
ВАТАНДӮСТӢ - ПОЯИ АСОСИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2025-05-02 18:42:47
Ватандӯстиву меҳанпарастӣ принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои
инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.
Ифтихор
намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад.
Ватандӯстӣ дар
ҳамаи давру замонҳо яке аз
хислатҳои неки инсоният ба шумор
меравад.
Ватандӯстӣ имрӯз як
рукни асосии
мафкураи миллии
Тоҷикистон мебошад. Ин
масъаларо гаштаю
баргашта Пешвои
миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
суханрониҳои худ таъкид
менамояд.
Месазад,
ки нуктаеро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар
ин бахш
ёдовар шавем,
ки иброз
намуда буданд:
«Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як
фарди бонангу номуси миллат-аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, хисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад».
Пешвои
миллат ба мо тавсия ва супоришоти муайяну мушаххас додааст, то дар масоили
зикргардида кору фаъолият, пажуҳишу омeзишро
бештар намоем
ва маъниҳои нобу
муассир ба
насли наврас
бирасонем. Онҳоро чунон
тарбия намоем,
ки шаҳрвандон ва
ватанпарастони асил
ба воя
бирасанд.
Тавре
ки Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири
ҳар як фарди
ҷомеа тарбия кардан
ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба
арзишҳои маънавӣ ва
муқаддасоти миллӣ яке
аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва
ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва
садоқат ба Ватан
ва омода
будани инсон
ба боло
гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ
мебошад. Ватандӯстӣ муносибати
ҳиссӣ нисбат
ба Ватан
буда, дар
хидмат кардан
ба Ватан
ва муҳофизат намудани он ифода
меёбад. Махсусан, оила, мактаб
ва ҷомеа дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши асосӣ дорад, зеро маҳз дар
ҳамин ҷо арзишҳои ибтидоӣ, эътиқод ва муносибатҳои кўдак ташаккул меёбанд.
Мақсади тарбияи ватандўстӣ тарбия
намудани шаҳрвандоне мебошад, ки омодаанд дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда,
манфиатҳои кишвари худро
ҳифз намоянд, дар
нашъунамо ва
рушди он
саҳм гузоранд.
Киромуддин НАЗАРЗОДА, ҷонишини директори
Литсейи
касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд