
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ МИНБАРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2024-09-19 08:48:07
«Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои точикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муарраифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд». Эмомалӣ РАҲМОН
Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони
давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва
Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар
ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду пойдор сохтани забони тоҷикӣ
ҳамчун забони давлатӣ воқеаи тақдирсози фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри
соли 2009, №553, қабул гардид, ки ҳадаф ва мақсади ниҳоии он рушди забон чун
падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ,
илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ дар
хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ омили муҳимми эҳёи забони
тоҷикӣ мебошад.
Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдории
миллӣ махсуб ёфта, омили ваҳдати миллӣ низ мебошад Ҳамчунин, забони давлатӣ
омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ
маҳсуб мешавад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба
муттаҳид шудани тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он ва дар баробари ин
донистани забонҳои хориҷӣ пайваста таъкид менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар
суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри
соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат намуда кайд намуданд, ки «… тамоми нерӯи худро
барои аз бар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда,
омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳарҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва
дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед».
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеъии эҳёи
забони мо дониста мешавад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои
ҳуқуқии байналмиллаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномахо ва қарордодҳои
муҳимро ба имзо мерасонад. Орзуву омоли на танҳо зиёиёни кишвар, балки кулли
сокинони мамлакат ҳамин буд, ки давлату миллат ва забон раҳнамову саробоне
ёбанд. Пешбурди сиёсати давлатӣ ва талош барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон
ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ба ин натиҷаи судманд расонид, ки Президенти кишвар
шарафи суханронӣ дар балантарин минбарҳои ҷаҳониро дарёфта, паёми халқи тоҷикро
бо забони тоҷикон ба ҷаҳониён расониданд. Аз чумла, нахустин маротиба Эмомалӣ
Раҳмон аз номи Тоҷикистони соҳибихтиёр 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари
баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ оид ба даҳшатҳои ҷанги дохилӣ,
баргардонидани гурезаҳо ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли муноқишоти
Тоҷикистон ба таври муфассал суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо роҳбарии Сарвари
давлат дар ҷумҳурӣ сиёсати забон ташаккул ёфт. Ин мавзӯъҳамеша ба як ҷузъи
муҳимми давлатдорӣ табдил ёфта, барои пешбурди он силсилаи қонуну қарорҳо,
барномаҳо андешида шуда, фаъолияти кумитаи алоҳида ва якчанд комиссияву гурӯҳии
кориву назоратӣ ташкил карда шуданд. Масалан, соли 1995 бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта,21-уми октябри соли 1997 Барномаи
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои
дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ба таъкиди Сарвари давлат, забони миллӣ
муҳимтарин рамзи истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ, омили воқеии эҳё ва
такомули забони миллӣ мебошад. Роҳбарияти олии мамлакат талош бар он доранд, ки
сиёсати давлатии забонро сол аз сол нерӯманду муассир гардонад. Тадбири дар
соли 2008 ҷашн гирифтани 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ин
солро соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон намудан раванди тақвияти татбиқи
забонро бамаротиб қувват бахшид. Президенти мамлакат ба ин муносибат дар
суханронии худ иброз намуданд: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки забони тоҷикӣ
ҳамчун забони давлатӣ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири
муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву
фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд». Маҳз дар ҳамин ҷамъомад Эмомалӣ
Раҳмон пешниҳод карданд, ки барои ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси
ифтихору эҳтироми мардум ба забони модарии хеш, соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ»
эълон гардида, якҷоя бо ҷашни 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
таҷлил карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки мавқеи устувори Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ
дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоти эшон возеҳу равшан ифода
ёфтаанд. Хоса, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро метавон марҳалаи тозаи
хидмат дар соҳаи забон шуморид.
Сарвари давлат дар асоси таҳлили зиёда аз
чаҳорсад сарчашмаи илмии ватаниву хориҷӣ кӯшидаанд, ки ба печидатарин
масъалаҳои баҳсноки давраҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ равшанӣ андозанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикиро
яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи забони модарӣ ҳисоб карда, дар ин замина
роҷеъ ба маъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба
забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва аз
масъалаҳои ҳалталаб барои ҷомеаи мо ба шумор меравад, дастур медиҳанд, ки барои
ҳарчи зудтар ба ҳадаф расидан – аз олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногун гирифта,
то корманди одӣ –дар ин кори муҳим саҳм гиранд.
Ин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки
масъалаи забон аз диди Президенти кишвар на фақат падидаи фарҳангист, балки он
дар навбати аввал масъалаи муҳими сиёсию давлатист. Бинобар он дар ҳалли
масъалаҳои забон, пеш аз ҳама, давлат манфиатдор аст, чунки мафҳумҳои миллат ва
давлату забон тавъаманд мебошанд.
Рухшона ДАВЛАТШОЕВА,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти миёнаи
касбии
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон