
АКСИЯИ ТАҚДИМИ ГУЛҲО БА ОМӮЗГОРОН
2024-10-05 08:10:11
Дар
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи
“омӯзгорон” аксияи гултақдимкунӣ доир гардид.
Дар
доираи аксияи мазкур роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳамчун рамзи
садоқату муҳаббат ва самимият ба омӯзгорон гулҳо тақдим намуданд. Қайд карда
шуд, ки ин гуна иқдом боиси бештар гардидани самимият ва ҳурмату эҳтиром нисбат
ба омӯзгор мегардад.
Мавриди
зикр аст, ки ин иқдом дар арафаи идҳо дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст.

