Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» БАРГУЗОР МЕШАВАД
single-product

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» БАРГУЗОР МЕШАВАД

2026-01-26 16:34:38

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин, таъмину таҳкими сулҳу субот, амнияту оромӣ, ба ҳам овардани мардуми сарзамин дар замони истиқлоли давлатӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсию иҷҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои сулҳпарваронаю инсонпарварона дар заминаи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории озмун таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар заминаи корнамоиҳо ва ҳидоятҳои ватандӯстонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар озмун ҳама шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз синн ва касбу кор иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи се номинатсия баргузор мегардад:
— Беҳтарин мақолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ, очеркҳои таърихӣ;
— Беҳтарин эҷоди назму наср (ҳикоя ва шеър);
— Беҳтарин суруд.
Озмун дар як давр дар ҳошияи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ моҳи июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон барои иштирок дар омзун метавонанд то 30 май ба масъули баргузории озмун — «Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.