Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > «ШОҲНОМА»: ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҲАР ХОНАДОН
single-product

«ШОҲНОМА»: ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҲАР ХОНАДОН

2025-12-08 10:38:23

«Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони форсу тоҷик дар тӯли ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад. Чунон ки худи шоир дар асараш таъкид мекунад, ӯ тавассути ин китоб Аҷамро бо порсӣ зинда кард. Ин аст, ки имрӯз низ «Шоҳнома» барои ҳар фарди тоҷик рамзи ҳастии миллӣ ва пояи худшиносӣ ба шумор меравад.

Дар ҳамин замина, иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдим намудани «Шоҳнома» ба ҳар хонадон ҳамчун туҳфаи фарҳангӣ ва маънавии беназир аҳамияти хеле бузург дорад. Ин амал агар аз як тараф арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва эҳтироми гарму самимӣ ба фарҳанги миллӣ бошад, аз тарафи дигар, дурнамоест, ки ба тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан ҷавонон, таъсири амиқ мерасонад. Туҳфа шудани чунин китоб ба ҳар хонадони кишвар маънои онро дорад, ки ҳар оила бояд дорои ганҷинаи хирад ва таърих бошад, то фарзандони ин миллат бо пояи устувори маънавӣ ба воя расанд.

Гузашта аз ин, дар шароити ҷаҳонишавии пуртаҳаввул, ки ҳар рӯз арзишҳои гуногуни бегона ба зеҳни ҷавонон роҳ меёбад, баргузидани «Шоҳнома» ҳамчун китобе, ки бояд дар ҳар хонавода бошад, иқдоми басо дурандешона аст. Зеро он китобест, ки дар ҳар мисрааш рамзҳои накӯкории инсонӣ, чун адолат, шуҷоат, ифтихори миллӣ, дӯстӣ, вафодорӣ ба ватан ва ҳифзи истиқлолият хеле ҷолибу таъсирбахш инъикос ёфтаанд. Симои ҳар қаҳрамони «Шоҳнома» паёми хоси тарбиявии худро дорад, ки барои тарбияи ахлоқии кӯдакон ва ҷавонон аҳамияти калон дорад.

Дар фазои оила, вақте чунин китоб метавонад мавриди мутолиаи муштараки волидайн ва фарзандон қарор гирад, эҳсоси пайванди наслҳо тақвият меёбад. Аз мубодилаи андешаҳо дар атрофи қаҳрамонҳои таърихӣ ва достонҳои пурпечутоби китоби Фирдавсӣ муҳити фарҳангӣ, гуфтугӯи созанда ва таҳкими робитаҳои маънавии оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Дар чунин хонаводаҳо фарзандон таърихи миллатро аз забони падару модар бо шавқу эҳтироми хоса меомӯзанд ва ин бошад беҳтарин муҳит барои ташаккули худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадон рамзи он аст, ки давлат ва сарвари он ба фарҳанг ва мероси таърихӣ ҳамчун пояи давлатсозӣ ва сармояи асосии маънавӣ менигарад. Имрӯз барои ҳар миллат муҳим аст, ки анъанаҳои миллии худро на танҳо дар сатҳи рамзию рамзӣ, балки дар амал ва зиндагии ҳаррӯза нигоҳ дорад. Мавҷудияти «Шоҳнома» дар ҳар хонадон ба маънои эҳёи ҳамон фарҳанги мутолиапазир аст, ки дар замони гузашта дар ҳар хонадони тоҷик вуҷуд дошт.

Ин иқдом ҳамчунин ба он мусоидат мекунад, ки наслҳои имрӯзу фардои кишвар бо асолаҳои худ бештар ошно шаванд. Мероси Фирдавсӣ ҳамеша миллатро ба ваҳдат, ватандӯстӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Ин паёмҳо имрӯз ҳам мисли ҳазор сол пеш муҳиманд. Зеро миллате, ки аз таърихи худ огоҳ аст, ҳеҷ гоҳ фирефтаи идеологияҳои бегона намегардад ва дар ҳама шароит метавонад пояҳои маънавӣ ва сиёсии худро ҳифз кунад. Аз ин ҷиҳат, тақдими «Шоҳнома» аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар оила ташаббуси маърифатӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки дар рушди ҷомеа, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва устувории давлат нақши муҳим мегузорад.

Бешак, вақте чунин асари пурғановат дар ҳар хонавода ҷой мегирад, маърифати китобхонӣ таҳким ёфта, худшиносии миллӣ боз ҳам мустаҳкамтар мешавад. Ин китоб мактаби хирад аст ва ҳар хонае, ки дар он нури хирад аст, дорои нерӯ, устуворӣ ва ояндаи равшан мебошад.


Замира ИРМАТОВА,

директори Коллеҷи технологии

ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом