
ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
2025-05-07 18:37:50
Таҳти щамин унвон дар толори фарҳангии
коллеҷи техникии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ - фароғатии идона ба
муносибати 80 - умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону
донишҷӯён ва меҳмонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Куҳзоди Фатҳулло,
рӯзноманигори телевизиони Тоҷикистон, ҳамзамон ғолиби озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи
субҳи доноӣ ва ғолиби озмуни шаҳрии Ту қалби Тоҷикистони Душанбе, Боев Алиҷон
Сулаймонович, раиси комиссияи тафтишотии маъюбони Чернобилчиёни ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва аҳли раёсати Коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро Низомзода Зокирҷон Мукарам
ифтитоҳ намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 80 -умин солгарди Рӯзи Ғалаба
табрик гуфта, қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо
гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол
дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба
даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн
гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ
мақом дорад.
Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо,
тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти
роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни
Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди
дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.
Сипас, Куҳзоди Фатҳулло, рӯзноманигори
телевизиони Тоҷикистон ба сухан баромада, дар баромадаш оиди таърихи Ҷанги
Бузурги Ватанӣ сухан ронда қайд намуд, ки аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар
қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз
кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди
фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти
давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони
азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 80 - умин
солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву
қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро
ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои
давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои
иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва
мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд,
ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо
унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу
муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои
ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи
ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи
Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ
нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Дар идомаи чорабинӣ тибқи сенария ба
ифтихори 80 -умин солгарди ғалаба бар фашизм аз тарафи донишҷуёни шуъбаи
таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва факултети муҳандисию иқтисодӣ суруду таронаҳои
тараннумгари Ватан пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардида, табъи онҳоро болида
намуд.
Дар фарҷом ба меҳмонон тӯҳфаҳои
хотиравии раёсати коллеҷи техникӣ тақдим гардид ва муаллими калони кафедраи
нақлиёт ва технологияи Қурбонов Сайфиддин бо нишони аълочӣ ва як қатор
омӯзгорони фаъол бо ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.