Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗАРУРАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАИ ДАСТГОҲҲОИ ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН (ДРОНҲО) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ЗАРУРАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАИ ДАСТГОҲҲОИ ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН (ДРОНҲО) ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2024-11-08 07:27:44


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 зикр намуданд, ки “ҳар як мамлакат новобаста ба он ки дар кадом сатҳи илмию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушд қарор дорад, бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ, ки он принсипҳои умумии фаъолияти инноватсионӣ ва дар баробари ин, бо дарназардошти махсусиятҳои мамлакат (нерӯи илмию технологӣ, вазъи иқтисодиёт, захираҳои меҳнатӣ ва маҳсулоти хом, шароити табииву иқлимӣ ва ғайра) сохта шудааст, кӯшиш намояд”.

Барои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ҷузъи инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври доимӣ афзоиш ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии некӯаҳволии халқ таъсири бештар дошта бошад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати кишвар оид ба таҳкими нерӯи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар самти такмили иқтисодиёт ва гузариши давра ба давра ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самтҳои муҳимми стратегӣ дониста шудааст.

Дар ин давра як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расидаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илм, рушди таҳқиқоти илмӣ, коркарди технологияҳои нав ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот равона карда шудаанд. Дар ин ҷо метавон махсус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, қонунҳои дахлдор оид ба моликияти зеҳнӣ ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3-юми он ба моликияти зеҳнӣ бахшида шудааст) қайд кард.

Рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) солҳои тулонӣ аст, ки дар соҳаи таҳсилот истифода мешавад ва бештари омӯзгорон онро дар муҳити муассисаҳои таълимӣ истифода мебаранд ва онро ҷузъи ҷудонашавандаи омӯзиш медонанд. Технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ пайваста инкишоф ёфта, ҳама технологияҳои навтарин ва пешрафтаро дар бар мегирад, то ин ки ба хонандагону донишҷӯён дар муошират ва омӯзиш бо роҳи ҷолибтарин ва ҳавасмандкунанда кӯмак расонад.

Мақсади ин мақола омӯзиши як бахши хеле ҳаяҷонбахш ва умедбахши технологияи роботӣ бо номи дрон ё дастгоҳи ҳавопаймои бесарнишин ва истифодаи он дар раванди таълими хонандагону донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзиши имкониятҳо ва татбиқи технологияи бесарнишинро дар низоми таҳсилот тавассути таҳлили таҳқиқотҳои дар ин раванд иҷрогардида меомӯзем ва дарки хонандагону донишҷӯён ва омӯзгоронро дар бораи истифодаи онҳо баррасӣ менамоем.

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш оид ба истифодаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар раванди таълим дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд, вале баъзе маҳдудиятҳо муайян карда шуданд, ки то ҳол истифодаи умумигардонии онҳоро дар раванди таълим мушкил месозад.

Рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ тадриҷан ҷойи омӯзиши анъанавиро мегирад ва ҳама паҳлӯҳои ҳаёт ҳоло ба илму технология иртибот доранд. Муносибати рӯ ба рӯ дар синфхона ба муоширати онлайн-суҳбат, тахтаи интерактивӣ ба ҷойи тахтаи анъанавӣ ва захираҳои интернетӣ китобҳои дарсӣ ё захираҳои чопиро иваз мекунанд.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки технология метавонад дар соҳаи маориф инқилоб кунад. Ин далели он аст, ки истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз манфиат холӣ нест. Барои бомуваффақият ва ҷолиб сохтани раванди таълиму тарбия ҳам барои хонандагону донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорон иттилоот ва технологияҳо дар соҳаи таҳсилот ва бахусус таҳсилоти касбӣ бояд васеъ истифода шаванд. Вале ба даст овардани ин манфиатҳо бартараф намудани душвориҳои азимро талаб мекунад. Ин мушкилот метавонад аз мактаб ба мактаб, минтақа ба минтақа ва кишвар ба кишвар фарқ кунад.

Оянда ба сӯйи муҳити пешрафтаи таълим ҳаракат мекунад, ки дар он ҳар як хонандаю донишҷӯ тавассути интернет ба шабакаҳои васеи омӯзишӣ пайваст мешавад, ки онҳо дар он метавонанд дониш, мисолҳо, ҷавобҳо ва роҳҳои ҳалли худро дар мавзӯи таъиншуда ҷустуҷӯ кунанд, хонандаю донишҷӯёнеро пайдо кунанд, ки ҳамон мавзӯъҳоро меомӯзанд ва ба гурӯҳҳои корӣ ҳамроҳ шаванду фаъолияти якҷоя ва умумиро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, дар фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҳисоби рушди роботтехника, технологияҳои нав ва ёрирасон, аз ҷумла дар самти сохтани роботҳо тағйироти зиёд ба амал омад.

Маълум аст, ки дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон нақши муҳим доранд. Ҳамгироии технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълим барои омӯзгорон муҳим мебошад, зеро технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ барои онҳо мубодилаи захираҳои таълимӣ ва донишро, дар маҷмӯъ, осон мекунад. Воситаҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба онҳо имкон медиҳанд, ки ҳама намуди фаъолиятҳои омӯзиширо ба таври чандирӣамалӣ созанд.

Бо ҷорӣ шудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ маҳорати омӯзгорон, эътимод ба қобилият ва шавқу рағбати онҳо меафзояд. Технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи таҳсилот ҳамчун воситаи пурқувват барои омӯзгорон ҷиҳати ҳамгироии донишҷӯёни дорои мушкилот ва масъулият тавассути таълими онҳо хизмат мекунад.

Ворид намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба равандҳои таълиму тарбия аз омӯзгорон талаб мекунад, ки сатҳи муайяни малакаҳои гуногунро барои ҳалли тамоми мушкилоти марбут ба ҳамгироии онҳо ба равандҳои таълимӣ ба даст оранд. Имрӯз дронҳо, яъне технологияи иттилоотию коммуникатсионии нав пайдо мешаванд, ки қобилиятҳои гуногун доранд ва онҳоро технологияи пешқадам дар бисёр соҳаҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.

Дронҳо ин роботҳои парвозкунанда, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки метавонанд ҳазорҳо километр парвоз кунанд ва дронҳои хурде, ки дар фазои маҳдуд парвоз мекунанд, мебошанд. Ҳавопаймоҳои бесарнишин бидуни операторанд. Онҳо ба масофаи дур ба таври худмухтор парвоз мекунанд ва метавонанд борҳои марговар ё ғайри марговарро бардоранд. Пешрафтҳо дар истеҳсолот, технологияҳои нав ва низомҳои нави нигоҳдории энергия ба коркарди як қатор дронҳо мусоидат карданд. Дар натиҷа дронҳое истеҳсол гардиданд, ки дар ҳолатҳои мухталиф истифода шуда, дар онҳо ҳузури одамон душвор, ғайриимкон ва хатарнок аст.

Дар солҳои охир роботҳои парвозкунанда, ки ба чунин ҳадафҳо, аз қабили назорати ҳарбӣ, иктишофи сайёраҳо ва ҷустуҷӯву наҷотдиҳӣ хидмат мекунанд, таваҷҷӯҳи бештар доранд. Муҳимтарин хусусияти ҳавопаймоҳои бесарнишин дар он аст, ки онҳо инфрасохтори иловагиро барои зуд сабт ва назорат кардани минтақа ё объекти мушаххас талаб намекунанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аллакай дар муҳити таълимӣ ба таври васеъ паҳн шуда, таваҷҷӯҳи зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Бо назардошти нерӯи онҳо барои дастгирии омӯзиши донишҷӯён, истифодаи дронҳо аксар вақт ҳамчун стратегияи алтернативии таълимӣ барои навоварӣ дар муҳити омӯзишӣ баррасӣ мешавад. Имрӯз омӯзиши дронҳо як қисми таркибии илмҳои дақиқу техникӣ ва электроникаю рақамикунонӣ гардидааст.

Донишҷӯён, инчунин, метавонанд аз дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин ҳам дар дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалию таҷрибавӣ баҳра баранд.

Дронҳо манфиат ва роҳҳои истифодаи зиёде доранд, ки онҳо раванди истифода дар таълимро ҷолиб мегардонанд. Дар самти илм ин воситаҳо барои омӯзиши хоҷагии ҷангал, ҷуғрофия ва биологияи ҳайвоноти ваҳшӣ ба таври васеъ истифода мегарданд.

Дар самти касбҳои муҳандисӣ ва илмҳои дақиқ дронҳо метавонанд барои донишҷӯён ҳамчун шарҳе барои таҳлили раванди мавзуъҳо барои нишон додани роҳҳои ҳалли мушкилот, таҳлили маълумот ва малакаҳои таҳқиқотӣ муфид бошанд.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои донишҷӯён ва омӯзгорон ояндаи ҳаяҷонбахш пешкаш мекунад. Тамаркузи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба раванди таълим пас аз коҳиши назарраси нарх дар сатҳи ҷаҳонӣ имконпазиртар шуда, истифодаи онҳо дар бисёр муассисаҳо дастрас гардид. Аммо, сарфи назар аз тамоми сифатҳои мусбати ҳавопаймоҳои бесарнишин, омилҳои зиёде мавҷуданд, ки мо бояд пеш аз он ки онҳоро ба раванди таълим татбиқ кунем, ба назар гирем. Масъалаи муҳим ин ҷанбаи бехатарии истифодаи онҳо мебошад. Аз ҷумла, ҳангоми истифодаи нодуруст бесарнишинҳо метавонанд ба истифодабарандагонашон зарари ҷисмонӣ (осеб) расонанд. Ҳамзамон, бо сабаби мавҷудияти элементи литий дар батереяҳо тарканда будани онҳо то ҳол боқӣ мондааст.

Масъалаи дигаре, ки мо бояд ба назар гирем, ин зарурати тайёр кардани омӯзгорони баландихтисос мебошад. Ҳамин тариқ, омӯзиши адабиёти зиёд далели истифодаи васеи дронҳоро дар соҳаҳои гуногун нишон медиҳад. Аксари таҳқиқотҳо собит менамоянд, ки дронҳоро ҳамчун як қисми таркибии таълими фанҳои дақиқ, техникию технологӣ, барномасозию ҷуғрофия истифода кардаанд. Ҳамзамон, қисми дигар онҳоро дар муҳити мактаб барои беҳтар кардани омӯзиш дар синфхонаҳо ва дарсҳои амалӣ истифода намудаанд ва ба донишҷӯён дар рушди визуализатсияи фазоӣ, пайдарпайӣ ва малакаҳои муоширати иҷтимоӣ фоидаовар ҳисобидаанд.

Илова бар ин, аксарияти таҳқиқотҳо собит намудаанд, ки дронҳоро дар ҳамаи дарсҳо истифода бурдан мумкин аст. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки навъҳои арзон ва сабуки технология дар таҳсил бартарӣ доранд. Истифодаи онҳо дар таълим натиҷаи мусбат дода, дарк ва ҳаяҷони донишҷӯёнро бедор мекунад ва барои азхудкунии фани таълимӣ манфиати калон дорад. Омӯзгорон онҳоро барои донишҷӯёни худ муфид ва зарур дониста, зарурати инкишоф додани малакаҳои онҳо барои қодир будан ва омода будан ба истифодаи дурусти дронҳо дар таълим изҳор доштанд.

Дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин (ДҲБ) дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо ба соҳаи мустақили босуръат рушдёбанда ва созанда табдил ёфтааст. Дар навбати аввал агар онҳо барои соҳаи мудофиаю амният ва бехатариии ҳифзи сарҳадот пешбинӣ шуда бошанд, соҳаҳои дигари иқтсодиёт низ ба ин дастгоҳи муосири аср бештар ниёз доранд. Имрӯз ҳар як соҳаи иҷтимоию иқтисодиро бе ин таҷҳизот тасаввур намудан мушкил аст.

Қобили қайд аст, ки рушди зеҳни сунъӣ ба ин дастгоҳ ҳаёти нав бахшида, онро ба механизми ташаккулдиҳанда ва заминавии соҳаҳои гуногун табдил дода истодааст. Бо мақсади дар ин раванд қафо намондан ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин омӯзишу таълими дронҳо дар аксарияти кишварҳо аз синни мактабӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бахусус таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти иловагӣ ҷорӣ шуда истодааст. Ба соҳаи мустақилу фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ ба ин соҳа дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ва кишварҳои дигари рӯ ба тараққиёт аз он дарак медиҳад, ки нақши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар ҳаёти минбаъдаи инсоният рӯз аз рӯзафзоянда ва боз ҳам муҳимтар мегардад.

Дар баробари кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дар мамлакатҳои узви ИДМ низ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуда, рушди ин соҳа ва барои аҳолӣ фарогир гардидани он як омили ҷолиб ва ҳайратангез гардидааст. Барои мисол дар Россия дар доираи лоиҳаи федералии “Кадрҳо барои Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ)”, ки аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ташаккул дода мешавад, бо дастгирии Ташкилоти ғайритиҷоратии автономии “Донишгоҳи милии ташаббуси технологӣ 2035 (“АНО “Университет НТИ 2035”) ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 соҳаи бесарнишин 1 млн. нафар шаҳрвандонро бояд дар бар гирад. Ҳамзамон, бо номи “Архипелаг”-ташаббуси лоиҳавӣ-таълимӣ, ҷойи вохӯрии намояндагони бизнес, ҳукумат, самтҳои таълимӣ, илмӣ ва эҷодӣ, ки сарҷамъ гардида, вазифаҳои маҷмӯии стратегии давраи ояндаи рушди иқтисодиёт ва технологияро ҳал менамоянд, таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои лоиҳаи федералии мазкур дар Россия, тамаркузи Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ) ба барномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин омода намудани омӯзгорону устоҳои таълимии барои омӯзиши наврасон ва ҷавонон зарур, мебошад. Аллакай то охири соли 2023 ба ин соҳа давра ба давра ҳамаи мактабҳои миёнаи умумӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон, Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ба воситаи модулҳои таълимӣ ба низоми таҳсилоти олии касбӣ ворид гардида, барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ таҳия карда шудаанд. Имрӯз омода кардани мутахассисон тибқи талаботи равандҳои мушаххас: кишоварзӣ, бехатарӣ, логистика, навигатсия, ҷустуҷӯи одамон ва кор дар ҳолатҳои фавқулода оғоз гардидааст.

Маҳаки лоиҳаи мазкурро платформаи рақамӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо оид ба мутахассисон, салоҳиянокӣ ва сатҳи тайёрии онҳо ташкил медиҳад. Низоми иттилоотӣ имконият медиҳад, кинорасоии кадрҳо пайгирӣ карда шуда, ба сохторҳои таркибӣимконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад. Вазифаи дигари лоиҳаи давлатии “Кадрҳо барои Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин (НҲБ)” ҷалби шаҳрвандон барои мақомдор намудани соҳаи мазкур буда, барои ин мусобиқаҳо ва чорабиниҳои роҳнамоии касбӣ дар соҳаи Низоми ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ташкил карда мешаванд. Барои мисол, танҳо дар соли 2023 сад мусобиқаҳои дрон-баскетбол, дрон-биатлон, “ҳимояи қалъа”, давҳои даврашакл баргузор гардидааст, ки боиси ҷалби шумораи зиёди одамон гардидааст.

Қобили қайд мебошад, ки асри XXI асри дронҳо мегардад. Дар давраи ҳозира ДҲБ ин чашм ва дастони идорашаванда дар баландии парвози уқоб мебошад. Дар назар аст, ки пас аз 15-20 сол дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишине пайдо мешаванд, ки вазифаҳои додашавандаро бо принсипи мустақилонаи зеҳни сунъӣ иҷро менамоянд. Бинобар ин, ҷалби наврасону ҷавонон ва ҳатто аз боғча омӯзонидани кӯдакон муҳим арзёбӣ мегардад. Коршиносони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ба он ақида мебошанд, ки барои кӯдакони боғча низ машғулиятҳои вобаста ДҲБ-ро гузаронидан зарур аст. Барои мисол, дар вилояти Сахалин аллакай дар ҳамаи мактабҳои миёнаи умумӣ лоиҳаи идоракунии ДҲБ ташкил гардидааст. Ба макаббачаҳо васлкунӣ, барномасозӣ ва хизматрасонии дронҳоро омӯзонида, иидоракунии онҳоро таълим медиҳанд.

Операторони истифодабарандаи бесарнишинҳоро “сарнишинҳои берунӣ” меноманд. Мутобиқи қонунгузории Россия бесарнишинҳо ба ду намуд ҷудо шудаанд: то 30 кг ва аз 30 кг зиёд. Дронҳои аз 30 кг зиёд мутобиқи Кодекси ҳаво идора ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Лоиҳаи “Кадрҳо барои НҲБ” бо тайёр кардани бесарнишинҳои то 30 кг нигаронида шудааст, яъне барои муассисаҳои таълимӣ дронҳои то 30 киллограм иҷозат дода шудааст. Барои идоракунии ин гуна бесарнишинҳо дониш ва малакаҳои махсус зарур нест. Ҳамзамон, таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони дорои таҳсилоти радиотехникӣ, геодезӣ ё харитасозӣ имконияти бештарро доро мебошанд ва омори соҳа ин омилро тасдиқ менамояд. Илова бар ин, сохтори ягонаи тамаркузкунанда зарур аст, то тавонад истифодаи онҳоро дар муҳити мактаб, литсейи касбӣ, коллеҷ ва донишкадаю донишгоҳ мутобиқ созад.

Дар асоси омӯзишу таҳлили адабиёти зиёди кишварҳои хориҷии дуру наздик чунин хулосагирӣ намудан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳа дар сатҳи хеле паст қарор дошта, то имрӯз дар сиёсати давлатӣ мақоми он муайян нагардиааст ва вазорату кумитаҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори омӯзиши дронҳоро дар муассисаҳои таълимӣ, коркарду истифодаи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор надодаанд. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар навбати аввал аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи омӯзиши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин (дронҳо) дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз аз мактаби миёнаи умумӣ то баъд аз мактаби олӣ ва таҳсилоти иловагӣ, ҳамзамон идоракунию васли онҳо, инчунин дар доираи лоиҳаҳои фармоишӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ баргузории таҳқиқотҳо ҷиҳати коркарди дронҳо ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон, бо мақсади ворид намудани оғози омӯзиши дронҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2025 ва муқаррар намудани шаклу намуди таълимии дронҳо (аз руйи вазн ва ҳаҷм), таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимӣ, модулҳои таълимӣ, инчунин омӯзишу истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ (кишоварзӣ, энергетика, геодезия, харитасозӣ, хоҷагии ҷангал) зарур мебошад, ки аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.

Бо назардошти хусусияти хоси дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин, ки барои истеҳсолу истифодаи онҳо асосан кормандони дорои касбҳои коргарии махсус, звенои миёна ва техникҳо зарур мешаванд, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки мақоми ваколатдори давлатии соҳаи мазкур Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Мо боварӣ бар он дорем, ки дар доираи эълон гардидани солҳои солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2022-2026 чун «Солҳои рушди саноат», Тоҷикистон дар соҳаи омӯзишу истифодаи дастгоҳҳои ҳавопаймои бесарнишин дар соҳаҳои гуногуни рушди иқтисодиёти миллӣ дар минтақаи Осиёи Миёна аз аввалинҳо мегардад.

Раҳмоналӣ ШАРИФЗОДА,

корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single