
ЁДИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҶОВИДОНИСТ
2025-05-07 18:34:39
Аз фарҷоми Ҷанги
Бузурги Ватанӣ 80 - сол сипарӣ гашт, аммо корнамоию қаҳрамонии бемислу монанди
халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ҳодисаи азими оламшумули таърихӣ ҳамеша боқӣ
хоҳад монд. Ҳар қадар аз он солҳо дур равем, ҳамон қадари дигар барои амиқтар
дарк кардани ҳодисаҳои он давра ба бештар донистани корномаи ҷовидонии халқ
зиёд мешавад.
Ҷанги
дуюми ҷаҳон барои тамоми сокинони сайёра, аз ҷумла, мардуми тоҷик давраи
фоҷиаангези асри гузашта ба ҳисоб меравад. Дар он давраҳои душвор фарзандони
баору номуси тоҷик ба ҷанг сафарбар гардиданд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷанг
каҳрамонона меҷангиданд. Зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои шадид
ҷони бохтанд.
Дар баробари ҷанговарони ба ҷанг рафта, ҳар
як сокини Тоҷикистон дар ақибгоҳ шабонарӯз меҳнат карда, дар таъмини афсарону
сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми худро
мегузоштанд. Дар муҳорибаҳои ин ҷанг фиристодагони Тоҷикистон дар ҳамаи
ҷанбаъҳои ҷанг мардонагӣ ва каҳрамонию далерӣ нишон дода, бо унвонҳои баланд ва
мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Халқи
тоҷик каҳрамонию далерӣ ва шуҷоатмандии ҷанговарони тоҷикро дар ҷанги дуюми
ҷаҳон фаромӯш нахоҳад кард. Оқибатҳои фоҷиабори ҷанги дуюми ҷаҳон ба мо ҳушдор
медиҳад, ки сулҳу субот рӯзгори орому осуда ва неъмати бебаҳои зиндагӣ барои
ҳар як инсон мебошад.
Дар
шароити имрӯза ва вазъи ноороми ҷаҳони муосир, ки мардуми сайёраро таҳдиду
хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ ба таври ҷиддӣ ба ташвиш
овардаанд, густариши ҳарчи бештари сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ дар
байни халқҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Мо,
бояд ба наврасону ҷавонон аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати
миллиро фаҳмонем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ худшиносиву
худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
Ҳамаи
собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба
табрик гуфта, тансиҳатӣ, хонаи обод ва сулҳу оромиро орзу менамоям.
Адолат НАЗИРОВА,
муаллими калони кафедраи
забон ва адабиёти
тоҷики Коллеҷи омӯзгории
ба номи Хосият Махсумова