Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ҚАДРШИНОСИЮ АРҶГУЗОРӢ
single-product

РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ҚАДРШИНОСИЮ АРҶГУЗОРӢ

2025-05-07 18:19:20

соҳибистиқлол, даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 - уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз Рӯзи Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон 80 - сол мешавад, ки он як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати куҳанбунёди мо, тоҷикон мебошад. Дар ин набарди далеронаю ватандӯстона корномаи ибратомӯз, таърихию мондагор ва қаҳрамонию ҷонфидоиҳои аҷдодони баруманди мо дар майдонҳои ҷанг бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шудаанд.

Тибқи оморҳо аз яку ним миллион нафар аҳолии кишвари мо дар соли 1941 зиёда аз 300 ҳазор нафар 20 фоизи сокинони Тоҷикистон ба майдони ҷанг сафарбар шуда, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи некӯ корномаи бузургу ибратбахши ҳар кадоми онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт шудааст.

Аз ин ҷанги шадидтарини таърих 54 нафар тоҷикистонӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 сарбозу афсар бо ордени Шараф дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва 56 ҳазор иштирокдори муҳорибаҳои хунин аз аскари қаторӣ то генерал бо ордену медалҳо ба Тоҷикистон бо сари баланд баргаштанд.

Ҳамин тавр, фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ ҷонфидоию қаҳрамониҳо нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми шуравӣ ҳиссаи бузургу арзанда гузоштанд. Ёди абармардоне, ки замоне ба хотири марзу буми аҷдодии хеш ҷони худро сипар намудаанд, абадан дар қалбҳои мо ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат нақш бастааст.

Дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши бузургу арзишманд дорад.

Бояд қайд кард, ки гироми доштани номи қаҳрамонҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи дирӯзаю имрӯзаи мо ҷонфидоиву далерӣ намудаанд, вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: “9-уми май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”.
Оре, таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба – рамзи қадршиносию арҷгузорӣ ба аҷдодони қаҳрамонамон, ватандӯстиву худшиносӣ, оромиву соҳибистиқлолӣ ва ягонагиву дӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Ёду корномаҳои қаҳрамонони далери тоҷик дар қалбҳои мо, тоҷикон ҷовидонӣ боқӣ мемонад.

Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе