
ПАЁМ - ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ
2025-01-30 19:56:48
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, фарогири тамоми масоили
мубрам, аз ҷумла маорифу таҳсилоти касбӣ ва рушди технологияи рақамӣ мебошад.
Зеро маҳз маорифу таҳсилоти касбӣ ба рушди дигар соҳаҳо замина мегузорад.
Инчунин,
дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд,
таҳкими низоми маорифу таҳсилоти касбӣ муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои
миллӣ маҳсуб мешавад.
Бинобар
ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
пайваста ба масъалаи рушди соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ дар кишвар аҳамияти
махсус медиҳанд. Дар Паёми худ Пешвои миллат бо таъкид ба рушди иқтисодӣ ва
иҷтимоии кишвар изҳор доштанд, ки як қисми муҳими ин раванд, рушди соҳаи
маорифу таҳсилоти касбӣ буда, ба рушди нерӯи инсонӣ ва рушди соҳаҳои дигар
таъсир мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба рушди
илми кишвар, саҳм гузоштан ба омӯхтани фанҳои риёзӣ, табиӣ, технологияҳои
иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус русӣ ва англисиро яке аз вазифаҳои
асосии омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ намуданд. Тавре, ки Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави
тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву
иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст ва бо ироаи ин суханҳо
бори дигар собит карданд, ки танҳо бо таҳия, қабул ва амалигардонии барномаву
санадҳои сифатнок метавонем ояндаи дурахшонро барои Тоҷикистон ва мардуми
шарафманди он таъмин намоем, инчунин сармояи инсониро рушд диҳем, маърифати
молиявии мардумро боз ҳам баландтар бардорем ва ҳамзамон иқтидори истеҳсолии
кишварамонро тақвият бахшем. Аз ин рӯ, бо дарки ин маънӣ ва афкори басо ҳам
олиҷанобу хирадмандонаи худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
маҳз солҳои 2025 - 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон
намуданд. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар
низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани
барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва
барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар Паём Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки
«...тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи
умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба
истифода дода шуданд». Албатта, ин дастовард ва ифтихори тамоми аҳолии кишвар
аст, зеро шароити хуби корӣ ҳам ба инсон роҳат мебахшаду ба самараи кор таъсири
мусбат мерасонад. Пешвои миллат дар ҳар як Паём хосатан, ба ҷавонон муроҷиат
намуда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, истиқлоли давлатӣ, ватандӯстиву
ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бархурдор будан аз дастовардҳои илму
фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи муосир, интихоби
касбу ҳунарҳои замонавӣ даъват ва ҳидоят мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи чавонону наврасон сухан гуфта, чунин иброз
намуданд: «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани
ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи
касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ махсусан, русӣ ва англисиро хуб
медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хоричӣ
аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад». Хушбахтона, имрӯз дар
муассисаҳои таълимии кишвар шароити арзанда, махсусан озмоишгоҳу технологияҳои
муосир барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани дониш фароҳам аст. Танҳо
толибилмонро зарур аст, ки омӯзгорон ва вақти пурқимматро самаранок истифода
баранд. Муҳим дар назди худ мақсад гузоштану пайи амалии он камари ҳиммат
бастан аст. Самти дигаре, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таваҷҷуҳ дода
шуд, баланд бардоштани музди меҳнат ва шароити иҷтимоии омӯзгорон аст.
Ҳамчунин, бо таҳлилҳои амиқ стратегияҳои касбу ҳунар барои ҷавонон ва занону
бонувон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Албата, ҳадафи асосии ҳамаи ин тадбирҳо,
таъмини рушди устувор ва мустақилият дар тамоми соҳаҳои кишвар мебошад. Дар
маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди соҳаҳои мухталиф нишон
медиҳад, ки таълиму тарбия як раванди ҷиддӣ ва стратегӣ барои рушди оянда
маҳсуб меёбад.
Саъдулло ҲАМИДОВ, муовини директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе