
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА КАФИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
2024-09-17 16:36:31
Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастоварди миллати куҳанбунёду
тамандунофари тоҷик буда, нишони мустақилият, ҳувият, ифтихор, номус, рамзи
саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони
давлатдории муосир шароит фароҳам оварда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ,
ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.
Муосиртарин падидае, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми мо
мушарраф гардид, ин Истиқлолияти давлатӣ буд, ки бо шарофати он Тоҷикистон роҳи
минбаъдаи рушди хоҷагии халқи мамлакатро муайян намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз
ватану давлатдор будани халқи тоҷик огаҳӣ ёфт. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ
асосҳои сохтори кониститутсионӣ дар кишвар такмил ёфта, тайи 33 соли мавҷудияти
давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба нишондодҳои назаррас ноил
гардиданд. Рӯз аз рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда, назари
аҳолӣ ба истиқлолхоҳию сатҳи худшиносии миллӣ ҳамаҷониба рушд ёфт. Агар
дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба назар орем, дастовардҳо дар иқтисодиёт
ва истеҳсолот назаррас ва бисёр арзандаанд, зеро 33 сол дар таърих муддати зиёд
нест, аммо бо татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои
иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад.
Дар ин давра ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта,
соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ
рушд ёфтанд. Бо тараққӣ ёфтани соҳаи иқтисодиёт ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд,
ки ин боиси самаранокии корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани
буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ба роҳ
монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин корхонаҳои муштарак зиёда аз 90 фоизи
коргарону мутахассисонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар доираи дастуру
супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва
расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор
гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ
ворид гардид, ки ин инкишофу пешрафти давлатамонро дигаргун ва босамар сохт.
Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи
ҷумҳуриямон мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти
маҳсулот таъсир расонд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз
дастоварди назарраси иқтисодӣ дар даврони истиқлол ташкили минтақаҳои озоди
иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Ба вуҷуд овардани тарз ва
усулҳои нави муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар бозорҳои истеъмолии дохилӣ баҳри
рақобати бозорӣ, зиёд кардани маҳсулот, сифати молу маҳсулот ва рушди соҳибкории
хурду миёна ба амал омада, дар умум ба афзоиши истеҳсолоти ҳамаи соҳаҳои
иқтисодиёт боис гардиданд.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд,
“Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки
зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр
мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба
марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб
фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри расидан
ба ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳимми ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Таҷрибаи сиёсӣ
нишон медиҳад, ки маҳз истиқлолу ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшонро
муайян карда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти
озодонаи ҳар фард ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри
азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин
(инноватсионӣ) диққати асосӣ дода шуда, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолии
замонавӣ фаъолият доранд ва ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили солгарди Истиқлоли
давлатӣ Пешвои миллат дар ҳудуди ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави
истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд ва минбаъд низ корхонаҳои нави истеҳсолӣ
махсусан корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд, ки зиёд
шудани истеҳсолот ва рақобатпазир гардидани он, дар маҷмуъ барои рушди устувори
Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Истиқлоли давлатӣ имконият дод, ки кишвари мо робитаҳои мустақими
тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари
амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ
монад. Ин буд, ки тавассути андешидани чораҳои мушаххас сармоягузорӣ дар кишвар
такмил ёфта, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ
пешниҳод шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди
иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад.
Ҳамин тавр, бо гузашти 33 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ
дар заминаи сиёсати созанда рушди бемайлон дошта, такмили муносибатҳои
истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати
стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи
наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.
Юсуфов Шамсулло,
сардори раёсати молия ва баҳисобгирии молиявии
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон