Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > «МАЛАКАИ КАСБӢ”. МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНРО ТАШАККУЛ МЕДИҲАД»
single-product

«МАЛАКАИ КАСБӢ”. МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНРО ТАШАККУЛ МЕДИҲАД»

2025-04-15 17:16:51


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайвастаи доир ба таҳсилоти касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон, саҳмгузор будани онҳо дар рушди соҳаҳои гуногун хоҷагии халқи мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дода, онро ҳамчун омили пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар арзёбӣ менамоянд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Малакаи касбӣ - асоси пешрафти ҳар як инсон ва ҷомеа мебошад. Агар мо мехоҳем, ки ба рушди воқеии кишвар ноил шавем, бояд ба таълиму тарбия ва рушди малакаи касбӣ дар тамоми соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем».

Баргузории озмуни малакаи касбӣ як иқдоми муҳим барои арзёбии қобилиятҳо ва малакаҳои касбии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки роҳандозӣ мегардад.

Озмуни мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон бо малакаҳои касбии худ баҳо дода, барои такмил додани донишу малакаи худ чораандешӣ намоянд.

Давраи омодагӣ ба озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро ба истифодаи усулҳои нави таълим ва технологияҳои нав водор менамояд, ки дар натиҷа эҷодкорӣ ва иноватсия ба вуҷуд омада, ҳамзамон омодагӣ ба озмун боиси омӯзишҳои иловагӣ ва такмили дониш мегардад.

Аз натиҷаи озмуни малакаи касбӣ метавон хулосбардорӣ намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати таълим дар кадом сатҳ қарор дорад. Натиҷаи озмун ёвари муҳими беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Озмуни малакаи касбӣ яке аз воситаҳои баҳодиҳӣ ва таҳкими сифати малака ва дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, натиҷаи озмун нишон медиҳад, ки дар кадом самтҳо омӯзиш ва бозомӯзӣ зарур аст.

Мақсади асосии озмуни малакаи касбӣ ташвиқ ва тарғиби касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, на танҳо барои нишон додани беҳтаринҳо муҳим аст, балки барои шиносоӣ, талабот ва этиёҷи бозори меҳнат дар соҳаҳои гуногун низ ёрӣ мерасонад. Муассисаи таълимӣ уҳдадор аст, ки муҳити рақобатпазир ва солимро созгор намояд, ки дар он хонандагон тавонанд омодагии назариявӣ ва амалии худро санҷанд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни малакаи касбӣ ин аст, ки хонандагон дар муҳити солим барои ноил гардидан ба натиҷаи назаррас рақобат намуда, такмили малакаи касбӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъмин гардад. Озмуни малакаи касбӣ барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ манфиатҳои зиёде дорад. Баргузории озмун ба хонанда имкон медиҳад, ки малакаҳои касбии худро ба таври амалӣ беҳтар намуда, баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардидан дар озмун ба хонанда эътимод ва боварӣ бахшида барои ноил гардидан ба муваффақиятҳои нав ба нав дар оянда замина фароҳам меорад.

Баргузории озмун ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо хонандагони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ошноӣ ва робитаи дӯстӣ пайдо намоянд. Озмуни малакаи касбӣ як марҳилаи ҷамъ омадани хонандагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба ва донишҳои худро мубодила намоянд, ҳамкориҳои нав эҷод ва шабакаи дӯстӣ бунёд гардад.

Инчунин, шароит фароҳам меояд, ки беҳтаринҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ шинохта шаванд. Аз натиҷаи ноилгардида таасуроти хонандагон аз озмуни малакаи касбӣ метавонад гуногун бошад. Ҳангоми муваффақ гардидан дар озмун хонанда барои пешрафт ва такмили малакаҳои касбӣ ҳавасманд мегардад. Озмун метавонад барои ӯ як имкони хубе барои нишон додани малака ва маҳорат бошад. Дар ҳолати ба натиҷаҳои интизорбуда ноил нагардидан, ӯ дарк менамояд, ки донишу малакааш ҳанӯз кофӣ нест ва ин метавонад ба ӯ кӯмак кунад, ки ноумед нагардида барои дар оянда муваффақ шудан кӯшиш намояд. Дар ҳақиқат озмуни малакаи касбӣ рушди касбии хонандагонро таъмин менамояд ва хонанда имкон дорад, ки дониш ва малакаҳои худро таҳқиқ ва такмил намояд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар ҳолати иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро муаррифӣ намуда, обрӯ ва нуфузи муассисаи таълимиро баланд бардошта барои ҷалби бештари довталабон ба муассисаи таълмӣ ва барои ҳавасманд гардидани хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ

саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Натиҷаи озмуни малакаи касбӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки малакаи касбии омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ- истеҳсолӣ, муносибати онҳо ба хонандагон, иҷроиши дастурамали вазифавӣ ва дараҷаи масъулнокии онҳоро муайян, баҳогузорӣ ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ чораандешӣ намоянд.

Озмуни малакаи касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳамчун воситаи арзёбӣ, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тарғиби рушди касбӣ манфиатовар аст.

Ҳамзамон озмун имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои сусти малакаҳои касбии хонандагон ошкор гардида, барои ислоҳи он чораандешӣ карда шавад.

Хулосабарорӣ аз озмуни малакаи касбӣ дар асоси натиҷаҳо ва дастовардҳои хонандагон метавонад як баррасии амиқ ва фарогир аз рӯи пешрафтҳо, мушкилот ва тавсияҳои оянда барои беҳбудии сифат ва сатҳи омодагии иштирокчиён бошад.

Умедҷон КЕНҶАЕВ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита