Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

2025-05-05 17:36:19

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандониу омӯзгорони Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сарнозирони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин, майори адлия Шамсиддинзода Насим Шамсиддин, директори Коллеҷ Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ ва кормандону омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори муассиса Давронҷон Хоҷазода суханронӣ карда, қайд намуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз як мушкили дохилӣ ба масъалаи байналмилалӣ мубаддал гардида, ин зуҳуроти номатлуб дар ҷараёни таҳқиқ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дошта, ҳамзамон бо ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада ва зуҳур намудааст.

«Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад», - гуфт номбурда.

Дар идомаи вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин баромад карда, қайд намуд, ки раванди ташаккули мафҳуми имрӯзаи коррупсия ҳазорсолаҳоро дарбар гирифта, то ҳол ҳамчун хатари ҷиддӣ ва яке аз муаммоҳои печидаи замони муосир боқӣ мондааст.

«Яке аз таърифҳои бештар истифодашавандаи коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст: «Коррупсия - сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад»», - гуфт номбурда.

Инчунин, қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст, зеро кишваре нест, ки бо ин мушкил рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки Агентӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳимояи ҷомеа ва давлат аз коррупсия, ошкорсозӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, густариши чораҳои пешгирикунанда ва ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муҳимро таҳия ва татбиқ менамояд, ки имрӯз низ бо иқдомоти нав идома меёбанд.