Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
single-product

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2025-06-21 21:13:55

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи тайнамудаи миллати тоҷик тақдирсоз ва пурғановат мебошад. Имрӯз саросари марзу буми Тоҷикистонро ҳамдиливу ваҳдат фарогир аст. Якдигарфаҳмӣ реша медавонад, ғурури миллӣ торафт болотару қавитар мешавад, номусномаи хеле қадимаи ин миллати бостонро ҳамарӯза сатрҳои нав ба нави заррин пурратар месозанд. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд кардааст.

Воқеан роҳе, ки сиёсатмадорон тай менамоянд, роҳи осон нест. Бисёре аз коршиносон дар ҳайратанд, ки ин марди соҳибмаърифат, ки Сарварии мамлакатро бар зимма дорад, дар як муддати кутоҳ нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардошта, миллатро ба сӯйи саодат роҳнамоӣ кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмиву якдилӣ халқро аз вартаи ҳалокат раҳо намудан мумкин аст. Бинобар ин, дар рӯзи нахустини Роҳбари давлат интихоб шуданашон Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи миллати тоҷик рӯ оварда, чунин изҳор доштанд: «Мо як Ватан, як Модар дорем. Бародарвор дасти ҳам гирему машғули меҳнати осоиштаи созанда шавем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем, Тоҷикистонро аз хавфи нестшавӣ ва порашавӣ наҷот медиҳем, онро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем».

Маҳз ҳамин суханон ба дилу дидаи мардум ҷой шуд, ки минбаъда сармашқи кори халқи меҳнатдӯсти Тоҷикистон гардид.

Дар иҷлосияи ғайринавбатии ХVI- уми Шурои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Дар он лаҳза ягон каси дигар хоҳиши Роҳбари давлат шуданро надошт. Инак, хизмати шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ин абармарди миллат бо ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуданд, махсусан, мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитҳо муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузоштанд, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардониданд, устувории бунёди ҷомеаи навро гузоштанд, ислоҳоти Конститутсияи навро таҳия намуданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон гузоштанд, ба истиқрори сулҳ ноил шуданд, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Пешвои миллат ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузоштанд, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар карданд, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуданд ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоштанд.

Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби ҳақиқии ҳаётӣ ва дарси ибрати давлатдорӣ барои сиёсатмадорон ва роҳбарони сиёсӣ, барои насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

Хидиров Улуғбек, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе