Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
single-product

ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2025-05-03 13:38:08

Бо мақсади амалигардонии “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст ва иҷрои фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2025, №88 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025” дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вобаста ба тақсимоти асосии хатмкунандагоне, ки муассисаро аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2025 хатм менамоянд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Дилшод Давлатшоҳзода, сармутахассис ва Латиф Абдураҳмонзода, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷибулло Рабизода, директори муассиса, Матлуба Исматова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ва Ф. Назруллоева, мудири шуъбаи кадрҳо ва бойгонии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласаро директори муассиса оғоз бахшида, қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала фармоиши директори муассиса аз 10 апрели соли 2025, 34-ИТ ба тасвиб расида, комиссияи дохиликоллеҷӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаро дар соли 2025 хатм менамоянд, дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шуда, шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки то баргузории тақсимоти асосӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳуҷҷатгузориро дуруст ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки санаи 16 апрели соли 2025 тақсимоти пешакии хатмкунандагони муассиса доир гардида, муҳтаво ва талаботи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст, “Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №563 тасдиқ шудааст, ба хатмкунандагон фаҳмонида дода шуда, бо ҳуқуқ, уҳдадорӣ, оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардида ва бо имтиёзҳое, ки ба мутахассисони ҷавон муқаррар шудаанд, аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии коллеҷ фаҳмонида дода шудааст.

Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани тақсимоти асосии хатмкунандагон ба унвонии кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе мактуби расмӣ ҷиҳати иштироки намояндагони муассисаҳо дар ҷаласаи тақсимоти асосии хатмкунандагон қаблан ирсол гардида буд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2025 коллеҷро аз рӯи ихтисосҳои 2-010201-Таҳсилоти ибтидоӣ, 2-080101.01-Таълими касбӣ (мошинсозӣ) 2-080101.05-Таълими касбӣ (сохтмон), 2-080101.31-Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), 2-430103 Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо), 2-270131 - Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ва 2-400101- Таъмини барномавии технологияи иттииоотӣ 46 нафар мутахассиси ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда истодаанд, коллеҷро хатм менамоянд, ки аз ин шумора 9 нафар духтар ва 37 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, тибқи ҷадвали тасдиқгардида мутахассисони ҷавон вобаста ба ҷой зисташон тақсимбандидӣ гардида, баъди бо мувафақият хатм намудани Коллеҷ тариқи роҳхат сафарбар карда мешаванд.

Сипас Дилшод Давлатшоҳзода, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба хатмкунандагон муҳтавои санадҳои болозикро шинос намуда, оид ба оқибатҳои риоя накардани онҳо, ҳамчунин, як қатор имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон муқаррар шудааст, маълумот дод.