
РӮЗИ ҒАЛАБА: МЕРОСИ ТАЪРИХӢ ВА МАЪНАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
2025-05-07 18:11:32
Дар таърихи башарият
санаҳое ҳастанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун рамзи иттиҳоду адолат, озодӣ
ва фидокорӣ боқӣ мемонанд. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз ва пурмазмун,
бешубҳа, 9 май - Рӯзи Ғалаба мебошад. Дар ин рӯз, соли 1945, ҷанги мудҳиштарини
таърихи инсоният - Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом ёфт ва инсоният бар фашизми
гитлерӣ ғалаба кард.
Ин
рӯз барои мардуми тоҷик низ чун рӯзгори ибратбахши таърихӣ ва манбаи ифтихор
арзиш дорад. Арзишҳои маънавие, ки аз солҳои ҷангӣ ба мо ба мерос мондаанд -
ҷонфидоӣ, ваҳдат, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба сулҳ - имрӯз низ дар тарбияи насли
нав нақши муассир мебозанд. Ин арзишҳо набояд фаромӯш шаванд, балки ба наслҳои
оянда чун сабақи таърихӣ интиқол дода шаванд.
Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1941-1945) аз ҷиҳати
теъдоди қурбониён, харобии моддӣ ва осебҳои маънавӣ яке аз фоҷиаовартарин
воқеаҳои таърихи инсоният мебошад. Дар ин ҷанг беш аз 60 кишвар иштирок намуда,
зиёда аз 70 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар маркази мубориза бар
зидди фашизм Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, ки Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии
Тоҷикистон низ ҷузъи он ба шумор мерафт.
Мардуми тоҷик дар ин ҷанг бо шуҷоати бемисл
ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат варзида, дар сарзаминҳои дур аз Ватан барои
озодии инсоният мубориза бурданд. Беш аз 300 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба
сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷон
бохтанд. Ҳазорон нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 54 нафар бо унвони
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштанд. Ин далериву ҷасорат, ин фидокориҳо,
имрӯз низ ҳамчун намунаи эҳтиром ба Ватан ва ҳимояи озодӣ арзёбӣ мешаванд.
Яке аз
хусусиятҳои муҳими ин ҷанги ҷаҳонӣ дар он аст, ки танҳо тавассути иттифоқ ва
дӯстии байни халқҳо, якдиливу фидокорӣ метавон хатари бузурги ҷаҳониро бартараф
сохт. Рӯзи Ғалаба дар баробари рамзи пирӯзии низомӣ, ҳамзамон рамзи иттиҳоди
миллию байналмилалӣ низ нақши калиди дорад.
Дар
шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои нав - аз терроризм то низоъҳои
сиёсиву нажодӣ - рӯ ба рӯст, таҷрибаи он солҳо ҳамчун намунаи ваҳдати миллӣ метавонад
хидмат намояд. Маҳз ҳамбастагии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сабаби асосии
ғалаба гардид, ки Тоҷикистон низ дар ҳамон солҳои душвор дар паҳлуи дигар
халқҳо қарор дошт ва нишон дод, ки хурдии ҷуғрофӣ монеаи бузурги маънавӣ шуда
наметавонад.
Ғалаба
танҳо як воқеаи низомӣ нест. Он дорои паҳлуҳои амиқи ахлоқиву маънавӣ мебошад.
Аз он замон то имрӯз дар хотираи наслҳо на танҳо далелҳои ҷанг, балки
фазилатҳои ахлоқӣ мисли сабр, матонат, фидокорӣ ва муҳаббат ба Ватан боқӣ
мондаанд.
Маҳз
ҳамин паҳлӯи маънавии Ғалаба аст, ки онро ба як рӯзи муқаддас барои миллати мо
табдил додааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти
Рӯзи Ғалаба чунин таъкид кардаанд: «Мо бояд ҳамеша хотираи неки он нафаронеро,
ки барои озодии мо ҷон фидо карданд, гиромӣ дорем. Онҳо барои истиқлолу озодӣ
ва саодати наслҳои оянда мубориза бурданд ва ин сабақи таърихии бузургест барои
мо ва фарзандони мо».
Ин
суханон масъулияти таърихӣ ва маънавии насли имрӯзаро боз ҳам бештар мекунад.
Мо на танҳо бояд Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирем, балки бояд дарк намоем, ки он дар
худ паёми бузурги инсондӯстӣ, ватанпарварӣ ва садоқат ба арзишҳои олӣ дорад.
Ҳамасола
дар Тоҷикистон Рӯзи Ғалаба бо ифтихор ва эҳтиром таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба
пояи муҷассамаҳои қаҳрамонон гулчанбар гузошта шуда, вохӯриҳо бо собиқадорони
ҷанг баргузор мешаванд. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангиву
таълимӣ чорабиниҳои тарбиявӣ ва дарсӣ ба муносибати ин рӯз ташкил карда
мешаванд.
Ин
гуна чорабиниҳо, аз як тараф, арҷгузорӣ ба гузашта ва аз тарафи дигар, тарбияи
насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва посдории сулҳу амният мебошанд. Онҳо саҳми
муассир дар ташаккули маърифати сиёсӣ ва ахлоқии хонандагону донишҷӯёнро доранд.
Имрӯз
вазифаи ҳар як омӯзгор, падару модар ва шахсони масъул аз он иборат аст, ки бо
истифода аз сабақҳои таърихии солҳои ҷанг, насли навро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ,
эҳтиром ба сулҳ, ифтихор аз таърих ва фидокорӣ тарбия намоем.
Таърих
бояд дарс бошад, на танҳо ёдбуд. Агар мо натавонем ғалабаро ба дарси ахлоқӣ ва
маънавӣ табдил диҳем, пас эҳтимол дорем, ки арзишҳои он тадриҷан фаромӯш
шаванд. Мероси маънавии Рӯзи Ғалаба бояд ба системаи таълиму тарбия ворид
гардад масалан, тавассути таълимоти таърихӣ, сӯҳбатҳои тарбиявӣ, намоишҳои
санъатӣ, чорабиниҳои мактабӣ ва корҳои илмии донишҷӯён ва ҳоказо.
9 май
- Рӯзи Ғалаба на танҳо рӯзи хотирмон, балки санаи муқаддаси ахлоқиву таърихист,
ки тамоми инсониятро ба ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Барои мардуми тоҷик ин рӯз
ифтихор аз таърих, шинохти ҳақиқати зиндагӣ ва арҷгузорӣ ба фидокории ниёгон
маҳсуб меёбад.
Мо
вазифадорем, ки ин рӯзро ҳамчун рамзи ҷоннисорӣ, ваҳдат ва озодии башар гиромӣ
дорем. Мероси таърихӣ ва маънавии он бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар чун
чароғи роҳнамо фурӯзон бошад.
САФАРЗОДА
Ҳамза Сафар,
директори Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе