Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

2025-12-31 12:56:56

Ҳамкорони гиромӣ, омӯзгорону устодон, кормандон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ!

Фарорасии Соли Нави мелодиро ба ҳар яки Шумо самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои пайдарпай орзу менамоям.

Соли сипаришуда барои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли пурмазмун ва саршор аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, он ҳамчун омили калидии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ мегардад.

Таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар амал тадриҷан натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди омӯзиш тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар соли сипаришаванда 47 муассисаи таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, сатҳу сифати шароити таълим ба маротиб беҳтар гардид.

Ҳамзамон, биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таълимӣ ва хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш аз ҷониби Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифт, ки ин иқдомҳо нишонаи таваҷҷуҳу дастгирии ҷавонону касбомӯзон ва рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ дар кишвар мебошанд.

Дар баробари ин, бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ намудани соҳа ба талаботи бозори меҳнат, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳои соҳавӣв а барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими идоракунӣ ва рушди устувори муассисаҳои таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Имрӯз соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнат нақши муҳим мебозанд. Бо итминон метавон гуфт, ки омӯзгорон ва кормандони соҳа минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат ба касби худ фаъолият намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Соли Навро ба тамоми аҳли соҳа самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, осоиштагии хонадон, муваффақиятҳои касбӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештар орзу менамоям. Бигзор Соли Нав соли пешрафт, навоварӣ ва татбиқи нақшаҳои созанда бошад.