Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ШОИР ВА ҚАҲРАМОН ХАЛҚИ ТОҶИК
single-product

МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ШОИР ВА ҚАҲРАМОН ХАЛҚИ ТОҶИК

2025-05-02 18:48:53

«Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард».

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,

Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман.

Мекунад шеъри дилошӯбад маро аз худ бадар,

То ба даҳрам мекунад, сад решапайванди дигар.

Аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.

Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва нависандаи машҳури халқи тоҷик, Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосир тоҷик аст, ки барои хидмати шоёнаш ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи усто Турсуни наҷҷор ба дунё омадааст.

Мирзо Турсунзода фарзанди замони худ буд ва эҷодиёти ӯ аз адабиёту ҳунари форсии тоҷикии даврони Шӯравӣ намояндагӣ мекард. Адабиётшиносон таъкид кардаанд, ки М.Турсунзода ба ҳайси як чеҳраи адабӣ каси одӣ набуд ва ҳаллоқияти эҷодии ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанд ва эҳтиромоте, ки нисбаташ дар дунёи бурунмарзӣ доштанд, дар айни замон маънии эътирофи миллати тоҷикро медод. Яъне обрӯю эътиборе, ки М.Турсунзода дар кишвари худ сазовор гардид, чун падидаи мусбат ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамхуни ҳамсояро думбола гирифта буд. Мирзо Турсунзода аз ҷониби бузургтарин донишмандон ва шахсиятҳои сиёсию давлатии ватанию хориҷӣ чун шоири тарғибгари сулҳу дӯстӣ шинохта шуда, ба фаъолияти адабию сиёсияш баҳои баланд додаанд.

Падараш усто Турсун соли 1928 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ӯро дар оромгоҳи деҳаи Қаратоғи гузари Шӯробдара ба хок супоридаанд. Модараш Холбибӣ соли 1920 дар синни 58-солагӣ вафот кардааст, ӯро дар оромгоҳи деҳаи Қаратоқи маҳаллаи Чармгарӣ дафн намудаанд.Мирзо Турсунзода солҳои 1920-1921 таҳсили ибтидоиро дар мактаби кӯҳнаи деҳа гирифта, аввалин бор аз Мулло Ҳалим ном мударриси номдори деҳаи Қаратоқ хондану навиштанро омӯхтааст. Соли 1925 Мирзо Турсунзода таҳсилро дар мактаб-парваришгоҳи Душанбе давом дод. Солҳои 1926-1927 дар Техникуми омӯзгории шаҳри Душанбе хонда, худи ҳамон сол ба сафи комсомоли ленинӣ дохил шуд. Мирзо Турсунзода яке аз толибилмони пешқадами техникум буд, бинобар ин ӯро барои идомаи таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд фиристоданд. Мирзо Турсунзода соли 1931 донишгоҳро хатм карда, барои хизмат ба Душанбе омадааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи марказиро ишғол менамояд. Шеърҳои ватандӯстонаи ӯ “Хайр, модари азиз”, “Хотираи капитан”, Ҳамшираҳо”, “Сарчашмаи мардонагӣ, Ҳаргиз”, “Ба ҷанг”, “Баҳодури тоҷик”, “Фарзанди ту меояд” дар солҳои ҷанг хеле шуҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд. Дар достони “Писари Ватан” ғояи дӯстии халқҳо васфи худро ёфтааст. Достони “Арӯс аз Москва” низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: «Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд». Мавриди зикр аст, ки ҳамин заҳамоти устод Мирзо Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ, чунин менигорад: «Аввалин бор Турсунзодаро соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдам. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб, муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо чашму дил сухан мегуфт. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт».

Устод Мирзо Турсунзода, ки бештари умраш дар сафар, ҷаласаҳои шаҳри Маскав мегузашт, аз аҳвол ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик гоҳ-гоҳ воқиф мешуд. Соли 1970 бо донишҷӯёни донишгоҳи театри шаҳри Москва суҳбат карда мегӯяд: “Фарзандонам- аз донишманду соҳибҳунарон бештар омӯзед. Касби пешгирифтаи шумо заҳмату ҷустуҷӯи пайвастаро тақозо мекунад. Ҳол шумо худро дар баҳри беканори ҳунар афкандаед, дигар роҳи бозгашт нест, Фақат шиновари тавоно шудан шуморо ба соҳили мурод мерасонад. Вақтро беҳуда сарф накунед, ки ноаён вале тез мегузарад. Ба қавле чун киштие дар об истода намояду чун тир бигзарад. Дӯстёбӣ низ ҳунар аст. Бо инсонҳои наҷибу боистеъдод дӯсту бародар шавед. Дӯстони ҷонӣ, бохираду ҳунарманд қуввати дил мешаванд. Ба воситаи шумо онҳо тоҷику Тоҷикистони азизро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд... Як чизро ҳаргиз фаромӯш накунед, халқу ватан бо умеди зиёд шуморо ба таҳсил фиристодааст. Ин масъулият ва бахти бузург аст. Ин таъкидҳои устод ба мову Шумо дахл дорад ва барои 100-солаҳои дигар як роҳнамо аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо ибтикори эшон Мирзо Турсунзода созовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштааст, дар бораи фаъолияти адабию сиёсии ин шоири баландмақоми миллати тоҷик чунин мегӯянд: «Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».

Николай Тихонов, шоири бузурги рус ва дӯсти наздики М. Турсунзода, ки борҳо ба Тоҷикситон омада ва дар бисёр сафарҳои хориҷӣ бо шоири бузурги тоҷик буд, дар мавриди ашъори ӯ менависад: «...ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст». Михаил Шолохов, нависандаи бузурги рус, дорандаи ҷоизаи Нобел дар мавриди М. Турсунзода чунин таманниёт кардааст: «Бигзор, килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад»!

Нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест» ва дар масъалаи тавири зан-модар дар ашъори Турсунзодаро ёдовар шуда мегӯяд: «Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш дар бораи занон хеле боназокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳат сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шӯр меангехт».

Шоир ва нависандаи машҳури халқи тоҷик, Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то охири ҳаёти худ дар вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, дар ривоҷу равнақи адабиёт, тарғиби сулҳу дӯстӣ хизматҳои беназир кардааст. Мирзо Турсунзода дар эодиёти худ мавзӯҳои муҳими инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба таври амиқ ба риштаи назм кашидааст. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзуҳҳои сулҳу дӯстӣ мавқеи махсус дорад. Чи тавре, ки худи шоир мегӯяд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Қаҳрамони Тоҷкистон Устод, Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард, ки «Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем». Аз ин лиҳоз, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то ба дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайравӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пояндагии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардум саҳм гузорем

Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 дар синни 66-солагӣ аз олам чашм пўшидааст. Маросими мотам дар пойтахти ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Барои абадӣ гардонидани хотираи М. Турсунзода Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд. Шаҳри Турсунзода соли 1978 номи ӯро гирифт. Дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии ёдгории Мирзо Турсунзода фаъолият мекунад. Ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон номи шоир дода шудааст. Соли 1988 дар зодгоҳи шоир деҳаи Қаратоғ Осорхонаи ба номи М. Турсунзода кушода шудааст. Нимпайкараи шоир соли 1981 ва ба муносибати 90-солагии шоир соли 2001 муҷассамааш дар шаҳри Турсунзода гузошта шудааст. Инчунин муҷассамаи дар гардиши роҳи зодгоҳаш дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав қомат афрохтааст.

Хизматҳои ватандӯстонаи шоир одилона дар назди халқаш қадр карда шуд. Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш, ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳо, матонат дар бунёди пояҳои адабиёт ва тарғиби Тоҷикистон, густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ин тантанаи адолат, баҳои одилона ва қадршиносии сарвари давлат ба заҳмати шоиру фарзанди шарафманди миллат аст, ки “Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо ватан” буд.

Тоҳир Одилов- вакили Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ