Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
single-product

РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2025-01-30 19:58:22

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва илму маорифро дар бар мегирад. Дар Паём Пешвои миллат тамоми дастовардҳои соли сипаришудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ба самъи мардуми кишвар расонидаанд.

Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун санади муҳимми сарнавиштсоз барои рушди давлат ва ҷомеа мусоидат менамояд. Паёми имсолаи Пешвои миллат мардумро ба суйи фардои нек ҳидоят менамояд. Дар Паёми имсола дурнамои фаъолияти ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифта, тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳо барои як соли дигар муайян гардиданд.

Соҳаи таҳсилоти касбӣ чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, марҳила ба марҳила дар ҷараёни пешрафт қарор дорад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф анҷомёфта, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Ҳукумати кишвар дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми хоҷагии халқ дар Паём Президенти мамлакат ҳамчунин масъалаи тарбияи хештаншиносӣ диққати аввалиндараҷа дода дар ин росто иброз доштанд, ки ҳисси миллӣ дар ҳар як шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад. Мақсаду вазифаи тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳниву маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад ва ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон вазифагузорӣ намуданд.

Аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ ва маориф ҳамчун заминаи асосии рушди давладторӣ давра ба давра инкишоф ёфта, сол ба сол ба ин соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Саидмурод ШАРИФЗОДА, директори Коллеҷи омӯзгори шаҳри Турсунзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент