Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ АСАРҲОИ БАДЕӢ ДАР РУШДИ НУТҚИ КӮДАКОН
single-product

НАҚШИ АСАРҲОИ БАДЕӢ ДАР РУШДИ НУТҚИ КӮДАКОН

2025-05-01 11:03:00

Забон яке аз воситаҳои муҳимтарини робитаи инсонӣ ва таҳкими фикри инсон ба ҳисоб меравад. Рушди нутқи кӯдакон ҳамчун як ҷузъи муҳими ташаккули шахсияти онҳо дар зинаҳои аввалини ҳаёт сурат мегирад. Дар ин синну сол муҳити атроф, хонавода ва махсусан, адабиёти бадеӣ нақши калидӣ мебозанд.

Асарҳои бадеӣ на танҳо воситаи фароғат, балки як мактаби тарбия ва василаи муассири рушди натқи кӯдакон мебошанд. Тавассути онҳо кӯдак забонро меомӯзад, фикр мекунад, тасвир мекунад ва ниҳоят ба ифодаи дурусти фикру эҳсосоти худ қодир мегардад. Аз ин рӯ, тавсияи мутақобилаи омӯзгорон ва волидайн ин аст, ки китобҳои бадеиро аз рӯзҳои аввал дар ҳаёти кӯдакон ворид намоянд.

Асарҳои бадеӣ аз якчанд ҷиҳат ба нутқу тафаккури кӯдак таъсироти мусбат мерасонад. Асарҳои бадеӣ, ба хусус, афсонаҳо ва ҳикояҳои кӯдакона дорои лаҳни сода ва калимаҳои шевову равон мебошанд. Хондан ва шӯнидани чунин асарҳо кӯдакро бо вожаҳои нав, ибораҳои ифоданок ва услуби гуфтори адабӣ ошно мекунанд.

Яке аз роҳҳое, ки кӯдакон метавонанд зудтар забони адабиро аз асарҳои бадеӣ ёд гиранд, ин тақлидкорӣ дар зинаҳои аввали ҳаёт мебошад. Чунки онҳо нав бо одаму олам ошно мегарданду чизе аз дунёи мо намедонанд ва аввалин коре, ки мекунанд, ин тақлиду пайравӣ кардан ба одамони муҳит, бахусус, падару модар мебошанд. Падару модароне, ки бо ҳамин давраи ҳаётии кӯдакон шиносанд, хуб дарк карда метавонанд, ки барои онҳо хонадни афсонаву ривоятҳо, панду андарз, шеъру латифаҳо ва чистону мақолҳо аз аҳамият холӣ нест. Вақте кӯдак ҳикоя ё шеърро0 мешунавад, талош мекунад тарзи гуфтори қаҳрамонро тақлид кунад. Ҳамин раванд боис мегардад, ки кӯдак ба истифодаи дурусти иншо ва тартиби ҷумлаҳо, инчунин лафзи дурусту равон таваҷҷуҳ кунад. Ин гуна тақлид дар ташаккули нутқи шифоҳӣ ва хаттии кӯдак хеле муассир аст.

Кӯдак метавонад аз таъсири қаҳрамонони дӯстдоштааш, ки эҳсосоташро ифода мекунанд (шодӣ, ғам, тарс, умед ва ғ.), ёд гирад, ки эҳсосоти худро бо забон баён намояд. Ин қобилият дар рушди нутқи эмотсионалӣ ва ҳамзамон равоншиносии муоширати кӯдак нақши бузург мебозад. Нутқи равшану муназзам ба кӯдак имкон медиҳад, ки худро беҳтар фаҳмонад ва дар ҷомеа мустақилона ширкат варзад.

Асарҳое, ки образи асосии онҳо қаҳрамонони далеру зираку кордон ҳастанд, бениҳоят ба тафаккури зеҳнии кӯдакон фоидабахшанд. Чунки ин навъи асарҳо барои ҳалли проблемаҳои гуногун муассир ҳастанд. Масалан, кӯдак ҳангоми афтидан дар масъалаҳо ё суҳбатҳои баҳсбарангез мефаҳмад, ки чӣ тавр бояд ба дигарон муроҷиат кард, посух дод ва суханро оғоз ё анҷом намуд.

Бисёре аз асарҳои бадеӣ дорои паёмҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Кӯдак на танҳо нутқ, балки мафҳумҳои боарзишро, ки бо забони таъсирбахш ифода шудаанд, меомӯзад. Масалан, мефаҳмад, ки ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва ёрӣ додан ба дигарон амалҳои неканд ва ин амалҳо дар нутқи ӯ ҳамчуни ифодаҳои ибратбахш ҷой мегиранд.

Ҳамин тариқ, асарҳои бадеӣ на танҳо барои фароғат, балки дар тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим мебозанд. Арзишҳои монанди ростгӯӣ, меҳрубонӣ, адолат ва кӯмак ба дигарон дар асарҳо бо забони содда ва таъсирбахш баён мегарданд. Аз ҳамин лиҳоз, омӯзгор ва волидайни масъулиятпазирро лозим аст, ки ҳамин паҳлуҳоро дар зиндагии кӯдакон бештар ҷорӣ кунанд.

Нодира ПАРДАЕВА,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор