Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-08-06 08:59:51

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ СЕЮМИ СММ ОИД БА КИШВАРҲОИ РӮ БА ТАРАҚҚИИ МАҲСУР ДАР ХУШКӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

 

2025-08-06 08:57:11

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

2025-08-06 08:55:23

Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.


Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд.

Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркменистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонда шуд.

2025-08-06 08:53:37

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем.

Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.

2025-08-06 08:52:00

Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.

Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.

Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.

 

2025-08-06 08:49:08

Иштирок дар кори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

05.08.2025

https://president.tj/event/news/52231

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

2025-08-06 08:47:32

Иштирок дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Филемон Ян, роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо ва ҳайатҳои воломақом баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба мушкилоти кишварҳои рушдёбандаи маҳсур дар хушкӣ, ки ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.

Зимни суханрониҳо ва ба миён гузоштани пешниҳодҳо, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории судманд ва истифодаи босамар ва бемонеа аз имкониятҳои мавҷуда мешавад, ки ин мушкилот ба фурсату тавонмандиҳои хуб табдил дода шаванд.

2025-08-06 08:45:51

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем.

Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.

2025-08-06 08:44:32

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Рушди технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаҳои ҷамъиятӣ давлати муосирро водор менамояд, ки истифодабарии васеи технологияҳои муосирро дар тамоми бахшҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, дар ин замина рушду устувории босуботи онҳоро таъмин намояд.

Рушди иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақамикунонии фаъолияти идоракунӣ ва истеҳсолӣ мақомоти давлатӣ бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифода аз механизмҳо, усулҳо ва усулҳои муосири танзим амалӣ намоянд.

Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун василаи ҳавасмандгардонӣ ва муттаҳидсозии мардум амал мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти сулҳ, субот ва ҳамкории ҳамагонӣ таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳим ва стратегӣ барои рушди устувори Тоҷикистон аст. Ин иқдом на танҳо барои тақвият бахшидани инфрасохтор ва соҳаҳои иқтисодӣ, балки барои тағйирот дар тарзи кор ва истеҳсолот низ равона шудааст. Тадбири муҳим дар шомил кардани ҳадафҳои илмӣ ва маърифати технологӣ, ба таври хос равона карда шуд, ки ҳама бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат ва хизматрасонӣ, бо истифодаи методҳои муосир ва рақамикунонии системаҳо рушд кунанд.

Иқтисоди рақамӣ маънои истифодаи технологияҳои навинро дар тамоми бахшҳои ҳаёт-аз истеҳсолот то идоракунии давлатӣ дорад. Барои татбиқи ин ҳадаф, Тоҷикистон бояд инфрасохторҳои рақамӣ, монанди интеренти баландсуръат, шабакаҳои коммуникатсионӣ ва низомҳои электрониро густариш диҳад. Ҳамзамон, зарурати тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ки қодиранд бо технологияи нав кор кунанд, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Эълони ин солҳо барои ҳамкории амиқтар бо кишварҳои дигар ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳам имконият фароҳам меорад.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Иқтиcoдиёти рақамӣ ин натиҷаи cамараи транcфoрматcиoнии технoлoгияҳoи нав дар coҳаи кoммуникатcияи иттилooтӣ мебoшад. Заминаи пайдoиши иқтиcoди рақамирo ҷoмеи иттилooтӣ ташкил медиҳад, ки oн дар рушди бахши хизматраcoнӣ ва иттилooт ниcбат ба cатҳи рушди иcтеҳcoлoти мoддӣ; тағйирёбии хуcуcияти фаъoлияти инcoн вoбаcта ба иcтифoдабарии иттилooт ҳамчун oмили муҳими иқтиcoдӣ ба назар мераcад. Вoқеан ҳам, дар замoни муocир захираи иттилooтӣ захираи муҳими рушди иқтиcoдӣ гаштааcт. Захираи иттилooтӣ имкoният медиҳад, ки cубъектҳoи иқтиcoдӣ ҳадафҳoи cтратегӣ ва тактикаи нoилгардии oнрo муайян намoянд; механизмҳoи идoракунии равандҳoи такрoриcтеҳcoлирo ташкилу такмил диҳанд; хавфу хатар ва амнияти фаъoлиятрo тарҳрезӣ намoянд; ҳамoҳангcoзии фаъoлияти худрo бo ҳамкoру шарикoн ба рoҳ мoнанд ва харoҷoти транзакcиoнии худрo паcт намoянд.

Таҷрибаи ҷаҳoнӣ нишoн медиҳад, ки имрӯз тамoми давлатҳoи дунё барoи гузаштан ба мoдели нави иқтиcoдӣ барнoмаҳoрo таҳия ва татбиқ карда иcтoдаанд ва Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низ чун ҷузъи ҷудoнашавандаи ҷoмеаи ҷаҳoнӣ барoи гузариш ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадамҳoи уcтувoр гузoшта иcтoдааcт. Иқтиcoдиёти рақамӣ, ин пеш аз ҳама, чунин иқтиcoдиёте мебoшад, ки дар аcocи рушди технoлoгияи иттилooтӣ, рушди тиҷoрати электрoнӣ ва бизнеcи рақамӣ рушд мекунад. Яъне, oн чунин намуди иқтиcoдиёте мебoшад, ки иcтеҳcoли мoл, хизматраcoнӣ ё дигар фаъoлияти иқтиcoдӣ ба таври рақамӣ амалӣ карда мешавад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн дар марҳилаи рушд қарoр дoрад ва тавре ки мебинем, дар давлатҳoи тараққикарда, маҳз ба cармoяи инcoнӣ такя мекунанд. Мувoфиқи барнoмаҳoи иқтиcoдӣ ва пеш аз ҳама мувoфиқи Cтратегияи миллии рушд тo coли 2030 Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн бoяд ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадам гузoрад ва аcocи ин мoдел рушди cармoяи инcoнӣ мебoшад. Такя ба дoнишҳoи нав ва аз худ кардани технoлoгияи муocир, рушд дoдани хизматраcoнии интернетӣ ва ҳамаи ин барoи рушди минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани cифати аҳoлӣ заминаи уcтувoр мегузoрад.

Ҳамин тариқ, ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ як қадами муҳим барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар буда, рушди он Тоҷикистонро ба як ҷузъи асосии иқтисодии минтақа ва ҷаҳон табдил дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва ҷомеа такони ҷиддӣ медиҳад.

Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,

директори Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе

2025-08-06 08:43:14

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ОН КИШВАРИ ПЕШСАФ АСТ

Дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Бояд гуфт, ки дар ин самт айни ҳол дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи пурра ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад. Имрӯз воқеан ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф, нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат менамояд.

Дар воқеъ, ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт менамояд ва натиҷаҳои илмии олимону пажуҳишгарон бештар дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Мо ҳоло мушоҳида менамоем, ки илму техника бо суръати баланд рушд менамояд ва инсон бештар талош мекунад, то зиндагии хешро бо истифода аз илму технология осонтар созад. Ҳамин аст, ки ҳар кишвари пешрафта барои иҷрои ин миссия мусобиқа мекунад ва мо мебинем, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала муваффақ низ ҳастанд.

Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону андешаварон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд.

Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷа додааст ва он ҳам натиҷаи хуб. Яъне, инсоният ҳамеша талош менамояд, то дар умри хеш аз воситаҳои ёрирасон ва ба зиндагӣ мусоидаткунанда истифода барад ва ҳар ихтирои ӯ дар ин самт хуш пазируфта мешавад. Зеро ба чизи нав ҳамеша ниёз ҳаст.

Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёту дигар соҳаҳо борҳо гуфта гузаштанд, и ин зарурати ҳаётӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд. Албатта, ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Воқеан, рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Татбиқи ташаббусҳо дар самти зеҳни сунъӣ дар мамлакат маърифати рақамии ҷомеаро баланд бардошта, ҳамаи соҳаҳоро як зина баландтар рушд медиҳад. Истифода аз имконияти зеҳни сунъӣ саҳмгузорӣ дар рушди технологияи муосир мебошад.

ШАРИФЗОДА Шамъигул Гадомад,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар

2025-08-06 08:41:17

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИЮ МИЁНАИ КАСБӢ

Технологияи зеҳни сунъӣ имрӯз аз доираи як навоварӣ берун рафта, ба унсури марказии рушду тағйироти башарият табдил ёфтааст. Аз соҳаи тандурустӣ то таҳсилот ва аз иқтисод то сиёсат зеҳни сунъӣ дар ҳоли бозсозии ҷаҳон аст.

Дар чунин шароити мураккаб иқдоми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди қатъномаи махсуси СММ оид ба зеҳни сунъӣ ки 25 июли соли 2025 бо тарафдории ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардид, на танҳо қадаме сиёсиву башардӯстона, балки бозгӯкунандаи диди дурбинонаи роҳбарияти кишвар ва мақоми Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бар асоси меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва манфиатҳои умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор даъват ба он мекунад, ки инноватсия бояд ба нафъи ҳама бошанд, на танҳо кишварҳои пешрафта.

Зеҳни сунъӣ ҳам имконият аст ва ҳам санҷиши ҷиддии арзишҳои инсонӣ. Агар мо роҳбарии он равандро ба даст нагирем, эҳтимолест, ки технология бар инсон ҳукмрон шавад. Аз ин ҷост, ки ташаббуси Тоҷикистон на танҳо сиёсӣ, балки башарӣ аст, зеро даъват ба ҳамкории глобалӣ, таҳияи стандартҳои ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар давраи инноватсияҳои пуршитоб аст.

Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои бузурги ҷаҳон, ба мисли Чин ва ИМА сармоягузории бузург ба зеҳни сунъӣ мекунанд, Тоҷикистон бо пешниҳод кардани ин қатъномаи инсондӯстона худро ҳамчун давлати ташаббускори ин самт муаррифӣ намуд. Қатънома ваъда медиҳад, ки рушди зеҳни сунъӣ набояд боиси табъиз, нобаробарӣ ва ҷудоии технологиявӣ гардад.

Ин раванд албатта як равиши нави дипломатияи рақамист. Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари мушкилоти геополитикӣ ва иқтисодӣ, метавонад аз масоили глобалӣ сухан гӯяд ва дар ташаккули тарҳи ояндаи инсоният саҳм гузорад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бояд ин ташаббусро дастгирӣ намоем. Зеро агар мо имрӯз барои ахлоқ, инсон ва амнияти рақамии фардо кӯшиш накунем, фардо шояд дер шавад.

Дар заминаи ин қатънома имкон аст, ки дар кишвар сиёсати миллии истифодаи зеҳни сунъӣ таҳия шуда, механизми танзими он дар соҳаҳои таҳсилот, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро ба роҳ монем ва ҳамзамон чашмандозҳои илмии навро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ таҳқиқ намоем.

Бояд гуфт, ки моҳе қабл бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита курси омӯзишии “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ» доир гардид. Ҳадафи ин иқдом дар он аст, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар раванди таълим торафт нақши муҳимтар бозида, имкон медиҳад барномаҳои омӯзишии фардӣ эҷод карда шавад, ки ба ниёзҳои инфиродӣ ва сатҳи дониши ҳар як истифодабаранда мутобиқ бошад.

Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир аст, ки роҳҳои омӯзиши компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона мисли инсон меомӯзад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеҳни сунъиро як падидаи нав дар илми муосир дониста, дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки «Истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Баъди роҳандозии ин курс бо ташаббуси Кумита бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонаварду манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергия ва зеҳни сунъиро ташкил намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Мақсади ташкили ин ихтисосҳо дар он аст, ки дар замони имрӯз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва муассирро дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебозанд. Омӯзиши технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки дар равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо тағйироти назаррас ба амал оянд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.

Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд.

Хулоса, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

2025-07-30 19:52:29

ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН АББОСИ АРОҚЧӢ

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд, аз ҷумла дар партави татбиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, изҳори қаноат карда шуд. Масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

2025-07-30 19:51:03

МУҲЛАТИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶҲО АЗ 3 СОЛ БА 2 СОЛ КАМ КАРДА ШУД

Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ ва қабул карданд. Дар ин бора раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки тибқи муқаррароти қонуни нав муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол расонида шуда, барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.

Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли 2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди расиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда шуд.

Тавре ки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар дод, лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафи он навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад. Он қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит менамояд.

Дар тарҳи нав таҳсили “дуалӣ” ҳамчун шакли расмии таҳсил дар коллеҷҳо муайян шудааст. Ин шакли таҳсил дар қонуни амалкунанда зикр нашуда буд. Таҳсили дуалиро низоми таълимие арзёбӣ менамоянд, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии таълимро дар муассиса ва қисми амалиро дар истеҳсолот мегузаронанд. Яъне, таҳсилоти дуалӣ имкон фароҳам меорад, ки таҳсил бо таҷрибаи амалӣ дар корхонаю ташкилотҳо пайваст гардад. Мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти дуалӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани фаъолияти зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.

Бояд гуфт, афзалияти таълими дуалӣ дар он аст, ки донишҷӯ дар давоми таҳсил, ба раванди кор аз наздик ошноӣ пайдо намуда, касби ояндаашро ҳамаҷониба аз худ мекунад. Ин, пеша аз ҳама, имкон фароҳам меорад, ки оянда ба ҷои кор чун мутахассиси корозмуда ворид шавад ва корашро бо сифати баланд анҷом диҳад. Омӯзиш нишон медиҳад, ки ин яке аз роҳҳои хуби омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар тамоми соҳаҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассисон аз рӯйи 10 равия аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ омода мешаванд.

2025-07-30 19:47:55

ДАР НАЗДИ ҲАМАИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИЮ МИЁНАИ КАСБӢ КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗӢ ТАШКИЛ ШУДАНД

Дар нимсолаи якуми соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 5 ҳазору 389 нафар хатм кард, ки аз ин 1007 нафарашро занону бонувон ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба шаш моҳи соли 2024 - 543 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як милион нафар шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

“Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд”, - гуфт раиси Кумита.

Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои Шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати назди марказҳои Шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар) хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда истодаанд.

Инчунин, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, гулдӯз, бофанда, пардозгарӣ (сохтмончӣ), қаннод, кандакорӣ дар чӯб, ошпаз, соҳибкор, муҳосиб бо донистани компютер, занбӯриасалпарвар, системаи компютерӣ ва Интернет-технология ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ омода менамоянд. Дар шашмоҳаи аввал аз рӯи касбҳои зикргардида 615 нафар соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, 200 нафар дар ин курсҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 нафар (соли гузашта 241 нафар) зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълим ва гузаронидани дарсҳои зергурӯҳӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ синфхонаҳои омӯзишӣ бо лавҳаҳо ва маводи таълимӣ вобаста ба ихтисос ҷиҳозонида шуда, дар назди кафедраи гуманитарӣ маҳфилҳои забондонӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода шуданд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ин давра беш аз 500 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.

2025-07-30 19:46:29

ФАРҲОД РАҲИМӢ: ИХТИСОСҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ, ТАЪМИРГАРИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ВА ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТАШКИЛ ШУДАНД

Бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, зеҳни сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Дар ин бора имрӯз Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар замони имрӯза технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва муассирро дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебозанд.

Омӯзиши технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки дар равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо тағйироти назаррас ба амал оянд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.

2025-07-30 19:45:01

ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Мудири бахши маориф ва илмИ Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, муовинони Раиси Кумита, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Кумита ва 35 нафар намояндагони воситаи ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотии Кумита рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Радиои Тоҷикистон”, “Радиои Садои Душанбе”, “Радиои овози Тоҷик”,”Радиои Фарҳанг” телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, ”Ҷаҳоннамо”, “Душанбе HD”, “Синамо”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Баҳористон” ва дигар навъи ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти хабарӣ раиси Кумита гуфт, вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи муқаррароти қонуни нав муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол расонида шуда, барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.

“Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли 2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди расиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4 сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) ба роҳ монда шуд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Тавре ки раиси Кумита хабар дод, лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафи он навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад. Он қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит менамояд.

Дар идомаи нишасти хабарӣ зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100 ҳазору 663 нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1 фоиз) зиёд мебошад.

Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610 нафар сазовори дипломи аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита бо ҷойи кор таъмин шуданд. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

“Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262 «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки намояндаҳои Кумита ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз 29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Дар ин муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се сол машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда шуданд”, - гуфт раис.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, зеҳни сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.

Ҳамзамон, ба таъкиди раиси Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 5 ҳазору 389 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод 1007 нафарашро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад. Барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як милион нафар шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

“Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд”, - гуфт раиси Кумита.

Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои Шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати назди марказҳои Шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар) хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда истодаанд.

Инчунин, ба таъкиди раиси Кумита, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, гулдӯз, бофанда, пардозгарӣ (сохтмончӣ), қаннод, кандакорӣ дар чӯб, ошпаз, соҳибкор, муҳосиб бо донистани компютер, занбӯриасалпарвар, системаи компютерӣ ва Интернет-технология ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ омода менамоянд. Дар шашмоҳаи аввал аз рӯи касбҳои зикргардида 615 нафар соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, 200 нафар дар ин курсҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 нафар (соли гузашта 241 нафар) зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълим ва гузаронидани дарсҳои зергурӯҳӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ синфхонаҳои омӯзишӣ бо лавҳаҳо ва маводи таълимӣ вобаста ба ихтисос ҷиҳозонида шуда, дар назди кафедраи гуманитарӣ маҳфилҳои забондонӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода шуданд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ин давра беш аз 500 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.

Баъди ироаи маълумоти мушаххас роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Кумита аз ҷониби 8 нафар намояндаи ВАО 15 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ посухҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки Кумита ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст.

2025-07-30 19:43:29

ФАРҲОД РАҲИМӢ: МУТАХАССОНЕ, КИ РАВИЯҲОИ ОМӮЗГОРИРО БА ТАВРИ БУҶАВӢ ХАТМ КАРДААНД, БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУДАНД

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100 ҳазору 663 нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин бора академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610 нафар сазовори дипломи аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262 «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки намояндаҳои Кумита ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз 29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки дар ин муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се сол машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда шуданд.

2025-07-29 20:42:29

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

 (Ба ифтихори қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Тоҷикистон)

Бо суръат гирифтани ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи инноватсия, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз унсурҳои муҳими тағйирдиҳандаи соҳаҳои гуногуни зиндагии инсон табдил ёфтааст. Боиси сарфарозист, ки ибтикороти навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, санаи 25 июли соли 2025 дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқӣ қабул гардид.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои он аз ҷиҳати геополитикӣ, расму оин, урфу одат, иқлим ва муносибатҳои иқтисодӣ хусусиятҳои муштарак доранд, имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои рушди устувор рӯз то рӯз аҳамияти бештар касб мекунад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин раванд мавқеи пешсафиро ба худ ихтисос додааст.

Мавриди зикри хос аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ санаи 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, ки дар он зарурати истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ баҳри пешрафти устувор, рушди илм, ҳалли масъалаҳои муҳити зист, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор таъкид шудааст.

Ин аввалин қатъномаест, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид зеҳни сунъиро бо тамаркуз ба минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор мавқеи пешсафиро дар масоили технологияҳои муосир ва сиёсати ҷаҳонии рушди устувор нишон дод. Қатънома ҳамзамон кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар таҳияи сиёсати умумии минтақавӣ дар бахши зеҳни сунъӣ, мубодилаи таҷриба ва маълумот, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва тақвияти инфрасохторҳои рақамӣ даъват менамояд.

Фарогирии масъалаҳои зерин дар қатънома:

-Пешбурди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ;

-Мусоидат ба рушди баробар ва фарогири рақамӣ;

-Ташвиқи навовариҳо ва дастгирии муҳаққиқон ва ҷавонон;

-Таҳкими иқтидорҳои миллӣ дар бахши технологияи рақамӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ натанҳо манфиатњои як давлат, балки манфиатҳои минтақаро пайгирӣ намудан дар рушди онҳо саҳмгузор мебошад. Сиёсати роҳандозинамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои ташаббускораш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки тоҷикон миллати тамаддунсозӣ, дорои таърихи бой ва созанда мебошанд.

Қабули қатъномаи мазкур саифаи тозаеро дар рушди зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ боз намуда, дар расидан ба рушди устувори минтақа саҳми беназир хоҳад гузошт.

Ҷои зикри хос аст, ки қабули қатъномаи мазкур на танҳо як санади муҳими сиёсиву илмӣ, балки як қадами бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ташаккули ҷомеаи рақамии адолатпарвар ва рушди устувори минтақа ба шумор меравад.

Хоҷазода Давронҷон, директори

Муассисаи давлатии таълимии

«Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»