Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2024-09-16 14:33:46

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Имрӯз мо дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз, воқеан, оғози саҳифаи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории мардуми тамаддунсози тоҷик маҳсуб меёбад ва мо ифтихорманд аз онем, ки маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣбунёд ёфт.

Даст ёфтан ба Истиқлоли давлатӣ, ки машъали умедҳои халқи тоҷикро ба рӯшноӣ, фардои дурахшон ва субҳи хушбахтӣ фурӯзон намуду боварҳои мардумро ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии орому осоишта нерӯ бахшид, аз падидаҳои нодири давлатдории тоҷикон аст.

Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардуми тоҷик аз он ибтидо мегирад. Зеро маҳз истиқлол барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва таҳким бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириву роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бомаром идома ёфта, дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани мушкилоти соҳа, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст.

Вобаста ба ҷоннок намудани сектори хусусӣ, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани таҳсилоти касбӣ доранд, тайи 10 соли охир натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард.

Дар ин солҳо муассисаҳои ғайридавлатии тиббию, техникӣ ва иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Восеъ, Ҳамадонӣ, Вахш, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Левакант, Данғара, Хуҷанд, Панҷакент, Ёвон, Панҷ ва Ҷайҳун ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар ифтитоҳи аксари ин муассисаҳои таълимӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 68,5 млн. сомонии соли 2019 ба 122 млн. сомонӣ дар соли 2024 ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, аз 176,9 млн. сомонӣ дар соли 2019 ба 363,4 млн. сомонӣ дар соли 2024 баробар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин муддат маблағгузории ин зинаҳои таҳсилот зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт ва 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Дар муассисаҳои мазкур 90096 хонанда ва донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор дарс медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар доктори илм ва 240 нафар номзади илм мебошанд.

Пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бозгӯи шинохти амиқ ва сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба он иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бо файзу баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ давра ба давра ба дастоварҳои бузург ноил гашта истодааст. Барои ин зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавӣ таҳия шуда истодаанд, ки таҳаввулоти ҷиддиро дар низоми соҳаи мазкур ба вуҷуд хоҳанд овард.

Айни замон лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Баъди бароардани хулосаҳои зарурӣ санадҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқи зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла низомнома, қоида ва тартиб ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли ҷорӣ омода ва дастраси муассисаҳо гардонида мешаванд.

Инчунин, дар ин давра бо як қатор созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуда, зиёда аз 7 санади ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Устодон, омӯзгорон, ҳамкорон, падару модарони арҷманд!

Имрӯз вазифаи муқаддаси мову Шумо тарбияи дуруст намудан, дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардондани фарзандону шогирдон аст. Мову Шуморо зарур аст, ки ҳарчи имкон дорем, онро сарфи донишандӯзии фарзандону шогирдон гардонем, то онҳо аз навгониҳои илму техникаи замонавӣ бархӯрдор гарданд. Ин имкониятро ба мо истиқлоли воқеии Тоҷикистони азизамон додааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст, чун гавҳараки чашм эҳтиром намоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву саодат, рӯзгори осуда, бахту саодат ва дар фаъолиятатон комгориву комёбиҳои беназирро орзу таманно менамоям.

Ҷашни Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!