
РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИ ТЕХНИКИ НАСОҶИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-05-07 18:23:38
Бо мақсади ҷалби
наврасону хонандагон ба касбомӯзӣ дар литсейи касбии техники насоҷии шаҳри
Душанбе “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар хонандагони муассисаҳои
таълимии пойтахт ҳамроҳи омӯзгорони худ ташриф оварда, аз шароити таълимгоҳ аз
наздик шинос гардиданд.
Зимни
шиносоӣ онҳо дар ҷараёни соатҳои таълимӣ иштирок намуда, аз синфхонаҳо, сехҳои
дӯзандагӣ, пазандагӣ, ошхона базаи моддии техникӣ дидан намуданд. Бояд қайд
кард, ки дар таълимгоҳ барои таълиму тарбия ва касбомӯзии хонандагон тамоми
шароитҳои мавҷуда муҳайё карда шудааст.
Директори литсей Рухшона Давлатшоева,
хонандагонро ба идома додани таҳсил ва азбар намудани касбҳои ҷавобгӯи талаботи
замон даъват намуда, иброз дошт, ки муассиса ҳамеша шавқмандони касбу ҳунаро
ҳамеша интизор аст.
Маврид ба зикри хос аст, ки Литсейи касбии
техники насоҷии шаҳри Душанбе 12 январи соли 1960 таъсис ёфта, мутахассисонро
аз рӯи 17 ихтисос барои хоҷагии халҷи мамлакат омода менамояд.
Ҳамзамон,
таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” дар он аст, ки
хонандагон аз наздик бо фаъолияти муассисаи мазкур шинос шуда, дар интихобкунии
касб ба хатогӣ роҳ надиҳанд.
Дар
Литсейи касбии техники насоҷии шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисосҳои системаи
компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил,
кафшергари барқӣ, кафшергари барқию газӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва
хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, дӯзанда, дӯзанда -зардӯз, бофанда, ҳисобдор бо
донистани компютер, ҳисобдор, Челонгар оид оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва
қисмҳои техники санитарӣ, сантехник, кандакор, сартарош, ороиши руй,муй,
нохун,ошпаз қаннод, гулдузи маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ мутахассисон
омода мегарданд.
