
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИВӢ ДАР ДОИРАИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
2024-10-18 18:46:01
Бо
мақсади амали намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва конференсияҳо
дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида ба
30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон
дар Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон конференсияи илмӣ-назариявӣ
таҳти унвони “Конститутсия - шаҳодатномаи давалати соҳибихтиёр” бо иштироки
муовини раиси Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва ёрдамчии калони прокурори Ёвон
Мирзозода Баҳодур баргузор карда шуд.
Нахуст
меҳмонон аз намоиши дастовардҳои хонадагон муассиса дидан намуда, баҳои баланд
доданд.
Дар оғоз
директори муассисаи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта,
иброз доштанд, ки 6 ноябри
соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти
роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум Конститутсия,
ҳуҷҷатисарнавиштсозро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Таъкид
гардид, ки Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини
ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфта, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ
заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин,
дар идомаи кори конференсия Абдуллозода Саёҳат – муовини раиси ноҳия ва
Мирзозода Баҳодур – ёрдамчии калони прокурори ноҳия суханронӣ намуда, иброз
доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори
давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро
фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани
меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро
созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди
устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрвандимамлакат
шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Ҳамзамон,
аз ҷониби дигарбаромадкунандагон вобаста ба таърихи қабули Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод карда шуд.
Дар
фарҷоми чорабинӣ ба 3 нафар хонандагони Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон, ки дар даври вилоятии
озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври
ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд, бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

