
ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ХУСУСИИ МУЪМИНОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-10-21 09:36:01
Тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади
амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва
риёзӣ дар соҳаи илму маориф" аз санаи 16.10.24 то 18.10.24 даври якуми
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Муъминобод
ташкил ва баргузор карда шуд.
Олимпиада тибқи талаботи Низомнома аз 5
фаннӣ таълимӣ: математика, физика, биология, химия ва информатика тариқӣ тестӣ
ва хаттӣ гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди донишҷӯён фаъолона иштирок
намуданд.
Баъди ҷамъбасти даври якуми ғолибон
барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба унвонии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

