Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО РАВАД, ҚАДР БИНАД ВА ДАР САДР НИШИНАД
single-product

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО РАВАД, ҚАДР БИНАД ВА ДАР САДР НИШИНАД

2025-05-01 10:57:48

Омӯхтани касби дӯстдошта ва фаъолият намудан аз рӯи шуғли писандида ҳамеша ба инсон ҳам фароғати рӯҳӣ ва ҳам фароғати ҷисмонӣ мебахшад. Мақоми касбу ҳунар на танҳо дар наздик сохтани насли наврас ба неъматҳои эстетикии ҳаёт бузург аст, балки ба пешрафти сатҳи маънавиёти оила, рӯзгордорӣ ва ғанӣ гардидидани захираҳои моддӣ дар оила нақши муассир дорад.

Аҷдоди соҳибмаърифати мо бо шавқу завқи баланд ба касбу ҳунарҳои милливу аҷдодӣ, амсоли оҳангарӣ, мисгарӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, шонатарошӣ, кордсозӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, олкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо дар зинда нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ҳамчунин дар тарғибу муаррифии фарҳанги бою ғанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ онро васеъ истифода менамуданд.

Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик анвои ҳунару шахсияти ҳунармандро дар асару эҷодиёти гаронарзиши хеш ба назму наср тавсиф намудаанд. Ҳар як чакидаҳои бузургони илму адаби тоҷик мо имрӯзиёнро ба омӯзиши илму ҳанар талқин менамояд. Ба ин маънӣ Саъдии Шерозӣ мефармояд: «Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад ва дар садр нишинад» ё дар ҷойи дигар зикр медорад, ки «Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва гар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст». Дар воқеъ, мардуми соҳибҳунар муҳтоҷ ба касе намешавад ва касби андӯхтаи ӯ боис ба ғанӣ гардидани иқтисодиёти оила ва ҳаёти осоиштаи хонавода мегардад.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва талаботи бозори муосири меҳнат имрӯз дар ҷумҳурӣ барои гирифтани касбу ҳунар шароити зиёде фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамаи ноҳияҳои мамлакат дар литсейҳои кабии техникӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, шаҳодатномакунии малакаи касбӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои беҳтар кардани инфрасохтори таълимӣ ва касбомӯзӣ, таълими амалии муҳаққиқон ва мутахассисон ва татбиқи барномаҳои махсуси касбомӯзӣ дар тамоми кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Бо мақсади ҷоннок намудани раванди таълиму тарбия ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон, дар назди Кумитаи мазкур 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва касбҳои коргарӣ омода карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба рушди касбомӯзӣ, танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таҳсилоти касбӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат аҳаммияти хосса доданд, ки рушди касбомӯзӣ ва талабот ба касбҳои коргарӣ дар шароити иқтисодии кишвар ва ҷаҳон яке аз мавзуъҳои асосии паём буд. Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Дар шароити ҷаҳони муосир, касбомӯзӣ ва омодагии мутахассисон барои рушди тамоми бахшҳои кишвар аҳамияти басо муҳим дорад».

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» санаи 10.11.2025 иброз дошта буданд, ки ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин зинаи таҳсил аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 адад зиёд карда шавад.

Мувофиқи маълумоте, ки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат баён намуданд, дар соли 2024 литсейҳои касбии техникии ҷумҳуриро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳо духтарон мебошанд. Бештари хонандагон ин литсейҳоро аз рӯйи ихтисосҳои дӯзанда, системаи компютерӣ ва интернет-технология, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, ҳисобдор бо донистани компютер, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ ва кафшергари барқӣ хатм намуда, 2235 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 2018 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Қобили қайд аст, ки дар ҷомеаи муосир бо шуғли муносиб фарогирии аҳолӣ, хусусан ҷавонон яке аз воситаҳои асосии бадастоварии баробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фарогирии ҳарчӣ бештари онҳо ба шуғли пурмаҳсул ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Дар ин замина, бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амалия истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯи номинатсияҳои «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин», «Кафшергари барқию газӣ», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Дуредгар», «Дӯзанда», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» ва «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» баргузор гашта истодааст.

Ин раванди муфид аз он шаҳодат, ки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисоди миллӣ аҳаммияти хос дода, баҳри омодасозии кадрҳои ҷавон ва таъсиси муассисаҳои касбомӯзӣ аз тамоми имконот истифода мебарад.

Дар маҷмуъ, бояд таъкид намуд, ки омӯхтани касбу ҳунарҳои миллию муосир дар ҷавонӣ боис ба пешбурди зиндагии шоиста мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як нафарро мебояд, ки новобаста ба самти фаъолият ҳатман як касбро аз худ намояд, зеро касбомӯзӣ омили муваффақият ва таъмини зиндагии сазовор аст.

Аҳмадшо Саидзода н.и.п, дотсент, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе