Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-01-29 07:18:25

ПАЁМ-ДУРНАМОИ РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумон ироа гардид. Дар Паёми Пешвои миллат соли 2024-ро таҳлил намуда, ба кулли сокинони Тоҷикистон барои ноил гаштан ба дастовардҳои беназир дар солҳои минбаъда вазифаҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ ҳисобиданд ва ба ҳамагон таъкид карда чунин гуфтанд:

“То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоранд, дастнигар, хору зор, таҳқир гашта, афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯи нашаванда хоҳад гашт”.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳама пешравиҳоро мактабу маориф таъмин менамоянд:

“Ҳамаи пешравии ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин менамояд”.

Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллату давлат ин бесаводӣ, бемаърифатӣ, хурофотпарастӣ ва аҳмият надодан ба мактабу маориф ва илму дониш мебошад:

“Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба таълиму тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоида барои таълиму тарбия мебошад”.

“Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Вазифаи асосии омӯзгорон ва донишҷӯён сармашқи кору хониши худ намудани мазмун ва мундариҷаи Паёми имсолаи Пешвои миллат буда, аз рӯй он кору зиндагӣ кардану амалӣ намудани он мебошад.

“Маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ аз 01.09.2025 30% зиёд карда шавад”.

“Дар деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон накам аз 100 оилаанд як муассисаи томактабӣ сохта шавад”.

Ҳоло 42400 нафар ҷавонон дар 42 кишвари хориҷӣ таҳсил менамоянд;

То имрӯз 11400 нафар ҷавонон бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуда, сарбаландона хатм кардаанд.

Дар Паём ба мақоми зан, духтарон ҳамчун неруи пешбаранда назар намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бонувону занон ва духтарони мо дар ободии Ватан минбаъд низ саҳми араздан мегузоранд, зеро онҳо эҳёгару ободгар, сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ мебошанд.

Тоҳир ХОЛОВ,

муовини директор оид ба корҳои тарбиявии

Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант

2025-01-25 07:58:55

НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШБУРДИ ИҚТИСОДӢ РАҚАМӢ

Гузариши ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ заминаи асосӣ дар рушди муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28. 12. 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамаи соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва илму маориф ва таҳсилоти касбиро дар бар мегирад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳои соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ба самъи мардуми кишвар расониданд.

Новобаста ба мушкилию монеаҳои ҷойдошта, аксари кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд, ки ба истифода аз роҳу усулҳои ҷадид, иқтисоди кишварҳои худро рушд диҳанд. Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд қисми зиёде аз давлатҳои ҷаҳон барои таъмини пешрафти иқтисодиёт ба буҷаи давлат аз иқтисоди рақамӣ бештар истифода мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки ба иқтисодӣ рақами гузаштаанд, ё ин, ки дар роҳи гузариш ба ин раванд ҳастанд, тавонистанд, ки рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии кишварҳояшонро таъмин намоянд.

Ҷаҳони муосир, равандҳои ҷадиди рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар назди кишварҳои дунё талаботҳои навро пеш мегузоранд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як давлате, ки хоҳад рушд кунад, бояд ба иқтисоди рақами рӯй биорад.

Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар кишварҳо, ба равандҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст шуда, сол аз сол барои пешрафти иқтисодӣ кишвар тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ намуда истодааст. Фазои ором, сулҳу суботи комил шароит фароҳам меорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафта иқтисодиёти худро такмил дода, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро тезонад.

Гузариш ба иқтисоди рақамӣ рушди бемайлони иқтисодиётӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда барои ояндаи дурахшони давлату миллат заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Чуноне, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд: “Дар панҷ соли оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар кишвар бояд табирҳои мушахас роҳандозӣ карда шаванд”.

1. Такмили фаврии заминҳои ҳуқуқи ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ.

2. То шабакаҳои панҷ-ҷи (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали милли маълумот.

3. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкилӣ махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

4. Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар.ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

5. Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

6. Андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии маҳзанҳои маълумот маълумот.

7. Ташаккул додани соҳибкории рақами ва рушди савдои электронӣ.

Воқеан зарур аст, ки барои гузариш ба раванди нав дар бахши иқтисоди миллӣ, бояд дар мадди аввал заминаҳои ҳуқуқии онро ба миён оварда, дар ин самт санадҳои меъёрию-ҳуқуқии лозимаро таҳия бояд кард. Аз дигар тараф барои гузаштан ба ин раванди муносибатҳо бояд заминаи кадрии онро омода кард. Ба ин хотир дар марҳилаи кунуни рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияи иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияи рақамӣ дар байни шаҳрвандон вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки гузариш ба иқтисодӣ рақамӣ яке аз роҳҳои муҳим ва хеле зарур барои пешрафти иқтисоди кишвар ба шумор рафта дар маҷмӯъ рушди соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро таъмин хоҳад кард. Андешаҳои Пешвои муаззами миллат,ҷиҳати гузаштани иқтисоди миллӣ ба иқтисоди рақамӣ, бори дигар ин равандро тақвият бахшида, таваҷуҳи ақли инсонро ба он бештар мегардонад.

Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омили муҳим дар таҳкими иқтисоди кишвар мебошад. Ҳамин зарурият буд, ки бо пешниҳоди навбати Пешвои миллат, зимни ироаи Паём бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти кишвар, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд. Бо бовари гуфта метавонем, ки ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди кишвар такони бузурге хоҳад бахшид. Итминони комил дорем, ки гузаштани ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ, дар таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва болоравии маърифати молиявии шаҳрвандон нақши созгор хоҳад гузошт.

Юнусов Сорбон, мудири кафедраи “Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”- и Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А

2025-01-25 07:55:20

ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ БОХТАР МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД

Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд - Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи бо шуғли пурсаҳсул Маркази шуғли фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ дастоварҳои хонандагон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен иштирок намуданд.

Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон дода буданд, ба нақша гирифта шуда буд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки таъсиси Маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ барои ҷомеаи кишвари мо мебошад. Дар Маркази шуғли фосилавӣ синфхонаи махсус бо 30 компютер фаъолият намуда, хонандагон дар як рӯз дар 3 баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Маркази мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардида, дар он дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин ҷо ба омӯзиши касб фаро гирифта шаванд.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро зиёд намояд, зеро тавассути чунин марказҳо ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Шуғнон, Панҷакент ва Бохтар, марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд. Дар ояндаи наздик чунин марказҳо дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ ифтитоҳ мегарданд.

 

2025-01-25 07:53:08

СИЁСАТИ КАДРӢ: ТАЪИНОТ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН

Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар роҳи татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Сиёсати мазкур маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зинаҳои поёнӣ рафта расад.

Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №582 тасдиқ гардид, яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии кадрҳо - ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаккули системаи муосири идоракунии ҳайати кормандон дар тамоми сатҳҳо ва таъмини сиёсати ягонаи давлатии кадрҳоро муайян намуд.

Мувофиқи банди 4.17 Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати далатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2017 ҷорӣ намудани низоми самараноки ҷойивазкунии кадрҳо пешбинӣ карда шуда, дар чорчубаи он соли 2011 дар низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархурди манфиатҳо технологияи нави кадрӣ роҳандозӣ гардид.

Бо ин мақсад бо Фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2011, №1074 Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар асоси он ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ амалӣ гардид.

Бо гузашти солҳо дар заминаи таҷрибаи татбиқ ва натиҷагирӣ аз амалияи ин технологияи кадрӣ соли 2019 санади танзимкунандаи ротатсия дар таҳрири нав қабул шуд. Ҳоло ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда мувофиқи муқаррароти Қоидаҳои баргузории ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019, №1328 тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.

Кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум буда, роҳбарии умумӣ ё бевоситаи мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онро анҷом медиҳанд. Қоидаҳои мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияҳои сеюм, чорум, кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, кадрҳои роҳбарикунандае, ки то синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будани онҳо то ду сол мондааст, татбиқ намешавад.

Татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд. Хадамоти кадрӣ аз замони таъсисёбии дилхоҳ муассисаи давлатию хусусӣ фаъолияти худро оғоз намуда, дар самти пешбурди сиёсати кадрии муассиса саҳм мегузорад.

Бояд гуфт, ки Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ғояҳо, идеяҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок, принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва роҳҳои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад. Консепсия системаи таъминоти кадрӣ, шартҳо ва роҳҳои татбиқи онро муайян намуда, дар раванди кор бо кадрҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.

Хулоса, сиёсати давлатии кадрҳо ҷузъи таркибии сиёсати миллӣ буда, ҳамчун фишанги пуриқтидори таъсиррасон ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат хизмат менамояд.

Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо,

котибот ва корҳои махсуси

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон

 

2025-01-23 20:28:26

ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР ДАР ПАЁМ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида, барои рушди устувори самтҳои муҳими хоҷагидорӣ ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас қатъӣ ва дода шудаанд. Бинобар ин, Паём барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад.

Вазифаи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар яки мо ин аст, ки бояд мазмун муҳтаво, моҳият ва рисолати паёмҳои Пешвои миллатро дар зеҳну шуури худ дарк намоем, таҳлил кунем ва вобаста ба нишондиҳандаҳои паём ҳамчун заминаи баррасии марҳилаҳои пешравии давлати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолият намуда, кӯшиш кунем, ки дар рушди давлатдории миллӣ боз ҳам бештар саҳм гирем.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи мураккабшавии вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, ки давраи ниҳоят ҳассос ва душвор барои мардуми сайёра ба ҳисоб меравад, дар аксари кишварҳои олам коҳиши рушди иқтисодӣ ба назар мерасад. Албатта, чунин ҳолат ба вазъи зиндагии мардум бетаъсир буда наметавонад. Хушбахтона, новобаста аз вазъи мураккаб ва омилҳои таъсиррасони манфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз сиёсати дурбинона низоми иқтисодӣ дар Тоҷикистон рушд кард ва инкишофи соҳаҳои ҳаётан муҳим таъмин гардид.

Нишондидаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2024 баррасӣ гардиданд, далели гуфтаҳои боло мебошанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки “соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод”.

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки “дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт”.

Аз сиёсати побарҷову устувори иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар қиёс бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои пешин тамоюл ба рушд ба назар мерасад ва дурнамои таҳаввул дар ин маврид умедбахш мебошад.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, дастовардҳои мазкур натиҷаи фаъолияти хастанопазир ва ҳамкории судманди Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Ва дигар ин ки қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба устувории буҷети давлатӣ мусоидат карда, дар баробари ин, ба вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ҷавобгӯ мебошанд. Чунин ҳолат ба инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ ва дар маҷмӯъ ба некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат кардааст.

Ҳамасола дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум меафзояд. Дар ин маврид Пешвои миллат иброз доштанд, ки “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Ҳамчунин, “тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд”.

Оид ба вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои он ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориҳо, таъмини рушди зарфияти инфрасохторҳо, аз ҷумла вусъат бахшидани сохтмони роҳу долонҳои транзитӣ, ташаккули логистикаи муносибу ҳалқаҳои ба ҳам пайвасти роҳҳои мошингарду оҳани дохилӣ бо имконияти баромад ба самтҳои гуногуни фаромарзиро таҳлилу арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ рушд ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид корҳои муҳим ба анҷом расонида шудаанд. “Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд”.

Хулоса, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, ба масоили муҳим ва калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, перомуни рушди иқтисоди рақамӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тарбияи мутахассисони варзида, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», расидан ба истиқлоли энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зеҳни сунъӣ, захираи сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, додани имтиёзҳо ва барои вусъат бахшидани корҳо дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Хушбахт ҲАКИМЗОДА,

муовини сардори Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот, сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита

 

2025-01-23 20:26:57

КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА: БЕҲТАР КАРДАНИ САТҲИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сифати таълим новобаста аз зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини зинаҳои таҳсилот маҳсуб меёбад.

Бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз масъулини муассисаҳои мазкурро зарур аст, ки барои омода кардани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ва рақобатпазир дар бозори меҳнат тамоми саъю кӯшишаонро ба харҷ диҳанд. Дар тӯли 47 соли фаъолият Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара беш аз 42 000 мутахассиси соҳаи техникаву кишоварзиро омода намудааст, ки онҳо дар ҳар гӯшаву канори кишвар дар хизмати халқанд.

Тавре ки директори муассисаи мазкур Фазлиддин Асомиддинзода зимни суҳбат гуфт, масоҳати умумии муассиса 7,5 гектар буда, дар бинои таълимии он 24 синфхона, 3 озмоишгоҳ, 20 утоқи корӣ, 2 маҷлисгоҳи хурду калон ва 1 китобхона ҷойгир мебошад.

«Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара 2 факултет - технологияи коркарди истеҳсолӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 20 ихтисос дар заминаи 4 кафедра бо фарогирии 115 нафар донишҷӯ ва аз рӯи 9 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо 320 нафар донишҷӯ амал менамояд. Дар гурӯҳҳои ғоибона бошад 85 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар умум теъдоди муҳассилини муассиса 435 нафар мебошад», - гуфт директор.

Қайд гардид, ки дар ҳарду зина ҳам таҳсил хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 дар ду гуруҳ, шартномавӣ ва буҷҷавӣ қабул карда мешаванд. Синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо замонавӣ буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ба таъкиди директор, дар коллеҷ вобаста ба ҳар як фан дарси кушоди тахассусӣ гузаронида мешавад, ки мувофиқи ҷадвали муайянгардида омӯзгорон дар дарси якдигар иштирок мекунанд, рафти дарси кушодро мушоҳида намуда, хулосаҳои худро менависанд ва якдигар кӯмаки методӣ мерасонанд. Дар ин усули дарсгузарӣ муваффақият ва камбудиҳои дарс пурра таҳлил мегардад, ки ин ба фоидаи низоми таҳсил аст.

Зикр шуд, ки дар коллеҷ ҳам ба самти таълим ва ҳам тарбияи хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ баҳри таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии онҳо, боло рафтани эҳсоси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҷараёну равияҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судманд андешида шуда, суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

«Дар масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони коллеҷ муассиса аллакай бо якчанд корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, Беморхонаи Ҷумҳуриявии клиники ноҳияи Данғара, Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Ёқут- 2000» ва чанди дигар шартномаи дуҷониба доранд, ки дар асоси онҳо донишҷӯён дар ин коргоҳҳо таҷрибаомӯзиашонро мегузаронанд ва пас аз таҷрибаомӯзӣ онҳоро ба тариқи роҳхат барои кор мефиристем. Махсусан, ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷудбуда дар корхонаву ташкилотҳои гуногуни ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» талабгор доранд. Ҳамчунин, аксарияти дарсҳои таҷрибавии донишҷӯён низ дар ин корхонаву ширкатҳо гузаронида мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда аксарияти мутахассисони омодакардаи коллеҷи мо дар корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» «Данғара» ба кор қабул карда мешаванд», - гуфт сарвари муассиса.

Бояд гуфт, ки бинои таълимии Коллеҷи политехникии Данғара 1 сентябри соли 2023 дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд. Бо таҷдиду навсозии биноҳои таълимии коллеҷ барои ба таълим ва касбомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯёни зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Парвина ДАВЛАТОВА,

“Ҷаҳони ҳунар”,

Душанбе-Данғара-Душанбе

 

2025-01-23 20:25:32

«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ»

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик мебошад, ки дар фасли сармо, одатан дар моҳи январ таҷлил мегардад. Номи «Сада» ба маънои «сад» аст, ки нишондиҳандаи як давраи муайян аз замон аст ва манзараи он ба оғози табиат, ки зимистонро месӯзад, рабт дорад. Анъанаҳо ва расму оинҳои марбут ба ҷашни Сада, ки ба хосияти табиат ва кишоварзӣ рабт доранд, ҷолиби диққат мебошанд. Сада ҳамчун рамзи интиқол аз фасли сармо ба фасли баҳор ва эҳёи табиатмаънидод мегардад. Мардум аз сардии зимистон раҳо шуда, омодагӣ ба кишту кор ва фарорасии фасли баҳору эҳёи табиатро интизор мешаванд.

Дар миёни тоҷикон, ба хусус мардуми кӯҳистон то ҳанӯз тақвими мардумӣ ривоҷ дорад, ки мувофиқи он зимистонро бачиллаи калон ва чиллаи хурдак ҷудо мекунанд. Аслан дар айёми чиллаи хурдак сардиҳо авҷ мегиранд. Ишора бар ҳамин мардум чунин гуфторе ҳам доранд, ки гӯё чиллаи хурдак гуфтааст: «Агар мисли бародарам бузург мебудам, курраи аспро дар шиками модараш хушк мекардам». Аз ин ҷост, ки дар маросимҳои мо адади 40 ҷойгоҳ дорад, ба мисли40 рӯзагии вафот (маъракаи чил), 40 рӯзагии тифл, 40 рӯзагии зани навтаваллудкарда, 40 рӯзагии арӯсу домод, 40 рӯз гӯшанишинӣ кардан ва ғайра.

Оташи ҷашни Сада низ ба ин хотир фурӯзон мешуд. Одамони бемор бо нияти шифо аз болои оташ мегузаштанд. Беморон дар макони аз чашми одамон дур се оташи хурд равшан карда, аз болои он се бор ҷаста, ин суханонро ба забон меоваранд: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ». Сипас ба пушт нигоҳ накарда мерафтанд. Хурдсолонро калонҳо таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой қаторро бубинанд, аз болояш нагузаранд, зеро бемории шахси “аловпарак” карда ба ӯ мегузарад.

Аммо оташи расмие, ки барои Сада барафрӯхта мешуд, он ошкоро дар ҷамъи мардум буд. Одамон хурсандї мекарданд ва дар атрофи он мерақсиданд. Инчунин, одате низ вуҷуд дошт, ки хокистари оташи Садаро деҳқонон ба замини кишт мепошиданд.

Дар ҷашни Сада оташ нақши калидӣ дорад. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон, нишонаҳои возеҳи ҷашни Сада ва маросими ондар баъзе шаҳрҳои Эрони имрӯза, аз ҷумла Кирмон боқӣ мондаанд. Расме дар ин минтақа бо номи “Садасӯзӣ” роиҷ аст ва дар ин маросим бад-ин мазмун ишораҳо ва нуктаҳо гуфта мешавад: «Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз гӯйи зимистонӣ». Бояд зикр намуд, ки набояд мо оташи Садаро ғалат, ҳамон тавре, ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад, миёни мардум нодуруст шарҳ бидиҳем. Оташ, умуман дар фарҳанги мо танҳо рамз аст. Аз тарафи дигар, як навъ эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он мебошад. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки ин оташро ба оини оташпарастӣ рабт медонанд ва ба ин васила руҳияи мардумро нисбат ба фарҳанги миллии худ хароб мекунанд. Вобаста ба ин Фирдавсии бузургвор фармуда буд:

Мапиндор к-оташпарастон буданд,

Парастандаи поки Яздон буданд.

Ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзии баҳорӣ омодагӣ мегирифтанд. Тавре ишора шуд деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, ба заминҳои кишт мепошиданд, сари замин бо нияти фаровонҳосилӣ дуоҳо мехонданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон оғоз мекарданд. Дар робита ба ин, имрӯз низ деҳқонони моро мебояд ин анъанаҳоро риоя намоянд. Ҷашни Сада рамзи хоси омодогиҳост. Мусаллам аст, ки иддае аз кишоварзон дар мавсими баҳор кишт менамоянд ва то мавсим барои тоза кардани тухмӣ, омода намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ҷӯю обпартоҳо корҳоро ба анҷом мерасониданд. Чорводорон низ масъуланд, ки чорабиниҳои пешгирику-нандаи хатари сар задан ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонотро амалӣ намоянд.

Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта марсум, яъне анъана шуда буд, ки барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд. Ба навиштаи фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмад ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон агар худашон ҳезум гирдоварда натавонанд, меҳнати дигаронро кироя карда, ин корро анҷом медоданд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманирозаифу нобуд созанд ва ҷашни Садаро бо шукӯҳ таҷлил намоянд.

Ба муносибати ҷашни Сада дастурхон кушода мешуд. Идомаи шеъру сурдхонӣ ва қасидасароиҳо дар сари дастурхони идона идома дода мешуд. Бинобар гуфтаи фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ дастурхони ҷашни Сада бо анвои хӯрок пур мешуд, ки одамон дар ин фасли сол ба он дастрасӣ доштанд. Бештар ҳамон навъи хӯрокҳо гузошта мешуд, ки дар чунин айёми сол барои одам фоидабахш бошад. Аслан, мардум барои фасли зимистон аз тобистону тирамоҳ омодагӣ мебинанду меваҳо ва дигар анвои хӯрданиҳоро захира мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар дастурхони Сада меваҳои тару хушк гузошта мешуд. Ғайр аз ин, мардум дар фасли сармо бештар ба шириниҳо майл доранд. Масалан, шириние, ки аз туту тарбузу харбуза ва дигар меваҳо тайёр мешуд.

Имрӯз ҳам дар деҳаҳо баъзе аз куҳансолон чандин навъи ҳалвоҳоро медонанд. Ҳалво зиннатбахши дастархони ҷашни Сада ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин набот, қандалот, нишалло, ҳалвои сурхак, сафедак ва анвои дигар. Бонувон мекӯшиданд ҳунари худро аз дигаре беҳтар нишон бидиҳанд.

Дар дастурхони Сада, ба навиштаи фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, аз мош, гандум, лубию нахӯд хӯрокҳое ба монадӣ кичирӣ, кашк, далда, ширруған, қурутоб, дуғ, ҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода намуда мегузоштанд. Албатта дастурхони ҷашни Сада ҳам ҳикмати худро дошт. Аз рӯи гуфтаҳои Пешвоимуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад».

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар айёми ҷашни Сада хайру эҳсони шоҳон зиёд мешуд. Аз рӯи навиштаи академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ «... дар ин рӯз одати эрониён чунин буд, ки подшоҳ аз тахти шоҳӣ ба зер меомад ва ҷомаи сафед мепӯшиду дар майдон дар фарши сафед менишаст. Ва дарбонҳо ва ясавулону посбонҳо, ки ҳайбати малик бад - онҳост, ба канор меронд. Ва ҳар кас, ки ниёзманд мешуд, ки бо подшоҳ сухан бигӯяд, хоҳ гадо бошад ё доро ва шариф бошад ё заиф бидуни ҳеҷ ҳоҷату дарбоне ба назди подшоҳ мерафт. Дар ин рӯз подшоҳ ба деҳқонон маҷлис мекард ва дар як суфра бо эшон ғизо мехӯрду мегуфт: - Ман имрӯз монанди яке аз шумо ҳастам ва бо шумо бародар ҳастам, зеро қивоми дунё ба корҳоест, ки ба шумо мешавад ва қивоми иморати он ҳам ба подшоҳ аст ва на подшоҳро аз раият гурез аст ва на раиятро аз подшоҳ...».

Ҳамин тариқ, Сада рамзи муҳаббат, ҳамдилї ва ҳамбастагї мебошад, ки одамонро ба хотири ояндаи нек бо ҳам муттаҳид мекунад. Новобаста аз ин, Сада бо тамоми маросимоташ чун як оинаест дар самти ифшои розҳои нуҳуфтаи таърихи пурғановати миллати тоҷик.

Давлатхон НАЗАРЗОДА,

сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита

Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита

 

2025-01-23 20:24:07

ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ БОХТАР МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД

Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд - Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи бо шуғли пурсаҳсул Маркази шуғли фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ дастоварҳои хонандагон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен иштирок намуданд.

Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон дода буданд, ба нақша гирифта шуда буд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки таъсиси Маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ барои ҷомеаи кишвари мо мебошад. Дар Маркази шуғли фосилавӣ синфхонаи махсус бо 30 компютер фаъолият намуда, хонандагон дар як рӯз дар 3 баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Маркази мазкур бо беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд гардида, дар он дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин ҷо ба омӯзиши касб фаро гирифта шаванд.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро зиёд намояд, зеро тавассути чунин марказҳо ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Шуғнон, Панҷакент ва Бохтар, марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд. Дар ояндаи наздик чунин марказҳо дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ ифтитоҳ мегарданд.

 

2025-01-23 20:22:14

ДАР НАЗДИ КУМИТА МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ТАЪСИС ЁФТ

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе нишасти нахустини маҳфили “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид.

Вохӯриро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навишта, ин асар бузургтарин шоҳасари ҷаҳон дониста мешавад. Ғояи асар даъвати халқ ба якдилӣ, тарғиби некӣ кардан ба аҳли меҳнат, омӯхтани илму ҳунар мебошад.

“Шӯҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамонӣ шӯҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он таъкидҳои зиёд намудааст. Ба ақидаи шоир некиву накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонист”, - гуфт раиси Кумита.

Қайд гардид, ки маҳфили мазкур дар пайи татбиқи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нашр ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ташкил шуда, ҳадафи он огоҳии ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш мебошад.

Аъзои маҳфил аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе интихоб шуда, моҳе 2 маротиба достонҳои ин шоҳасари миллиро баррасиву муҳокима мекунанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки маҳфили мазкур дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ таъсис дода мешавад.

 

2025-01-22 19:39:27

ТАЪМИНИ БОҒҲОИ СУПЕРИНТЕНСИВӢ БО СИСТЕМАИ ҚАТРАГӢ

Дар шароити глобалии камбуди захираҳои обӣ ва афзоиши аҳолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ба самаранокии истифодаи захираҳо такя мекунад. Яке аз равишҳои инноватсионӣ дар ин самт, истифодаи системаҳои обёрии қатрагӣ дар боғҳои суперинтенсивӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳосилнокӣ ва устувории истеҳсолот ба таври назаррас баланд бардошта шавад.

Системаи обёрии катрагӣ як технологияи муосир аст, ки тавассути он об ва ғизоҳои зарурӣ ба таври дақиқ ва мунтазам ба решаи растанӣ расонида мешаванд. Ин система бо истифода аз найчаҳои борик, обро ба ҳар як ниҳол қатра ба қатра мерасонад, ки ин ба сарфаи об ва беҳтар шудани сатҳи ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.

Афзалиятҳои системаи қатрагӣ дар боғҳои суперинтенсивӣ: 1. Истифодаи самараноки Об: Системаҳои қатрагӣ имкон медиҳанд, ки об ба таври мустақим ба решаи растанӣ расад, ки ин ба коҳиши талафот ва сарфаи назарраси об боис мегардад. 2. Баланд бардоштани ҳосилнокӣ: Ба туфайли расонидани доимии маводи ғизоӣ ва об, растаниҳо дар муҳити беҳтар рушд мекунанд, ки ин ба зиёд шудани ҳосили онҳо оварда мерасонад. 3. Коҳиши хароҷоти иқтисодӣ: татбиқи обёрии қатрагӣ ба коҳиши хароҷоти обёрӣ ва сарфаи нуриҳо мусоидат карда, дарозмуддат сармоягузории фоиданок мегардад. 4. Ҳифзи хок ва пешгирии эрозия: Тавассути обёрии муназзам ва яксон, структураи хок ҳифз гардида, хатари эрозия коҳиш меёбад. Нақши обёрии қатрагӣ дар модели боғдорӣ: Дар модели боғҳои суперинтенсивӣ, ки дар он ниҳолҳо дар фосилаи наздик шинонида мешаванд, нақши обёрии қатрагӣ хеле муҳим аст. Ин системаҳо имкон медиҳанд, ки ҳар як ниҳол об ва ғизои заруриро бевосита дар нуқтаи талаботаш дарёфт кунад, ки ин ба рушди муназзами растанӣ мусоидат менамояд. Таҳлилҳои илмӣ: таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи системаҳои қатрагӣ дар боғҳои суперинтенсивӣ метавонад ҳосилнокиро то 50% зиёд намояд. Ин технология на танҳо обро сарфа мекунад, балки суръати афзоиши растаниҳоро низ метезонад. Ғайр аз ин, истифодаи обёрии қатрагӣ метавонад миқдори нуриҳои химиявии истифодашавандаро коҳиш диҳад, ки ин ба беҳдошти муҳити зист мусоидат мекунад.

Хулоса бо назардошти афзалиятҳои зикршуда, системаи обёрии қатрагӣ ҳамчун як воситаи муҳим дар таъмини рушди устувори соҳаи боғдорӣ шинохта мешавад. Ин технология на танҳо ба баланд шудани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат мекунад, балки ба коҳиши сарфи об ва ҳифзи муҳити зист низ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, густариши истифодаи системаҳои обёрии қатрагӣ дар кишоварзӣ, хусусан дар боғҳои суперинтенсивӣ, яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ ва сиёсати аграрӣ ба ҳисоб меравад.

Сарбозов Беҳрузҷон, мудири шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод

2025-01-22 19:37:35

АҲАМИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН «СОЛИ ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ»

 «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат ин пеш аз ҳама эътибор надодан ба сифати таълиму тарбия ва фароҳам наовардани шароити мусоид ба пешрафти соҳа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳама давру замон ҳамчун масоили мубрам маҳсуб меёфт ва имрӯз низ ба яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маорифу таҳсилоти касбии кишвари азизамон- Тоҷикистон табдил ёфтааст. Зеро ҳастии ҳар як миллат ва давлат пеш аз ҳама ба инкишофи баланди маърифати ақлонӣ ( зеҳнӣ) вобаста аст, ки он ба таҳсилот робитаи ногусастанӣ дорад.

28-уми декабри соли 2024 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд, ки баланд бардоштани сифати таълим яке аз ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад. Инчунин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи худро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намуда, дар ин раванд бо мақсади соҳибкасб гардонидани аҳолии кишвар, рақобатнок гардонидани қувваи корӣ ва пеш аз ҳама бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ , ки яке аз ҳадафҳои стратегии онҳо мебошад, чора андешӣ намоянд.

Аз ҳамин ҷост, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, шароити мусоид фароҳам овардан баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ва пеш аз ҳама касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ соли 2025-ро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ « Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гарчанде ки масоили баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то андозае ҳалли худро ёфта бошанд ҳам , вале бархе аз костагиҳое низ ба назар мерасанд, ки метавонанд, дар оянда баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва ташаккул додани зеҳни сунъӣ монеа эҷод кунанд, ки чанде аз онҳо камбудиҳои зеринанд:

1) Норасоии кадрҳои соҳибтахассус ( хусусуан дар риштаи илмҳои техникӣ) ;

2) Нарасидани китобҳои соҳавӣ ( махсусан дар илмҳои техникӣ );

3) Мавҷуд набудани шароити мусоид баҳри мувофиқа кунонидани машғулиятҳои назариявӣ (лексионӣ) бо машғулиятҳои амалӣ ( масалан мавҷуд набудан ё дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани устохонаҳо, лобараторияҳо ва ғайра) .

Камбудиҳои зерини ҷойдошта метавонанд дар оянда ба мушкилоти бузург табдил ёбанд. Зеро норасоии кадрҳои соҳибтахассус, нарасидани китобҳои соҳавӣ, ки имрӯзҳо хусусан дар илмҳои техникӣ ҷой доранд, метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои омода намудани ҳамаҷонибаи донишандӯзон таъсири манфӣ расонанд.

Боиси зикр аст, ки ҳоло дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 200 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд ва ҳар яке аз ин муассисаҳоро мебояд, ки баҳри бартараф кардани тамоми монеаҳои мавҷуда, ки ба коста гардидани сатҳу сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонанд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо зери дастуру супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар баробари эълон гардидани соли 2025 ҳамчун « Соли таъмини сифати таҳсилот» дар Коллеҷи Политехникии ноҳияи Зафаробод баҳри боз ҳам ташаккул додани ҷаҳонбинии техникии донишҷӯёну омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тарбия намудани шахсияти созандаи асри XXI чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Чунончи аз 2-юми январи соли 2025 оғоз карда ҳамарӯза дар байни омӯзгорон баҳри мустаҳкам намудани донишу малакаи соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии онҳо дарсҳои машваратию методӣ ба роҳ монда шудааст, устодони собиқадор нозукиҳои фаъолияти педагогиро ба омӯзгорони ҷавон мунтазам омӯзонида истодаанд.

Инчунин, баҳри дар амалия татбиқ намудани дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар Паёми хеш қайд намуданд, барои боз ҳам дар сатҳи олӣ омода намудани мутахассисон, ҷалби шаҳрвандони бекор ва бетахассус ба муассиса бо якчанд корхонаву муассисаҳо шартномаи дуҷониба баста шуда, дар онҳо корҳои таблиғотиву ташфиқотӣ гузаронида шуд.

Хулоса, ҳар яки моро мебояд, ки дар «Соли таъмини сифати таҳсилот» баҳри бартараф кардани камбудиҳои дар соҳа ҷой дошта камари ҳиммат баста, мутахассисони сатҳи олӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро тарбия намоем ва бо ин роҳ дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Зулфонзода Н.Ҷ , омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

2025-01-22 19:35:57

ҶАВОНОН - ҚИШРИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа номида, изҳор намуданд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Роҳбари давлат ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, ҷавононро ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин менамояд. Кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор доштаба донишу неруи созандаи ҷавонон умед дорад, зероҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

Имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд. Ҷавонон - насли идомадиҳанди миллат, таърих, фарҳанг, анаъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.Ҷавонон бояд аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд. Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созанд.

Илова бар ин Ҷаноби Олӣ низ дар Паём қайд намуданд, ки мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст.

Ҷавононро ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳи ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимод ва масъулияти онҳоро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Мо ҷавонони кишвар хешро давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб менамоем. Масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

Сафаров У, роҳбари бахши назорат ва таъмини сифати таҳсилоти Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

2025-01-22 19:34:22

РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фарогир мебошад. Дар Паём, таваҷҷуҳ ба пешгирии хавфҳои иқтисодӣ, ташаккул ва амалӣ намудани "иқтисоди сабз", рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ зикр гардида, нақши онҳо дар таъмин намудани устувории молиявӣ ва рушди иқтисодӣ таъкид шудааст.

Ҳукумати мамлакат ба идоракунии самараноки захираҳо ва ташкили инфрасохтори рақамӣ таваҷҷуҳ намудааст, ки ин барои таҳкими иқтисоди рақамӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ аҳамияти бузург дорад. Бо ин мақсад, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра рақамӣ карда мешаванд.

Ин амал метавонад, барои беҳтар кардани шаффофияти иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсия мусоидат намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати рушди соҳибкории рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон гардид.

Дар паёми навбатии худ Президенти мамлакат алалхусус дар бораи нақши занон ва бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври назаррас қайд карданд. Ҳоло 25% хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони маориф, 71% кормандони тиб, 47% кормандони фарҳанг ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Аз 214 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 42%-ашон духтарон мебошанд. Илова бар ин, 35 ҳазор духтарон муассисаҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ шудаанд. Камина низ дар қатори ҳамин донишҷӯёне мебошам, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаам.

Ҳукумати мамлакат эътимод ва дастгирии ҳамаҷонибаи занонро идома медиҳад, то нақши онҳо дар рушду пешрафти кишвар боз ҳам бештар шавад.

Нарзуллоева САБРИНА, ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

 

2025-01-22 19:32:53

ПАЁМ - ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ АСОСИИ СТРАТЕГӢ

Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо назардошти равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян месозад.

Дастгирӣ ва ғамхориҳо ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф ва таъкидҳо доир ба баланд бардоштани мақоми он дар ҳалли масоили иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа, такмили ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархӯрдории онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ башорат аз дилогоҳӣ ва дилсӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ баталаботи бозори меҳнат, муҳим мебошад. Зеро сатҳи рушди ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисос вобаста аст.

Дар ин маврид Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки: «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам».

Аз Паём то Паём дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба амал меоянд, мактабҳо бунёд ва азнавсозӣ мегарданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагон фароҳам оварда мешаванд. Таълими технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшида истодааст.

Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Бомаротиб зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи илм, афзун гардидани маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, бо сифати баланд интишор ёфтани китобҳои дарсӣ, бо лавозимоти заруриву компютерҳо таъмин шудани муассисаҳои таълимӣ дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи самарабахш мебошад.

Барои торафт вусъат гирифтани раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву зеҳнии давлати соҳибистиқлоламон морозарур аст, ки ҳамеша суханони Сарвари давлатросармашқи корҳои хеш намоем.

Ҷаҳонгир АБДУҒАФФОРОВ,

ҷонишини декан оид ба корҳои

таълими факултети забонҳои хориҷии

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2025-01-19 17:37:27

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор мегардад.

Бо ин мақсад имрӯз, 18-уми январи соли 2025, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва волидайни онҳо, доир ба озод кардан аз маблағи шартномаи таҳсил, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, идомаи таҳсил дар зинаи доктор phd, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, таъмин бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

2025-01-19 17:34:50

РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ фаъолияти густурда дошта, ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисони ин зина рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари дигар самту соҳаҳо ба ин зинаи таҳсилот низ таваҷҷуҳ гардида, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, ҳамчунин, талабот дар бозори меҳнати кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд, омода намудани кадрҳои баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон мебошад. Аз ин рӯ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо ниҳоди нав – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро дар замони истиқлолият фароҳам овард.

Дар ҷомеаи имрӯзи кишвар рӯз ба рӯз талабот ба ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот бештар гардида, ба ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон чандин маротиба бештар шудааст. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос дар онҳо фароҳам омад.

Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) фаъолият намуда, дар ин зинаи таҳсилот аз рӯи 10 самт (тиббӣ, педагогӣ, кишоварзӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳанг) мутахассисон омода гардида, бо гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ ба истеҳсолот фиристода мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар зарфи беш аз 33 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 47-то афзуд, ки аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, ба вежа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа мебошад.

Айни замон дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 209 ихтисос мутахассисон омода мешаванд, ки нисбати замони шуравӣ 113 ихтисос зиёд буда, ҳар сол бо назардошти пешрафти илму техника ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ кушода шуда, ба таснифоти ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ илова мегарданд.

Ҳамзамон, талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникию муосир ба иҷро расида, муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва дигар воситаҳои аёнии таълимӣ таъмин шуданд, ки дар раванди дарс ва корҳои амалӣ пайваста мавриди истифода ва омӯзиш қарор мегиранд.

Дар маҷмӯъ, Истиқлолу суботу оромии кишвар имконият дод, ки дар самти таъсиси лабораторияҳову паркҳои технологӣ, китобхонаҳои электронӣ, хариди китобҳои илмию бадеӣ ва методӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳою корхонаҳо ҷиҳати ба корҳои амалӣ ҷалб намудани донишҷӯён, ташкили кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизондани онҳо бо маводди аёнӣ, таъмин бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Наҷбудинзода Ҳабибулло, муовини директор оид ба корҳои таълими Коллеҷи техникию омӯзгории Н. Рӯдакӣ

 

2025-01-19 17:33:21

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ТАЪЛИМ

Таълими замонавӣ дар зинаи инноватсияҳои нав истодааст, ки асосан ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ такя мекунад. Ин технологияҳо имкониятҳои васеи фардикунонии раванди таълимро кушода самаранокии таълимдиҳӣ ва автоматикунонии баҳодиҳии таълимро таъмин менамояд.

Дар навбати худ ҷорикунии зеҳни сунъӣ ба раванди таълим якчанд муаммоҳои этикӣ ва амалиро низ ба вуҷуд оварданаш мумкин аст, ки бояд ҳалли худро пайдо кунад. Мақолаи мазкур имкониятҳои зеҳни сунъиро ба сифати қувваи ҳаракаткунандаи табаддулоти системаи таълим ва оқибатҳои ҷойдошта, инчунин тамоюли рушди онро дар доираи таълим дида мебарояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 – ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуд. Вобаста ба ин яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодиёти рақамӣ «зеҳни сунъӣ» ба шумор меравад. Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи «зиндагӣ ва таҳсил», бо ибораи дигар, «таълим дар тамоми ҳаёт» зоҳир мегардад.

Иқтисодиёти рақамӣ зарурати такмили доимии малакаҳои касбии мутахассисонро тақозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав бахусус зеҳни сунъӣ босуръат пеш меравад. Зеҳни сунъӣ аллакай мавқеи худро дар ҳаёти рӯзмарра пайдо карда таъсири худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият расонида истодааст. Таълим низ истисно набуда зеҳни сунъӣ пай дар пай омили калидии муайякунандаи рушди соҳаи мазкур шуда истодааст. Технологияи таълими мошинӣ, алгоритмҳои коркарди забони табиӣ ва системаҳои шуурии таҳлили маълумотҳо аллакай дар муассисаҳои таълимии тамоми дунё истифода шуда истодаст, ки усулҳои таълими анъанавиро иваз намуда барои омӯзгорону донишҷӯён имкониятҳои навро ба вуҷуд оварда истодааст.

Яке аз доираи калидии истифодабарии зеҳни сунъӣ дар таълим – ин таълими мутобиқат (адаптивӣ) мебошад. Алгоритмҳои шуурӣ маълумотҳоро оиди давомот таҳлил намуда хоҳиш ва дараҷаи дониши донишҷӯёнро муайян менамояд ва маводҳои таълимиро мувофиқи талаботҳои фардӣ мутобиқ месозад. Чунин барномаҳои фардикунонидашуда ҷалби донишҷӯёнро ба дарсҳо зиёд намуда натиҷаҳои онрҳоро беҳтар менамояд. Афзалиятҳои таълими мутобиқат:

1. Самаранок азхудкунии маводҳо

2. Кам шудани вақти азхудкунӣ

3. Баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён

Нақши калидиро дар системаҳои адаптивӣ алгоритмҳои шуурии таълими машинавӣ мебозанд, ки қобилияти дар реҷими вақти ҳақиқӣ метавонанд маълумотҳоро оиди давомоти донишҷӯён таҳлил намояд. Инчунин қонуниятҳоро муайян намуда самтҳои фардии таълимдиҳиро ташаккул диҳад. Мисоли ингуна платформаҳои адаптивӣ барномаҳои зерин мебошанд:

1. KNEWTON – Платформаҳои адаптивии барномаҳои таълимии доираи васеъ

2. ALEKS – системаи шуурии омӯзиши математика ва илмҳои дақиқ

3. DREAMBOX LEARNING – барномаҳои адаптивӣ барои математикаи ибтидоӣ

4. TURBOLEARN – навиштани лексия дар компютер ба таври автоматӣ

Баланд бардоштани самаранокии таълим бо ёрии ёварҳои зеҳни сунъӣ амали гардонида шуда истодаанд. Масалан дар малакатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ҷумла: Олмон, Чин, Канада, Амрико ва Британияи Кабир дар масъалаи истифодаи зеҳнис сунъӣ пешқадам буда Олмон системаи рушдкардаи таҳсилоти олиро доро аст ва дар донишгоҳҳои пешқадами он барномаҳо оиди истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши машинавро пешниҳод мекунанд. Инҳо асосан дар донишгоҳҳои Technical University Of Munich ва University of Freiburg васеъ ба роҳ монда шудаанд. Ба щайр аз фардикунонии таълим, технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори омӯзгорон мусоидат мекунанд. Ёварҳои шурӣ дар асоси зеҳни сунъӣ метавонанд дар худ вазифаҳои реҷавиро бар дӯш гиранд, ба омодасозии маводҳои таълимӣ, ташкили раванди таълим ва баҳодиҳии давомот алоқаманд аст. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгорон вақти зиёдтарро барои машщулиятҳои эҷодӣ бо донишҷӯён пайдо кунанд.

Ёварҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки нақшаҳои дарсиро бо баҳисобгирии стандартҳои таълим тартиб диҳад ва талаботҳои фардии таҷрибаҳои педагогиро қонеъ гардонад. Инчунин системаҳои таҳлили шуурӣ, тестҳо, вазифаҳои хонагӣ ва дигар корҳоро баҳогузорӣ намуда вақти омӯзгоронро барои оқилона истифода бурдан кӯмак расонад. Дар бобати идоракунии синфҳо, назорати фаъолнокӣ ва таҳлили маълумотҳо имкон медиҳанд, ки омӯзгорон раванди таълимро самаранок истифода ва ташкил намоянд. Инчунин генераторҳои зеҳни сунъӣ ба сохтани маводҳои таълимӣ, видеонаворҳо, презентатсияҳо ва дигар маводҳои зарурӣ мувофиқи параметрҳои додашуда қодир астанд. Вале бар замми ин ҳама имкониятҳо хатарҳое ҷой дорад, ки дар ҳолати ба форищболӣ роҳ додан метавонанд самараи дилхоҳро надиҳанд. Ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ба системаи таълим якчанд зиддиятҳоро низ ба миён оварданаш мумкин аст, ки ба ин бояд тавваҷӯҳи махсус бояд зоҳир намуд. Муаммоҳои калидии ҷойдошта ин ҳимояи махфияти маълумотҳои иштирокчиёни раванди таълим ба ҳисоб рафта, имкони пурзӯр шудани нобаробарии иҷтимоӣ, инчунин хатари ивази иштироки инсон дар раванди таълим ба равандҳои пурраи автоматикунонидашуда вуҷуд дорад:

1. Махфияти маълумотҳо – ҷамъ ва истифодаи маълумотҳои шахсӣ барои таълими мутобиқат танзимкунии дақиқро барои ҳимояи дастнорасии ҳаёти шахсӣ талаб менамояд.

2. Дастрасӣ ва баробарӣ - Бояд баробариро дар боби дастрасӣ ба технологияҳои зеҳни сунъӣ барои тамоми иштироккунандагон новобаста аз ҳолати иҷтимоию – иқтисодӣ таъмин кунанд.

3. Омили инсонӣ – дар таълим бояд муозинати байни автоматикунонӣ ва нақши иштироки инсон нигоҳ дошта шавад то ин, ки ҷанбаҳои калидии раванди таълим аз байн наравад.

Мувофиқи рушди минбаъдааи технологияҳои зеҳни сунъӣ интизор шудан мумкин аст, ки он дар раванди таълим бозҳам меафзояд. Мутахассисони соҳаи мазкур пешбинӣ мекунанд, ки дар оянда боз ҳам платформаҳои нав ва мукаммали мутобиқат, ёварҳои шуурии омӯзгорон ва баҳогузории автоматии дониш пайдо мешаванд. Аммо ба амал татбиқ намудани ингуна технологияҳои рақамӣ аз мо дида баромадани ҷанбаҳои этикӣ ва амалиро талаб менамояд то ин, ки ворид намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба системаи таълим бехатар ва боадолатона таъмин карда шавад.

Оқилона истифода бурдани зеҳни сунъӣ метавонад омили баланд бардошатани сифат ва дастрасии илм дар тамоми ҷаҳон гардад.

Ашӯров Ҳусейн Раҳимович - омӯзгори фанҳои техникии кафедраи «Нақлиёт ва Сохтмон»-и Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

 

2025-01-19 17:32:04

ИЛМУ ДОНИШ - ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ

“Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”

Эмомалӣ Раҳмон

Боиси ифтихор аст, ки мардуми сарбаланди кишвар ҳамасола бо як эҳтироми хоса ва умеди нек барои ояндаи дурахшани ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо як иттиҳоду сарҷамъӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мешунаванд, ки дар раванди баргузории он намояндагони аҳли зиёи мамлакат фаъолона иштирок менамоянд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, навиди тозае аз муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон дар панҷ соли охир маҳсуб меёбад.

Паёми Президенти мамлакат санади расмиест, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти давлатро тули як сол муҳокима намуда, стратегия ва ҳадафҳои рушди минбаъдаи онро муайян менамояд ва барои ҳалли масъалаҳои мубрам тадбирҳои заруриро пешниҳод мекунад.

Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба тамоми самтҳои тақвиятдиҳанда ва пешбарандаи давлат равшанӣ андохта, аз муваффақиятҳои ноилгардидаи тамоми қишри ҷомеа дар соли ҷорӣ, ки барои рушди устувори давлат ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ заминагузор мебошанд, боифтихори самимӣ суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи мактабу маориф, нақши омӯзгор дар пойдории сулҳу суботи кишвар ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани соҳаи мазкур ва ҳамқадам будан бо ҷаҳони муосир ба масъулини соҳа вазифагузориҳо карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки асоси ташаккул ва рушду нумуи ҳар давлату миллатро соҳаи маориф ташкил медиҳад, зеро рушди ҷомеа, амнияти давлат бевосита ба рушди маориф вобастагӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил гардида, чун ҷавҳари миллӣ эътироф гаштааст. Дар марҳалаи нави тараққиёти кишвар ба соҳаи маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, чунки ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши калидӣ дорад. Имкониятҳои хуби фароҳамгардида барои таҳсил аз самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақшаҳои созандаю некбинонаи Пешвои миллат дар самти пешрафти илму маориф муарриф дарак медиҳанд.

Маориф дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки маҳз пешрафти илму маориф барои тарбияи насли наврас, ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ зиракӣ ва мутахассисони ҷавобгӯи замони муосир мусоидат менамояд. Пешрафти соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир эмин буда, тафаккуру онҳо рушд ёфта, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ ва даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш иброз доштанд, ки “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.”, Ин суханҳои санҷидашудаи Пешвои миллат аз падару модарон, мураббиёни кӯдакистонҳо ва омӯзгорон дар таълим ва тарбияи насли наврас масъулияти дучандро тақозо менамояд, зеро кӯдаконе, ки аз мактаб дур монда дар муҳити носолим тарбият меёбанд, ҳеҷ гоҳ шахсони руҳан ва ҷисман солим бавоя намерасанд. Дар оянда дар ҷамъият ҳамчун шахсияти обруманд мақоми худро намеёбанд.

Амалӣ намудани 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар татбиқ шуда истодааст ва ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав мусоидат менамояд, аз сад фисад баланд бардошта шудани музди маоши кормандони соҳаи маориф давоми солҳои 2020 - 2024, сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ, азнавсозии биноҳои қаблӣ ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти томактабӣ ва таъмири синфхонаҳои иловагии муҷаҳҳаз бо тамоми технологияҳои муосир бори дигар аз иқдоми саривақтӣ, самаранок ва ташаббусҳои созандаи Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити хуб барои таълиму тарбияи насли наврас дарак медиҳад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо талошу пайгирӣ ва ташаббусу ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат эълон гардид. Ин иқдом имкон дод, ки дар ин самт дигаргуниҳои куллии бунёдӣ рӯйи кор оянд ва садҳо иншооту муассисаҳо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Иштироки бевоситаи Президенти кишвар дар раванди ифтитоҳи муассисаҳои тозабунёди кишвар, ташкил ва баргузор намудани вохӯрии Роҳбари давлат бо аҳли маорифчиёни кишвар аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин соҳаи муҳими ҳаётан муҳими ҷомеа дарак медиҳад.

Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шуд”. Албатта, ибрози ин шумора танҳо ба гуфтан осон аст, зеро бунёди ин иншоотҳо аз Ҳукумати мамлакат заҳматҳои басо мушкилро талаб менамояд.

Дастури Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намудан ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат шабоҳат медиҳад

Дар Паёми имсола (28.12.2024) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзгор мактабу муассисаҳои олии касбӣ, пайванди ногусастании илму дониш ва дар истеҳсолот амалӣ гаштани он таваҷҷуҳ намуда, қайд кардаанд, ки “Дар зинаи таҳсилоти олӣ, масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”. Дар ин росто, мо омӯзгорони зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро мебояд бо истифодаи технологияҳои муосир таълимгирандагонро бо усулҳои муосир ба таълим фаро гирифта. Барои идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти олӣ заминаи мусоид гузорем.

Таҳаввулоту дигаргуниҳои замони муосир омӯзгоронро водор менамояд, ки дар тарғиби моҳияти озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи музаффариятҳои он, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, забон, таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар ниҳоди хонандагону донишҷӯён таҳким бахшидан ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошанд. Аз ин хотир, дар асоси таҷрибаи таърихиву фарҳанги миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар ба касбу кор ва фаъолияти худ содиқ бошанд, бо истифода аз шароити фароҳамбуда миллат танҳо бо мақсади таълим ва тарбияи насли наврас камари ҳиммат банданд ва дар рушди инкишофи давлат, донишманд гардидани аҳолии кишвар, муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва ихтироъкорон дар сати ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Насли ҷавонро зарур аст, ки ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, технология ва инноватсия таваҷҷуҳ намуда, сазовори боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарданд.

Тавре ки Пешвои миллат иброз доштанд: “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Дар ин асно мо омӯзгорон ва аҳли илму маорифро зарур аст, сазовори боварӣ ва дастгириҳои Роҳбари давлат гардида, бо умедвориҳо аз татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем.

Бо дарназардошти вазъияти ноором дар ҷаҳон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи марзу бум ва муқаддасоти миллату ватани маҳбубамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар ин самт амалҳои созандаи хешро устувор намоем.

Иҷрои дастуру ҳидоятҳои судманди Паёми Пешвои миллат мо аҳли маорифро муваззаф менамояд, ки фаъолияти мунтазами хешро баҳри таҳкими истиқлолияти давлати муқаддасамон Тоҷикистони азиз қавитар намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Сарвари давлат баёнгардида, хусусан беҳдошти сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши фанҳои забони рӯсиву англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз роҳҳои шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои характери ҷиноӣ ва коррупсионидошта саъю талош намуда, баҳри гиромидошти арзишҳои миллӣ нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии худро равона намоем ва бо ин васила дар пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазои хешро гузорем.

Наҷибулло РАБИЗОДА,

директори Коллеҷи муҳандисию

омӯзгории шаҳри Душанбе,

номзади илмҳои техникӣ