Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
single-product

ПАЁМ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

2025-01-31 20:01:09

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро фарогир мебошад. Дар паём таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд.

Аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, ки дар ҳама соҳаҳои ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8, 3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми зиёди даромади буҷети давлатӣ 102, 5 фоиз таъмин гардида, давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумат ин рушди энергияи “сабз” мебошад, ки бо истифодабарии он Тоҷикистон аз руйи радабандии байналмилалӣ дар ҷойи шашум қарор дорад. Таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ба рушди энергетика ва дурнамои тараққиёти он, ҷалби мардум ба ин самт ва дар солҳои наздик, дар натиҷи иҷрои лоиҳаи «CASA-1000», ба бунёди неругоҳҳои барқӣ-обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чорсем» ва ба 10 млрд киловат – соат расонидани содироти қувваи барқ метавонад Тоҷикистони биҳишосоро боз ҳам қудратманд гардонад.

Ҳамзамон, дастгирии соҳибкорони мамлакат дар бунёди беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва бунёду азнавсозии 461 пул шоитаи таҳсин аст.

Пешвои миллат дар баробари ҷалби сармоя ва таҳияи сиёсат ба рушди сармояи инсонӣ низ афзалият медиҳад. Зимни суханрониҳои худ Пешвои миллат иброз медоранд, ки қувваи кории соҳибихтисос ва маълумотнок барои рушди устувори иқтисодӣ нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба такмили пешбурди таълими касбӣ ва сармоягузорӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Сарвари давлат бо афзоиши сармояи инсонӣ кафолат медиҳад, ки Тоҷикистон дорои истеъдод ва таҷрибаи зарурӣ барои пешбурди навоварӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи макроиқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат бо низоми бонкӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ барои нигоҳ доштани устувории нархҳо, назорати таваррум ва идоракунии сиёсати молиявии кишвар ҳамкории зич доранд. Ин субот фазои мусоидро барои рушди соҳибкорон фароҳам оварда, сармоягузории дохиливу хориҷиро ҳавасманд мекунад

Раҳмонов ПАРВИЗ, декани факултети кори ҳамширагӣ баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ