинаи Амударё” - ро ба бозёфтҳои “Тахти Сангин” муҳақиқи англис О. М. Далтон гузоштааст. Ӯ нахустин муҳаққиқест, ки дар бораи ин бозёфт таҳти унвони “Ганҷинаи Амударё” соли 1905 рисолаи алоҳида навишта ба он баҳои баланд дода буд. Ба иттилои муаллифони китоби “Қубодиён”- Қуввати Доро, Фозили Абдуррашид, Қиёмиддин Сатторӣ бошад, барои кашфи ёдгории “Тахти Сангин” дар сафарномаи сайёҳ ва афсари рус Н. Маев ҳамчун раҳнамо ба пажуҳишгарони баъдинаи осори бостонӣ ахбори муҳиме гирд оварда шудааст, ки он имконият дод, то ки макони аслии “Хазинаи Амударё” муайян гардад. Дар қарни ХХ бошад маълумотҳои муҳим аз ҷониби бостоншиноси шуравӣ М. М. Дяконов низ ба даст оварда шуданд. Инчунин, ҳафриётҳои натиҷабахши бостоншиносӣ зери роҳбарии бостоншиносони барҷастаи шуравӣ А. М. Менделштам, Б.А Литвинский, И.Р Пичикян ва дигарон ҷиҳати кашфу муаррифӣ намудани ёдгории “Тахти Сангин” гузаронида шуда тадқиқоти пурарзиш роҳандозӣ гардидаанд.

Хушбахтона дар замони имрӯза низ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи “Тахти Сангин” идома ёфта истодааст. Қобили ёдоварист, ки “Тахти Сангин” ба номгуйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз Ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско сабт гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба 2500 – солагии шаҳраки бостонии “Тахти Сангин” 11 ноябри соли 2021 дар чаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Руйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки Юнеско дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, дохил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳо ва суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастурҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд. «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.

Азимзода Нусратулло Абдулло, сардори идоракуни сифати таҳсилоти Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории шаҳри Бохтар

 

2025-02-04 19:59:52

ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ 10 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ОМОДА ГАРДИД

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кадрҳои соҳибкасб омода карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он фаъолиятро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои миллӣ ва соҳавӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2024 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ барои пешбурди фаъолияти корӣ Кумита 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва лоиҳаҳои дигари санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, барои баррасӣ пешниҳод шудаанд. Аз ин теъдод 4 санад, аз ҷумла Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, стандарҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Ҳамзамон, Стандарти салоҳият ва барномаҳои таълимии модулии 31 касбу ихтисос таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фиристода шуданд.

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсилот дар 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаи таълимӣ, инчунин 70 нақшаи таълимии равияҳои техникӣ ва технологӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Айни замон, нақшаҳои таълимии равияҳои фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди таҳлилу корбарӣ қарор доранд.

“Дар соли таҳсили 2024 - 2025 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 453 нафар хонанда қабул шудааст, ки 100 дарсади иҷрои нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ин муассисаҳо 23 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2023 - 2024 беш аз 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд”, - иттилоъ дод академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ин давра 12 000 нафар шаҳрвандон аз рӯйи 50 касбу ҳунар курсҳои кутоҳмудатро хатм намуданд, ки аз ин 1 ҳазору 484 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 106 000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

2025-02-04 19:58:17

НИШАСТИ МАТБУОТИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 4 феврали соли 2025 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо иштироки директори муассиса, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, роҳбари сохторҳои Коллеҷ ва доираи ивасеи хабарнигорон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назаррас дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, такмили заминаи моддиву техникии коллеҷ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ноил гардид. Зикр гардид, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар соли гузашта як қатор ташаббусҳои муҳими омӯзишӣ ва илмию методиро амалӣ намуда, мавқеи худро дар низоми таҳсилоти тиббии кишвар мустаҳкамтар гардонидааст.

Баъд аз пешниҳоди ҳисоботи расмӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро матраҳ намоянд. Журналистон бештар ба мавзӯъҳои марбут ба сифати таълим, дастгирии иҷтимоии донишҷӯён, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақшаҳои ояндаи коллеҷ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ҳамаи саволҳо бо ҷавобҳои мушаххас ва муфассал посух дода шуданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро ва мусбат ҷараён гирифта, имконияти хуберо барои боз ҳам мустаҳкамтар шудани ҳамкориҳо миёни муассисаи таълимӣ ва ҷомеаи журналистӣ фароҳам овард. Роҳбарияти коллеҷ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки чунин чорабиниҳо барои инъикоси воқеии фаъолияти муассиса ва беҳтар намудани иртибот бо ҷомеа мусоидат мекунанд.

2025-02-04 19:55:59

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори Коллеҷ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо ва дигар сохторҳои Коллеҷ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2024 бо доираи васеи рӯзноманигорони маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Омӯзгорону кормандони муассиса дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб то имрӯз як чанд корҳоро ба анҷом расонидаанд, - иброз дошт директори Коллеҷ.

Таъкид гардид, ки дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 шумораи умумии кормандон 116 нафарро буда, аз он 90 нафарро омӯзгорон ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаро 399 нафар хатм намуданд.

Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар ҳар ҷашну маросим аз ҳолу аҳволи қишри ниёзманди ҷомеа дидан намуда, то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддии худро мерасонад. Аз ҷумла, дар арафаи ҷашни пуршукуҳи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба аёдати омӯзгорони собиқадор, ки солҳои зиёд дар коллеҷ фаъолият кардаанд ва шогирдони зиёдро ба воя расонидаанд, рафта, бо аҳли оилаи эшон вохӯрда, туҳфаҳои хотирмонро тақдимашон карданд.

Дар соли 2024 дар самти ободонӣ дар муассиса чунин корҳо ба сомон расонида шуданд:

Дар асоси мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ҳайати омӯзгорон ва кормандони хоҷагӣ дар муассиса ва дигар қитъаҳои ба он вобастакардашуда ҳашарҳои дастаҷамъона мегузаронанд.

Дар бахши саволу ҷавоб рӯзноманигорон оид ба самтҳои мухталифи муассиса савол дода, аз ҷониби директори муассиса ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

2025-02-04 19:52:36

РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУМИТА ТАВСЕА МЕЁБАНД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Кумита бо мақсади муҳокимаи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, мубодилаи маълумот дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди соҳа, баррасии масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва самтҳои стратегӣ, муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои оянда, бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, муассисаҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд мулоқотҳои судмандро ҳам дар шакли ҳузурӣ ва видеоконференсия баргузор намуд.

“Дар соли 2024 мулоқоти ҳузурӣ ва видеоконференсияҳо бо намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ТИКА, JICA, KOICA, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд баргузор гардиданд, ки ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳа, ҳамкориҳои муштарак ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба рушди соҳа равона шуданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) аз 3 то 10 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи "Ҳамкории мутақобилаи системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои ИДМ" доир гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои узви ИДМ маҳсуб ёфта, ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар он коршиносони хориҷии соҳа дар ҳайати умумии 25 нафар аз кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон даъват шуданд. Дар рӯзи пӯшидашаваии Мактаби илмӣ-омӯзишӣ ба иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ сертификатҳо тақдим гардида, ширкаткунандагон бо таассуроти нек ва эҳсоси қаноатмандӣ ба кишварҳои худ баргаштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба тамоми паҳлӯҳои фаъолият саволгузорӣ намуда, аз ҷониби Раиси Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд.

2025-02-04 19:49:13

ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаик асбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, мудири шуъбаи илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ 33 рӯзноманигор аз АМИТ "Ховар", телевизионҳои "Тоҷикистон", "Ҷаҳоннамо", "Сафина", "Илм ва табиат", "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", "Душанбе", "Баҳористон", радиоҳои "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар", нашрияҳои "Ҷумҳурият", "Халқ овози""Садои мардум", "Ҷавонони Тоҷикистон", "Истиқлол", "Фараж", хабаргузории "Азия плюс", сомонаҳои "Авеста" ва Oila.tj иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кадрҳои соҳибкасб омода карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки тибқи дурнамои он ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳарчи бештар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Маврид ба зикри хос аст, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 таъсис дода шуд.

 

2025-02-04 07:54:00

РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сармояи инсонӣ ва калиди пешрафти иқтисодӣ буда, ҳифзи тандурустии мардум на танҳо вазифаи иҷтимоӣ, балки омили асосии тақвияти нерӯи миллӣ ва солимии ҷомеа аст.

Таъкид шуд, ки рақобати солим байни бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ метавонад, сатҳи хизматрасониҳоро баланд бардошта, ба беҳбудии сифати табобат мусоидат кунад. Дар идомаи суханронии худ, Президенти кишвар афзуданд, ки таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, аз вазифаҳои асосии давлат боқӣ мемонад. Дар доираи ислоҳот, ворид намудани технологияҳои пешрафта ба муассисаҳои тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани малакаи мутахассисон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.

Ҳадафи асосии давлат беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад, ки ин метавонад, боиси солимии миллат ва рушди бомароми кишвар гардад.

Бо пайравӣ аз дастурҳои Пешвои миллат, мо кӯшиш менамоем, ки ҳар рӯз бо истифодаи ҳама захираҳои моддию маънавӣ сатҳи дониши донишҷӯёнро баланд бардошта, кадрҳои баландихтисос ва сазовори ояндаи миллатро тарбия намоем.

Аёмҷони МАҲМАДШАРИФ, мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

 

2025-02-04 07:52:19

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои хеш, ҳамеша масъалаи ҳифзи тандурустӣ ва пешрафти соҳаи тибро яке аз афзалиятҳои стратегии сиёсати давлат меҳисобанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин баробари ин Сарвари давлат ҳамеша таъкид намуд, ки дастрасии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ муҳим аст. Бинобарин, дар солҳои охир муассисаҳои тиббӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони тиббӣ тавассути курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти зиёд дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир садҳо маркази тандурустӣ, беморхонаҳо ва марказҳои ташхисӣ бунёд шудаанд. Тавассути барномаҳои миллӣ ва иқдомҳои давлатӣ сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вараҷа ва сили шуш, назаррас коҳиш ёфтааст.

Боиси ифтихор аст,ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд.

Ҳуснигул КАРИМОВА ,

мудири кафедраи фанҳои тахассусии Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик