
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ҲИСОР
2024-11-22 21:17:13
Имрӯз дар Муассисаи давлатии
таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор” чорабинии тантанавӣ зери унвони
“Парчами миллӣ рамзи осоиштагӣ” бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва
рамзҳои давлатдорӣ баргузор гардид.
Дар
чорабинӣ пас аз садо додани Суруди Миллӣ муовини директор оид ба таълим Раънои
Камолиддин баромад намуда, ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми
шарафманди диёрро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ самимона таҳният гуфта,
оид ба таърихи парчам маълумоти мухтасар манзур намуданд.
Сипас,
донишҷӯён маърӯза ва барномаи фарҳангии омоданамудаашонро пешкаши ҳозирин
гардониданд.
