
РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТҲО
2025-05-01 11:05:35
Дар
таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки барои наслҳои оянда на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи фахр, ибрат ва сабақи зиндагӣ мегарданд.
Яке аз чунин рӯзҳои муқаддас ва пурифтихор - Рӯзи Ғалаба бар фашизм мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар худ на танҳо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, балки иттиҳоду ягонагии
миллатҳоро таҷассум мекунад.
Рӯзи Ғалаба моро ба арзишҳои инсонӣ, сулҳу ваҳдат ва дӯстии байни миллатҳо водор месозад.
Мардуми
тоҷик дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) саҳми намоён ва ҳалкунанда доштанд.
Беш аз 300 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба сафи Артиши Сурх ҷалб гардиданд
ва дар муҳорибаҳои хунин иштирок карданд.
Аз ҷумла, садҳо нафар бо ордену медалҳо сарфароз
гашта, даҳҳо нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ба ғайр аз саҳми бевосита
дар ҷабҳа, мардуми заҳматкаши Тоҷикистон дар ақибгоҳ бо меҳнати фидокорона
аз артиши фронтӣ пуштибонӣ мекарданд,
заминҳои кишоварзӣ васеъ карда шуданд, маҳсулоти ғизоӣ ва либоси ҳарбӣ омода мегардиданд.
Бо вуҷуди душвориҳо, духтарону
занони тоҷик бо равған, гандум, сабзавот ва матоъҳои даркорӣ фронтро таъмин карданд.
Дар ин солҳо кӯдакон дар саҳроҳо меҳнат мекарданд,
мактабҳо ба пойгоҳҳои омӯзишӣ табдил ёфтанд, ва тамоми миллат дар фазои ягона барои ҳимояи Ватан мубориза мебурданд.
Ҷанги
Бузурги Ватанӣ мисоли равшани он аст, ки дар лаҳзаҳои душвортарини
таърих маҳз ягонагӣ,
дӯстӣ
ва эҳтироми байни миллатҳо қувваи
бузург ба бор меорад. Дар ҷанг намояндагони
зиёда аз 100 миллату халқият бар зидди душмани умумӣ
муттаҳид гардида,
паҳлӯ
ба паҳлӯ дар як фронт меҷангиданд
ва ба якдигар ҳамчун бародар менигаристанд. Ин руҳия имрӯз низ бояд ҳамчун намуна ва сабақи таърихӣ ҳифз ва
густариш дода шавад.
Ягонагии халқу миллатҳо, ки дар солҳои ҷангӣ
таҷассум ёфта буд, имрӯза низ асоси суботи ҷомеа ва таҳкими давлатдории
муосир маҳсуб мешавад. Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки танҳо бо дӯстиву ҳамбастагӣ метавон бар ҳар гуна хатару
таҳдид пирӯз шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
— Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ҳамеша ба қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ҷанг арҷ
мегузоранд. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои вижа
баргузор мегарданд, аз ҷумла, мулоқоти Пешвои миллат бо собиқадорон, ташкили намоишгоҳҳо, конфронсҳои илмӣ,
суҳбатҳои ватандӯстӣ
ва озмунҳои мактабӣ.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
омадааст: «Таърих гувоҳ
аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳама марҳалаҳои душвори таърих бо иродаи қавӣ,
ватандӯстӣ
ва иттиҳоди миллӣ пирӯз омадааст».
Ин иқдомҳо ва суханон намунаи олии эҳтиром ба таърихи миллӣ
ва ташвиқ ба тарбияи ватандӯстӣ
дар насли нав мебошанд.
Имрӯз, вақте ҷаҳон бо таҳдидҳои нав – терроризм,
экстремизм, тағйироти иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯбарӯст, сабақҳои Рӯзи Ғалаба ба ҳайси роҳнамо хидмат мекунанд. Он моро меомӯзад, ки оромии ҷомеа бе сулҳ ва бе иттиҳод имконнопазир
аст. Дар ин росто, муассисаҳои таълимӣ, васоити ахбори омма, ҷомеа ва аҳли фарҳанг бояд якҷо барои нигоҳдошти арзишҳои сулҳ ва ҳамбастагӣ кӯшиш намоем.
Мо бояд дар шуури насли нав эҳсоси масъулият,
худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таърихро
бедор созем, зеро насле, ки гузаштаашро
намешиносад, ояндаи устувор сохта наметавонад.
Рӯзи
Ғалаба дар баробари
як ҷашни таърихӣ будан, рамзи ваҳдати миллӣ,
дӯстии халқҳо ва қудрати иттиҳод мебошад.
Саҳми халқи тоҷик дар ин пирӯзӣ,
далели ҷасорату ифтихори
миллӣ аст. Пешвои миллат бо сиёсати ватандӯстонаи худ дар таҳкими ин арзишҳо саҳми шоиста
мегузоранд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки на танҳо ин рӯзро таҷлил кунем, балки бо тамоми ҳастӣ
онро эҳсос намоем, дар дили ҷавонон шӯълаи ифтихорро
фурӯзон кунем ва сулҳу суботи кишвари худро, ки бо хуни гузаштагон
ба даст омадааст,
ҳифз намоем.
Наврӯз КАРИМОВ,
ассистенти
кафедраи ҷамъиятшиноси
коллеҷи информатика
ва техникаи компютерии
шаҳри Душанбе