
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КУМИТА
2025-02-21 14:24:28
Имрӯз дар Кумита
оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
бахшида ба 32-солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон
таҳти унвони “Артиши
миллӣ – сипари
боэътимоди ватан”
ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумита
академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис
Баҳрулло
Давлатзода, Алишер
Ализода, сардори
Маркази илмӣ-тадқиқотии
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Саъдӣ Файзизода, сардорони раёсату
шуъбаҳо ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита
иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз
дошт, ки ҳамасола
яке аз санаҳои муҳим дар таърихи
давлатдории навини
Тоҷикистони
соҳибистиқлол, яъне рӯзи таъсисёбии Артиши
миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини
давлатдорӣ, ва сипари
боэътимоди Ватан
мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.
“Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз
бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ,
техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи
муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ
табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ
дар тӯли ин солҳо
барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ,
пуштибонии сулҳу
оромӣ
ва ваҳдати миллӣ,
мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ
ва дигар дастаҳои мусаллаҳи
ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод”, - гуфт Раиси Кумита.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
аз рӯзҳои таъсисёбии худ дар барқарор
кардани сохти
конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор,
ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони
миллат ва ҳифзи
сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имтиҳони ҷиддии
ҳаётро паси
сар намудаанд. Дар ин раванд
хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву
матонати худ ватандӯсти асил будани
худро собит
намудаанд.
Дар идомаи ҳамоиш
Саъдӣ Файзизода, сардори
Маркази илмӣ-тадқиқотии
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
суханронӣ намуда, қайд кард,
ки Сарфармондеҳи Олиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
генерали артиш
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора
ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат
қайд намудаанд, ки “Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати
шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз
борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат
ва Президенти Тоҷикистон
собит сохтааст”.
“Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз
қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд, зеро сол аз сол беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ,
шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ,
мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ
боиси афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад”, - гуфт номбурда.
Зикр шуд, ки роҳбарияти
давлату Ҳукумати мамлакат
ва мардуми
Тоҷикистон
таҳти сарварии Пешвои
миллат, Президенти кишвар
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон хизмати мардонаи
афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини
ба сари
миллатамон омада,
ҷасорату далерӣ нишон додаанд,
инчунин хотираи
онҳоеро,
ки барои
оромии кишвар
ва осоиши
халқ ҷони худро нисор
кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Дар ҳамоиш
чанде аз кормандони дастгоҳи марказии Кумита
суханронӣ намуданд. Гуфта
шуд, ки имрӯз бо ифтихор
метавон гуфт,
Артиши миллиамон ба талаботи замон
ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили
мамлакат, балки
берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб
намудааст. Аз ин рӯ, мардуми шарифи
Тоҷикистон
шукрона менамоянд, ки артиши қобили ҳифзи марзу
буми кишвари
худро доранд
ва халқ метавонад таҳти ҳимояи
он ҳаёти осоишта
ба сар барад.
Дар хотимаи ҳамоиш Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ
сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ
Файзизодаро ба хотири ҳамкориҳои судмандашон бо Кумита бо “Сипоснома” қадрдонӣ
намуданд.