
ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ МАХСУСИ МАЪЮБОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2024-10-16 15:41:49
Аз 30-юми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри
Дукенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон олимпиадаи байналмилалии махсус аз намуди варзиши
сабук баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур
хонандагон аз кишвари Иттиҳодидавлатҳои мустақил ширкат намуда, ҳунару
истеъдоди худро нишон доданд. Дар олимпиадаи мазкур аз Литсейи касбии махсуси
маъюбони шаҳри Душанбе се нафар хонанда ва як нафар омӯзгори фанни тарбияи
ҷисмонӣиштирок намуданд.
Боиси хурсандист, ки хонандагони Литсейи касбии махсуси маъюбони
шаҳри Душанбе Ғозиева Бибиомина ҷойи якум аз намуди давидан ба масофаи 100 метр
ва ҷойи чорум ҷаҳидан ба дарозӣ, Қурбонов Баҳромҷон ҷойи якум ҷаҳидан ба дарозӣ
ва ҷойи дуюм давидан ба масофаи 60 метр ва Шарипов Абдурауф Ҷойи якум давидан
ба масофаи 100 метр ва ҷойи сеюм аз намуди партофти найза бо 6 медал ба Ватан
баргаштанд.
Дар охир аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада ба нафароне, ки
сазоворӣ ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардидаанд бо Сипоснома ҷом ва
туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Литсейи касбии махсуси маъюбон" дар мусобиқаи Осиёи маркази
миёни шахсони имкони маҳдуддошта хонанданони муассиса ширкат варзида сазовори 6
медал гардиданд. Аз ин шумора 3 медали тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ.

