Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ
single-product

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

2025-11-13 08:59:28

Дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманд, роҳбари дилсӯзу ватанпарвар ва Президенти воқеан мардумӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва поягузори давлати навини тоҷикон дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат нақши таърихӣ ва тақдирсоз гузоштаанд.

Дар давраи барои Ватани мо пурошӯб ва ҳассоси солҳои аввали Истиқлолият маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва масъулияти бузурги миллӣ сарварии давлатро ба дӯш гирифта, миллати парешонгашта ва кишвари ҷангзадаамонро ба роҳи сулҳ, субот ва созандагӣ раҳнамоӣ намуданд. Бо талошҳои пайвастаашон сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон барқарор гашт ва пояҳои давлатдорӣ устувор гардиданд.

Маҳз хирадмандӣ ва сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ором, пешрафта ва дорои эътибори баланд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ҷаноби Олӣ на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки фарзанди содиқи миллат, ҳомии фарҳанг, дӯстдори илму маърифат ва ғамхори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.

Мардумпарварии Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки ҳар қадам ва ҳар ташаббусашон аз эҳтиёҷоти воқеии ҷомеа сарчашма мегирад. Ҳазорон сафари кориашон ба дурдасттарин минтақаҳои кишвар, мулоқот бо мардум, дидору гуфтугӯ бо омӯзгорону деҳқонон, кӯдакону ҷавонон шаҳодати равшани он аст, ки сиёсаташон аз халқ ҷудо нест. Сарвари давлат ҳамеша сухани мардумро мешунаванд, аз мушкилоти онҳо огоҳанд ва тамоми саъйи худро ба беҳбудии зиндагии онҳо равона месозанд.

Дар сиёсати Пешвои миллат тарбияи насли ҷавон ва тайёр кардани кадрҳои соҳибмаҳорат мавқеи хоса доранд. Бо ташаббус ва ғамхориҳои Роҳбари кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишии муосир таъсис ёфта, шароити мусоиди таҳсил барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Ҳадаф аз ин ҳама дастгирӣ дар он аст, ки ҳар як ҷавони тоҷик бо дониш, ихтисос ва меҳри Ватан ба созандагӣ саҳм гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои воқеии миллатанд, ки бо хислатҳои инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дилҳои мардумро ба худ ҷалб намудаанд. Маҳз чунин хислатҳои воло боис гардидаанд, ки сокинони кишвар бо ифтихор ва самимият он касро Президенти мардумӣ меноманд.

Мо, омӯзгорон, бо эҳсоси ифтихор изҳор медорем, ки дар чунин кишвари соҳибистиқлол таҳти сарварии чунин Пешвои хирадманду меҳрубон зиндагӣ ва фаъолият дорем. Роҳнамои асосии мо дар таҳсилу тарбия ва хизмат ба Ватан суханҳои пурҳикмати Сарвари давлат мебошанд, ки ҳамеша таъкид мекунанд: «Миллати босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст пояи асосии давлат аст».

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуманд, барои мардуманд ва аз миёни мардум бархостаанд. Он кас бо хидматҳои беназири худ на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи низоъ наҷот доданд, балки ба кишвар рӯҳи тоза бахшида, пояҳои давлатдориро таҳким намуданд.

Хулоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии роҳбари хирадманд, сиёсатмадори дорои диди стратегӣ ва Президенти воқеан мардумӣ мебошанд, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ба халқу Ватан ба ҷаҳониён нишон доданд, ки роҳбари воқеӣ он касест аз мардум нерӯ мегирад, бо мардум мемонад ва барои пешрафти мардум заҳмат мекашад.

Замира ИРМАТОВА,

директори Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом

ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров