Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
single-product

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2024-09-19 08:37:35

 

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти варзишӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар қисмати тантанвии чорабинӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд. Ташкилу ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идомаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат аст.

“Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯ-варзишгарони Коллеҷи технологӣ дар оянда метавонанд дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд”, - гуфт Раиси Кумита.

Сипас, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, гуфт, Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошта, пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар зарфи қариб 33 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, на танҳо дар зарфи 70 соли Шӯравӣ, балки дар тамоми паҳнои таърих барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд.

Қайд гардид, ки маҷмааи мазкур аз майдончаи ҳозиразамони варзишӣ барои ҳаводорони бозии футбол иборат мебошад. Дар атрофи майдонча корҳои ободонию кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гирду атрофи он сафолакпӯш карда шуда, шафати пайроҳаҳои пиёдагузар бо гулҳои мавсимӣ зебо гардонида шудааст. Майдонча аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи технологӣ сохта шуд. Корҳои бунёдӣ моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтанд.

Донишҷӯёни муассиса бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда барои рушди ин навъи варзиш дар худи муассиса ва берун аз он саҳм гузошта, дар сабқатҳои гуногун иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодаанд.

single
single
single