
ШУҶОАТУ МАРДОНАГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
2025-05-07 18:15:24
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар
бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим
фуруд меорем.
Эмомалӣ Раҳмон
9-уми май ҳамчун Рӯзи
Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар
хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукуҳ ва азамати ғалабаи бузург барои мардуми олам
торафт аёнтар мегардад, зеро ин ғалаба мақсадҳои ботили ҳукумрони кулли олам
шудани фашистони Германияро барбод дод ва ҳушдорест барои онҳое, ки дар сар
хаёли хоми ғулом намудани халқҳоро мепарваранд.
Ин
санаи таърихӣ барои наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда, гиромиву муқаддас боқӣ
мемонад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону
бобоёни мо буда, қаҳрамонии онҳо асрҳои аср вирди забони мардуми халқпарвари
Тоҷикистон абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги
Ватаниро ёдовар шуда, дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву
ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари собиқ Шуравӣ сина сипар намуданд, барои
бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат
кашиданд, амиқтар андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае,
ки халқиятҳои собиқ Шуравӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона,
озодибахш, набарди муқаддас буд. Ғалаба бар фашизм ва аз зулму асорати он раҳо
ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо
дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ аз болои
онҳо пирӯз намешавад.
Ба ибораи дигар, ғалаба дар Ҷанги дуюми
ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар
гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.
Дар айёми пуртазоди мо низ, яъне замоне, ки
ба суботу оромии ҷаҳон хатарҳои азим, аз қабили терроризми байналхалқӣ,
экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ ва монанди инҳо
таҳдид мекунанд, ин сабақи бузурги таърихӣ маънии торафт муҳим касб менамояд.
Дар ин рӯз ёдовар шудан бамаврид аст, ки
дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди
фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст.
Дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони
тоҷикистонӣ матбуоти фронтӣ ва ватанӣ борҳо маводи гуногун нашр намуда бошанд
ҳам, ёдовар шудани он аз манфиат холӣ нест. Чунки мардуми тоҷик дар роҳи
тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори
басар бурда руҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти
сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, дар корҳои истеҳсолии тамоми
самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.
Корномаи ватандӯсти мо Саидқул Турдиев
намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин
шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ,
ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз
аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев
дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури
дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии
«Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст.
Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи
набарди Сталинград иштирок кардаанд. Корнамоии «Хонаи Павлов» ҳам бе номи тоҷик
набуд. Дар қатори 18 ҷанговари «Хонаи Павлов», ки командирашон сержант Павлов
буд, Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳам буд. Фиристодагони Тоҷикистон О. Холматов, Б.
Сиддиқов, А. Ҳакимов, К.Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И.Назаров, Ҳ.
Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев
дар муҳорибаҳои Сталинград қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар рафти амалиёти ҷангии
баъди Сталинград тоҷикписар Маҳмадшариф Шарипов дар озод кардани шаҳри Харков
корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ)-и
душманро пӯшондааст. Артиллеристон Исмоил Ҳамзаалиев ва Ҳоди Кенҷаев дар
ҷангҳои «Курский Дуг» амали қаҳрамонона анҷом дода, захмӣ шуда бошанд ҳам то
охирин тир ба танкҳо ва пиёдагардони душман оташ зада, душманро аз мавқеҳои
мудофиакунанда нагузарониданд. Бо фармони Раёсати Шурои Олии СССР ба
И.Ҳамзаалиев ва Ҳ. Кенҷаев унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Моҳи октябри соли 1943 дар фронти Волхов Туйчи Эрджигитов синаи худро ба
амбразураи душман сипар кард ва барои ҳуҷуми аскарони советӣ имконият дод. 21 феврали
соли 1944 ба ӯ пас аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар
ҷангҳои наздикии шаҳри Уман, сарбози дивизияи 294-уми тирандозӣ Исмат Шарипов
ҷасорату мардонагӣ нишон дода ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Пас аз ҷанг пулемети «Максим»-и Бобоҷонов дар яке аз толорҳои осорхонаи
Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Маскав ба намоиш гузошта шудааст. Сафар
Амиршоев дар ҷанги замини Литва қаҳрамонии худро анҷом дода, ба ӯ пас аз маргаш
унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Тоҷикон дар минтақаи шаҳри қалъаи
Кенигсберги Германия қаҳрамонона ҷангиданд. Дар ин ҷангҳо комсорги баталонӣ
Сайфулло Умаров ҷасорати беғаразона нишон додааст. Қаҳрамониҳои фарзандони
халқи тоҷик то ба анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ давом ёфтааст. Онҳо барои дифои
Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва
корнамоиҳои бузург нишон додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид
гуфтааст: «Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз
ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони
ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд».
Ҳамин тавр, дар якҷоягӣ бо ҳамаи ҷумҳуриҳои
собиқ Шуравӣ ғалаба бар фашизми олмон таъмин карда шуд. Беш аз 300 ҳазор нафар
фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92
ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд.
Дар он давраи мудҳиш дар Ватани мо кам
хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад.
9-уми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот, рўзи ғалаба бар зулмот аст ва ҳамчунин
санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд.
Имрўзҳо хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ
ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта мешавад. Бояд гуфт, ки давлат ва Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои муаззами
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва
ақибгоҳи он ғамхориҳои хосса зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ
ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор медиҳад, ки аз хислатҳои
инсондустӣ, қадршиносӣ ва раиятпарварии Пешвои маҳбуби миллат шаҳодат медиҳад.
Хоҷазода Даврон Қурбоналӣ,
номзади
илмҳои иқтисодӣ, дотсент
директори
Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ