Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЛИТСЕЙИ КАСБИЮ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВРО БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ НАМУДАНД
single-product

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЛИТСЕЙИ КАСБИЮ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВРО БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲ НАМУДАНД

2025-11-20 19:23:54

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои таълимӣ, ошхона ва хобгоҳи Литсейи касбию техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо харҷи 3 миллиону 975 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ навсозӣ карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки таъмири пурра ва муҷаҳҳазсозии синфохонаю устохонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти литсей бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ иҷро намудаанд.
Бинои таълимии мазкур дорои 14 синфхона ва устохонаҳои таълимӣ буда, барои 250 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, дар назди он хобгоҳи наву замонавӣ бунёд гардид, ки 60 нафарро бо ҷойи хоб таъмин менамояд.
Зикр гардид, ки Литсейи касбии техникии ноҳияи мазкур яке аз муассисаҳои соҳибнуфузи таълимӣ дар вилояти Суғд буда, соли 1983 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №3-и шаҳри Ленинобод ҳамчун Омӯзишгоҳи деҳотии касбию-техникии №24-и ноҳияи Хуҷанд таъсис ёфтааст.
Муассиса дар давраи фаъолияташ зиёда аз 10 000 нафар мутахасисони касбиро бо ихтисосхои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат тайёр карда, ба хоҷагии халқи ноҳия ва вилоят сафарбар кардааст. Дар муассиса курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд, ки ба онҳо шахсони хоҳишманд новобаста ба синну сол қабул карда мешаванд.